Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 25-уми август гуфт, зиёда аз 700 миллион нафар дар ҷаҳон на танҳо аз фишори баланди хун азият мекашанд, балки аз ҳама гуна табобати ин беморӣ ё маҳруманд ё машғули муолиҷа намешаванд. Бино бар ин гузориш, Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои ҷаҳон аст, ки бемории мазкур дар он рӯ ба густариш дорад ва аз ним зиёди мардони ин кишвар аз ин беморӣ ранҷ мебаранд. Дар даҳ соли охир шумораи онҳо 8 дарсад афзудааст.

Сабаб чист?

Бӯрӣ Дӯстов — сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки солҳост аз бемории фишори баланди хун азият мекашад. «Аввал дилам дард мекард. Дертар ба он фишори баланди хун илова шуд. Соли гузашта фишорам 180-100 шуд, ягон чизро ҳис карда наметавонистам»,- нақл кард ӯ рӯзи 27-уми август.

Дӯстов панҷ рӯз боз дар бемористони Қарияи Болои пойтахт бистарист.

Ба қавли духтурон, танҳо ба ин марказ моҳе ҳудуди то ду ҳазор нафар бо шикоят аз фишори баланди хун муроҷиат мекунанд. «Камҳаракатӣ, фарбеҳӣ, ҳолати бади рӯҳиву равонӣ ва вайроншавии режими хӯрокхӯрӣ аз сабабҳои гирифторӣ ба фишорбаландиянд»,- шарҳ дод пизишк Баҳодур Зокиров.

Ба қавли ӯ, “дигаргуншавии обу ҳаво, истеъмоли машрубот, намаки зиёд ҳам боис ба фишори баланди хун мешавад».

Пизишкон мегӯянд, ду роҳи асосии табобати фишорбаландӣ вуҷуд дорад, ки аввалиро муолиҷаи бидуни дору ном мебаранд. «Яъне, тарзи ҳаёти солим, истеъмоли дурусти хӯрок, варзиш, рафъи ҳолати бади рӯҳиву асабонӣ роҳҳои пешгирӣ аз фишорбаландӣ ҳастанд”,- гуфт Баҳодур Зокиров.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, роҳи дувум бо машварати табибон хӯрдани дору аст: «Дуруст риоя накардани тавсияҳо ва дигар омилҳои пешбинишуда барои афроде, ки фишорбаландӣ доранд, хатарҳои дигареро ба миён меорад. Дар чунин ҳолат яке аз оризаҳои фишорбаландӣ ин вайроншавии гардиши хуни майнаи сар, бо истиҳоли дигар «инсулт» аст. Ин ба маъюбшавии аҳолӣ оварда мерасонад».

«Медонам, ки бояд ба шифохона равам, вале…»

Ҳарчанд табибон муроҷиати саривақтиро барои табобати фишорбаландӣ муҳим медонанд, баъзе аз сокинон бо вуҷуди азият аз фишорбаландӣ, бо далели надоштани шароити беҳтари зиндагӣ, аз рафтан ба шифохона худдорӣ мекунанд.

Довудшоҳ Каримов, сокини Душанбе, рӯзи 28-уми август гуфт, «медонам, ки ба беморхона муроҷиат кунам, вале маблағ лозим аст. Надорам. Дар хона чойи кабуд менӯшам, то андозае пеши роҳи фишори баланди хунро бигирам».

Дар гузашта баъзе аз созмонҳои беҳдоштӣ гуфта буданд, ки фишорбаландӣ бештар дар кишварҳои камбизоат ва рӯ ба тараққӣ ба назар мерасад.

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши гирифторони чунин беморӣ, табибон ҳушдор медиҳанд, ки агар сокинон бепарвоӣ кунанд ва аз тавсияҳои табибон сарпечӣ намоянд, ба буҳрони фишорбаландӣ гирифтор хоҳанд шуд, ки пайомадҳои марговар дорад. Нишонаҳои марҳилаи буҳронӣ “пайиҳам болоравии зиёди фишор, хастагии бештар, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, хирагии чашму бехобӣ” будааст.

Алишер ЗАРИФӢ,

Нигораи ФАЗЛИДДИН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here