Бо устод Хуршед Атовулло чанд вақт боз мехостам мусоҳиба анҷом диҳам. Бо ҳаёту фаъолият ва эҷоди устод аз рӯзи ба факултети журналистика омадан то имрӯз то ҷойе ошноӣ доштам. Ҳамаи детективу таронаҳо, қиссаву мақолаҳои устод ва ҳатто мусоҳибаҳое, ки дигар журналистон бо Хуршед Атовулло кардаанд, мутолиа кардаам, вале ба андешаи инҷониб бисёре аз паҳлӯҳои фаъолияти эҷодиву ҳаётии устодро ҳанӯз касе пайгирӣ накардааст. Ҳамчун яке аз даҳҳо шогирдони камтарини устод Хуршед Атовулло ин мақсадамро ба он кас ошкор кардам. Устод чун ҳамеша дар утоқи худ дар лаб сигор чашмон ба экрани компютер чизе менавиштанд. Хоҳиши маро фаҳмида, аз навиштан бозистоданд ва нафаси чуқуре кашида, норозиёна гуфтанд: “Эҳ, шумо намемонед — дия. Ман ҳамин қадар бандам, ки ба сархорӣ вақт надорам”.

Баъди чанд лаҳза андеша, чизеро зери лаб ҳисоб карданду хулосаашро гуфтанд:

— Рӯзи панҷшанбе соати нуҳ. Чанд дақиқа суҳбат мекунем?

Гуфтам: тақрибан ду соат мешудагист…

Устод сахт ба ҳайрат афтоданд: Ваҳҳ, дар ду соат чӣ мегӯӣ?! Ман аз куҷо ду соат меёбам? Ҳамин ним ё як соат бас аст.

Ман ба ҳамин ҳам розӣ шудам, вале бо худ меандешидам, ки дар ин қадар вақти кӯтоҳ аз устод чизе гирифта метавонам ё не. То рӯзи мусоҳиба се рӯз вақт доштам. Дар ин фурсат чанд навиштаи устодро такроран хондам, саволҳоямро чанд бор таҳрир кардам ва ниҳоят рӯзи муайяншуда, ним соат пештар аз вақти ваъдагӣ ба утоқи устод омадам. Он ҷо дар даромадгоҳ котиба танҳо менишасту газетаҳои нав аз чоп баромадаро варақгардон мекард. Ба саломи ман алейк гирифту гуфт, ки ҳанӯз устод наомадаанд. Бо иҷозати ӯ дар курсии рӯ ба рӯяш нишастаму як газетаро гирифта, ба хондан шурӯъ кардам.

Ин лаҳзаҳо чандин нафар ҳамкорону шогирдони устод ба суроғашон меомаданду мерафтанд. Интизории ман ҳам дер давом кард ва соат ба даҳ наздик шуд. Дилтанг шудаму ба берун, назди тирезаи долон баромада, ба кӯча назар кардам ва аз дур устодро шинохтам, ки бо шитоб ба сӯйи “Шарқи Озод” меоянд. Ба дил шод шудам ва рафта ба ҷойи худ нишастам. Баъди чанд дақиқа устод бо ҳамон ҳайбати ба худ хос омаданду дарро кушода, “салом” доданд ва ба утоқашон ворид шуда, ба котиба қаҳва фармуданд. Аз кисса сигорро бароварда, дар гиронданд ва боз чашм ба компютер хомӯшу саросемавор ба кор шурӯъ карданд.

Ман аз ин фурсат истифода бурда, оҳиста садо баровардам: устод, мо имрӯз мусоҳиба доштем…

Устод як ба ман нигоҳ карда, пешониашонро дошта, гуфтанд: эҳ, ман гуфтам ҳамин саҳар чӣ коре бояд мекардам. Хайр, биё суолҳоятро зуд — зуд деҳ.

Ҳамин тавр, суҳбати мо бо устод бо танаффусҳояш, ки одамони равуокунанда ба миён меоварданд, қариб ҳамон ду соати пешбинӣ шуда давом кард.

Устод, суҳбати мо бидуни маҳдудияти вақт бошад. Ба озодии вақт имкон диҳед.

— Бошад, суолҳоро гуфтан гир. Бе ин ҳам ман каме дер мондам.

— Ташаккур устод. Чун суҳбати мо аз боби вақт оғоз ёфт, нахустсавол ин аст, ки имрӯз вақти Шумо чӣ гуна мегузарад?

— Рӯзҳои охир бисёр серкорам. Гоҳо фикр мекунам, ки бисту чор соат бароям нокифоя аст. Дар корхона, чӣ хеле ки мебинед, пойи равуокунандагон аз утоқи ман канда намешавад.

— Бо вуҷуди ин қадар серкорӣ, Шумо ба навқаламон ва донишҷӯёни риштаи журналистика вақти дастгирӣ кардан ҳам пайдо мекунед, ҳатто ҳар сол курси ройгон ҳам ташкил медиҳед. Самари ин заҳматҳоятонро мебинед?

— Мақсади асосии мо аз ташкили курси мактаби журналистӣ ин аст:

— якум, журналист бояд тарсуиву беҷуръатиро дар назди мансабдор гум кунад. Ӯ вазифадор нест, ки барои гирифтани иттилоъ дар назди мансабдор гардан каҷ кунад. Ҳар гоҳе агар шунавам, ки як шогирди ман дар кадом як нишаст бо суоли худ курсинишинеро дар ҳолати ногувор монондааст, лаззат мебарам.

— дуюм, мо мехостем дар жанри тадқиқоти журналистӣ мутахассис омода кунем. Чун солҳои охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ ба ин жанр зиёд гаштааст. Самараи меҳнатам ин мешавад, ки як шогирди ман аз ин мактаб ҳадди ақал ғурури журналистиро биомӯзад.

— Чаро шогирдонатон пас аз баъди омӯзиш бо Шумо намемонанд?

— Аз соли 2005 то имрӯз, тасаввур кунед, агар ҳадди ақал панҷ — шаш нафарӣ шогирд тарбия карда бошем, наздики сад нафар журналист омода мешавад. Албатта, мо ҳамаи онҳоро ин ҷо бо кор таъмин карда наметавонем. Ҳамин сабаб мешавад, ки хатмкунандагони мактаби мо дар газетаву маҷаллаҳо ва радиову телевизионҳои гуногун мақоми хешро дарёбанд.

Интихоби ҷойи кор ба худи онҳо вобаста. Аммо дар худи Маркази тадқиқоти журналистӣ аз чил — панҷоҳ нафаре, ки рӯзҳои аввал меоянд, баъди гузашти шаш — ҳафт моҳ ду — се нафар мемонанд. Онҳое, ки ноумед нашуда, новобаста ба мушкилии кор тоқат мекунанд ва мехоҳанд, ки фақат дар Марказ кор кунанд, боқӣ мемонанд. Лекин аслан ҳадафи мо бо кадр таъмин кардани як худи Марказ нест.

— Далели дигар нест?

— Дар рафтани онҳо далели дигар маблағ аст. Масалан, нашрияи “Asia — Plus”, ки серпул аст, ҳамин хел шуд, ки дар вақтҳои охир кормандони собиқ ва ҳатто амалкунандаи моро ба кор ҷалб кард. Парвиз Турсунзода — оператори “Asia Plus”, Баҳманёр Нодиров — муовини сармуҳаррир, Мӯсо Бобоҳоҷиев — хабарнигор, Мазҳаб Ҷумъаев, ки як муддат дар мо кор мекарду баъдан ба дигар газета рафта буд ва ҳоло дар “Asia Plus” кор мекунад.

Вақте ин шогирдон омада мегӯянд, ки мо дар фалон ҷой кор карданием, ман мегӯям, ки бигзор зиндагии хешро пеш баред. Муҳим ҳамин аст. Барои он ки мо мисли “Asia Plus” пул дода наметавонем ва он ки бачаҳо бо ин роҳ метавонанд нони бештар ба хона баранд, боиси сарфарозист.

Дар маркази мо хубиаш ин аст, ки ҳама озод аст. Дар ин ҷо амру супориш нест, мисли баъзе рӯзномаҳо ҳар саҳар пеш аз кор маҷлис нест. Кормандон худашон омада, новобаста аз вақт мавзӯъ ё супоришро талаб мекунанд ва аз пайи иҷрои он мешаванд. Аз ҳама муҳим ин ки шогирдони мо дар кадом соҳае, дар куҷое набошанд, бо як даъвати ман вақт сарф карда меоянд.

— Имрӯз баъзе расонаҳое пайдо шудаанд, ки бо грантҳо ё маблағгузориҳо фаъолият мекунанд. Чӣ фикр доред, оё мешавад бо ин гуна расонаҳо ҳамкориро идома дод?

— Бадбахтӣ ин аст, ки мо то ҳадде вобастаи шикам гаштаем, ки истифодаи дурусти грантҳоро намедонем. Масалан, бубинед, мо ягон маблағ надоштем. Ҳамаи корҳоро бо қарз сар кардем. Як соли аввал Марказро таъсис додем ва дунболи он газетаҳои дигарро низ созмон додем. Имрӯз мо соҳиби се газета, як оҷонсии иттилоотӣ, сайти хабарӣ ва YouTube — канал ҳастем. Ҳамаи ин бо истифода аз грантҳое пайдо шуданд, ки мо ба даст меовардем. Мо истифода мекардем ва маблағи зиёдатиро ба кори нав сарф мекардем. Аммо дар дигар нашрия ё расонаҳо ин гуна нест. Ҳар чӣ ки монд, ба шиками роҳбараш сарф мешавад. Барои ҳамин ҳам ман сад дар сад боварӣ дорам, ки он чизҳое, ки бо грантҳо сар мешаванд, агар хуб танзим нашаванд, зуд анҷом меёбанд. Ҳатто лоиҳаҳои алоҳида дар расонаҳо то тамом шудани маблағ амал мекунанд.

Дар байни журналистони имрӯза ва журналистони насли Шумо ва ё аз он пештар чӣ фарқият аст?

— Байни журналистони давраи шӯравию солҳои аввали истиқлол ва имрӯз фарқият хеле зиёд аст. Фикр мекунам, дар журналистони пештара масъулият, такя ба факту далел, виҷдон бештар буд. Имрӯз бо пайдо шудани интернет як нафаре, ки аз кӯчаи журналистика нагузаштаасту аз таърихи журналистика хабар надорад ва намедонад, ки Отахон Латифӣ кисту Муҳиддин Олимпур кист, бо гирифтани як мусоҳиба аз як фоҳишаи кӯча худро блогер эълон мекунад. Бадбахтона, мардуми мо боз ҳамин гунаҳоро пайгириву дастгирӣ менамоянд ва ин чиз онҳоро ба дарди ситораманишӣ гирифтор кардаву худро дар як муддати кӯтоҳ ситораи журналистика эълон мекунанд. Ман блогерҳоеро медонам, ки садҳо обуначӣ доранд, вале аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд. Барои ҳамин ягон чизи онҳоро ҷиддӣ қабул намекунам. Ҳаминро гуфтаниям, ки таҳлигароне, ки таҳлил карда метавонанд, онҳое, ки рисолати журналистӣ доранд, онҳое, ки журналистикаро аз як шантажист фарқ мекунанд, ангуштшумор боқӣ мондаанд, ин бадбахтӣ аст.

— Устод, Шумо замоне дар факултети журналистика дарс мегуфтед. Имрӯз бисёр мешунавем, ки донишҷӯёни ҳамнасли моро танбалу кундфаҳм ва камсавод мегӯянд. Чун имрӯз ҳам бо донишҷӯёни факултети журналистика сарукор доред, Шумо ҳам ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунед?

— Ман ҷонибдори ин фикр нестам, ки мегӯянд донишҷӯёни ҳозира хондан намехоҳанд, онҳо танбаланд, онҳоро бояд пачақ кард. Барои он ки ман дар ёд дорам, барои бо як корманди одии “Комсомоли Тоҷикистон” салом кардан, дар паси дар соатҳо интизор мешудам. Имрӯзҳо ин гуна нест. Дари дилхоҳ сармуҳаррир барои ҷавонон боз аст ва дигар ҳама чиз вобаста аст ба он ки онҳо чӣ лаёқат доранд ва чӣ гуна муносибат карда метавонанд. Дар байни ҷавонони имрӯза ҳастанд онҳое, ки метавон дар оянда бо номи онҳо ифтихор намуд. Ҳастанд, фақат онҳо дастгирӣ надоранд. Вазъи молии донишҷӯёни ҳозир дигар аст. Андешаи онҳо баъди курси якуму дуюм сари таъмини оила меравад. Вазифаи донишҷӯ хондан аст, вале дар мо ин гуна нест. Зеро на ҳама шароити хуб дорад. Онҳо дар фикри пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ҳастанд. Онҳо сари ин андеша ҳастанд, ки чӣ гуна ба муҳоҷират раванд, чӣ гуна зиндагии донишҷӯияшонро таъмин кунанд, фардо чӣ гуна хонадор шаванд. Барои онҳо хеле душвор аст.

— Ҷавонӣ дар хотираҳои Шумо чӣ гуна нақш гузоштааст?

— Ман борҳо дар мусоҳибаҳоям гуфтаам, ҷавонии мо қурбони ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Мо, ба истилоҳ, ҷавониро надидем. Фаъолияти донишҷӯи имрӯзаро дида, ҳавас мекунам. Кошки мо ҳам ҳамин гуна ҷавонӣ медоштем.

Мо зери тиру туфанг мактаб рафта меомадем. Мисле, ки дар Афғонистон бошем. Субҳ вақте аз хобгоҳ мебаромадем, намедонистем, ки бегоҳ бармегардем ё не. Дар умум гуфтан мумкин, ки мо ҷавониро надидем.

— Шумо гуфтед, ки озодӣ он аст, ки аз рӯи қонун амал намоӣ. Оё журналистони мо озодии қонунии худро медонанд?

— Бисёр қонунҳое ҳастанд, ки мо — журналистонро ҳимоя мекунанд. Лекин мо аз он истифода карда наметавонем. Масалан, дар кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддае ҳаст бо номи “Монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналистӣ”. Дар давоми фаъолияти журналистӣ ба ғайр аз Зафар Абдуллоев, ман надидам ягон рӯзоманигореро, ки аз рӯи ҳамин модда аз болои касе даъво карда бошад.

Қонунҳо моро ҳимоя мекунанд, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти моро муайян кардаанд, вале худи мо журналистон амал намекунем.

— Ҷойи дигаре ҳам гуфта будед, ки қонунан озодии мо таъмин аст, вале мо худсензура мекунем. Чаро?

— Магар аз қонун волотар чизе ҳаст? Ин аз тарси даъвоҳои судӣ аст. Гап дар сари он ки имрӯз дар Тоҷикистон яке аз системаҳои фалаҷшуда ин системаи судӣ аст. Дар ин система бархӯрд ба фаъолият ва худи журналист ҳам душманона аст. Бисёре аз онҳо аз журналистон ҳазар мекунанд. Барои он ки фикр мекунанд, як нафаре мекобад, чирки онҳоро меёбаду менависад, душмани онҳост. Барои он ки “тагашон тар” аст, онҳо ҳеч вақт намехоҳанд, ки журналистон дар парвандаҳои судӣ иштирок кунанд, сабт кунанд (хушбахтона, дар ин бора қонун қабул шуд ва онҳо дигар наметавонанд ин ҳуқуқро аз журналист гиранд), то ки бесаводиву бесалоҳиятии онҳоро ошкор накунанд.

Худсензура аз чӣ пайдо шуд? Ман фикр мекунам аввал даъвоҳои судие буд, ки аз ҷониби худи судяҳои суди олӣ ва судяҳои суди шаҳри Душанбе пешниҳод шуда буданд. Онҳо аз се газета чоруним миллион сомонӣ мепурсиданд, ки он замон наздики якуним миллион доллар буд. Ҳама медонад, ки вақте судяҳои суди олӣ даъво карданд, ҳатман ин қазия ба манфиати онҳо ҳал мешавад. Ин даъво аз болои газетаҳои “Фараж”, “Озодагон” ва “Asia Plus” замоне буд. Кор ба мурофиа анҷомид. Бисёре аз даъвогарон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Вале онҳо дар ҳамин парвандаҳо симои аслии системаи судиро нишон доданд.

Дигар ин ки боз ҳастанд шахсони бонуфуз. Албатта, ягон вазир аз болои журналист даъво кунад, кор ба фоидаи ӯ ҳал мешавад. Баъд воситаҳои фишанг ҳастанд. Агар як маводи ба кадом як мансабдор номаъқул навиштӣ, аз болоят тафтишро сар мекунанд. Ҳатто аз ҳама чизҳои одии корхонаро, сар карда аз чароғаки каммасрафу пули обу дигару дигарҳо. Ҳамин тавр, аз ҳар тараф фишор меоранд. Баъд журналист маҷбур мешавад, ки худсензура кунад.

— Устод, Шумо дар як мусоҳибаатон аз сахттарин таҳдид ва сензурае, ки дар тӯли фаъолияти хеш дидаед, ёдовар шудаед. Лекин сабабашро мушаххас нагуфтаед.

— Соли 2010 собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Шералӣ тамоми воситаҳои ахбори оммаи хусусиро душман эълон кард ва ҳатто гуфт, ки инҳо ҳамкори террористон ҳастанд. Ин чизро дар телевизиони “Тоҷикистон” ҳам намоиш доданд. Баъди ин нашрияҳоро пайиҳам маҳкам карданд. Мо муддати чор — панҷ моҳ аз думи мақомот давидем, то онҳо бовар кунанд, ки мо ҳамкори террористон нестем. Ҳамаи ин танҳо барои як суоли мо буд. Як нафар масъули Вазорати мудофиа дар шарҳи ҳодисаҳои ҳамон сол рухдода гуфта буд, ки “мо аз тобистон медонистем, ки дар дараи Камароб як гуруҳи террористӣ маскан гирифтааст”.

Дар он воқеа 28 нафар ҷавононе, ки муҳлати хизматашон тамом шуда буд, вале ба амалиёт сафарбар шуда, дар рафти задухӯрдҳо ба ҳалокат расиданд. Мо ба мақомот чунин суол додем, ки “хуни ин 28 нафар ба гардани кист? Дар ҳоле, ки шумо аз тобистон медонистед, ки он ҷо гуруҳҳои террористӣ ҳастанд ва метавонистед гуруҳҳои махсусро ба он ҷо сафарбар кунед, чаро накардед?”.

Баъди ин онҳо дар муқобили мо он корҳои дар боло зикршударо анҷом доданд ва мо фаҳмидем, ки пурсуҷӯи ҳақиқат, амали некеро анҷом додан, хуни навҷавонони ғӯрамаргро пурсидан, гуноҳ будааст. Ман аз ин зиёд таҳдид ва сензураи сахтро надида будам.

— Шояд ҳар як хонандаи навиштаҳоятон ба хулосае меояд, ки Шумо фақат ғаму дарду хиёнату танҳоӣ ва умуман мавзӯҳои пессимистиро рӯи қоғаз меоред. Чаро?

— Шояд барои он ки ман бо хислатҳои манфӣ бештар рӯбарӯ шудам.

— Воқеан, устод чаро Шумо гуфтед, ки “Зиндагиамро бо се вожа ҷамъбаст намудам: танҳоӣ, орзу, марг!?

— Барои он ки бо ҳамон хислатҳои манфӣ вақте ки рӯбарӯ мешавӣ, лек мефаҳмӣ, ки ту воқеан танҳоӣ ва ҳама орзуҳое, ки дорӣ, дар ин гуна ҷомеа амалӣ намешаванд. Дар ин ҳолат ба ҷуз марг дигар чӣ мехоҳӣ…

— Тарона, қисса, мақола ва детективҳоятонро бо шавқ мехонанд. Боре фикр накардед, ки роман ё ягон асари калонҳаҷм нависед?

— Бале, ҳатто як маротиба кӯшиш ҳам карда будам. Вале тамоман барои ман вақт намерасад. Агар вақт медоштам, шояд ман то ин дам кори номзадиямро ҳимоя мекардам. Дар дами пирӣ агар аз ин ҳама фориғ шавам, шояд он вақт бо ин кор пардозам.

— Як чиз ҳамеша хонандаи детективҳои Шуморо ба андеша водор мекунад. Онҳое, ки Шуморо аз наздик мешиносанд, шояд бештар дар атрофи ин савол фикр карда бошанд: Дар оғози ҳар як детективатон ҷумлаи “Мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахсони воқеӣ тасодуфӣ аст. Сужаҳо бофтаи тахайюлоти муаллиф ҳастанд” меояд. Аммо борҳо шудааст, мо шогирдонатон баъди хондани ҳар як детектив қаҳрамонҳои онро ба баъзе шахсони алоҳида, махсусан, ҳаёти қаҳрамони асосиро ба Шумо шабоҳат диҳем. Ин ҷо чӣ сирре ҳаст?

— Гап дар сари он ки он чизе, ки ёдовар шудед, — мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахсиятҳои алоҳида тасодуфӣ асту воқеаҳо бофтаи тахайюлоти муаллифанд, — ин як навъ ҷонхариди ман аст. Ин ҷумла чанд бор ҷони маро харидааст. Вақте даъво пеш оварданд, гуфтам, ки “охир, ман пешакӣ огоҳ кардаам, ки ҳамаашро бофтаам, ин чизи воқеӣ нест”.

Вале дар асл ҳамаи онҳо натиҷаи ҳамон тадқиқотҳо, ҷангҷолҳо, судбозиҳо ҳастанд, ки мо натавонистем ҳарфи диламонро дар қолаби тадқиқоти журналистӣ гӯем. Аз ин рӯ, онро ба қолаби детектив ҷо кардем.

— Мо медонем, ки танҳо қиссаву таронаҳо ва чанд ҳикояҳои Шумо дар шакли китоб ба чоп расидааст ва аксари навиштаҳоятонро аз блоги шахсиятон мехонем. Вале аз рӯи шунидаҳо нафаре ҳамаи навиштаҳои Шумо, аз ҷумла детективҳоро дар шакли китоб ду нусха чоп карда, якеро ба Шумо дигареро ба худ гирифтааст. Оё ин рост аст?

— Не. Китоб як нусха буд ва онро ба ман туҳфа кард. Ӯ як нафар хонандаи хуби ман буд. Вай як муддат ба ҳадде шефтаи қиссаҳои ман шуд. Вақте ки ман дар санатория будам, омада ба ман ҳамон як нусхаро ҳадя кард. Ман то ҳол имкони молии чоп кардани китобро надорам. Дар чопхонаҳои давлатӣ то ҳол аз нашри навиштаҳои ман истиҳола мекунанд.

— Устод, дар ҳар навиштаи Шумо мақоми баланди ишқро эҳсос кардан мумкин аст. Чаро?

— Ишқ бузургтарин омили зиндагисоз аст. Яъне вақте ки ошиқ мешавӣ, ҳамин ишқ туро водор мекунад, ки ақаллан дар пеши ҳамон шахси дӯстдошта худро беҳтар нишон диҳӣ, худро хушбахттару муваффақтар нишон диҳӣ, ҳатто қуллаҳои як замоне бароят дастнорасро ҳам фатҳ намоӣ. Яъне, аз мушкилиҳо наметарсӣ. Ишқ воқеан омили зиндагисоз аст.

— Хиёнат чист?

— Хиёнат ин чизест, ки ман қариб ҳар рӯз рӯбарӯ мешавам.

— Аз кӣ?

— Аз ҳама: аз баъзе дӯстон, аз баъзе дӯстдорон, аз баъзе ҳамкасбон. Барои ман хиёнаткориро дидан дигар ягон ҷойи ҳайрат надорад. Ман аллакай медонам, ки барои чӣ ин корро мекунанд.

— Хиёнатро мебахшед?

— Хиёнатро ҳеч вақт намебахшам. Агарчи лаҳзае аз гуноҳи кардаи ин ё он нафар гузарам, ин ҳам муваққатӣ аст. Доғи ҳамон хиёнат дар дил мемонад.

— Танҳоӣ чист?

— Танҳоӣ ганҷе ҳаст, ки ман то ҳол наметавонам онро пайдо кунам. Ана, худи Шумо шоҳидед, ки маро як лаҳза танҳо намегузоранд. Танҳоӣ чизе ҳаст, ки касе онро орзу мекунад, касе аз он безор аст ё нафари дигар аз он хаста шудааст. Ман фикр мекунам, танҳоӣ бузургтарин ганҷ аст, зеро инсон дар ин ҳолат бо худ мемонад.

— Сигору шароб барои Шумо чистанд?

— Воқеан, сигор ва шароб бароям ҳамсуҳбатоне ҳастанд, ки аз навад фисади ҳамсуҳбатони имрӯза беҳтаранд. Ба онҳо дарди диламро гуфта метавонам, лекин ба ин мардум не.

— Оё боре талоши мансаб кардаед?

— Медонед, вақте ки ман ҳатто сардабири “Фараж” будаму Зафар Абдуллоев пешниҳод кард, ки “Фараж”-ро дигар ба ихтиёри Марказ супорем, ман зид будам, вале илоҷи дигаре надоштам. Ман ҳеч гоҳ намехостам шахси якум шавам. шахси якум ҳама вақт мушкилаш бештар аст. Ҳама санге, ки мезананд, аввал ба сари вай мерасад. Вале бо гузашти вақт ҳамин хел шуд, ки дигар аз он чизе, ки мегурехтам, ба сари худам омад. Ин аз ночорӣ буд.

— Дар колонкаҳое, ки дар “Фараж” менависед, оҳанги танқиди мансабдорон бараъло эҳсос мешавад. Боре шудааст, ки ҳангоми рӯбарӯ шудан бо мансабдоре хиҷолат кашида бошед?

— Бале, вақте ки ман бори якум буд ё дуюм, колонкаи “Дилзанак”-ро навиштам, он ҷо ҷумлае буд, “…баъзе нафарон ҳатто ба шуъбаи эҳёи дил муроҷиат кардаанд”, ман намедонистам, ки ба он ҷо воқеан шаш — ҳафт нафар бистарӣ шудаанд. Вақте ки инро фаҳмидаму бо ҳамон нафарони гирифтори бемории дилшуда, баъд аз мансаб рафтанашон рӯбарӯ шудам, як эҳсоси хиҷолатзадагиро дар худ ҳис кардам, ки гӯё ман ин ҳолати онҳоро масхара кардаам.

Дигар ин ки мавзӯҳои ин колонка хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Бисёриҳо мехонанд ва тахмин мезананд, ки ин хоҳад шуд, он хоҳад рафт ва яки дигар хоҳад омад ва баъзан вақт ҳайрон ҳам мешаванд, ки он чизе, ки ман навиштаму дар хаёли касе набуд, тасдиқ мешавад…

— Устод, дар саҳифаҳои “Фараж” аксаран бо навиштаҳои танқидиву проблемавии ин ё он соҳа вомехӯрем. Оё ин навиштаҳо ба дарди мардум мехӯранд? Шахсони масъул вокуниш нишон медиҳанд?

— Бале! Чаро не? Мувофиқи амри президент таҳти №622 мансабдорон масъуланд, ки вокуниш нависанд. Бисёр камбудиҳое ҳастанд, ки ба навиштаҳои мо ҳалли худро ёфтанд. Агар рӯзнома ягон проблемаро ҳал карда натавонад, пас чоп шудани он чӣ лозим? Проблемаҳо бисёранд. Мо менависем ва шахсони масъул вазифдоранд, ки ҷавоб диҳанд, вале ин ҳолат кам рух медиҳад. Махсусан, дар мақомоти судӣ, бо вуҷуди он ки ҷавоб менависанд, кӯшиш мекунанд, ки кадом мавқее, ки доштанд, ҳамонро сафед кунанд.

— Баъзе навиштаҳои Шумо, аз ҷумла номанависӣ бо устод Абдулвоҳиди Зевар ба шакли пӯшида бисёр проблемаҳоро баррасӣ мекунанд. Боре шудааст, ки барои ин усули инъикос аз ҷойе вокуниш гирифта бошед?

— Хонандаҳои номанигории ману Абдулвоҳид хеле зиёданд. Худи Абдулвоҳид як нафар шоир аст, шоире, ки диди воқеӣ дорад. Нома навиштан ба вай маро як навъ сабук мекунад. Ин номаро мо аслан барои холӣ кардани дили худ менависем. Ин ки касе барои он вокуниш медиҳад ё не, муҳим нест. Ман чанд бор шоҳид будам, ки гуфтугӯи моро бисёриҳо бо шавқ мехонанд ва ҳатто агар мо нанавистем, мепурсанд, ки чаро дигар наменависед. Вале мо ба шакли дигар ин номанависиро давом доданӣ ҳастем.

— Дар он шабу рӯзи даргириҳои марзӣ бисёриҳо аз сустии фаъолияти аксари нашрияҳои даврии кишвар ва сомонаҳои онҳо, аз ҷумла “Фараж” дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карданд. Воқеан ҳам, чаро он рӯзҳо нашрия ва сомонаи он фаврият надошт?

— Хато накунам ҳанӯз шаш — ҳафт сол пеш ман хатари ана ҳамин холӣ будани фазои иттилоотии Тоҷикистонро дар ҳамин гуна ҳолатҳо ҳис карда будам ва сабаби аввал дар шакли сайт ва баъдан оҷонсии иттилоотӣ таъсис додани “Sughdnews” ҳам ҳамин буд. Ман ба ҳамаи раҳбарони пешинаю имрӯзаи вилояти Суғд фаҳмонидам, ки ҳамин гуна як оҷонсии мустақил бояд бошад, ки дар ҳолати зарурӣ аз мавқеи Тоҷикистон ҳимоя карда тавонад. Хушбахтона, онҳо фаҳмиданд ва дар идома мо натанҳо бахши русӣ, балки бахши англисии онро ҳам таъсис додем.

Ҳоло мо ният дорем, ки барои фаҳмонидани ҳақиқати ҳол ба мардуми Қирғизистон ба ҳар роҳе набошад, бахши қирғизии “Sughdnews”-ро фаъол кунем. Чун дар он шабу рӯз оҷонсӣ фаъол буд, матолиберо, ки дар “Самак” ё “Фараж” менавистем, ғайри ману шумо дигар ҳеч кас намехонд. Барои ҳамин ҳам кӯшиш кардем, ки аз байни расонаҳои мо “Sughdnews” бештар фаъол бошад. Мо бо нашри хабар бо забонҳои дигар метавонем ба дигарон нишон диҳем, ки Тоҷикистон дар кадом мавқеъ қарор дорад.

Ин ки нашрияҳои чопии мо фаъол набуданд, сабаби дигар ҳам дошт. Дар мо, бадбахтона, мақомоти дахлдор мисли қирғизҳо нестанд, ки ҳар сония аз қадамҳои мондаашон, аз натиҷаи нишастҳо ҳисобот диҳанд ва чун манбаи расмӣ нест, мо наметавонистем, ки аз пеши худ чизе нависем.

— Медонем, ки дар ҷодаи журналистика аз ҳамаи устодон дида, бештар нақши устод Иброҳим Усмоновро зикр кардаед. Боз чӣ чизеро аз саҳми устод дар фаъолияти худ ногуфта мондаед?

— Воқеан, нақши устод Иброҳим Усмонов дар ҳаёти ман ногуфтанӣ ҳаст. Бале, ман чор нақши устодро зикр карда будам ва ҳоло ин шахсият нақши панҷумро дар зиндагиям гузошта истодаанд. Устод маҷбур карда истодаанд, ки ҳарчи зудтар рисолаи номзадиямро ҳимоя кунам.

Худо умрашонро дароз кунад!

— Медонед устод? Дар ташаккули қалами мо журналистшавандагон ва наслҳои аз мо калонтар нақши устодоне, чун Шумо, устод Иброҳим Усмонов, Қироншоҳ Шарифзода, Ҷовид Муқим, Раҷаби Мирзо, Ҳуриниссо Ализода ва дигарон ниҳоят бузург аст. Вале журналист Додоҷон Атовуллоро ҳамаи мо, гарчанде боре надида, бо он кас суҳбат накарда бошем ҳам, бо фахр “Устод” мегӯем. Ба фикри Шумо Дододоҷон Атовулло ба ин шараф чӣ гуна ноил шудаанд?

— Дар ҳақиқат ҳам сухану қалами Додоҷони Атовулло сеҳр дорад. Додоҷон журналисти нотакрори тоҷик аст. Ӯ тавонотарин журналист буд, ҳаст ва мемонад. Барои он ки мисли Додоҷон ба забони шевои тоҷикӣ касе нанавиштааст. Ба сатҳи ӯ касе нарасидааст. Албатта, ман ҳам замоне ба Додоҷон пайравӣ мекардам ва ӯ мегуфт, ки ту додари маънавии манӣ ва дар ин бора ҳатто дар “Чароғи рӯз” ҳам навишта буд. Он вақт ин ҳарфҳо бароям ифтихори бузург буд. Вале баъди соли 1993 яроқбадастон маро мекофтанд, ки “аз додараш пурсем, ки акааш куҷо рафт?!”.

Онҳо фикр мекарданд, ки ман додари хунӣ ҳастам. Бардоштани ному насаби Атовуллоев осон несту набуд. Барои ҳамин ин насаб ба ман ҳам нон оварда буд, ҳам шуҳрат оварда буд ва ҳам бо мушкилиҳои ҷиддӣ дар зиндагӣ дучор карда буд.

— Шумо баъди шиносоӣ бо устод насаби худро Хуршеди Атовулло кардед?

— Не, гап дар сари он ки номи падари ман Атовулло аст. Ман ба хотири номи падарам насабамро Хуршед Атовулло кардам, на Ниёзов. Он тавре, ки падарам насаби моро бояд Каримов мегузоштанд, вале ба хотири як бобои шаҳидашон Ниёзов гузоштанд. Барои ҳамин ҳам ман дар ҳама ҷо худро Хуршеди Атовулло менавиштам ва вақте ки Душанбе омадам, ғоибона медонистам, ки ҳамин гуна шахс ҳаст ва баъдтар ҳама фикр мекард, ки ман додари Додоҷон ҳастам. Баъди он ки ман бо Додоҷон аз наздик шинос шудаму ӯ маро додари маънавӣ хонд, то имрӯз ягон маротиба риштаи муносибати байниҳамдигарии мо канда нашуд. Ба пояи Додоҷон то ҳол ягон журналист набаромадааст!

— Чун аз падар ёдовар шудед, ба мо мегуфтед, ки чӣ пандеро аз қиблагоҳ шиори зиндагии хеш кардаед?

— Падарам шоир буданд. Дар водии Зарафшон он касро аз ман бештар мешиносанд. Гоҳо бо шӯхӣ ба падар мегуфтам “дада, шеърҳои Шумо бисёр омиёна”. Бо табассум ҷавоб медоданд, ки “ба ҳар ҳол шеъри маро мардум бисёртар мехонанд аз он чизе, ки ту менависӣ”.

Махсусан, яке аз шеърҳояшон вирди забони сарояндагони водии Зарафшон буду ҳаст, ки матлаъаш чунин аст:

Баъди сари ман, эй писар,

Нола макун ҷони падар.

Дар ҳамин шеър чор мисрае ҳаст, ки мегӯянд:

Худро зи ҳад боло магир,

Дасти ятимонро бигир.

Дониста бош, эй гулписар

Ҳоли баде дорад сағир.

Ман кӯшиш мекунам ҳама вақт аз рӯи ҳамин чор мисраи охирон бештар амал намоям. Касе агар афтодаву муҳтоҷ бошад, аз рӯи насиҳати падар то ҷойе метавонам, ёрӣ мекунам.

— Боре дар бораи ояндаи нашрия, Марказ, сомона фикр кардаед?

— Оянда ба ояндаҳо вобаста аст. Муҳимтарин коре, ки бояд Марказ иҷро кунад, ин аст, ки бо равандҳои нави журналистикаи муосир мутобиқ шавад. Яъне акнун диққати асосӣ на ба нашрияҳои чопӣ, балки ба нашрияҳои электрониву гузоришҳои тасвирӣ ва YouTube бояд равона шавад. Дар ин роҳ мо аллакай корро оғоз кардем. Ман намедонам баъди ман кӣ ба сари кор меояд, вале пеш аз он ки ба сари кор биёяд, ман ҳатман ба ӯ мегӯям, ки ҳамраҳи замона бояд қадам зад, то қафо намонад.

— Як фарзанди Шумо ҳоло дар факултети журналистика таҳсил карда истодааст. Мешавад гуфт, ки ӯ дар оянда кори Шуморо идома медиҳад?

— Намедонам, Додварз (исми писарам) он қадар муҳаббате ба журналистика надорад, ки ман дорам. Баъзан вақт мегӯяд, ки “танҳо ба хотири он ки Шумо маро маҷбур карда гуфтед, ки бояд як нафар касби маро идома диҳад, ман ба факултети журналистика дохил шудам”.

Фарзанди калониям ҳам ҳамин хел. Ман онҳоро мефаҳмам. Ҳардуи онҳо фосилаи умрашон ду сол аст. Шояд онҳо азобҳои маро дида, дилашон аз ин касб хунук шудааст. Он ҳолатҳоеро диданд, ки ман панҷ маротиба ҷарроҳӣ шудам, панҷ маротиба шатта хӯрдам, се маротиба инсулт гирифтам.

Фикр мекунам, ҳамин чизҳо онҳоро аз ин касб дилхунук кардааст. Вале фарзанди хурдиям — медонам, ки бисёр хислатҳояш, рафтораш, ҳатто бархӯрдаш хеле ба ман монанд аст Оламафрӯзро (ҳанӯз шавқи ӯро ба журналистика намедонам, барои он ки вай ҳамагӣ даҳ сол дорад). Ҳанӯз дар синни ҳаштсолагияш маҷбур кард, ки китобашро ман чоп кунам. Ҳеч аз ёдам намеравад, вақте ба ӯ гуфтам “охир ту ҳоло хурдӣ. Барои китоб чоп карданат хеле вақт ҳаст”, ӯ дарҳол ҷавоб дода буд, ки “падар, ту панҷ китоб чоп кардӣ. Барои ҳамин дар як оила ду нависанда намеғунҷад. Ту нависандаи пир намехоҳӣ, ки нависандаи ҷавон парвоз кунад”.

Ман гумон мекунам, ки агар он ду нафар ин пайраҳаро давом надиҳанд, Оламафрӯз ҳатман давом медиҳад.

— Ташаккури зиёд, устод, барои сӯҳбати васеъ ва берун аз вақти таъйиншуда!

— Саломат бошед! Муваффақият ёри ҳамешагиятон бод!

Мусоҳиб:

Шодмон КЕНҶАЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here