Қишрҳои рӯшангар ва нухбагони фарҳангу сиёсати ғарбӣ бо такя ба ҷаҳонбинии фалсафӣ ва мавқеъгирии илмӣ дар охири асри нуздаҳ ва ибтидои садаи бист ба бунёду сохтмони давлат ва ҷомеаи секулорӣ ё дунявӣ даст ёфтанд, ки ҳодисаи нодир дар тӯли таърихи башарист. Маҳз тавассути ибтикороту ташаббусоти элитаи фикрию мадании ғарбӣ дар ҷаҳон низоми давлатмадории дунявӣ ва ҷомеасозии секулорӣ побарҷо шуд ва то имрӯз садои озодандешӣ, ки маҳсули тафаккури фалсафию дунявист, дар гӯшаву канори олам танин меандозад.

Решаҳои қолиб ё формати зиндагии дунявӣ ё ба истилоҳ, секулориро, ки тайи ду асри ахир миёни ақвому милали ҷаҳон ба сифати ҷаҳонбинии алтернативӣ ва низоми фарогири сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва маданӣ маҳбубият пайдо кардааст, метавон дар маҳдудаи бовардоштҳои бостонӣ ва ормонгарйии миллӣ пайдо кард. Муҳимтар аз ин, тарз ё шеваи зиндагии секулорӣ (дунявӣ) хамирмояи ормонгаройии миллиро ташкил медиҳад. Ба ин далел, ормонгаройии миллӣ, ки бар мабнои бовару эътиқодоти гузаштагони мо созмон ёфтааст, дар замон ва шароити муосир барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ мусоидат намудааст. Ин аст, ки файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ устод Комил Бекзода таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири бостонӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистааст (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. -Душанбе, 2012. С388-389). Махсусан, дар шароити ногувори  бархӯрдҳои тамаддунӣ, боло гирифтани манофеи сиёсию геополитикӣ ва ташаннуҷи хатарҳои глобалӣ эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти мероси фарҳангӣ ва ниҳоятан, истифодаю корбасти қолибҳои фалсафию сиёсии дар барномарезиҳои расмию давлатӣ амри зарурӣ ба шумор меравад.

Мисоли равшани ормонгаройии миллӣ, ки бар асоси дидгоҳи дунявӣ таҳаққуқ ёфтааст, устураи Ҷамшеди Пешдодӣ мебошад. Ин устура (манзур устураи Ҷамешед аст)-ро метавон ба унвони мафкураи давлатдории миллӣ матраҳ кард, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хатти марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшеди Пешдодӣ чарх мезанад. Дар маркази таваҷҷуҳи асотири марбута, ки дар “Вандидод”-и Авасто мунсаҷим шудаанд, шахсияти заминӣ ва инҷаҳонӣ (дунявӣ ё секулорӣ)-и Ҷамшеди Пешдодӣ қарор гирифтааст. Тибқи бовардоштҳо, ӯ на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва ободу зебо сохтани он (ҷаҳон, гетӣ, дунё)-ро меъёр ва шеваи зиндагии худ ва соири инсонҳо талаққӣ карда, дар татбиқи барномае ҳамчунинӣ саъю талош варзидааст (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор  Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. С. 360). Аз ин лиҳоз, фарҳанги Ҷамшедиро, бемуҳобо, метавон пешзаминаи низоми давлатдории дунявӣ шумурд.

Дар бовардоштҳои куҳани миллӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ масъалаи давлатсозӣ (манзур давлатсозии миллию дунявӣ аст) ва ҳамиштирокии мардум дар рушди сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании кишвар матраҳ гардидааст. Мувофиқи бовардовариҳои гузаштаи миллӣ, низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ дар асоси мафҳум ва мақула-категорияҳои ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох. Ландан: Курмали Пресс, 1996. -С.50).

Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд ва биниши дунявӣ дар низоми давлатдорӣ татбиқ мегардад. Аз ин ҷост, ки бар асоси ормонҳои миллӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар (Эъломияи ҳуқуқи башар) аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз мелод эълом ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 мелодӣ, пас аз даргузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд.

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани мардуми Бобул Куруш Маншур ё ба истилоҳи имрӯза, Эъломия мунташир мекунад. Дар маншури худ, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, аз ҷумла озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ менамояд ва дар ин замина таъкид мекунад: “Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул  шуд. Нагзоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд… Ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд” (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрони куҳан. -Теҳрон, 1382. С.217). Мардонагӣ ва шарофати Куруш – шаҳриёри дунявигарои миллиро дар бахшҳои 32 ва 34-и Маншур мушоҳида мекунем: “Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳое, ки баста буданд, бигшоянд…Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам…”. Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, родмардӣ ва инсонияти ӯро дида, мардуми Бобул ба вай унвонҳои “Шоҳи Бобул”, “Шоҳи сарзаминҳо” доданд. Куруши Кабир дар Бобул сиёсати родмардӣ, инсондӯстӣ ва ба истилоҳи имрӯза, демократии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд. Тамоми зарфҳои тилло ва нуқрае, ки аз яҳудиён гирифта буданд, ба онҳо бозгардонда мешаванд (ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Эрон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. -Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. С. 122).

Баъди суқути давлати Сосониён, ки меросбарони аслии империяи Ҳахоманишӣ ва Курушӣ буд ва тасаллут ёфтани сиёсат ва идеологияи аҷнабӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ, тайи дусад сол сиёсат ва фарҳанги миллӣ “давраи сукут”-ро аз сар гузаронид (манзур таъбири “ду қарни сукут” аст, ки бозсохти донишманди бузурги эронӣ доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб буда, мунтаҳо, унвони китоби мавсуф (ниг.: Зарринкӯб Абдулҳусайн. Ду қарни сукут. Теҳрон, 1381)-ро ташкил медиҳад). Пас аз ҷаҳду талошҳои зиёд хонадонҳои миллӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ ворид гардиданд ва давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён рӯйи кор омаданд. Махсусан, дар замони салтанати Сомониён  тадриҷан сиёсати миллӣ бар пояи фарҳанги дунявӣ дар ҷомеа нуфуз пайдо кард. Дар ин давра забони миллӣ, ки пойдевори сиёсату фарҳанги бумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқ биниши дунявӣ дар бастагӣ бо тафаккури миллӣ машрӯият касб кард. Афзун бар ин, дар қаламрави давлати Сомониён доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину сиёсат ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт, маҳдуд гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нуҳи Сомонӣ ( 961-984) китоби машҳури “Тафсири кабири Табарӣ” ба забони миллӣ тарҷума гардид (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1372.  С.138). Маҳз дар даврони Сомониён мардум дар фазои дунявият ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карданро таҷриба намуданд. Дидгоҳи миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо тафаккуроти дунявӣ дар қолаби офаридаҳои адабӣ-бадеӣ, ҳунарӣ ва фалсафии адибону донишмандони замони Сомонӣ (устод Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ ва амсоли онҳо) зуҳур кард ва мардум ба муҳит ва фазои солими озодиҳои динӣ-имонӣ одат намуд.

Вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ-теократиро рӯшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери чатри низоми динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият ва осебпазир намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гуруҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷавомеи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад.

Дар низоми давлатдории дунявӣ майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа меёбад, то афроди ҷомеа ба масоили фикрӣ, сиёсӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мунсифона бархӯрд карда тавонанд. Ҳар қадар дар ҷомеа тафаккури дунявӣ реша давонад, ҳамон қадар раванди  озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият меёбад. Ҳадафи ниҳойӣ ва стратегӣ дар низоми давлатдорӣ ва ҷомеасозии дунявӣ, ки дар ҳанӯз дар қолаби бовардоштҳои бостонӣ ва ормонгаройии миллӣ рехта шудааст, раҳонидани инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеа аз бунбасти ҷаҳолату хурофот мебошад. Давлат бо такя ба неруҳои фикрию маданӣ барои зиндагии арзандаю  шоиста шароити мусоид фароҳам меоварад ва дар заминаи саводнок кардани мардум барномарезиҳои мушаххасро пиёда месозад. Ҳамкории мунтазами давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ, ки дар низоми давлатдории дунявӣ як амри маъмулӣ маҳсуб меёбад, боиси ҳалли муаммо ва мушкилоти мавҷуда мегардад. Муҳимтар аз ин, дониш ва хиради ҷамъӣ асос ва пояи давлатдории дунявиро ташкил медиҳад ва ҷомеае, ки дар сатҳи баланди фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ қарор дорад, ҷомеаи секулорӣ ва хирадмеҳвар аст. Ин аст, ки собиқа ва таҷрибаи таърихии сохтмони давлату ҷомеаи дунявиро доштем ва корбасти эҷодкоронаи бовардоштҳои бостонии миллӣ дар ҷараёни давлатмадорӣ ва ҷомеасозии дунявии тоҷикӣ муҳим ва тақозои замон аст.

Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь