Дар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил баён гашта буд, ки ҷиҳати назорати сифати маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ намудани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа бояд чораҳои судманд андешида шаванд. Ин дастури Пешвои муаззами миллат сармашқи кори табибони ҳозиқи ҷумҳурӣ гардида, хусусан дар ноҳияи Шаҳринав ба ин нукта таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Бояд гуфт, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав дар самти фаъолият аз сохтори госпиталӣ ва сохтори КАТС иборат буда, сохтори госпиталӣ аз 10 шуъбаи бистарикунонӣ бо 4 шуъбаи ёрирасон, се шуъбаи минтақавӣ ва сохтори КАТС аз 20 МСД, 15 бунгоҳи тиббӣ ва 1 МСН иборат мебошад.

Бахши кадрҳо воҳиди сохтории муассиса буда, фаъолияти худро дар асоси қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, инчунин Низомномаи муассиса ба асос ва роҳбарӣ мегирад. Бахши кадрҳо таҳти роҳбарии маъмурияти Беморхона фаъолият менамояд. Масълаҳои кадрӣ дар сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат намуда, он аз ҷобаҷогузорӣ ва дараҷанокии тахассусӣ, омӯзишҳои доимӣ дар афзоиши талаботҳо ва нақшаю чорабиниҳо мунтазам дар хизмати шаҳрвандон иборат мебошад. Айни ҳол дар ноҳия 165 нафар табибон, 495 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолияти  шабонарӯзии хешро дар самти хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ пеш бурда истодаанд.

Баҳри нигаҳдории тандурустӣ ва муолиҷаи беморон табибон дар шуъбаҳо дар асоси протоколҳои клиникӣ фаъолият намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Табибони шуъбаҳо ва ҳамшираҳои тиббӣ мунтазам аз рӯи нақша аз давраи такмили ихтисос ва аттестатсияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дараҷанокии гуногунро доро мебошанд.

Дар соли 2020-ум 1 нафар табиби бемориҳои дил дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия такмили ихтисосро аз рӯйи мавзуи “Терапияи госпиталӣ”, 1 нафар табиби акушер – гинеколог дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйи мавзуи “Калпоскопия ва усулҳои ташхис ва табобати он”, 1 нафар аз рӯйи мавзуи “Ҷарроҳии фаврии ковокии шикам”, 6 нафар ҳамшираҳои калон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ” аз рӯйи мавзуи “Менеҷмент дар тандурустӣ”, 7 нафар аз рӯйи мавзуи “Расонидани ёрии таъхирнопазир аз ҷониби корманди миёнаи тиб”, 4 нафар аз рӯйи мавзуи “Услубҳои тадқиқотҳои клиникӣ-лабораторӣ” ва 1 нафар аз рӯйи мавзуи “Ҳамшираи ҷарроҳӣ” бо муваффақият хатм намудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Беморхонаи марказӣ аз аттестатсияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, 1 нафар табиби озмоишгоҳи клиникӣ-биокимиёвӣ дорои дараҷаи дуюми тахассусӣ, 22 нафар ҳамшираҳои тиббӣ дорои дараҷанокии олии ихтисоснокӣ, 4 нафар ҳамшираҳои тиббӣ дорои дараҷанокии якуми ихтисоснокӣ ва 14 нафар ҳамшираҳои тиббӣ дорои дараҷанокии дуюми ихтисоснокӣ гаштаанд.

Амалисозии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо зина ба зина дар амал татбиқ гардида, дар сатҳи самаранок истифода бурдани катҳо, тартиби нави идоракунӣ, маблағгузорӣ, фаъолияти шуъбаҳо ва мувофиқгардонӣ ба талаботҳои нав бо нишондодҳои бистарикунонии беморон дар шуъбаҳо ва шуъбаҳои минтақавӣ, ки ҷамъ дорои 201 кат мебошад, дар ноҳия вусъат дорад.

Ба ғайр аз шуъбаҳои бистарикунонӣ дар сохтори госпиталӣ бахши муайян намудани гуруҳи хун, хунгузаронӣ ва ҷузъҳои он амал карда истодааст, ки дар муолиҷаи беморони вазнин нақши муҳим мебозад. Бахши мазкур бо яхдонҳои нигоҳубини хун ва ҷузъҳои он дар худи бахш ва дар шуъбаи таваллуд таъмин буда, дар он аз гуруҳҳои хун ва ҷузъҳои он дар ҳаҷми зиёда аз яклитрӣ нигоҳ дошта мешавад.

Инчунин, дар сохтори госпиталӣ бахшҳои осебшиносӣ ва ҷарроҳии амбулаторӣ, ҳуҷраҳои фаросавтӣ, калпоскопӣ, ҳуҷраи асабшиносӣ бо дастгоҳи барқии майнаи сар (ЭЭГ) ва ҳуҷраи гастрофиброскопӣ фаъолият карда истода, хизматрасонии шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муддати сипаригашта аз ҳуҷраи фаросавтӣ 296 беморон гузаронида шудаанд, ки аз онҳо тариқи пардохт 152 нафар ва 144 нафар ба таври ройгон мебошад. Дар шуъбаҳои бистарикунонӣ нуқтаҳои гиёҳдармонӣ бо нӯшокиҳои гиёҳдармонӣ ташкил карда шудааст, ки беморон имконияти дар вақти лозимӣ аз он истифода бурданро доранд.

Дар биноҳои Беморхонаи марказӣ, Марказҳои вируси норасоии масунияти одам, Маркази бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази зидди бемориҳои тропикӣ, Маркази имунопрофилактикӣ озмоишгоҳи бактериологии Маркази назорати давлатию санитарии эпидемиологӣ ҷойгир буда, дар ҳамгироӣ бо шуъбаҳои бистарикунонӣ фаъолият доранд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, №АП-1365 «Оид ба пешгирӣ намудани бемории вируси COVID-19 коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Амри раиси ноҳия аз 30.03.2020, №29 «Дар бораи таъсис додани ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19)», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.03.2020, №188 «Дар бораи муқаррар намудани реҷаи омодагии баланд дар фаъолияти кории муассисаҳои тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ва бо мақсади омодасозии сатҳи баланди муассисаҳои тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин муайян намудани тартиби муносибат бо гумонбарону беморон ва ташкили хизматрасониҳои тиббӣ» тадбирҳои судманд андешида, ситоди тиббӣ дар назди Беморхонаи марказии  ноҳия ташкил гардида, тибқи нақшаю чорабиниҳо вобаста ба пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус фаъолиятро ба роҳ мондаанд.

Бояд гуфт, ки Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ яке аз марказҳои намунавӣ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, аз соли 2012 фаъолият мебарад. Он дар яке аз зерсохторҳои БМН Шаҳринав ҷойгир шудааст. Маркази ЁТТ дар ноҳияи Шаҳринав дар 3 зертобеъ кор ва фаъолият мебарад.

Дар Маркази ЁТТ табибони соҳибтаҷриба – Ахмедов О. Р., Норматов Б., Темурзода М., Қурбонов Н., Саримсоқов, Буриев К, Ҳаитов Ф. фаъолият менамоянд.

Маркази ЁТТ дар 12 моҳи соли 2020-ум 4837 даъватҳои деҳотӣ, 865 даъватҳои шаҳрӣ, 576 пиёда, 1003 бо мошинҳои шахсӣ, 972 беморкашонӣ, 4883 амбулаторӣ, 5702 баъд аз 15 дақиқа, 59 маслиҳат бо телефон, умуман 12898 хизматрасониро амалӣ намудааст.

Дар 3 моҳи соли 2021 бошад, аз ҷониби Маркази ЁТТ-и ноҳияи Шаҳринав 1410 даъватҳои деҳотӣ, 220 даъватҳои шаҳрӣ, 150 пиёда, 261 бо мошинҳои шахсӣ, 253 беморкашонӣ, 979 амбулаторӣ, 1630 баъд аз 15 дақиқа , 14 маслиҳат бо телефон, умуман 2876 хизматрасонӣ амалӣ карда шудааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь