Соли 1253 дар Муғулистон муғулҳо курултойи навбатии худро баргузор карда, дар он масъалаеро матраҳ карданд, ки бар зидди исмоилиёни низориҳо (ассасинҳо)-и Эрон ва халифати Аббосиён ҳамла намоянд. Хони бузурги замон бо номи Мункэ бародари худ Ҳулагуро сарлашкар таъйин кард. Алакай ҳамон соли 1253 дар мавзеи Куҳистон (куҳҳои Албурз) авангарде бо фармонравоии Китбука амал мекард. Хулоса, артиши асосӣ соли 1256 аз дарёи Ому (Ҷайҳун) убур карда, ҳамон сол қалъаи низориҳоро дар қисмати ғарбии Эрон ба даст овард. Моҳи феврали соли 1258 пойтахти хилофати Аббосиён шаҳри овозадори Бағдод низ забт карда шуд. Соли 1260 лашкари хуношоми муғул бо сардории Китбуки шаҳрҳои таърихии Ҳалабу Димишқро ҳам ишғол карда буд.

Оғози баҳори соли 1260 баъд аз забти Ҳалабу Димишқ хабари марги хони бузург – Мункэ, ки 11-уми августи 1259 рух дода буд, (тақрибан баъди 5 моҳ) ба бародараш Ҳулагу бирасид. Ҳулагу хост бо қисмати зиёди лашкараш аз Эрон баргардад ва ба қисмати боқимондаи лашкараш Китбука сарварӣ мекард. Дар бозгашт аз Эрон ва баъди ишғоли Бағдоду Ҳалабу Димишқ соли 1260, Ҳулагу хост кишвари онвақтаи мамлукҳои Мисрро низ забт намояд. Ҳулагу мутмаъин буд, ки қисмати боқимондаи хилофат ба ӯ таслим мешаванд. Маҳз бад-ин хотир ӯ ба Қоҳира ба султони мамлукҳои Миср – Маҳмуд ибни Мамдуд, мулаққаб ва маъруф ба ал-Музаффар ас-Сайфиддин ал-Қутуз (ваф. 1260) номаи пурдаҳшате бо истифодаи оёти Қуръони карим ирсол кард, ки мусулмонони Миср аз тарси ваҳшонияти муғулҳо таслим шаванд. Ба мактуби таҳдидомези Ҳулагу, Сайфиддини Қутуз бо ташаббуси Зоҳир Рукниддин Бейбарси Бундуқдорӣ, мулаққаб ба Малик Бейбарс (1223-1277) фармон дод сафирони муғулонро ба қатл расонанд ва омодагии ҷангро пеша карда, номаи ҷавобии арзандаеро ирсол кард, ки дар мақолаи мазкур тарҷумаи тоҷикии ҳарду мактубро баён хоҳем кард.

 Номаи Ҳулагухон ба султони Миср Сайфиддин алҚутуз

«Ба номи Худои осмон, ки ба мо ҳукмронии замини Худро ато кардааст ва моро бар офаридаҳои Худ қудрат бахшидааст ва шоҳ ал-Музаффар ал-Қутуз аз хонадони мамлукҳо аз ин огаҳӣ дорад…

Ба ҳокими Миср ва корҳои он, инчунин ба дигар ҳокимони ин кишвар, лашкари он, дафтардорон ва мансабдорони он, сокинони бумӣ ва бодиянишинон, калонсолон ва хурдсолон (ва ё хосу ом) …

Мо лашкари Худо дар замини Ӯ ҳастем. Ӯ моро аз ғазаби худ офарид ва қудрат бахшид бар касоне, ки норозигии Ӯро ба вуҷуд овардаанд… Ҳамаи он шаҳрҳо (ки мо забт кардем) барои шумо намунаи ибрат аст, андар азми мо ҳушдоратон бояд (барои гурехтан). Аз дигарон ибрат гиред ва ба мо таслим шавед … пеш аз он ки парда аз рӯятон бардошта шавад ва (хатои шумо) бар шумо рӯй оварад …

Зеро мо онҳоеро, ки гиря мекунанд, намебахшем ва ба онҳое, ки шикоят мекунанд, раҳм намекунем … Мо кишварҳоро забт кардем ва заминро аз фасод тоза кардем … Шумо бояд фирор кунед ва мо шуморо таъқиб хоҳем кард … Он гоҳ кадом замин шуморо паноҳ хоҳад дод? Ва шумо инро чӣ гуна мебинед? Магар ба мо замин ва об боқӣ намемонад? Шуморо аз шамшерҳои мо наҷот ва аз дасти мо паноҳгоҳ нест, зеро аспҳои мо тездаванд, шамшерҳоямон барқосоянд, найзаҳоямон сӯрохкунанда ва тирҳоямон бешуморанд …

Дилҳои мо монанди куҳ ва шумораамон мисли рег аст! Қалъаҳо барои мо монеа нестанд, лашкарҳо бар зидди мо бефоидаанд ва дуоҳои шумо нисбати мо мустаҷоб нахоҳанд шуд! Ин бад-он хотир мебошад, ки шумо хӯрокҳои ҳаром хӯрданро оғоз кардед (ба худ чизи ноҳақ қабул кардаед), ҷавоби саломро бар оламиён фаромӯш кардаед, савгандшикан шудаед, ситезанда ба ҳамдигар ва нофармон ба ҳокимони худ гардидаед. Метавонед таҳқир ва шармандагиро ба зудӣ пазиро бошед!

«…Фа-л-явма туҷзавна ъазаба-л-ҳуни бимо кунтум тастакбирун… » («…Пас, имрӯз подоши шумо азоби хоркунанда аст, барои он ки шумо ноҳақ такаббур кардаед …») (46; 20). «…Ва сайаъламу-л-лазина заламу аййа мунқалаби янқалибуун» («…Ва золимон ба зудӣ хоҳанд донист, ки оқибаташон барои онҳо чӣ гуна хоҳад буд») (26; 227).

Аллакай маълум гардид, ки мо кофир бошем, шумо фасодзада ҳастед … Ба мо қудрате дод Оне, ки илҳомбахшии корҳо ва қонуни ҷазо аз ҷониби Ӯст … Бисёре аз шумо (дар чашмони мо) ночизед, одамони мӯҳтарами шумо дар дасти мо фурӯмояанд ва салтанати шумо аз ҷониби мо ҷуз хорӣ чизи дигаре нахоҳанд дид …

Ҷавобро ба таъхир нагузоред, пеш аз он ки оташи ҷанг афрӯхта ва шарри он зоҳир шавад, зеро вақте ки мо найзаҳоямонро боло мебардорем, шумо дигар аз мо на раҳм мебинеду на қонуну на дифоъ нисбати худ. Мо бар сари шумо бузургтарин мағлуботро меорем, кишварҳоятон бе шумо ва тахтҳоятон холӣ хоҳанд монд … Мо шуморо бо чунин нома ҳушдор додем ва сафирҳо фиристодем».

Ин номаи даҳшатнок аз Ҳулагу ба султони Миср ал-Музаффар ал-Қутуз фиристода шуд. Чунин паём тарсу ҳаросро ба ларза меорад, аммо худи матни ин нома ҷолиб аст, ки он то чӣ андоза бо ибораҳои фасеҳ ва пур аст аз маънои таъсирбахш то чӣ андоза баён шудааст. Танҳо як нафар арабе, ки завқи забони арабиро мефаҳмад ва барои омӯзиши он ва маънои ҳар ҳарофи он шабҳоро рӯз кардааст, метавонад чунин нома нависад.

Нависандаи чунин мактуб, бешубҳа, араби хиёнаткорест, ки мисоли таблиғгарони он замон дар ҷанги равонӣ (психологӣ) таҷриба дорад ва ҷосӯсест, ки худро ба мошини иттилоотии артиши Ҳулагу фурӯхта, харобиҳои замини мусулмононро ба вуҷуд овардааст. Ин ва чунин таблиғотчиён дар сафи пешоҳанги артиши Ҳулагу истода, дар истилои муғулҳо нақши назаррас бозидаанд ва ба онҳо роҳ кушодаанд, то онҳо хоки мусалмононро забт кунанд, несту нобуд кунанд, шаҳрҳо ва заминҳояшонро сӯзонанд, пойтахтҳои онҳоро забт кунанд ва маҳалҳои аҳолинишини мусалмононро қатъиятан бишикананд. Муғулҳо дар номаҳои ҷосусҳои иттилоотӣ ҳамчун пирӯзгарони афсонавӣ тавсиф карда мешуданд. Барои мусоидат ба паҳн шудани чунин хабарҳо дар бораи онҳо ҳам даҳшат ва ҳам ваҳмро ба дили мусулмонони одӣ меандохтанд. Аммо, ин дафъа чунин номаи даҳшатбори Ҳулагу уммати исломро мағлуб накард ва посухаш чунин буд.

