Ҳақиқати таърихӣ

Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим дар соҳили ҷанубии гулӯгоҳи Дордонел бо номи «Троя» шаҳри қадимае мавҷуд будааст. Ин шаҳрро юнониҳо «Илион» меномиданд, ки номи достони машҳури Ҳомер – «Илиада» аз ҳамин ҷо гирифта шудааст. Мавқеи ҷойгиршавии шаҳр, ки дар роҳи тиҷорати баҳрӣ қарор, Осиёи Хурд ва баҳри Сиёҳро ба ҳам мепайваст. Қудрату тавоноии шаҳр аз мавқеи ҷойгиршавӣ ва сарвату бойгарии он иборат буд. Бинобар маълумоти олимон охирин шоҳи Троя – Приам буд. Тақрибан соли 1225 то милод қабилаҳои ахейҳои юнонӣ ба ҳам муттаҳид шуда, ба юриши ҷониби Осиёи Хурд омодагӣ медиданд. Бо роҳбарии шоҳи Микен – Ахеменон қабилаҳои ахейҳо баҳри Эгейро убур карда, ба муҳосираи шаҳри Троя шуруъ карданд. Давоми 10 соли муборизаҳои беамон ба қабилаҳои ахейи юнонӣ муясар шуд, ки шаҳрро забт намоянд. Онҳо шаҳрро талаву тороҷ карда, ба харобазор табдил доданд.

Шоҳи Троя – Приам бо тамоми аҳли дарбор ва қисми зиёди лашкараш кушта мешавад. Зану писараш шоҳзода Гекуба ба ғуломӣ фурӯхта мешаванд. Як гуруҳи на чандон калони троягиҳо ҳамроҳи писари хурдии Приам – Эней зинда мемонанд. Онҳо гурехта ба киштиҳо савор шуда, дар баҳр ғайб мезананд. Бинобар маълумоти сарчашмаҳо ин гуруҳи троягиҳо ба самти Корфаген (имрӯза Ҷумҳурии Тунис), Албания ва Италия гурехта, паноҳ мебаранд. Ҳатто Юлий Сезар худро ворис ва аз авлоди Эней меҳисобид.

Бояд қайд намуд, ки то ҳол доир ба ҷангҳои қабилаҳои юнонӣ бо троягиҳо ҳеҷ гуна ҳуҷҷати хаттӣ мавҷуд нест. Танҳо нақлу ривоятҳо, порчаҳои шеър, афсонаҳои асотирию қаҳрамонӣ дар бораи Ахиллеси шуҷоъ, Диомеди хайрхоҳ, Одисеяи ҳилагар ва дигар қаҳрамонҳои асотирии юнонӣ боқӣ мондааст.

Пас аз чанд садсола шоири муътабари Юнони Қадим – Ҳомер аз он чӣ ки дар хотираи мардум монда буд, достоне бо номи «Илиада» меофарад. Ривояту воқеаҳои «Илиада» аз насл ба насл, аз даҳон ба даҳон омада, пас аз чанд садсолаи дигар матни асосии он навишта мешавад. Бо гузаштани ҳазорсолаҳо достони «Илиада»-и Ҳомер як ҷузъи беназири адабиёти классикии ҷаҳон мегардад.

То ибтидои асри XIX «Илиада»-и Ҳомер ҳамчун мероси адабии Юнони Қадим ҳисобида мешуд, ки ҳеҷ кас ин достонро ҳамчун манбаи таърихӣ намеҳисобид. Дар назар он ҳамчун эпоси халқӣ, ривояту афсона боқӣ мемонд. Аввалин шахсе, ки ба афсонаҳои достони Ҳомер бовар мекунад, Генрих Шлиман (1822-1890) мебошад. Дар хурдсолӣ Генрих аз падар афсонаву ривоятҳо дар бораи қаҳрамонҳои Юнони Қадим мешунид ва вақте ки ба камол расид, ба хондани асарҳои қаҳрамонӣ завқ пайдо намуд. Ӯ «Илиада»-ро мутолиа карда, аз аввал то ба охир ҳақиқат будани афсонаҳои онро бовар мекард ва мехост онро ба ҳамагон исбот кунад. Ҳатто дар хӯрдсолӣ ҳангоми нақлҳои аз падар шунидааш чунин мегуфт: «Ман бовар надорам, ки аз шаҳри Троя чизе боқӣ намонда бошад, ман онро меёбам!».

Мутаассифона, бисёриҳо ба ин афсонаву ривоятҳо бовар намекарданд, ки ин кори Генрихро боз ҳам душвор мекард. Генрих Шлиман ба воя расида, ба ҷустуҷӯйи шаҳри афсонавии Троя оғоз мекунад. Генрих аз оилаи сарватманд буд. Ӯ ҳамчун тоҷир, миллионер ва археолог ташнаи илм буд. Ва дар қалбаш орзуи дарёфти шаҳри Трояи Ҳомер ҳамоно ҷой дошт. Дар зиндагӣ тақдири минбаъдаи Шлиман хело аҷиб аст. Он саршор аз ҳодисаву воқеаҳост.

Тобистони соли 1868 Шлиман дар даст асари «Илиада»-и Ҳомер аз Олмон ба Юнон меояд. Дар ин ҷо Шлиман харобаҳои боқимондаи шаҳри Микен ва Тиринфро аз наздик дида дар тааҷуб мемонад. Зеро айнан аз ҳамин шаҳрҳо (Микен, Тиринф) қабилаҳои ахейи юнонӣ юриши шаҳри Трояро оғоз намуда буданд. Аз ин ҷо Шлиман чунин хулоса мебарорад, ки агар шаҳрҳои Микен ва Тиринф дар ҳақиқат мавҷуд бошанд, пас чаро шаҳри Троя не?! Аз ин пас «Илиада»-и Ҳомер барои Шлиман роҳнамо шуд. Ӯ ҳамеша ин асари ҷолибро ҳамроҳ нигоҳ медошт ва пайваста мутолиа мекард. Шлиман ба Туркия омада, дар соҳилҳои гулӯгоҳи Дордонел ба кофтукоби ду чашма, Чашмаи хунук ва Гармчашмаи дар «Илиада» зикр шуда шуруъ мекунад. Ин чашмаҳоро Шлиман дар наздикии теппаи Бунарбошӣ (минтақае дар Туркияи имрӯза) дарёфт мекунад. Баъдтар маълум мешавад, ки дар ин ҷо 2 чашма не, балки 34 чашма мавҷуд аст. Дар гирду атрофии теппаи Бунарбошӣ мудате ҳафриёт гузаронда, гуруҳи ҳафриётчиён бо роҳбарии Шлиман ба хулоса меоянд, ки шаҳри Троя дар ин мавзеъ ҷойгир нест. Вале китоб дар дасти Шлиман гирдогирди теппаи Бунарбоширо давр зада, ҳар як қадами худро бо гуфторҳо дар «Илиада» муқоиса мекард. Кофтукобҳо ба теппаи Ҳисорлиқ, ки дар баландии 40 метр мавқуф буд, оварда мерасонад. Теппаи Ҳисорлиқ дар шакли росткунҷа бо деворҳои баланди ба ҳам пайваст дар масоҳати 233 метри мурабаъ ҷойгир буд. Ин теппаро аз назар гузаронда, бо «Илиада» муқоиса мекунанд.

Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки Шлиман аввалин нафар нест, ки Трояро ҷустуҷӯ кардааст. Ҳанӯз муаллифони бостон мепиндоштанд ва чунин тасаввур мекарданд, ки шаҳри Троя дар харобиҳои теппаи Ҳисорлиқ  ҷойгир аст. Ҳеродот дар асари машҳури худ «Таърих» навиштааст, ки шоҳи форсҳо Хашиёршоҳ дар ин ҷо бо лашкараш муддате қарор гирифта буд. Аҳолии муқимӣ дар бораи муҳосира ва забти шаҳри Троя ба ӯ маълумот доданд. Хашиёршоҳ пас аз шунидани ин нақлҳо ҳазор гӯсфандро қурбонӣ карда, фармон медиҳад, ки деворҳои шаҳри Трояро ба хотири қаҳрамонҳо майолуд кунанд.

Император Константин соли 120 милодӣ ба харобаҳои шаҳри Троя омада, нияти дар ин ҷо бино кардани пойтахти империяи Рими Шарқиро дошт. Вале баъдтар барои пойтахт Византия (имрӯза шаҳри Истанбул) интихоб шуд, ки баъдтар Константинопол номгузорӣ карда шуд.

Аз ин ҳодисаи таърихӣ садсолаҳо сипарӣ шуд ва мавқеи ҷойгиршавии шаҳри Троя аз ёдҳо фаромӯш шуд. Танҳо соли 1785 Шуазел Гуфеи фаронсавӣ якчанд эъзомия – экспедитсия гузаронда буд. Дар эъзомияи Туркияи Ғарбӣ Шуазел Гуфе оид ба мавқеи ҷойгиршавии шаҳри Троя чунин пешниҳод намуд, ки Троя дар ноҳияи Бунарбошӣ, дар масофаи 10 км дуртар аз Ҳисорлиқ ҷойгир аст.

Баъдан соли 1822 рӯзноманигори шотландӣ Макларен мақолае навишт, ки дар он теппаи Ҳисорлиқ  шаҳри Троя номбар мешавад. Макларен барои исботи ин фарзияи худ соли 1847 ба Туркия рафта, теппаи Ҳисорлиқро аз наздик дидааст. Баъдтар соли 1863 як мақолаи дигар дар бораи шаҳри Троя ва мавқеи ҷойгиршавии он навишта буд.

Генрих Шлиман бошад, бо гуруҳи корӣ апрели соли 1870 дар теппаи Ҳисорлиқ ҳафриёти навбатиро оғоз мекунад. Дар теппаи Ҳисорлиқ аз кофтукобҳо маълум шуд, ки дар ин ҷо якчанд қабатҳои мадании давраҳои гуногун мавҷуд аст. Вале барои расидан ба димнаи шаҳри Троя заҳмати бисёр лозим буд. Баъдтар олимони бостоншинос кашф карданд, ки дар Ҳисорлиқ нуҳ қабати маданӣ бо панҷоҳ марҳилаи инкишофи давраҳои гуногун ҷой доштааст. Аз ҳама давраи қадимтарини он ба ҳазорсолаи III то милод ва марҳилаи охирини он бошад, ба соли 540 милодӣ рост меояд. Шлиман ба ин аҳамият надода, кӯшиш мекард, ки ҳар чӣ зудтар ба қабати мадании шаҳри Троя бирасад. Вале ӯ бо ин иқдоми пешгирифтааш дигар қабатҳои мадании давраҳои гуногунро аз байн мебурд, ки чунин амал дар илми бостоншиносӣ хатои бузург аст.

Дар натиҷаи ҳафриёти зиёд боқимондаи харобае, ки аз дарвозаҳои калон ва деворҳои бузург иборат буд, пайдо мешавад ва маълум буд, ки он дар натиҷаи сӯхторҳои зиёд хароб шудааст. Шлиман тахмин кард, ки ин харобаи дарбори шоҳ Приам аст, ки қабилаҳои ахей пас аз қатли мардум ва ғорати шаҳр онро оташ задаанд. Аммо баъдтар худи Шлиман иқрор кард, ки ӯ хато кардааст. Қасри шоҳ Приам дар қабати болоие, ки вай аллакай канда вайрон шудааст, ҷойгир буд. Шлиман Трояро ёфт, аммо на он Трояе ки дар «Илиада» зикр ёфтааст. Худ онро ҳафр карда, нобуд сохт. Олимон ин кори анҷомдодаи Шлиманро ба он шабоҳат медиҳанд, ки Христофор Колумб намедонист Амрико – қитъаи навро кашф кардааст.

Тадқиқотҳои охирин нишон додаанд, ки дар теппаи Ҳисорлиқ нуҳ қабати мадании шаҳри Троя мавҷуд аст. Аз ҳама қабати болоии он, ки Шлиман онро ҳафриёт гузаронда, вайрон карда буд, Трояи IX мебошад. Он дар худ харобаҳои замони римиҳо бо номи Илиони Навро зоҳир мекард, ки ба асрҳои IV милодӣ тааллуқ дошт. Поёни он қабати дигар Трояи VIII шаҳри юнонии Илион, Ила тақрибан солҳои 1000 то милод мавҷуд буда, соли 84 то милод аз ҷониби сарлашкари римиҳо Флави Фамбри хароб карда шуда буд. Ин шаҳр аз рӯйи маъбадҳояш маъмулу машҳур буд. Маъбади Афинаи Илионӣ ва Афинаи Троянӣ буданд, ки мардуми зиёде ба зиёрати онҳо меомаданд ва ҳатто Искандари Мақдунӣ ба ин ҷо омада, маросими динӣ гузаронида буд. Трояи VII тахминан 800 сол арзи ҳастӣ кардааст. Трояи VI солҳои 1800-1240 то милод мавҷуд буда, он Трояи шоҳ Приам буд. Аммо тавре, ки дар боло зикр кардем Шлиман ин қабати маданиро кофта гузашта, аз байн бурда буд. Қабати мадании Трояи V як асрро дар бар гирифта, дар натиҷаи оташ аз байн рафтааст. Дигар қабати маданӣ Трояи IV солҳои 2050 – 1900 то милод мебошад. Поён аз ин Трояи III, II, ки солҳои 2600 – 2200 то милод ва Трояи I ҳзорсолаи III-и то милодро дар бар мегирифт, мавҷуд буданд.

Дар яке аз рӯзҳои ҳафриёт Шлиман ногаҳ ашёеро мебинад ва дар ҳол танафус эълон карда, кормандонро ба қароргоҳ мефиристад. Худаш бо ҳамроҳии оилааш София дар ҷойи ҳафриёт боқӣ мемонанд. Шлиман бо як корд кофтукоб мекунад ва пас аз муддате хазинаи шоҳ Приамро меёбад. Ин дафина бо тамоми олоту асбобҳояш дастрас гашт. Хазина аз 8833 ашё, олотҳои гуногун, тиллопораҳо, зарфҳои гуногуни рӯзгордорӣ, таҷҳизоти мисин барои хона, асбобҳои биринҷӣ, олотҳои зебу зиннати занҳо аз тилло, нуқра ва биринҷӣ, зарфҳои ҳархела, тугмаҳо, нуҳ адад табари ҷангӣ аз мис, шикастапораҳои ханҷар ва ғайра иборат буд. Шлиман ҳамаи он бозёфтҳоро дар як ҷо гирд овард. Баъд аз чанд муддате олимон исбот намуданд, ки ин хазинаи шоҳ Приам набудааст. Он ба ҳазорсолаи пеш аз аҳди шоҳ Приам тааллуқ доштааст.

Новобаста аз ин бояд гуфт, ки ин кашфиёти Шлиман бемисл аст. Аз дастовардҳои Шлиман бохабар шуда, олимон номи Шлиманро шунидан намехостанд. Асарҳои Шлиман «Трояни Бостон», «Илион, шаҳр ва замини троягиҳо» дар ҷаҳони илм як таҳаввулоти нав буд. Уилямс Колдер – профессори илмҳои филологии университети Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Генрих Шлиманро «дуруғғӯй», «тахаюлсоз», «дағалрафтор» номидааст. Профессори олмонӣ Бернхард Штарх қайд мекунад, ки кашфиёти Шлиман ин фиребгарии маҳз аст.

Генрих Шлиман дар илми археология на он қадар дониши мустаҳкам дошт. Аз ин рӯ хатои кардаи Шлиманро то рӯзҳои мо бархе аз олимон набахшидаанд. Бо вуҷуди ин Шлиман ва тадқиқотҳои ӯ ба тамоми ҷаҳон «ҷаҳони нав»-ро кушод, ки то имрӯзҳо болои он баҳсҳои илмӣ дар байни муҳаққиқон давом дорад. Тадқиқотҳои Шлиман нишон дод, ки достони «Илиада»-и Ҳомер на танҳо аз афсонаҳои дилнишин иборат аст, ҳамчунин сарчашмаи муҳими таърихию ҷуғрофӣ ва адабӣ низ мебошад. Новобаста аз ривояту достонҳо дар бораи «Илиада» ҳаёти воқеии халқҳои Юнони Қадим, қаҳрамонҳои асотирию таърихии юнонӣ дарҷ ёфтааст. Ин аст, ки Шлиманро асосгузори маданияти эгей меҳисобанд.

Генрих Шлиман ҳамагӣ чор давраи ҳафриётро солҳои 1871-1873, 1879, 1882-1883, 1889-1890 дар харобаҳои шаҳри Троя гузарондааст. Троя яке аз шаҳрҳои бузурги охири асри биринҷӣ ба шумор рафта, дар теппаи Ҳисорлиқ  қисмати ғарбии Туркияи имрӯза ҷойгир шудааст. Шаҳр аз деворҳои мустаҳкам ва бурҷҳои баланд иборат буда, дарозии умумии гирдогирди деворҳои он 522 метрро ташкил медод. Деворҳо аз тахтасангҳои ғафсиашон 4 – 5 метр иборат буд. Яке аз манораҳои боҳашамати он, ки баландии 9 метр ва роҳи зеризаминӣ дар чуқурии 8 метр дошт, дар он дарбори шоҳ Приам ҷойгир буд. Дохили он ҳуҷрае бо 26 метр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ аслиҳахонаи шоҳ Приам мавқуф буд. Хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳр ва гирду атрофи он сохта шуда буданд. Хонаҳои истиқоматии аҳолӣ асосан аз хишт ва санг сохта шуда, аҳолии шаҳр тақрибан 6 ҳазор нафар буд.

Дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай шаҳри Троя мавқеи худро аз даст дода, ҳамчун шаҳр – давлати мустақил аз байн рафт. Дар хусуси он, ки кай ва чӣ тавр шаҳри Троя аз байн рафт, олимон ақидаҳои гуногун пешниҳод кардаанд. Яке аз фарзияҳои асосии аз байн рафтани шаҳри Троя на ҷангҳои тӯлонӣ бо қабилаҳои ахейҳои юнонӣ, балки заминларзаҳои зиёд мебошад. Дар натиҷаи заминларзаи шадид, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ шаҳри Троя қисман хароб гашт ва қабилаҳои ахейи юнонӣ омада шаҳрро талаву тороҷ карда, оташ заданд. Дар хусуси борҳо рух додани ҳодисаи табиӣ, аз ҷумла заминларза, обхезӣ Ҳомер дар «Илиада» қайд мекунад, ки Худои баҳр – Паседон деворҳои азими Трояро сохта буд. Баъдан ӯ аз троягиҳо норизо шуд. Бинобар ин, Паседон дар давоми ҷангҳои ахейҳо бо троягиҳо муқобили шоҳ Приам баромада, ахейҳоро дастгирӣ мекард. Мувофиқи ин боварҳо Паседон на танҳо Худои баҳрҳо буд, ӯ инчунин, ларзонандаи замин аст, ки заминларзаҳоро дар Троя ба вуҷуд меоварад.

То рӯзҳои мо ин деворҳои боҳашамат аз борон ва тобиши офтоб хароб гашта, ҳар гуна растаниву дарахт болои ин шаҳри қадимро иҳота кардааст. Соли 1988 барои корҳои барқарорсозии харобаҳои боқимондаи шаҳри Троя гуруҳи бостоншиносон таҳти роҳбарии Манфред Корфман даст ба кор мешаванд. Аз соли 1992 инҷониб 75 нафар олимони соҳавии мамлакатҳои ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Троя, Троада ва археологияи маҳал корҳои тадқиқотиро дар теппаи Ҳисорлиқ идома дода истодаанд. Моҳи октябри соли 1995 аз ҷониби олимон кашфиёти нав ба даст омад. Тибқи он маълум гардид, ки дар Трояи Қадим хат мавҷуд будааст. Дар сикаҳои биринҷии солҳои 1100 – 1000 то милод иероглифҳои хеттиҳо истифода шудааст. Аз ин ҷо Манфред Корфман чунин хулоса кардааст, ки шаҳри Троя на танҳо дар достони машҳури Ҳомер омадааст, балки дар достонҳои халқии хеттиҳо низ мавҷуд аст.

Тадқиқоти охирини олимон бори дигар исбот кард, ки дар ҳақиқат ҷангҳои троягиҳо бо қабилаҳои ахейи юнонӣ на танҳо достону ривоят, балки ҳақиқати таърихӣ мебошанд.

Дар асоси бозёфтҳои охирини археологӣ ва сарчашҳаҳои дигари таърихӣ соли 2004 филми таърихие бо номи «Троя» аз ҷониби коргардони маъруфи амрикоӣ Волфранг Петерсон рӯи навор омадааст, ки бевосита ба ҷангҳои троягиҳо бо ахейҳои юнонӣ бахшида шудааст.

 

Сайфиддин МУРОД, муаррихи ҷавон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь