Раҷаб Мирзо дар ҷомеа чун ҳақиқатҷӯву ҳақиқатпарвар шинохта шудааст. Исми ӯ ҳамчун журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки мавзӯъҳои доғи рӯзро ҳамеша пайгир аст ва нисбаташон андешаҳои худро ошкоро изҳор медорад, мавриди қабул ва эътимоди омма гардидааст. Ӯ ба майдони журналистикаи тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қадам гузошт ва фаъолияти расмиашро аз “соли сулҳ оғоз бахшид. Дар ин давр фаъолияти назарраси ӯ мавқеашро боло бардошт ва то нашрияи хусусиаш овард, ки дар як моҳи фаъолият серхонандатарин рӯзномаи кишвар маҳсуб ёфт. Як солу як ҳафтаи фаъолияти “Рӯзи нав”и Раҷаб Мирзо (аз августи соли 2003 то августи соли 2004) дар таърихи журналистикаи навини тоҷик ҷадидиятро ба бор овард ва “масоили намегуфта”-ро дар саҳфаҳои таърихаш ҷой дод. Баъдан профессор Иброҳим Усмонов онро “ягона нашрияи умумиллии замони истиқлолият” номид ва соли 2004 аз 15 ҷоизаи созмонҳои байналмилалӣ 8-тоашро маҳз рӯзноманигорониРӯзи навсоҳиб шуданд. Муддати фаъолияти нашрия Раҷаб Мирзо ду маротиб мавриди сӯи қасд қарор гирифт ва дар интиҳо “Рӯзи нав”и ӯ бо сабабҳои ба худаш маълум, аз чоп бозмонд.

Ба муносибати рӯзи милодаш halva.tj бо мавсуф перомони фаъолияти касбӣ ва вазъи кунунии ВАО-и кишвар сӯҳбате ороста, ки пешкаши хонандагон мегардад.

 Таърихномаи фаъолияти эҷодӣ

– Таҳсили Шумо маҳз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1991 – 1997) гузаштааст. Таърихнигорону адабиётшиносон мегӯянд, таърих ва адабиёти ин давр воқеаҳои солҳои навадро дар худ пурра инъикос ва сабт накард. Аз ин давр, ки ҷавонии Шумо гузаштааст ва таҳсили ғайримаъмулӣ низ кардаед, чӣ ангораҳо дар хотир монда?

– Овони донишҷӯии мо, пеш аз он ки аз ҷанги шаҳрвандии бадномкунандаву нангин сар шавад, аз замони таърихие оғоз мегирад: замони касби истиқлол. Ҳамсабақони мо аз гӯшаҳои гуногуни кишвар маҳз замоне дар Душанбе ҷамъ шуданд, ки мардум талаби истиқлол доштанд. Хеле аз ҳодисаҳои таърихии он замонро бевосита шоҳид мегардидем. Чанд сол қабл дар нишасте аз ҳамсабақон хоҳише ҳам пайдо шуд, ки хотироти худро аз он давра дар китобе нависем. Номи рамзие интихоб гардид: “Бачаҳои соли 91”. Воқеан, имсол, ки Тоҷикистони азиз 30 солагии худро таҷлил мекунад, мо ҳам ҷашнвора дорем: 30 – солагии оғози донишҷӯии мо.

Он чи ки ба адабиёту таърих дахл дорад, метавон розӣ шуд, ки адабиёт дар бораи ин рухдодҳо асари комил ва арзанда пайдо накардааст. Аммо он чи ки ба публисистика ва таърих бармехӯрад, талошҳое ҷо доштанд. Баъзан матолиби якҷониба ё ғаразнок ҳам. Ба ҳар ҳол, аз ҳамаи онҳо чизе пайдо кардан мумкин. Китобҳои хронологии Игор Сатторов ва Давлат Назрӣ, китоби дигаре ҳамчунин аз Бӯрӣ Карим, ки ба пояи далелу арқом таҳия шудаанд, барои хонандаи ҳушманд роҳнамои хубу фикрзоанд. Муаррихи хубамон Нуралӣ Давлат дар пояи бойгонии пурбораш матолиби хубе менависад ва шояд онҳоро китоб ҳам намояд. Ин китобу адабиётро ба он хотир ёд дорам, ки замоне рисолаи нимкораи илмӣ дар мавзӯи публисистикаи замони ҷанги шаҳрвандӣ доштам. Чандин сол пеш ба муассиси нашрияи “Нигоҳ” Сайидмуҳаммад Дӯстмуҳаммадиён ҳам машварат додам, ки бояд аз қаҳрамонони он замон зиндаи ин китобҳо воқеияти ин ҳодисаҳоро, ки зикр шудаанд, пурсанд ва назари онҳоро нашр кунанд. Ин замоне буд, ки ҳоло аз фактчекингу мисли ин чизҳои дигари имрӯз мудшуда, дар журналистикаи тоҷик дараке набуд. Мутаассифона, ин гуна имкон нашуд. Вагарна, боз ҳам хеле паҳлӯҳои норавшан дақиқтар мешуданд.

– Шумо чаро фаъолияти касбии худро маҳз аз нашрияи “Суруш” оғоз намудед: ин нашрия аз дигар нашрияҳои он замон чӣ бартарӣ дошт?

– Ин нашрия бо талоши Раҳматкарими Давлат ва Адолати Мирзо соли 1997 – замоне фаъол гардид, ки нав Созишномаи сулҳ ба имзо расида, сулҳу амонии нисбӣ ҷо меёфт. Дуруст, он замон нашрияҳои дигаре, чун “Самар”, “Ҳафтганҷ”, “Ҷунбиш” ва дигарон фаъолият доштанд. “Суруш” ҳам дар баробари онҳо талоши як минбари озодро дошт. Мутаассифона, вазъияти он давра тоби бардошти чунин нашрияҳоро то дер надошт. Ҳамаи онҳо ба зудӣ аз фаъолият бозмонданд. “Суруш” ҳам пас аз 7 ё 8 шумора…

– Ва баъдан, ба нашрияи русии “Восточный экспресс (1998 -1999, котиби масъул) рафтед: Аз нашрияи тоҷикӣ ба русӣ гузаштан ба Шумо душворие надошт?

– Ҳоло ба бачаҳои ҷавон тавсия медиҳам, ки журналистикаро аз расонаҳои русӣ сар кунанд, барояшон беҳтар аст. Ҳам барои забономӯзӣ ва ҳам омӯхтани майлонҳои нав. Забони навишти русӣ ҳам махсусиятҳо дорад ва ҳам мушаххасбаёнӣ асоси он аст, ки дар журналистикаи имрӯз шарти муҳим аст.

Ба “Восточный экспресс” бо даъвати Саидалӣ Сиддиқ – роҳбари имрӯзи АМИТ “Ховар” ва маслиҳати Хуршед Атовулло рафтам. Саидалӣ то он вақт нашрияи “Автобис”-ро сармуҳаррир буд ва баъдан онро ба номи нав табдил дод. Воқеан, ӯ сармуҳаррири олиҷанобест, хоса дар матбуоти русзабон. Макети рӯзномаро ҳам хеле зебо ороиш дода метавонад. Фикр мекунам, яке аз мушкилоти матбуоти мо ҳамеша мавзӯи сармуҳаррири хубу касбӣ буду ҳаст…

– Пас аз ин, ба рӯзномаи Ҷумҳурият” – 1999-2001 (хабарнигор, мудири шуъба, мухбири махсус) фаъолият намудаед. Ва соли 2001 аллакай дар “Чархи гардун” роҳбар будед. Ин ҳама дар вазифаҳои роҳбарӣ. Дар кул аз ин таърихча мегуфтед…

– Аз Азиз Носиров – муассиси “Восточный экспресс” усулҳои хуби менеҷериро дар бозори матбуот омӯхтам. Ӯ, ки он замон ба тиҷорати василаҳои типпографӣ машғул буд, бозорро хуб медонист. Аммо аз ҳаёти эҷодӣ дурӣ дошт. Дар назардошт бо чанд ҳолат Саидалӣ Сиддиқ аз кор рафт. Дертар ман ҳам. Тасодуфан дар “Шарқи Озод” Абдуқодири Раҳимро вохӯрдам, ки дар “Ҷумҳурият” кор мекард. Ӯ маро ба назди Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бурд ва ҳамин тавр дар ин нашрия фаъолиятамро идома додам. Ёд дорам ва ҳамкасбони онвақтаи мо, ки як теъдоде ҳоло ҳам дар ин нашрия кор мекунанд, дурӯғ гуфтанам намемонанд, нахустин навиштаам дар летучка баҳои беҳтарин гирифт. Пас аз ин, ҳар навиштаам.

Соле пас устод Ёдгориро, ки дар шароити душворе як нашрияи касбиву хубро роҳбарӣ мекарду ҳайати эҷодии қавиро шакл дода буд, ба нафақа фиристоданд. То ин замон раҳматии Акбари Саттор чанд бор бо маоши бештар ба кор даъватам намуд. Аммо дилам намешуд, ки муҳити хубу бигзор кампули “Ҷумҳурият”-ро тарк кунам.

Ба нафақа фиристодани устод Ёдгорӣ сабаб ё баҳонаи хубе гашт. Аризаи рухсатӣ ва аз кор рафтанро якҷо навиштам. Акбари Саттор махсус барои ман Маркази хабарии “Чархи гардун”-ро бунёд намуд. Фикр мекунам дар он давра ҳам корҳои мондагоре кардаем…

– Баъдан ҳам дар “Нерӯи сухан” – 2003 (муҳаррири шуъбаи сиёсӣ), “Адолат”ҲДТ – 2006 (сармуҳаррир), Радиои “Имрӯз” – 2008-2010 (сармуҳаррир), рӯзномаи “Имрӯз-news – 2010 (сармуҳаррир) ва “Нигоҳ – 2014-2015 (сармуҳаррир) будед. Аммо чаро ҳама ба муддати кӯтоҳ?

– То замони кор дар “Нерӯи сухан” ман дубора ба “Ҷумҳурият” баргашта будам. Ба сифати хабарнигори махсус дар назди сармуҳаррир, ки раҳматии Субҳон Кошонов буд. Худо раҳматашон намояд, инсони хубе буд, аммо аз кори нашрия ва эҷоди журналистӣ каме дуртар. Нашрия каме “расмӣ” шуда буд, на эҷодӣ, он гуна, ки дар замони устод Ёдгорӣ буд. Албатта, он замон ҳам аз “Ҷумҳурият”-и  имрӯза беҳтар буд. Бовуҷуд, маро қонеъ намекард. Аз ин ҷост, ки бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамкориро сар кардам. Ҳар ҳафта бо машварати Давлат Назрӣ – сармуҳаррири вақти нашрия сафҳаҳои “Рейтинг”, “Парадокс” ва “Эҳдо”-ро таҳия мекардам, ки чизи наве дар матбуоти он давра ҳисоб мешуд. Дертар сафҳаи “Ману ту”-ро ҳам эҳё кардем. Пас аз он ки Давлат Назрӣ пурра ба кори дипломатӣ гузашт, ҳамкориро бо нашрияи “Тоҷикистон” оғоз намудам.

Аз феврали соли 2003 Мухтор Боқизода нашрияи “Нерӯи сухан”-ро гардон намуд. Дар ибтидо фақат масоили журналистиро баррасӣ мекард. Дертар, ки ба масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳам рӯ овард, маро ба кор даъват намуд. Ин пешопеши райъпурсии моҳи июни соли 2003 буд, ки онро ба як маъракаи хотирмон табдил додем. Силсилаи “Даҳ савол ба даҳ журналист” ҳам ҳосили он давра аст, ки журналистони масоили сиёсӣ қаҳрамонҳои аслиаш буданд. “Нерӯи сухан” барои муаррифии бештарам мусоидат намуд.

Ҳамин тавр, ин нашрия барои пайдоиши “Рӯзи нав” замина гашт. Метавонам хотироти зиёде биёрам, аммо фурсат кӯтоҳ аст. Пас аз “Рӯзи нав”, ки ҳамагӣ як сол тавони бардошташро карданд, ман чор сол азоби бекорӣ кашидам. Ба ҳамкасбон дар нишастҳое ошкор гуфтам, ки метавонам бе пул ҳам кор кунам, фақат барои ман “расмиёт” даркор. Вале имкон надоштанд. Соли 2008 радиои “Имрӯз” таъсис ёфт. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар шаклгирии он ҳамроҳи Рустами Ҷонӣ ширкат намудам. Аммо кори расмиро як соли пас, августи соли 2009 сар кардам. Дар як соли кориам ду бор “мушкилоти техникӣ” дар кори радио пеш омад. Барои ҳамин гуфтам, ки агар мушкил дар ман аст, бигзор як расонаи акнун таъсиргузор фаъол бошад ва ман бекор… Аз ин ҷо ҳам, пас аз рухсатии меҳнатии яксола, аз кор рафтам. Ба хотири ҳифзи ин радио. Соле пас аввалин рӯзномаи мустақили ҳаррӯзаи Тоҷикистонро таъсис додем. Онро ҳам ҳамагӣ се моҳ тавони бардошт карданд. “Масъалаҳо”-е пеш оварданд ва онро ҳам тарк кардам. Рӯзнома як муддат аз фаъолият бозмонд. Дертар онро фаъол карданд, аммо он акнун “дигар” буд. Ҳоло он чи ки бо номи рӯзномаи таъсисдодаи мо дар чанд варақ қоғаз чоп мекунанд, гуфтан мумкин ба он рӯзномаи шаклдодаи мо умуман робита надорад…

Дар “Нигоҳ” ҳич гоҳ расман сармуҳаррир набудам. Ёрӣ медодам. Аслан, аз соли 2006 то 2010 тақрибан дар ҳар нашрияи таъсисёфта, метавонед “почерк”-и маро пайдо кунед.

Яъне масъала, он тавре бархе “дӯстон” навиштанду бархеи дигар нашр карданд, ба мавзӯи “пеш кардани ман” ҳич гоҳ марбут набуд. То имрӯз аз ҳич идорае маро пеш накардаанд. Ман омодаам ба онҳое, ки маро бӯҳтон кардаанд, ки гӯё маро аз ҷои коре пеш кардаанд, агар исбот карда тавонанд, ки ин кор дуруст буд, тӯҳфа бидиҳам. Аммо сармуҳаррири ҳозираи “Ҷумҳурият”, ки чанд пора коғаз чоп мекунад, ҳатто фурсат наёфт, ки аз утоқи барҳавои худ котибаашро даъват кунаду аз шӯъбаи кадрҳо аснодро бипурсад, ки бо чӣ фармоне аз кор рафтаам? Зеро “супориши телефонӣ” -и “дӯст”-и мо дигар буд. Муттаҳамона, дар рӯзи шанбе ва берун аз нақша ҳаромномае чоп карданд, ки барои ҳар ҷумлааш онро ба суд додан мумкин. Ё дар давлатҳои мутамаддин ниҳодҳои ахлоқӣ ин гуна “ҳамкасб”-ро барои ҳамеша аз фаъолияти журналистӣ маҳрум мекунанд. Шармандавор!

Дуруст, ман дар масоили усулие метавонам бо ҳамкорон баҳс кунам. Ин сирф корист. На ҷангу ҷидол. Воқеан, ҳоло дигар ҳамин баҳсҳои усулии кориро ҳам бо онҳо бас кардам. Медонам, ки вазъ ва назорату фаъолият аз онҳо тақрибан вобастагӣ надорад.

– Дар ин фикр нестед, ки Шуморо аз номатон, аз шахсиятатон, аз таҷрибаатон танҳо истифода мекунанду бас

– Барои ман муҳим самимияту садоқати касбист. Дигар, кӣ чӣ бардошт дорад, худаш донаду Худо.

– Дар таҷрибаи Шумо кори рӯзнома аввал меистад, сипас фаъолият дар радио низ дида мешавад. Вале чаро дар телевизион фаъолият надоштед: Твҳои кишвар то ҳол мавриди таваҷҷӯҳи Шумо қарор нагирифтаанд?

– Ҳамагӣ як бор дар ТВ ва он ҳам шабакаи телевизионии мустақили “Мавҷи озод”-и ноҳияи Восеъ таҷрибаи коромӯзиро доштам. Аслан, журналистика самтҳои гуногун дорад ва бояд дарк кард, ки ҷои шумо куҷост. Ман бошам, матбуот ва чандрасонаиву таҳқиқро барои худ ҷойгоҳ ёфтам.

“Рӯзи нав”

– Намедонам, матлаби навиштаи Шумо перомуни тақдириРӯзи навба назарам эҳсоситар ва дигаррангтар расид. Ҳол он ки сабку баёнатон дигар аст…

– “Рӯзи нав” дигар паҳлӯи ноошкор надорад ба фикрам…

– Хуршед Атовулло борҳо гуфтаанд, “насли мо, насли беустод буд“. Аммо ин андешаро журналистон (ҳамзамон, ҳамкурсон)-и дарРӯзи навҷамъомада, ботил мекунанд…

– Як махсусияти ҳамсабақону ҳамнаслони мо ин аст, ки ҳар кас андешаи худро дорад. Дигарон метавонанд онро умуман напазиранд. Вале ин боиси ранҷишу малол нест. Ин вижагиро аз соли аввали таҳсил ҳатто устодон дарк карда буданд ва аз ин ҷост, ки гуруҳи моро “парлумони кӯчак” ҳам меномиданд…

– Бар он бархӯрдҳо, ки аз “Рӯзи навдоштед, имрӯз чӣ андеша доред?

