Ба пешвози 30- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Профессори Донишгоҳи Ҷамму Кашмир Кашинатҳ Пандита-  донишманду хирадманиши ҳиндӣ аз пажуҳишгарону тарғибгарони босубботи таъриху тамаддуни тоҷикон аст. Ӯ иштирокдори чандин ҳамоишҳои байналмилалии илмии дар Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баргузоршуда, буда ва доир ба мавзӯъоти умдаи таъриху фарҳанг суханронӣ намуда, навиштаҳояш нашр шудааст. Профессори муҳтарами Ҳинд бо устод Мирзо Турсунзода (1911-1977), алломаҳо Бобоҷон Ғафуров (1908-1977), Муҳаммад Осимӣ (1920 -1996) робитаи наздик дошт. Агарчанде синни мубораки ӯ, ки имрӯз аз 90 гузашта бошад ҳам, ба таҳқиқи масоили мубрами таъриху адабиёт машғул  мебошад.

Дар навиштаҳои илмии профессор Кашинатҳ Пандида нафақат масоили мубраму омӯхтанашудаи дар масири таърих рӯи саҳна овардаи тоҷикон чун мардуми фарҳанговар бар пояи асноди мӯътамад ба риштаи таҳқиқ омадаанд, инчунин, доир ба дастовардҳои дар солҳои истиқлоли давлатӣ комёб шудани тоҷикону Тоҷикистониён таҳти сарвари Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти саршор низ қаламдод менамояд. Профессор Кашинатҳ Пандида ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлоли Тоҷикистон  навиштаи пур аз меҳри хешро чун армуғон барои мардуми кишварамон тақдим намудаанд. Ин навиштаи саршор аз меҳру сафои профессори баноми Ҳинд дар моҳномаи машҳури «Asian commentary» низ ба нашр расида ва нусхаи тоҷикиаш нахустинбор пешкаши мардуми Тоҷикистон мешавад.

Профессор Аскаралӣ Раҷабов

Анбуҳе аз аҳолии Тоҷикистон дар 6-уми сентябри1999 мелодӣ дар хиёбони фарохи Душанбе ба ҳам омаданд. Дар миёни онҳо вузарои кабина, кормандони сатҳи олии давлатӣ, донишварони бо номи маҳаллӣ ва 20 кишвари хориҷӣ, аъёни кишварҳои дӯсту ҳамҷавор, сафирони хориҷӣ Душанберо ғарқи шодмонӣ карда буд.

Дар ҳузури меҳмонони гиромӣ, мардумони хурсанду шодмони Душанбе, Президенти муҳтарами Тоҷикистон олиҷаноб Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи баланду пуршукуҳи бунёдгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомониро бо тантана пардакушоӣ кард. Муҷассамаро Президент ба миллати наҷиби тоҷикон эҳдо кард ва онро аломати як порчагии миллӣ хотирнишон кард. Бо пардакушоии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҷашнвораи як ҳафтаӣ оғоз гардида ва ҳазору садумин соли баргузории давлати Сомониён бо тамоми ҷунбу ҷӯш ҷашн гирифта шуд. Давлати Сомониён дар ҳақиқат вориси нусхаи оли Сосон будааст ва сарзамини Балхи Афғонистони кунунӣ, то ҳудуди Оренбург паҳно дошт ва маркази давлат дар Бухорои шариф буд. Президент миллати тоҷикро мутазаккир  шуд ва фармуд ин армуғон барои ваҳдати миллӣ инчунин, таҷлил аз ниёкони номдори миллати тоҷик аст.

Ҷашне, ки ҳафт рӯзи тамом баргузор шуд, муҳтавои ҳар семинорҳо, ҷаласаҳо, консертҳо, даъватҳои наҳору шом буданд. Барномаҳои зиёди дигаре тарҳрезӣ шуда буданд. Як кумитаи махсуси тадорукотии масъул пиёда кардани барномаро ба уҳда гирифта буд ва хушбахтона, хеле баррасӣ ба кор бурда, кумитаи тадорукот корҳоро бо салоҳияти шоиста ва хушмуомилагӣ анҷом медод.

Барои ҳар ҳайати донишварони хориҷӣ, ки ба ҷашнвора даъват шуда буданд, кумитаи пазироии ҷудогона ташкил дода буд ва аъзои ин кумита мудом аз меҳмонон бо чеҳраҳои шодона аҳволпурсӣ мекарданд. Гуфта шуд, ки омодасозии ҷумлаи тадорукоти ҷашни Сомониён як сол тӯл кашида буд ва кормандон иҷрои корро дунбол мекарданд. Бад-ин тариқ метавон ҳадс зад, ки олиҷаноб, садри мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар пешбинии корҳо чӣ гуна дақиқона роҳбарӣ мефармояд.

Насабномаи Сомониён ба Баҳроми Чӯбина мерасад ва вай шоҳзодае аз дудмони Сосониён будааст. Арабҳо дар ҳудуди 682 мелодӣ ба истилои Хуросон ва Вароруд ноил гардиданд. Аммо фақат як қарн баъд ҷанговарону сатропиҳои он фалот, яъне  ин ва он сӯи руди Ому, ки дар навиштаҳои авестоӣ ба номи «Эронвич» мавсум аст, алайҳи ғосибони хориҷӣ қиём карда, онҳоро аз хоки Осиёи Миёна берун ронданд ва тамаддуни бостонии Эронвичро аз вартаи нестӣ наҷот доданд. Дуруст аст, ки агар онҳо кулли оини зардуштиро барҷо натавонистанд биншонанд, лекин анъанаҳои боризи даври авестоиро бидуни шак эҳё карданд ва сарзаминеро маъвою муҷаллои ориёиҳои замони бостон буд, ба шавкату сатвати бостонии худаш баргузориниданд. Дар Авесто вожае аст ба маънои «озод» дар муқобили «онид», яъне исми ҷамъ «ойир»-Эрон, яъне «озодагон» мебошад. Ҷои шигифтист, ки тоҷикон ҳамин лаҳҷаро ба кор мебаранд ва дар муқобили «Иran» – «Аeran» (Эрон) мегӯянд, ки саҳеҳтарин талаффуз ҳамин аст. Гуруҳе аз нажоди ориёиҳо, ки ба Ҳинд сарозер шуда буданд, дар қисмати шимоли Ҳинд сукунат ихтиёр намуданд ва худашонро ориёинажод ба ҳисоб меоварданд ва маскани хешро «ориёварто» ( ariyavarta), яъне ватани ориёиҳо меномиданд. Аз ҳамин вожа «бҳорто» (bharta) ба даст омада аст ва ҳамин номи ведоӣ барои Ҳинд мебошад.

Дар соли 899 мелодӣ Исмоил Яъқуби Лайси Саффориро дар Балх шикаст дод ва дар натиҷа баъд аз турктозиҳои араб дар фалоти Суғдиёно ҳукумате ба дасти як сулолаи маҳаллӣ, яъне Сомониён афтод. Қаламрави Сомониён дар андак муддате густариш пайдо кард ва ҳудуди он давлат то марзи Хуросон кашида шуд.

Ба салтанат расидани Сомониён далели баргашти тамаддуни асили Осиёӣ Миёна (тоҷикон) будааст аст ва онро метавон ба унвони фарҳанги бостонии ориёӣ ва Тӯрон ба шумор овард. Новобаста аз ҳамлаҳову харобкориҳои арабҳо неҳзатҳои дурахшони ин минтақаи таърихӣ комилан аз байн нарафта буд.

Ба рӯзи омадани Маҳмуд дар Ғазна давлати Сомониён рӯ ба инқироз ниҳод, аммо гирифтори ҳирсу ба даст овардани ғаноими дар маъбадҳои Ҳинд, Осиёи Марказӣ нишебу фарозҳои таърихро метавон мушоҳида кард ва дар қаламрави Сомониён арсаи турктозиҳои ашоиру қабоил, мисли монголҳо, туркони ғуз, темуриёни курагонӣ, хонҳои Бухоро, Хеваву Қӯқанд, мустамликадорҳо (империяи русӣ) ва ахиран советиҳо (шӯравӣ) шуд. Баъд аз варшикастани шӯравӣ, 1991 Тоҷикистон ҳамчу республикаҳои дигари Осиёи Марказии советӣ озодии мамлакатро эълом кард. Бад-ин тариқ, баъд аз эъломи озодӣ Тоҷикистон мисли кишварҳои дигари ҷамоҳири Осиёи Марказӣ пой дар як давраи нав ва бесобиқаи таърихи хеш ба роҳ гузошт, гӯё баъд аз як муддати тӯлонӣ- ҳазору як сол тоҷикон боз  соҳибони сарнавишти худ шуданд. Аммо озодии тоҷикон  мутаассифона, бо чандин мушкилиҳо тавъам буд, ин мушкилоти молӣ ва иқтисодию амният. Ин аз ҳама тафриқа байни мардуми ҳаммеҳану ҳамзабон, ҳамкеш, ҳамойин буд, ки хушунати беандоза аз худ нишон медод. Авомили хориҷӣ саршавии ҷанги бародакуширо доман мезад. Ин аносири хусуматомез намехост Тоҷикистон роҳи ҷумҳурияту мусовот, пешрафти саноату иқтисодиро пеш гирад. Ҷанги шашсолаи бародакушӣ ба Тоҷикистон зарари беандоза ворид кард ва амнияту назми мамлакат таҳти фишори бесобиқа даромад ва амнияти кишвар рахнапазир шуд. Мазҳабгароҳо сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро аз рӯи адами истеҳкомат бисёр пурхатар сохтанд. Яъне аз кишварҳои исломии ҳамҷавор чунон ҳис карданд, ки дар Тоҷикистон гӯё беҳидомонӣ даст дода аст ва бинобар ба он, доъияи дастандозиро дар зеҳн ҷой доданд. Онҳо бо тамоми шитобзадагӣ барномаи мазҳабии пешкашида, омодаи олуда кардани ҳавои Тоҷикистон шуданд ва истифода аз ин гуна дасиса мушкилоти тоҷиконро афзуданд.

Он рӯзгор як давраи озмоиши сиёсатмадорону мамлакатдорони Тоҷикистон буд. Хушбахтона, дар мамлакатдорӣ ва сиёсатмадорӣ таҷрибаи вофӣ надошт, аммо сиёсати мусбату оқилонаи олиҷаноб, садри муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бар ҳама мушкилоту мавонеъ пирӯз омад. Дар соли 1998 дурандешии роҳбари Тоҷикистон тавонист байни гуруҳҳои мухталиф оштӣ ва анъанаи ҳамзистиро ба унвони усули асосии ҷомиашиносӣ матраҳ кунад. Авоқиби сиёсати оштихоҳ бештар аз он аст, ки воқеӣ буд. Амниятро дар  кишвар то ҳадде муносиб барқарор шудааст ва зиндагӣ ба сӯи эътидол баргаштааст. Назми нисфӣ тартиб ёфтааст. Иқтисоди мамлакат аз заъифӣ берун кашидааст ва тиҷорати миллию байналмилалӣ фурӯғ ёфтааст. Бо кишварҳои хориҷӣ равобити тиҷоратию фарҳангӣ, сиёсӣ густариш ба даст овардааст. Солҳои носомонию афсурдагии пушти саргардонида, умеди наве бо ковишҳои фаровон миллати  наҷиби тоҷикро ба отияи дурахшону тобанда савқ медиҳад.

Ташкилу баргузории ҷашни Сомониён дар ҳафтаи дуввуми моҳи септомбри 1999 дар Душанбе  қисмате аз барномаи ояндаи давлати Тоҷикистон будааст. Баъд аз сипарӣ кардани рӯзгори тӯлонии ҳукумат ва маҳрумият лозим аст, ки ҳам тоҷикон ва ҳам хориҷиён аз зулмату ширкати гузаштаи ин мардуми наҷиб ошноии фарохури ҳол дошта  бошанд. Тоҷикон ба таърихи худ бинозанд ва тамаддуни дурахшони хешро чун мояи ифтихору сарфарозӣ бидонанд. Фарзандони номдори ин миллат, мисли Ибни Сино, Форобӣ, Балъамӣ, Борбад, Рӯдакӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ал-Бухорӣ, Исмоили Сомонӣ, Бармакиён ва даҳҳо дигаронро бидонанду бифаҳманд, Авесто мерасонад, ки Зардушт дар як минтақаи сард чашм ба ҷаҳон кушода буд ва дар шарқи Эронвич ва муҳаққиқон бар онанд, ки ҳатман ин минтақа дар ҳудуди куҳҳои Помири Бадахшон ё атрофи Балх хоҳад буд. Имрӯз фақат гуруҳе аз тоҷикон аст, ки аз байни ҷамоаи ориёиҳои ҳинду эронӣ, ҳинду аврупоиҳо суннатҳои оини зардуштиро барҷо доранд ва ин нигаҳдории суннат дар қиболи фишорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тоҷикистон давраҳои таърихиро пушти сар гузоштааст. Ҷои хурсандист, ки тоҷикон тавонистанд дар ҳифзи суннатҳои бостонӣ  пойфишорӣ мекунанд. Имрӯз ҳамин сармояи  анъанаҳои деринаро муҷиби истеҳкомати якпорчагии миллати тоҷик ба кор андохта мешавад, то пешрафти моддию маънавии ин миллати наҷибу бостонӣ имконият дошта бошад.

Баргузории ҳазору садумин соли давлати Сомониён дар ҳақиқат як кӯшиши бисёр судманд дар роҳи бозёфти савобиқи таъриху тамаддуни тоҷикон аст ва Президенти ин кишвар дар ин роҳ хидмати барозанда намуд. Ин ҷашнвора тамоми адвори таърихи Тоҷикистонро аз айёми ориёиҳо гирифта, то асри кунунӣ хотима мекунад ва ҳувияту шахсияти тоҷиконро равшантар месозад. Инчунин, талош аз ин рӯ низ аҳмияти зиёд дорад, ки Тоҷикистон имрӯз аз лиҳози ҷуғрофия ва ҳам аз лиҳози амнияти минтақа мавқеияти фавқулодда дорад. Медонем, ки фарҳанги пурарзиши ҳамвораи тоҷикон муҷиби ҳамбастагӣ ва тадовуми як миллат мебошад. Гумон дорам, ки рӯзе Тоҷикистон ба унвони Суиси (Шветсария ) Осиёи Марказӣ кишвари нотарафдор қаламдод хоҳад шуд. Кишваре, ки муқаддасоти озодӣ ва бетарафи онро тамоми кишварҳои ҷаҳон расман қабул хоҳанд кард. Кишваре , ки ба қувваи артишӣ эҳтиёҷ надошта бошад ва тамоми кишварҳои ҷаҳон ва билоҳайс бо кишварҳои ҳамҷавор равобити бародаронаю дӯстона  хоҳад дошт. Аз ҷумла, ҳамсоягон Афғонистон нахустин кишвари дӯстдор хоҳад буд. Ҷои шигифтӣ хоҳад буд, ки агар рӯзе Тоҷикистон байниЧин ва дунёи арабу рус, дунёи Шарқ мисли як булӯре рӯи саҳна биёяд. Ин фикр аз он рӯ ҷолибтар аст, ки Тоҷикистон тавонистааст аз равишҳои нобасомон мисли нажодпарастӣ ва мазҳабгароӣ ва тафриқапардозӣ мусавван бимонад ва ҷумҳурии дӯст ва ҳамзистагӣ барои тамоми мардуми рӯи заминро орзуманд аст.

Тоҷикистон бо Эрон равобити дӯстона доранд ва он кишварест, ки аз лиҳози фарҳангу забон, адабиёт ва равшании зиндагии тоҷиконро аз қабили аъзои хонаводаи худашон ҳисоб меоваранд. Чанд сол муқаддам семинори пажӯҳиш дар бораи Авесто, Зардушт ва динбеҳӣ дар Душанбе гузаронида шуд. Созмони Оғохон дар сомаи донишу пажӯҳиш, фарҳанг  ковиши зиёд ба харҷ  медиҳад. Агар дунё ҷои амну осоиш бошад тоҷикон метавонанд аз ин баҳраи калон бардоранд. Ин кишвар аз хазинаи табиат саршор аст. Куҳҳои баланду барфпӯш, обҳои равон, меваҳои гуногунрангу фаровон, маъданиҳои гуногун ва болотар аз ҳама фарзандони босалоҳияту пуркор, бофарҳанг ғанӣ дорад. Хушбахтона, давлати бисёр мардумдӯст, хидматгузор, фарзшинос дорад ва гӯё ин оғози асри тиллоии Тоҷикистон мебошад.

Умедворам сиёсатмадорони Ҳинд аҳмияти Тоҷикистонро дар соҳаи сиёсати минтақа, ба хусус дар соҳаи низоми ҷумҳурии минтақа дарк кунанд ва равобити дӯстонаро ба Тоҷикистон ба ҳар тавре ки имкон  дорад, тавсиа ва истеҳком бахшанд.

Кашинатҳ ПАНДИТА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь