Дар қаламрави вилояти Суғд 933 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи госпиталӣ, 797 муассисаи сохтори КАТС, 139 муассисаи махсусгардонидашуда, инчунин муассисаҳои хусусӣ, аз ҷумла 114 ҶДММ, 43 намояндагон ва 106 соҳибкори инфиродӣ фаъолият мебаранд. Айни замон ба аҳолии вилояти Суғд 5304 табиб ва 18151 корманди миёнаи тиббӣ хидмат мерасонанд. Дар вилоят нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 19,3 ва бо кормандони миёна ба 65,9 дарсад баробар аст.

Сардори Раёсати тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода мегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд.

— Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими куллӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд. Раёсати тандурустии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор ҷашн гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳад,- гуфт ӯ.

Дастрасгардонии хадамоти тиббӣ ба сокинон

Бо мақсади таъмини дастрасии универсалӣ дар доираи барномаи кафолатҳои давлатӣ, беҳбуд бахшидани ҳимояи сокинон, махсусан гуруҳҳои камбизоати аҳолӣ, таъмини омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои сифати хизматрасониҳои тиббӣ корбарӣ идома ёфта, ҳоло дар 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022», аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Ашт, Спитамен, Куҳистони Мастчоҳ идома ёфта, аз соли 2020 ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод ва Шаҳристон ба барнома ворид ва он амалӣ шуда истодааст.

Айни замон ҳамагӣ 76 муассисаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» аз 2-юми декабри соли 2008, №600 фаъолият мебаранд ва мувофиқи Шаҳодатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ба 4 шуъбаи табобатӣ, ҳамагӣ ба 131 шуъбаҳои табобатӣ барои фаъолият ба таври пардохт ва ҳампардохт иҷозат дода шуда, дар ин самт муваффақона фаъолият карда истодаанд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар муассисаҳои тиббии вилоят 26100 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки он нисбати соли 2020-ум 1704 таваллуд кам мебошад. Хизматрасонии доявии стасионарӣ — 99,7 %, зоиш дар хона — 0,3 %, нисбати соли гузашта дар як сатҳ буда, дар ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ (7,5 %), Деваштич (0,8 %), Айнӣ (0,6%), Ҷ. Расулов (0,4%) ва шаҳри Панҷакент (0,4%) аз нишондоди вилоят баланд аст. Таваллуд бо буриши қайсарӣ 2551 таваллуд  9,7% ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 305 адад зиёд мебошад. Мутаассифона дар 6 моҳи аввали соли 2021дар вилоят 6 ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта шудааст.

Дар шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар назди таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдаконаи беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо 215 ҳуҷраҳои хатна ташкил карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 13943 амалиёти хатнаи кӯдакон гузаронида шудааст, ки аз он 16,0% аз шумораи умумӣ аз синни 0 то 20-рӯзаро ташкил медиҳад.

Ғамхорӣ дар ҳақи маъюбон

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар вилоят ҳамагӣ 47886 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора кӯдакони маъюби то синни 18-сола 8421 нафар мебошанд. Шумораи умумии маъюбон дар вилоят дар муқоиса ба соли гузашта (соли 2020-ум 46246 ба қайд гирифта шуда буд) ба 1640 нафар афзудааст. Аз тарафи шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар вилоят ҳамагӣ 6720 нафар муроҷиаткунандаи калонсол қабул карда шудааст. Ба 60 нафар кӯдаки маъюб барои гирифтани аробачаи маъюбӣ мусоидат карда шудааст.

 Корҳои созандагиву ободонӣ

Дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша дар солҳои 2019 — 2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 508 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 77 адад беморхона, 123 адад бунгоҳи саломатӣ, 89 адад марказҳои саломатӣ, 21 адад таваллудхона, 98 адад нуқтаҳои хатна ва 100 адад дорухонаҳо.

Тибқи маълумотҳои мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғд дар соли 2021аз ҳамаи сарчашмаҳо таъмир, сохтмон ва азнавсозии 93 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 12 адад беморхона, 25 адад бунгоҳи саломатӣ, 15 адад марказҳои саломатӣ, 3 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатна ва 30 адад дорухонаҳо. Иҷроиши нақша ба санаи 1-уми июли соли 2021-ум 53 адад иншооти соҳаи тандурустиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 5 адад беморхона, 12 адад бунгоҳи тиббӣ, 7 адад марказҳои тиббӣ, 4 адад нуқтаҳои хатна ва 25 адад дорухонаҳо сохта, таъмир ва азнавсозӣ карда шудаанд.

Аз соли 2018 то ин инҷониб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 439 адад иншооти соҳаи тандурустӣ азнавсозӣ, сохтмон ва аз таъмири куллию ҷорӣ бароварда шудааст.

Идомаи корҳои созандагӣ берун аз нақша

Дар нимсолаи якуми соли равон дар вилояти Суғд муассисаи хусусии стоматологии Маркази табиби оилаи Шумо «Винир» ва муассисаи хусусии микроҷарроҳии чашм «Босира» бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида, дар доираи сафари кории меҳмононни олиқадр ба истифода дода шуд. Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи тандурустии вилоят сохтмони Маркази ташхисию табобатӣ барои 80 кат дар ҷамоти деҳоти Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров, Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” дар шаҳри Истаравшан ва Маркази солимгардонӣ дар ноҳияи Ҷ. Расулов бо фарогирии 20 кат бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта, ба истифода дода шуд.

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру тармими шуъбаҳои сироятӣ дар беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Конибодом ва Бӯстон идома дорад. Таъмири кулӣ дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои эҳёи Беморхони клиникавии вилоятию Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен ва шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ба итмом расонида шуд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳаллӣ таъмири таваллудхонаи вилоятӣ, шуъбаҳои Беморхонаи клиникавии вилоятӣ, Маркази вилоятии касалиҳои шараёну дил, Маркази вилоятии бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо, Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона, Маркази солимгардонии бемориҳои бачагона ва як қатор дигар иншоот оғоз гардида, барои онҳо аз буҷети вилоят зиёда аз 12,2 млн сомонӣ ва аз ҳисоби суратҳисоби махсус 1 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Ба маблағҳои пешбинишуда таъмири шуъбаву биноҳо, ҳуҷраҳои табобатию корӣ, қисми берунаи биноҳо ва корҳои ободониву созандагӣ ба назар гирифта шудааст.

Муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосир

Дар ин муддат аз ҳамаи сарчашмаҳо 692 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ барои муассисаҳои вилояти Суғд ба маблағи 34,2 млн сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст. Аз ҷумла аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31,5 млн сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои МИҲД ба маблағи 889,3 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 47,2 ҳазор сомонӣ, аз кумакҳои башардӯстона ба маблағи 1,5 млн сомонӣ ва аз ҳисоби суратҳисоби махсус 194,6 ҳазор сомонӣ.

Инчунин, аз ҷониби ҶСК “Фармагарант Рус” 1 маҷмӯи нақлиёти клиникаи сайёр (мобильная клиника) ба маблағи 7,3 млн сомонӣ ба тариқи ройгон дастрас карда шуд, ки он имрӯз ба аҳолии вилояти Суғд хидмат мерасонад.

Аз муомилот берун кардани доруҳои пастсифат

Дар асоси қарору супоришномаҳо дар 119 муассисаи фармасевтӣ ва 100 муассисаи тиббию профилактикии давлатӣ 20 маротиба санҷиш бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд.

Дар ин давра, ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 252 номгӯй ба миқдори 1847 адад маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон сипаригашта ва 106 номгӯй ба миқдори 485 адад маводҳои доруворӣ ва маводҳои ороишию гигиении бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд. Дар умум, аз тарафи Сарраёсати Хадамот дар 6 моҳи соли 2021 нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фармасевтӣ, МТП-ҳои давлатӣ, МТП-ҳои ғайридавлатӣ ва мағозаҳои зери санҷиш қароргирифта 105 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар маҷмуъ ба маблағи 260240 сомонӣ ҷарима ситонида ва ба буҷаи давлат гузаронида шуд. Дар ин давра ба 100 муассисаи фармасевтӣ, МТП-и давлатӣ ва ғайридавлатӣ амрномаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо ирсол гардида, ҷавоби он сари вақт ворид гашт.

Мубориза бо бемории COVID-19

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сироятёбии аҳолӣ ба бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи такрории он ба қайд гирифта шуда истодааст, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ситод фаъолият дорад.

Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳо ситод ва гуруҳи мобилии зудамал фаъол буда, чун соли гузашта, навбатдории шабонарузӣ бо телефони боварӣ амал менамояд.

Нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолият дошта, мутахассисон бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи муосир, либосҳои муҳофизатии инфиродӣ ва маводи безараргардонӣ таъмин мебошанд.

Баҳри хизматрасонии сифатнок дар сатҳи КАТС бригадаҳои мобилӣ бо ҷалби мутахассисони эндокринолог, дилшинос, наҷот ва сироятшинос таъсис дода шуда, беморон ҳамарӯза аз ҷониби мутахассисон азназаргузаронӣ карда мешаванд.

Инчунин, аз ҳисоби донишҷӯёни таҷрибаомӯзи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз санаи 3-юми июли соли равон ба Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд 78 нафар ҳамчун волонтёр барои гузаронидани гардиши хона ба хона ҷалб карда шуданд.

Барои муоина ва табобати гумонбарон ва беморони сироятии коронавируси COVID-19 дар сатҳи беморхонавӣ 1030 кат дар заминаи беморхонаҳои клиникавии вилоятӣ ва касалиҳои сироятӣ, Беморхонаи ноҳиявии №3 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шудааст.

Гуфтан бамаврид аст, ки масъалаи мазкур, назорати беморон дар беморхона ва дар шароити амбулаторӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус шаҳри Хуҷанд ҳамаррӯза таҳти назорати табибон қарор дошта, маълумотҳо саривақт ҷамъоварӣ ва аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, тариқи онлайн аз ҷониби ситоди доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад. Ҳамзамон, аз ҷониби табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар корхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору хиёбон, хона- интернат ва хонаҳои пиронсолон дар шаҳру ноҳияҳо оид ба сирояти бемории коронавирусӣ ва дигар бемориҳои сироятии вирусии ҳамшабеҳи он корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба риояи фосилаи байниҳамдигарӣ, реҷаи ниқоб пӯшидан ва риояи гигиенаи шахсӣ гузаронида шуда истодааст.

Воксингузаронии сокинони вилоят

Ба вилояти Суғд аз санаи 9-уми апрели соли 2021 ваксинаи COVISHIELD истеҳсоли Ҳиндустон аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ворид ва марҳила ба марҳила гуруҳҳои мақсаднок, ки бо супориши Вазорати тандурустӣ тартиб дода шуда буданд, бо иммунизатсия зидди бемории КОВИД-19 фаро гирифта шуданд. Ҳамагӣ дар вилоят бо ин ваксинаи мавриди назар 35623 нафар бар зидди бемории сирояти нави коронавирус ба воксингирӣ фаро гирифта шуданд.

Инчунин, санаи 29-уми июн ваксинаи хитоии Коронавак (SINOVAC) ворид шуда, аз санаи 30-юми июн гуруҳҳои мақсаднок бо иммунизатсия фаро гирифта шуданд, ки то имрӯз 24769 нафарро ташкил дод.

Санаи 27-уми июли соли равон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 480000 воя ваксинаи “Модерна” истеҳсоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид гардид. Ваксинаи воридшуда ба тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас карда шуда, аҳолӣ дар нуқтаҳои эмкунӣ бо иммунизасия фаро гирифта шуда истодаанд. Дар сатҳи вилоят теъдоди гуруҳи мақсаднок 1 млн723 ҳазору 160 нафар буда, то имрӯз 119 ҳазору 427 нафар бо иммунизасия фаро гирифта шудаанд, ки 10,4 дарсадро ташкил медиҳад.

Вобаста ба пешгирии бемории КОВИД-19 аз тарафи марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилоят 7472 лексия, 349942 суҳбат, 18 баромад дар телевизиони вилояти Суғд, 26 баромад дар телевизионҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, 24 баромад дар радиои вилояти Суғд, 68 баромад дар радиоҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 40 аксия дар мавзуҳои гуногун, 48 маротиба «Дӯкони саломатӣ», 14 маротиба «Дӯкони саломатии сайёр» ташкил ва гузаронида шуданд.

Инчунин дар рӯзномаҳо 69 мақолаҳо аз чоп баромада, 11000 адад маводҳои иттилоотӣ оид ба мавзуҳои пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ байни аҳолӣ тақсим карда шуданд.

Ба ҷои охирсухан

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, ки “дар соли равон аз буҷети вилояти Суғд барои соҳаи тандуpустӣ 247,9 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, баpои таъмини эҳтиёҷи соҳаи тандуpустӣ 247,7 млн сомонӣ маблағ ҷудо гаpдидааст, ки иҷpои нақшаи буҷет 99,9 дарсадро ташкил медиҳад. Аз оғози сол ба муассисаҳои тиббии вилоят 116 нафар табибон, аз ҷумла 56 нафар мутахассисони ҷавон ба кор қабул гаштанд, ки онҳо мавриду ғамхориву дастгирии мо қарор доранд. Гуфтан бамаврид аст, ки дар вилоят 65 нафар олимон, аз ҷумла 3 доктори илмҳои тиб ва 62 номзадҳои илмҳои тиб фаъолият бурда истодаанд. Ҳифзи сиҳативу саломатии мардум масъулияти асосии мост”.

— Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаи тибби вилоят дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои мушаххасро ба назар гирифта, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сокинони вилоятро бо хидмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гирем, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум фаъолияти пурсамар намоем. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми сокинони Тоҷикистони азизро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо сараввал саломатии бардавом, хонаободиву шукуфоӣ ва саодатмандиро таманно дорам,- дар фарҷом илова намуд Мақсудзода.

Бахтиёр АЛИМОВ, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here