– То имрӯз ҳич кас аз лиҳози ҳуқуқӣ ноҷо будани кадом кореро дар фаъолияти “Рӯзи нав” исбот накардааст. Ҳарчанд, кӯшишҳо фаровон буданд. Ҳатто комиссияву гурӯҳҳои кории фаровон аз ниҳодҳои гуногун ташикл карда, хулосаҳо гирифтанд. Аммо, агар манзуратон аз савол аз чоп бозмондани ин нашрия аст, пас, ман воқеиятҳои имрӯзро дида, гоҳҳо изҳори шукр мекунам, ки он бо сари баланд аз майдон рафт. Ба ҳар сурат, дар он шакле, ки аксари нашрияҳои фаъол кор мекунанд, мо кор карда наметавонистем.

– “Рӯзи нав” расман баста нашуд. Дар солҳои баъдӣ чаро талоши дигарбора нашрашро накардед?

– Дар Бишкек бо теъдоди 15 000 нусха нашр кардани шумораи охиру ба дасти хонанда нарасидани он ва пас аз он чанд шумораи махсуси то 100 нусха чоп карданамон маънии талоши моро дошт ва хонандаи ҳушманд ҳам мефаҳмид, ки нашр нашудани “Рӯзи нав” ба мо дигар вобаста набуд.

– Блоки Шумо бо номи рӯзномаатон фаъол аст. Чаро имрӯз дар фикри сомонаи “Рӯзи нав” нестед?

– Гардон кардани сомона маблағ ва корманд мехоҳад. Пул ёфтан душвор нест. Мисли ҳар сомонаи дигар онро аз ҳисоби донорҳои беруна ва грантҳо ба роҳ мондан мумкин. Вале ин боз боис ба “гап” мешавад. Аммо блог кори хусусист. Пул ҳам намехоҳад. Балки барои ман машғулият буда, ҳадаф аз он танҳо ҷамъоварии матолиби гузашта ва нави ман аст…

Ҷое Хуршед Атовулло навиштанд, “мо бо Раҷаб дар фикри нашрияи ояндаамонем!. Шумо ин нуктаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Номи Худо, ҳич машварате дар ин маврид надоштаем. Шояд Хуршед тасмимҳое дорад, ки ба ман нагуфтааст…

– Хуршед Атовулло мегӯянд, “дар 30-солагӣ мо кори наве кардем, пас чаро  дар 50-солагӣ дигарбора накунем?. Шумо дар ин бобат чӣ назар доред?

– Насли мо метавонад ҳар рӯз кори наве кунад. Тасаввур намоед, дар гурӯҳи 25 нафараи мо 7 ё 8 нафаре буд, ки мактабро бо медал хатм кардааст. Мактаби шӯравиро бо медал хатм кардан осон набуд…

– Пас, агар “Рӯзи нав”и дигар ва ё сомонае бо ин ном таъсис диҳед, ояндаашро чӣ гуна мебинед?

– Ман ҳоло барои даҳҳо расона идея дорам. Аммо муҳитро созгор намебинам…

Журналисикаи сиёсӣ

Матолиби Шумо перомуни сиёсат кам нест. Журналистика ба фикратон то чӣ ҳад сиёсат буда метавонад?

– Дар ҷомеаҳои демократӣ ва шаклгирифта, ҳар расона сиёсат аст ва Ҳукумат аз он ба манфиати худ истифода мекунад. Дар ҷомеаҳои баставу диктаторӣ як роҳро медонанд: стоп!

– Журналистикаи сиёсиро шарҳ медодед ва мегуфтед, ки дар Тоҷикистон журналистикаи сиёсӣ рушд карда метавонад?

– Дар Тоҷикистони имрӯза кори он мушкил аст. Барои худ субъекту объект намеёбад.

– Намеандешед, ки майдони журналистикаи сиёсии кишвар имрӯз холист?

На танҳо ин бахш, балки майдон барои хеле самтҳои дигар ҳам ҳамоно холист. Креатива даркор, ки мо кам мебинем ва он ҳам дар як ё ду расона.

Он чи ки ба журналистикаи сиёсӣ марбут аст, пеш аз ҳама барои журналистикаи сиёсии коргар мавҷудияти чанд омил зарур мебошад:

1.Кафолати озодии баён ва плюраллизми сиёсӣ;

2.Набудани сензура;

3.Мавҷудияти қонунҳои танзимкунандаи соҳаи ВАО;

4.Сохт ва системаи сиёсии мувофиқ.

– Дарзимн, то ҷое мо воқиф гардидем, солҳои 2001-2003 Шумо дар факултаи журналистикаи ДМТ курси махсуси журналистикаи сиёсиро меомӯзондаед. Ин ҳақиқат дорад?

– Бале, дар факулта ман замоне дарси махсус медодам, ки аз ҳад серкор будам. Вале дар замони комилан бекориам пешниҳоде нашуд. Аммо ҳоло дар тренингҳо ба бачаҳои шавқманд таҷриба меомӯзонам.

Агар имрӯз аз факултаи журналистика таклифатон кунанд, ҳозир ҳастед, ки ба қаламкашони оянда дарси журналистӣ диҳед?

– Оре, омода ҳастам, ки барояшон курси махсусе пешниҳод намоям, албатта, агар хоҳиш ва имкон доранд.

– “То даҳсолаи дигар тарс ҳокими абадии журналистика аст!”. Тарс дар журналистикаи тоҷик чӣ андоза аст ва иқтибоси боло мавриди қабулатон ҳаст?

– Тарс то он замоне ҳузур пайдо мекунад, ки ҳамин ҷумлаи гуфтаатон ҷо дорад.

– Ба фикри Шумо, чаро журналистони имрӯзи мо ба чизи сабук бештар меандешанд?

– Дар ин бора намедонам.

– Андешаи шахсиатон чист?

– Дар ҳама дунё ду гурӯҳи журналистон ҳастанд, он тавре Иброҳим Кенҷаевич мегӯянд:

– онҳое, ки “ягон чӣ” менависанд;

– журналистони фикрзо;

Дуввумиҳоро ҳамеша кам доштаем.

Журналистикаи пайрав

Журналистикаи асри гузаштаи мо ҳамеша такя бар журналистикаи рус кардааст. Ва таъсираш то ҳол боқист. Имрӯз дар такя ба амрикоиҳо, журналистика ҷаҳонӣ инкишоф ёфта истодааст. Ва ҳама кӯшиши омӯзиши журналистикаи аврупоиро доранд. Шумо низ онро омӯзиш медиҳед. Чӣ меандешед: журналистикаи рус ё журналистикаи аврупо, кадоме беҳтар?

– Гап сари меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонист, на русиву амрикоӣ. Замони шӯравӣ журналистони тоҷик чизи наверо аз русҳо мегирифтанд, чун манбаи дигар набуд. Имрӯз чунин маҳудудият нест…

– Ба андешаи Шумо дар чунин ҳолат оё имкон ҳаст, ки журналистикаи мо ба пои худ пеш равад? Ва ё бояд ягон такягоҳ дошта бошад?

– Журналистикаи байналмилалӣ бояд нақши пешоҳангиро дошта бошад, чун дар заминаи меъёрҳои пазируфташуда кор мекунад.

– Пас, ояндаи журналистикаи тоҷикро, ба хусус, матбуоти давриро Шумо чӣ гуна мебинед ва ин таъсиргузорӣ то абад боқӣ монданист?

– Инро ҳатто соҳибони расонаҳо намедонанд. Ба ҳар сурат, баррасии ҷиддиеро дар ин зимн надидаам. Хулосаи ман ин аст, ки онҳо барои ин вақт надоранд ва фақат аз имрӯз меандешанд, ки чӣ гуна худро ҳифз кунанд. Борҳо гуфтаам, ки мардум як рӯз аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, ки мегӯянд ҷойгоҳи расонаву матбуотро гирифтааст, дилмонда мешаванд ва рӯ ба журналистикаи касбӣ меоранд. Аммо ба журналистикаи босифат, на он чи ки мо дар аксари вақт дар худ дорем.

– Аз сухани Ленин агар иқтибос оварам, овардааст: “мо бояд матбуотамонро ба партовгоҳи ақидаҳо табдил надиҳем”.  Ба андешаи Шумо оё ВАО-и мо кунун ба “партовгоҳи ақидаҳо” табдил наёфтааст?

– Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир инро ба дурустӣ эҳсос мекунем. Аз ин хотир, хондани нашрияҳоро тайи беш аз ду сол бас кардам.

– Имрӯз танҳо сомонаҳоро пайгирӣ доред, тамом?

– Оре. Баъзан агар нашрияеро гуфтанд матлаби хубе дорад, харидорӣ мекунам. Аммо ин гуна ҳолатҳо кам иттифоқ меафтад. Бовуҷуд, сомонаи нашрияҳоро аз назар мегузаронам. Аксари вақт, ҳамин тавр “аз назар мегузаронам” ва ба дигараш мегузарам…

– Воқеан, дар дигар соҳаҳо кадрҳои ихтисосманд ҷалб мешаванд. Аммо дар соҳаи журналистика баъзеҳо ба он андешаанд, ки ҳар касе навишта метавонад, вай журналист аст. Ба андешаи Шумо барои фаъолият дар идораи ВАО танҳо қобилияти навиштан кофист?

– Ҳоло ҳар касе аз майлонҳои нави журналистӣ огоҳ нест, метавонад худро журналист ҳисоб накунад. Навиштани фикрро дар Фейсбук одамони зиёде ба зудӣ омӯхтанд.

– Майлонҳои нави журналистиро равшан мегуфтед?

– Трендҳо, агар ба забони байналмилалӣ гӯем. Яъне, журналистикаи ҷаҳонӣ василаҳои ҳифзи журналистикаро доранд. Бо самтҳои нав, қолабҳои нав. Масалан, фактчек, ки ман дар бораи он фикри дигар дорам ва ба журналистика камтар нисбаташ медиҳам, “Дата – журналистика”, “сторителлинг” ва мисли инҳо…

Аз “ин”-у “он”

– Бо кадом роҳ ва восита тавонистед аъзои одамони худӣи собиқ раиси шаҳри Душанбе гардидед?

Агар ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, ё ҳар касе дигар наздикие дар принсипҳо бубинам, маънои “одами ӯ” буданро надорад. Борҳо гуфтаам: “Ман чатр (зонтик)-ро дар шакли асливу маҷозӣ дӯст намедорам. Аз ин хотир, ҳатто дар борони сахту барфи зиёд ҳам дар дастам чатрро кам мебинед”. Ин ба он маъност, ки зери сояи касе буданро барои худ айб ва ҳатто таҳқир медонам.

Ҳамкории мо бо шаҳрдории пешин дархости ман ҳам набуд. Августи соли 2012 Маҳмадсаид Убайдуллоев аввалин ва то имрӯз ягона мансабдори сатҳи баланди Тоҷикистону Осиёи Миёна гардид, ки бо фаъолони Фейсбук мулоқот намуд. Беш аз 5 соат тӯл кашид ва ӯ ошкорову росто ба саволҳои ҳозирин посух дод. Аз ҷумла, ба пурсишҳои ман. Пас аз ин мулоқот, гурӯҳи хосае аз ҳисоби фаъолони Фейсбук дар назди шаҳрдорӣ таъсис ёфт. Гурӯҳ аз 7 нафар иборат буд, ки баъдан фақат як ё ду нафар боқӣ монд. Дар ҷаласаи аввали ин гурӯҳ Убайдуллоев, ки мисли ман одами ошкоргӯ аст, дар шоҳидии ҳамаи гурӯҳ гуфт, ки Зафар Абдуллоев ва Гулнора Амиршоева дар ҳайати ин гурӯҳ будани маро намехостанд. Шаҳрдори собиқ гуфт: “Ман онҳоро водор намудам, ки номи Раҷабро ҳамроҳ кунанд. Бигзор намояндаи “оппозитсия”, ки Раҷабро чунин мепиндоранд, дар ин ҳайат бошад”.

Воқеан, аз ҳисоби ин гурӯҳ Гулнора Амиршоева вакили маҷлиси шаҳрӣ ҳам гашт. Убайдуллоев дар ҷаласае номзад шудани маро ҳам хост, аммо дар он маҷлис, ки ғайр аз муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, прокурори шаҳр, роҳбари амнияти пойтахт, сардори РВКД ва намояндагоне аз депутатҳои шаҳриву фаъолони Фейсбук ҳузур доштанд, ман рад кардам. Сабабашро ҳам гуфтам.

Умуман, дар давраи корӣ дар ин гурӯҳи корӣ мо бо Убайдуллоев баҳсҳои зиёде доштем. Матолиби зиёди интиқодӣ ҳам нашр кардаам. Баъзан баҳсҳои мо дар ҷаласаҳои кории шаҳрдорӣ, ки бо ҳузури 200 – 300 нафар мегузашт, сурат мегирифт ва хелеҳоро дар ҳайрат ҳам мегузошт, ки бо Убайдуллоев “ҷанг” кардан мумкин?

Аммо шаҳрдори собиқ воқеан одами таҳаммулпазир ва одиланд. Маълумотро аз чанд сарчашма мегирфитанд, то ин ки қароре бароранд. Хеле чизҳоро аз он кас омӯхтаам ва боре навиштам, ки ба ман ҳаққи устодӣ доранд.

– Лоиқ намедонед ва ё шарм медоред, ки аъзои Иттиҳодияи журналистон бошед? Зеро, ҳатто дар давраи Акбари Саттор, ки мавриди васфи журналистони ҳамнасли Шумост, аъзо нагардидаед

– Ҳам раҳматии Акбар ва ҳам раиси нав ин даъватро доштанд. Ба онҳо гуфтаам, ки чаро, масалан, қадрдоние, ақаллан маҳфиле аз Отахон Латифӣ дар ҷашни зодрӯзаш накардаед? Ӯ, ки аъзои Ҳукумат буд, раиси ИЖТ буд, журналисти машҳуртарини тоҷик дар маҳдудаи СССР буд, агар аз ин Иттифоқ чунин “меҳрубонӣ” мебинад, пас ба мани аъзои қаторӣ он чӣ хоҳад дод?

– Аз журналистикаи баъди солҳои 90-ум чанд шахсият мавриди қабули Шумо қарор дорад ва аз онон чанд дарсадашон хиёнат ба касб карданд?

– Ҳар касе барои вобаста шудани журналистика аз ҷониби кадом ниҳоду гурӯҳе мусоидат кардааст, хоин аст. На танҳо ба касб. Барои ҷомеа ҳам. Инро таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст.

– “Мо худро кушем ҳам, эҳсоси маҳаллӣ дар ботинамон боқӣ мемонад”, сухани Шумост. Онро шарҳ медиҳед?

– Ёд надорам чунин ҳарферо аз худ. Асли матлабро бояд, дид, агар аз ман аст, то донем, ки чаро гуфта шудааст. Зеро инҷониб кӯшиш дорам мавзӯъҳоро сӯи маҳал тобиш надиҳам.

Фароварди андешаву афкор

– Гиря мекунед?

– Робот нестам.

– Матлабе буд, ки бо гиряву ашкҳои резон навишта бошед?

– Бале, буд: вақти навиштани марсияҳо барои азизон.

– Боре аз умри гузашта пушаймонӣ кардед?

– Шукр, ки не.

– Дар инсон чиро меписандед?

– Самимияту садоқатро.

– Аз чӣ нафрат доред?

– Аз дурӯяву суханчини бадбахт.

– Кадом навъи мусиқиро гӯш медиҳед: шашмақом, фалак ва ё эстрада?

– Ҳар чиро, ки ҳунармандона иҷро мекунанд.

– Аз мансабдорон ва сиёсатмадорони давр, бо кадомин ашхос ошноӣ доред ва эшонро эътироф мекунед?

– Нафари таъсиргузоре дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки нашнохта бошам.

– Таҳдидҳо буданд?

– Ман умуман зуд фаромӯш мекунам баъзе чизҳои бадро. Аммо таҳдидҳо бисёр буданд. Ҳоло шукр нест. Шояд фаҳмиданд, ки беҳуда аст.

– Як нукта: ҳоло дар ҷое расман кор намекунед. Харҷи зиндагиву рӯзгор аз куҷо?

– Аз ҳисоби машғулиятҳое, ки дар доираи лоиҳаҳое анҷом медиҳам ва маоши хуб ҳам дорам. Зимнан, пеши Шумо қавл медиҳам, ки луқмаи ҳароме ҳаромам бод!

– Мавлуд хуҷаста! Саодатманди дорайн бошед!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб:

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь