Имрӯз дар гуштии намуди ҷудо паҳлавони маъруфи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои Осиё-2018 майдондорӣ кард ва медали чорумро ба хазинаи дастаи мунтахаби кишвар зам намуд.

Комроншоҳ дар вазни -90 кг бар Шрирам Макаҷу аз Непал бо як иппон ва як вазаарӣ пирӯз шуд. Дар чорякфинал бо Насаф Илёс аз Лубнон мубориза бурд. Ҳариф се шидо гирифт, Комороншоҳ ду шидо. Се огоҳӣ бар ҳариф ба варзишгари тоҷик имкон дод, ки ба нимфинал барояд. Дар нимфинал аз муғул Алтанбагана Гантулга бо як вазаарӣ дар муқобили як иппон ва як вазаарӣ мағлуб гардид. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо Ислом Бозбоеви қазоқ дар набард шуд ва бо як вазаарӣ ғолиб омад. Ин аввалин медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё-2018 аст.

Дастаи мунтахаби Точикистон то ин дам соҳиби чор медал шудааст, ки аз ин се нуқра ва як биринҷӣ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь