Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии ҶТ, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба таваҷҷӯҳи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, мӯҳтарам Султонзода Сулаймон Саид

12-уми октябри соли 2013. Дар маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора сайти раҳбари давлат www.prezident.tj хабар додааст. Таваҷҷӯҳ кунед ба хабари мазкур: “Дар маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, ин варзишгоҳ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лайсиддин Юсуфов дар давоми 9 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин соҳибкор моҳи декабри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ барои сохтмони ин варзишгоҳ замин дархост карда буд. Дархосташ он рӯз қабул шуд. Дар натиҷа чунин варзишгоҳи бошукӯҳ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, боиси шодию нишоти дӯстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ин минтақа гардид.

Толорҳои варзишгоҳ яке барои намудҳои гуногуни гӯштин, каратею таэквондо, дигар навъҳои задухӯрдҳои шарқӣ ва толори дуюм барои обутоби бадан бо олоту дастгоҳҳои махсус муҷаҳҳаз гардидааст. Майдони калони варзишгоҳ барои чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми ин ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки дар ин варзишгоҳ гирд омада буданд, суханронӣ намуда, пеш аз ҳама ба соҳибкори ин иншоотро бунёднамуда арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, пас аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони кишвар, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, то имрӯз дар қаламрваи ҷумҳурӣ беш аз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст. 316-тои ин иншооти варзишӣ дар вилояти Суғд сохта ба истифода дода шудааст.

Дар майдони калони варзишгоҳ аҳли фарҳанги ҷамоат барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш доданд, ки бо завқу салиқа ва самимияти басо баланд омода гаштааст”. (Суроғаи хабар: http://www.president.tj/node/5413).

Ин варзишгоҳ дар замони раиси ҷамоати Чоркӯҳ будани Бадриддин Шаропов ба истифода дода шуда буд. Лайсиддин Юсуфов — соҳибкоре, ки аз ӯ ёдоварӣ мешавад, бародарзодаи Бадриддин Шаропов аст. Варзишгоҳи мазкур гарчи ба ном бо маблағгузории соҳибкор Лайсиддин Юсуфов сохта шудааст (ин суханони ӯ дар пешорӯи Президент буд), вале дар асл бо ҳиссагузории мардуми ҷамоати Чоркӯҳ ва кумаки МИҲД-и шаҳри Исфара ба истифода дода шуд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки беш аз 40 фисади маблағи сарфшуда аз мардум ва як қисми он аз ҳисоби МИҲД-и шаҳри Исфара ҷамъоварӣ гардида буд.

Вале баъди рафтани Президент аз Чоркӯҳ, ба ном соҳибкор Лайсиддин Юсуфов варзишгоҳи мазкурро ба чунин ҳолат овардааст (нигаред ба аксҳо). Нишастгоҳҳои варзишгоҳи имрӯз дарбастаро кандаву ба қавли ҳамсӯҳбатҳои мо аз ин деҳа, ба нархи 3,5-долларӣ ба савдо задаанд.

Айни замон, вақте мо аз он мавзеъ дидан кардем, онро ба як фермаи гов бадал кардаву ҷои кӯдакону варзишгарон говҳо варзиш мекунанд.

Бадриддин Шаропов кист?

Ин шахс муддати бист сол раиси ҷамоати Чоркӯҳ буд. Дар давоми фаъолияти корӣ як маротиба, соли 2006 бо қарори Суди ноҳияи Мастчоҳ бо моддаи 316, қисми 3, банди “а” (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифодаи зӯроварӣ) суд ҳам шуд.

Тибқи моддаи 18-и КҶ, ҷинояти содиркардаи Шаропов ба категорияи “ҷинояти вазнин” дохил мешавад. Дар асоси муқаррароти моддаи 26-и Қонуни консититутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқ” шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон, ҳуқуқи вакили маҷлиси вакилони халқии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ интихоб шуданро надоранд. Аз ин лиҳоз, Шаропов Бадриддин ҳамчун шахси ҷинояти вазнин содиркарда, ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи интихоб шудан ба ҳайси вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Исфараро надошт. Аммо бо пуштибонии касе баъди доғи судӣ гирифтан ҳам, ду маротиба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Исфара интихоб шуд ва дубора раисии ҷамоатро идома дод. Ҳол он ки, аз мақомоти марбута мактуб ворид шуда буд, то Шароповро бинобар доғи судӣ доштан, аз вазифа гиранд.

Айни замон, ба ғайр аз Лайсиддин Юсуфови “соҳибкор”, Шаропов писари хоҳараш Насриев Шукурро ба курсии мансаби раиси ҷамоати Чоркӯҳ шинонидааст. Бори сеюм аст номбурда ба ин вазифа меояд. Ду маротибаи дигар баъди тақсими замин Насриев аз вазифа рафта буд. Дар бораи қаҳрамониҳои раиси ҳозира, ки айни замон шабона ба шахсони пулдор дар мавзеи “Хелесон” замин тақсим мекунад. Чаро шабона? То ки ниёзмандони замин дар Чоркӯҳ, ки аз соли 2014 дар навбат ҳастанд, набинанду ғавғо набардоранд. Дар ин мавзеъ 5 сотих замин тибқи маълумоти мо то 40 ҳазор доллар меистад. Ҳоло бинем, ки Бадриддин Шаропов дар давоми бист соли корӣ чӣ қадар заминро соҳиб шудааст. Табиист, аксари он заминҳо шояд ба номи дигарон бошад, вале маълум кардани соҳиби аслии замин барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ душворие пеш намеорад. Тибқи маълумоти мо, ба қавли шоҳидон, мавсуф чунин заминҳоро дар тӯли фаъолияти кориаш соҳиб шудааст:

— як гектар дар маҳаллаи Қақир;

— 0,8 сотих дар бригадаи рақами 9;

— 0,7 сотих дар бригадаи рақами 10 (мавзеи “таги бора”);

— 0,8 сотих дар бригадаи рақами 4;

— 16 сотих дар бригадаи дар мавзеи ба ном “корхона”-и “Қадр” (ба ин мавзӯъ пойинтар бармегардем);

— 12 сотих дар бригадаи рақами 13 (ба номи ду домодаш. Ҳол он ки, заминро аслан бояд панҷ сотих диҳанд, вале ин ҷанобон барои худ шашу 12 сотих ҳам карда, гирифта метавонанд);

— 12 сотих дар шаҳри Исфара;

— 24 сотих дар маҳаллаи “Сомониён”-и шаҳри Исфара ба номи дигарон;

— 5 сотих дар маҳаллаи “Ҷуи боло” (ба номи писараш Шаропов Ҳафизулло);

— 5 сотих дар Чоркӯҳ;

— 17 гектар замин бо ҳамроҳии Лайсиддин Юсуфов дар шаҳри Қайроққум, ки ба маблағи 120 000 ҳазор доллар барои боғ харидорӣ шудааст.

Корномаи Бадриддин Шаропов бо ин тамом намешавад. Рӯзи 12-уми октябри соли 2013 дар сайти Президент чунин хабар пахш шуд: “Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии “Қадр” ифтитоҳ ёфт.

Чунон ки аён гардид, бинои ин марказ аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он коргоҳи хурди коркард ва бастубанди меваи хушк ҷойгир шудааст. Дар ин коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 3 тонна меваи хушк коркард ва бастабандӣ мешавад, 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Абдурофеъ Қосимов, ки ин маркази истеҳсолию хизматрасониро бунёд намудааст, аллакай барои содироти меваи хушк бо давлатҳои Беларус, Полша ва ҷумҳуриҳои назди Балтика созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки имсол то охири сол дар Исфара 10-то чунин корхонаи нав мавриди истифода қарор мегирад ва шумораи умумии онҳо ба 22 мерасад. Тавре иттилоъ доданд, иқтидори миёнаи солонаи ҳар яки онҳо 1,5 ҳазор тонна буда, ба ҳисоби миёна 50-нафарӣ дар онҳо кор мекунанд.

Дар ду ошёнаи дигари Маркази истеҳсолию хизматрасонии «Қадр» ду коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир шудааст, ки дар ҳар яке 25-нафарӣ занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо маслиҳати Сарвари давлат соҳибкор Абдурофеъ Қосимов изҳор дошт, ки дар ин ду толор боз 20 ҷойи нави корӣ муҳайё сохта, пеш аз ҳама дӯхти либоси мактабиро барои хонандагони мактабҳои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба роҳ мемонад.

Дар ин коргоҳҳо, мутобиқи талаботи мардум, ҳамчунин дӯхти дигар либосворӣ ба роҳ монда мешавад”. (Суроғаи хабар http://www.president.tj/node/5412).

Баъди рафтани Президент аз Чоркӯҳ маълум гардид, ки машинаҳои дарздӯзӣ иҷора гирифта шуда будаанд. Таҷҳизоти мевахушккуниро бошад, ин тоҷирон ба нархи 40 000 доллар ба фурӯш задаанд. Бо ин амал Шаропов ва “соҳибкор” ба чашми ҳама хок пошидаанд. Ба Президент рӯирост дурӯғ гуфтаанд. Аз ҳафтод ҷои кории нав то ба ҳол дараке нест. Мардуме, ки дар бунёди ин корхона ҳисса гузошта буданд, масолеҳи сохтмонӣ дода буданд, то ба ҳол домони Шароповро медоранд, ки “қарзи моро баргардон”. Дар ошёнаи дуюм ҳоло мағоза фаъолият дораду ошёнаи сеюм истироҳатгоҳи Шаропов шудааст.

Аз ҳама аҷибаш, ҳангоми қабули меҳмонони олиқадр ба ҷойи Абдурофеъ Қосимов шахси дигар баромад кардаю ҳангоми ҷаласа бо ҳузури Президент ҳам нафари дигар чун соҳибкор Абдурофеъ Қосимов суханронӣ кардааст.

Ростӣ баъди шиносоӣ бо ин мавзӯъ ва сӯҳбат бо мардуми деҳа, дидани манзили шахсони ниёзманд ба замини наздиҳавлигӣ (нигаред ба акс) ба ҳадде ба шок афтодам, ки худам медонаму худо. Дар сӯҳбати дигар мо сари мавзӯи атрофиёни мафияи Шаропов ва заминфурӯшию рӯзгори гиряовари ниёзмандони замин ҳарф мезанем.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2014 дар навбати замин 560 нафаранду қарори замин доранд (бисёре дар сӯҳбат гуфтанд, ки аксар ин қарорро пештар аз Шаропов ва ҳоло аз ҷиянаш ба маблағи аз 200 то 1000 доллар харидаанд), вале дар асл барои 400 нафар замин ҳаст. Акнун Шаропов ва мафияи заминфурӯшӣ намедонанд сарашонро ба кадом санг зананд, зеро дар ин миёна “бойбача”-ҳои “замингир” ба ҳар роҳе набошад, мехоҳанд бенавбат, аз ҳама пеш соҳиби замин шаванд. Шаропов ва командаи ӯ дар ин маврид чӣ кор мекунанд? Қуръа кашиданҳои онҳо чӣ бозиҳо дорад? Чаро заминро шабона рафта тақсим мекунанд? Дар ин маврид идомаи тадқиқотро интизор шавед!

Идома дорад

Хуршед АТОВУЛЛО,

Душанбе — Чоркӯҳ — Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here