 Номаи ҷавобии алМузаффар алҚутуз ба Ҳулагухон

Бигӯ: «Худо бар ҳар чизе тавоност!» Алҳамдулиллоҳ салому дуруди банда ба ҳазрати Муҳаммад (с), ки саводро намедонист. Аллоҳ ба шерони қудратфазои Ислом кумак мекунад. Вай танҳо он чизеро дуруст кард, ки ин қудратро қабул мекунад. Шумо эълон мекунед, ки шумо аз ғазаби Худо офарида шудаед ва Худо ба шумо қудрат додааст бар онҳое, ки ба ӯ хашмгин аст, хатоҳоро намебахшед ва гирякунандагонро намебахшед.

Пас, Худо аз дилҳои шумо раҳмро гирифтааст, ки ин яке аз бузургтарин шарми шумост. Ин нишонаи шайтонҳост, на султонҳост. Аллакай ин шаҳодат барои шумо намунаи кофӣ аст ва шумо худатонро ҳамчун амр ва ҳаром тавсиф кардаед. «Бигӯ: Эй кофирон! Ман парастиш намекунам он чиро, ки шумо мепарастед…» (109; 1-2). Шумо дар ҳама китобҳо лаънатшудагонед ва ба ҳар гуна зиштӣ тавсиф шудаед ва ҳамаи паёмбарон дар бораи шумо чунин гуфтаанд.

Мо медонем, ки шумо чӣ гуна офарида шудаед. Шумо бевафо ҳастед, чунон ки худатон итминон медиҳед. Лаънати Аллоҳ бар кофирон! Шумо гуфтед, ки мо бераҳмиро нишон додаем, аммо дар байни пайравони Фиръавн, ки навдаҳоро гирифта, пойгоҳро тарк карданд, бузургӣ нест. Мо имондорони ҳақиқӣ ҳастем, имони мо иштибоҳе надорад ва пинҳониро тарк намекунем. Қуръон ба мо нозил шудааст, ин ба мо меҳрубон аст ва ҳеч гоҳ хато накардааст. Вақте ки шерҳо аз латта метарсанд, вақте ки даррандагон аз афроди фироргар метарсанд, ин тааҷҷубовар аст …

Аспҳои ҷангии мо зудпарвозанд, тирҳои мо яманӣ, шамшерҳои мо шамшерҳои арабҳои шимолӣ мебошанд, ки бо он мо сахт бурида меравем ва ин ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ маълум аст. Аспҳо дар зери зини мо шер мешаванд ва саворони мо сайъ мекунанд то бо душман бирасанд, агар онҳо мехоҳанд. Шамшерҳои мо ҳангоми зарба задан узвҳои баданро мебурранд, пора мекунанд. Агар мо аз куҳ ба поён фароем, пас ба шербачаҳои дарранда табдил мешавем. Зиреҳи мо пӯсти мост …

Барои қалбҳои қавии мо ҳеч монеае нест, мо таҳти таҳдид ҷамъ намеоем, балки танҳо бо қувват ва имон ба Аллоҳи Бузург ва Ҷалла Ҷалол ҷамъ мешавем. Шуморо тарсондан лозим нест, мо аз таконҳо хавотир нестем. Мо ба шумо итоат нахоҳем кард, ин фармонбардорӣ (ба Худо) аст. Агар мо шуморо бикушем, пас тиҷорат хуб барқарор мегардад ва агар шумо моро бикушед, пас миёни мо ва биҳишт танҳо рӯзи қиёмат хоҳад буд.

Шумо гуфтед: «Дили мо ба куҳ ва шумораи мо ба рег монанд аст». Аммо барои мо муҳим нест, ки чӣ қадар гӯсфандро мекушем ва барои алангаи калон афрӯхтан ба мо ҳезуми зиёде лозим нест, оё мо дар ҳақиқат аз марг мегурезем, то дар таҳқир зиндагӣ кунем? Интихоби бад кори касе, ки ин корро мекунад. Онҳо аз ин ҷаҳон мегурезанд, на аз марг. Ҳамлаи сареъ барои мо ҳадафи матлуб аст. Агар мо зиндагӣ кунем, пас бартарӣ дорем ва агар мо бимирем, пас шаҳид ҳастем. Ҳизби Аллоҳ пирӯз хоҳад шуд!

Пас аз он коре, ки бо ҳокими мӯъминон, волии Расули Парвардигори ҷаҳониён кардаед, аз мо итоат талаб мекунед?! Итоат ё фармонбардорӣ аз ҷониби мо нахоҳад буд! Шумо талаб мекунед, ки пеш аз он ки парда бардошта шавад ва хатои мо ба сари мо ояд, мувофиқи суханони шумо маълум аст, ки шумо моро заиф кардан мехоҳед … аз як қисми он чизе, ки маълум аст, даст кашед?

Ба он дабире, ки чунин мактубро таҳия кардааст, бо чунин ифтихор бигӯед: «Шумо он чизе, ки мехостед, ба даст наовардед ва муаррифии худро аз будаш зиёд нишон додед. Ба Худо савганд, ки паёми шумо ҷуз кӯфтани дар ва ё садои пашшаҳо беш набуд. Мо чи гунагии сухангӯии шумо изҳороти шуморо дидем. Шумо беш аз он касе нестед, ки дар бораи ӯ гуфта шудааст: «Шумо як чизро нигоҳ доштед ва чанд чизҳои зиёди дигарро аз даст додаед». Шумо навиштед: Ва золимон ба зудӣ хоҳанд донист, ки оқибати он барои онҳо чӣ гуна хоҳад буд.

Аммо ин ба шумо дахл дорад! Малик ан-Наср, Бектемир, Аляуддин ал-Қайсарӣ ва дигар амирони Шом назди шумо меоянд, ки ба ҷаҳаннам бифристанд ва ин макон чӣ бад аст! Онҳое, ки худро таҳти таҳдид хавотир мекунанд, пас ба онҳо бигӯед (аз мо): «Агар хоҳед, посухи мо ин аст. Барои хондани оятҳо ва аз ҳад зиёд зиракии хирадмандона ҳоҷат нест. Мо аввалин шуда мукотиботро бо шумо қатъ мекунем … Дигар байни мо сулҳ нахоҳад буд. Мо ҳама чизро тавре ки ҳаст, гуфтем».

Сафирони Ҳулагу ва паёми таҳдидомези онҳо ба Султон Кутуз ва мусулмонон натавонистанд тарсу ҳаросро дар ҷой диҳанд. Пас аз он, Қутуз муждадиҳандаҳоро ба шаҳрҳои Миср фиристод ва мардумро ба роҳи ҷиҳод дар роҳи Худо даъват намуда, ба онҳо масъулияти ин кор ва шарафи онро ёдовар шуд. Худи донишманди маъруфи замон Изуддин ибни Абдуссалом шахсан мардумро ба ҷиҳод даъват кардааст. Шумораи зиёди ихтиёриён ҷамъ шуданд, ки марказ ва қисми чапи артиши мусалмононро ташкил медоданд. Дар амал, мамлюкҳо канори ростро ташкил мекарданд ва ду лашкар дар минтақаи маъруф бо номи Айн-Ҷалут рӯзи 25 Рамазони соли 658 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 03 сентябри 1260 мулоқот карданд. Аз он ҷанг, артиши мусулмонон афсонаҳоро дар бораи мағлубнашавандаи муғулҳо пароканда кард ва инсониятро аз шарри Ҳулагу наҷот дод! Мусалмонон дар Айн-Ҷалут пирӯз шуданд ва Қутуз боқимондаҳои муғулҳоро таъқиб кард. Мусалмонон дар муддати ҳафта Шомро комилан озод карданд ва он ӯ дубора таҳти ҳукмронии Ислом ва мусалмонон баргашт. Димишқ озод карда шуд ва Қутуз дубора муттаҳид шудани заминҳои Миср ва Шомро эълон кард. Паёми иттилоотӣ ба Ҳулагу, бо вуҷуди суханони маккоронаи хоинон аз байни мусалмонон, ҷолиб буд ва ҳамин тавр, тарғиботи муғулҳо дар бораи мағлубнопазирии онҳо ба афсонаҳо мубаддал гардид.

Абдулҳай Комилӣ,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь