Куруш як сол баъд аз зодрӯзи фарзандаш Камбуҷия дар соли 559-и пеш аз мелод бар тахти Аншон такя зад. Ва танҳо дар пайи 20 сол бузургтарин фармонравоии ҷаҳон дар он рӯзгорро падид овард.

Бисёре аз подшоҳон ва сарлашкарони пас аз Ӯ, кишваркушоиҳои бештаре намуданд. Аммо бар пояи гузориш ва гувоҳҳои таърихӣ шоҳаншаҳи додгоре, чун Куруш камтар гом бар домони замин гузоштааст.

Ба монанди ҳамаи сарлашкарони набард, фармонҳои Ӯ хунҳои камтареро ҷорӣ намуд ва шикастхурдагонро ҳеч гоҳ шиканҷаву ҳақир нашуморид. Пирӯзиҳои Куруши Кабир бо ҷангу сурур падид омад. Ва ҳамвора оинҳои гуногуни мардумонро эҳтиром гузошт.

Вопасин сатрҳои рӯйдодҳои Набунаид баён мекунад, ки дар баҳори соли 538-и пеш аз мелод дар пайи ҷашни Наврӯз дар Бобул Куруши Кабир фармондории бузургтарин шаҳри Шоҳаншоҳиро ба нахустписараш Камбуҷия супорид. Ва ба ин тартиб ӯро омодаи ҷонишинии пас аз худ сохт. Дар ин солҳо Бардиё фарзанди дигари Куруш фармондори бахшҳои ховари марзҳои Ҳахоманишиён ба шумор меомад. Ва аз пардохти молиёт барои чандин сол бахшида гашта буд. Чаро ки Куруш бар ин ният буд, ки то фарзандонаш пас аз вафоти ӯ ба якдигар даргир нашаванд. Ҳеродот дар китоби худ овардааст, дар соли 530-и пеш аз мелод Куруши Кабир дар фарози марзҳои Ховарии худ дар паи набарде бо Масагетҳо аз дунё даргузашт. Ва пайкараш ба дасти нахустфарзандаш Камбуҷия дар Пасаргот ба хок супорида шуд. Дар бораи чӣ гунагии даргузашти Куруш таърихнигорон ҳамбовар нестанд. Ҳеродот низ баён доштааст, ки маълумоти ман дар бораи марги Куруши Кабир як ривоятест, ки аз даҳони мардумон шунидаам.

Дақиқан аз соли 530-и пеш аз мелод Камбуҷияи, ки номи бобои худро ба мерос гирифта буд, бар тахти шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён нишаст. Ӯ бо сарвати ҳангуфте, ки дар ихтиёр дошт, бар он ақида буд то сарзаминҳои миёни рӯди Полот ва руди Нилро ба якдигар пайванд диҳад. Ва бадин сон вопасин барномаи падаршро ба охир бирасонад.

Камбуҷия бо ёрии дарёнавардони вилоятҳои Финикия, Лиди ва Оёниё дар бандаргоҳҳои каронаи дарёи Баҳри миёназамин флоти ҳарбии нерумнаде барпо сохт ва худро кам – кам омодаи рӯё рӯӣ бо Оҳмуси дуюм фиъавни Миср намуд.

Дар соли 527-и пеш аз мелод Камбуҷия пайке ба сӯи пойтахти Миср фиристод ва ҷӯёи чашмпизишке аз сӯи Фиръавн шуд. Оҳмус низ барои беҳбуди пайвандҳои сиёсӣ Ҳуҷоҳурснет табиб ва пизишки махсуси дарбори шоҳияшро раҳсипори пойтахти ӯ намуд. Ҳарчанд барои дурӣ ҷустан аз бими юриши Камбуҷия ба тасмиме расид то хонаводаи ин пизишкро назди худ нигоҳ дорад. То ӯро аз гароиш ба сӯи Ҳахоманишиён барҳазар намояд. Ҳуҷоҳурснет дар пешгоҳи дарбори ориёиҳо баён дошт: кӣ Оҳмус хоҳони пайванди хонаводагӣ бо Ҳахоманишиён мебошад. Ва омода аст то духтари худро ба ҳамсарии Камбуҷия дароварад. Камбуҷия низ ба поси қадрдонӣ аз фармонравои Миср пешниҳоди ӯро пазируфт ва инчунин як соли бад шоҳдухт Нетатис бо корвони бузург ба дарвозаҳои Иштар дар Бобул расид. Ва Камбуҷия бо ҷашни бошукӯҳ ба пешвози ӯ шитофт.

Дере напоид, ки шоҳдухти моҳруи руди Нил парда аз рози бузург барои Камбуҷия бардошт. Ӯ духтари Оприс Фиръавни пешни буд, ки падараш бо дасти Оҳмус кушта гашта буд. Подшоҳи Ҳахоманишӣ аз дасисаи Фиръавн ошуфта гашт ва худро омодаи лашкаркашӣ ба сӯи сарзамини Кмет сохт. Дар ҳамин ҳангом, дар пойтахти Миср Оҳмус бо яке аз размандагони Юнонитабори худ бо номи Фонис дучори мушкил гашта буд. Фонис ҷангсолори кордида ва арҷуманд дар дарбори Миср шинохта мешуд. Ӯ зодаи шаҳри Карнасус дар каронаи Юнон буд, ки акнун бахше аз вилоятҳои Ҳахоманишиён ба шумор меомад. Фонис, ки барои худ ояндаи хубе дар Миср намедид, ба ориёзамин гурехт. Оҳмус низ аз бими ҳамкории ӯ бо ориёиҳо гурӯҳе аз беҳтарин размандагонашро ба дунболи ӯ фиристод. Фонис бо душвориҳои фаровон худро ба Лидия расонид. Ва аз ин шаҳр равонаи дарбори Ҳахоманишиён гашт. Ва инчунин калиди қуфли ганҷинаҳои Миср ба пешгоҳи Камбуҷия расид.

Фонис барои лашкариёни Ҳахоманишӣ огоҳиҳои калоне аз омодагии нерӯи дарёӣ ва назоратгоҳҳои шаҳрҳои Миср ошкор сохт. Ҳамчунин, ба Камбуҷия пешниҳод намуд то аз Набатиён , ки дар сарзминҳоми Урдуни имрӯза мезистанд, дархости ёрӣ кунад. Чаро ки онҳо роҳҳоро ба хубӣ мешинохтанд ва метавонистанд оби ошомидании лашкариёнро дар набардҳои тулонӣ дар саҳро фароҳам намоянд.

Дар ин ҳангом ҷазираи Кипр бахше аз фармонравоии Миср ба шумор меомад. Камбуҷия намояндагони худро ба давлатшаҳрҳои ин ҷазира фиристод ва истиқлоли идораи шаҳрҳояшонро ба шарти пайвастан ба фармондеҳии ориёиҳо кафолат дод. Аз ин рӯ, ҳамаи давлатшаҳрҳои Кипр бо Камбуҷия ҳампаймон шуданд. Ва қарор шуд маллоҳон ва киштиҳои ҷангии Киприҳо низ ба флоти ҳарбии Ҳахоманишӣ бипайвандад.

Дар соли 526-и пеш аз мелод Оҳмус бо марги табии ҷон супурд. Ва фарзандаш Писомитхи 3 ҷонишини ӯ гардид. То ба имрӯз ҷойгоҳи хоксупории фиръавн Оҳмус барои бостоншиносон рушан нагардидааст.

Дар баҳори соли 526 пеш аз мелод гурӯҳе аз лашкариён бо ҳамроҳи флоти ҳарбии Ҳахоманишӣ шаҳр ва бандаргоҳи Ғаззаро муҳосира намуданд. Ва дигар сипоҳиён раҳсипори шаҳри Плозиюн гаштанд. Шумори фаровони киштиҳои ҷангии Камбуҷия дар соҳили дарёи баҳри  Миёназамин сабаб шуд, то мисрён натавонанд даст ба юриши дарёӣ бибаранд. Писомитх ба пойтахти Миср панаҳ бурд. Ва худро омодаи набарде сохт, ки медонист бахте барои пирӯзи дар он нахоҳад дошт. Камбуҷия андаке пас аз муҳосираи шаҳри Мимфис ва барқароршудани паймони оташбас бе талафоту хунрезӣ пирӯзмандона қадам ба пойтахти бостонии фиръавнҳо ниҳод.

Шоҳаншоҳи ориёӣ Писомитхро пас аз шикаст зинда гузошт ва ӯро ба унвони роҳбари яке аз вилоятҳои Миср баргузид. Аммо ҳангоме, ки ӯ талош намуд то шӯрише бар по кунад, фармони маргашро содир намуданд. Ва бадин сон Ҳахоманишиён илова бар шоҳаншоҳии чоҳор гушаи ҷаҳон ба унвони 27-умин дудмони подшоҳии Миср унвони фиръавнро низ аз они худ намуданд.

Камбуҷия пас аз чирагӣ бар сарзамини Камет бар он буд то давлатшаҳри тозабунёди  Картожро низ ба фармонравоии худ илова кунад. Аммо дарёнавардони финикӣ ӯро аз ин кор боз доштанд. Чаро кӣ картожҳо бахше аз мардуми финикиҳо ба шумор мерафтанд, ки ба африқо ҳиҷрат карда буданд. Онҳо ҳозир нашунад бо ҳамтаборони худ вориди ҷанг шаванд. Ҳарчанд давлатшаҳрҳои атрофи Миср фармонфармоии Ҳахоманишиёнро пазируфтанд. Ва ҳадяҳои фаровоне ба Камбуҷия фиристоданд. Аммо бузургони Омун ва подшоҳии Нубиё дар қаламрави Миср ҳозир ба чунин пазирише бо ориёиҳо нашуданд. Камбуҷия лашкариёни худро ба Типс фиристод сипас онҳоро ба ду гурӯҳи ҷудогона раҳсипори фатҳи Омун ва Нубиё сохт.

Ба гуфтаи Ҳеродот беш аз 50 ҳазор сипоҳиёни Ҳахоманишӣ дар роҳи расидан ба сарҳади Омун дучори туфони шадиде шуданад. Ва ҳамаи онҳо дар миёни регҳои равон нопадид шуданд. Лашкаркашии Камбуҷия ба Омун яке аз бузургтарин муамоҳои ҷаҳони бостон аст. Чаро ки то ба имрӯз далеле барои дурустии гуфтаҳои Ҳеродот ёфт нашудааст. Агар сипоҳиёни Ҳахоманишӣ ба зери қуму регҳо фурӯ рафта бошанд, бо сабаби хушкии биёбон то андозае аз пусидагӣ ва зангзадагии боқимонадҳои лашкар ҷилавгири хоҳад шуд. Бо ҳамин сабаб ҷуяндагони ганҷ ва бостоншиносони зиёде то кунун талош кардаанд то боқимондаҳои сипоҳиёни Камбуҷияро дар дили биёбон биёбанд.

Лозлу Олмоси ҳавонавард ва бостоншиноси Маҷористони яке аз нахустин касонест , ки дар ҷустуҷӯи лашкари гумшудаи Камбуҷия будааст. Ӯ пеш аз маргаш дар соли 1951 нақшаи дақиқи аз солиёни сол ҷустуҷӯиҳояш дар Либия бар ҷой гузошт. Ҳарчанд ки ин нақша ба дасти дустони наздикаш расид, аммо Алмоси илҳомбахши бисёре аз бостоншиносоне шуд, ки роҳашро идома диҳанд. Зеро кӣ бовар дошт бо ёфтани сипоҳиёни Камбуҷия бисёр наздик шудааст. Дар соли 1996 бостоншиноси Мисрӣ бо номи Алӣ Баракот муддаи шуд боқимондаҳои бисёр каме аз лашкариёни гумшудаи Камбуҷияро ёфтааст. Ин хабар сарусадои фаровоне барпо кард. Чунон ки дар идомаи ин ковишҳо ду бостоншиноси итоливӣ бо номҳои Анҷелу ва Алфред Кастело барои ҷустуҷӯ ба Али Баракот ёрӣ расониданд. Онҳо дар соли 2009 баён доштанд ба ёфтаҳои тозае расидаанд ва нигораҳое аз шумори теғаи шамшер ва пайконҳои биринҷиро ба намоиш гузоштанд. То ба имрӯз ёфтаҳои онҳо аз сӯи бештари бунёдҳои илмии таърих, гувоҳе бар дурустии гуфтаҳои Ҳеродот дониста намешавад. Аз нигоҳи бештари пажуҳандагони таърих бурдани 50 ҳазор тан марди ҷангӣ барои ба фармондаровардани як шаҳри кӯчак дар биёбони бузург ва бознагаштани ҳамаи онҳо ба монанди як афсона аст.

Ҳеродот нақши бисёр барҷастае дар шинохти мо бо гузаштагонамон дорад. Аммо дар бархе аз гузоришҳои ӯ дар бораи мардумони ориёӣ сафсатагуӣ шудааст. Барои намуна ӯ баён доштааст: рафтори Камбуҷия пас аз шикаст дар лашкаркашиҳои канори Миср дучори дигаргуниҳои фаровоне шуд. Чунон ки пас аз бозгашт ба Мимфис бар худоён, коҳинон ва ниёишгоҳҳои мисрӣ хашм гирифт. Ва гуё онҳоро сабаби шикасти худ медонист ва ҳатто ба гови муқаддаси Опис ханҷар кашидааст.

Имрӯз далелҳои раднопазире барои нодурустии ин гуфтаҳои Ҳеродот дар даст мебошанд. Навиштаҳои тандиси Уҷоҳуснет баён мекунад, ки Камбуҷия ҳамчун падари худ Куруши Бузург ҳангоме, ки бар сарзамини нав дастёб гашт, оинҳои он мардумонро арҷуманд шуморид. Беш аз 2 ҳазор сол аз подшоҳии куҳани Миср мегузашт ва оинҳое падид омада буд, ки фиръавнҳо бо баҷойовардани онҳо аз сӯи мардуми Нил фиръавн шинохта мешуданд. Бинобар ин, Камбуҷия мебоист чун фиръавнҳо рафтор менамуд то битавонад дар нигоҳи мардум ва коҳинон фармонравои Кимет бошад. Уҷоҳусет ба унвони пешкор нақши босазое дар идораи Миср ба ҳангоми шоҳаншоҳии Камбуҷия иҷро намудааст. Фармонравоии фиръавн Оҳмус бо куштани фиръани пеш аз худ оғоз шуда буд. Бо ҳамин сабаб ӯ сарвати ҳангуфтеро харҷи ниёишгоҳҳо ва коҳинон намуд то хушнуди ва ризояти онҳоро чун шоҳи нав ба даст биёрад. Аммо бо ба тахт нишастани Камбуҷия харҷу исрофи онҳо коҳиш ёфт. Ва бистари хашми коҳинон бар зиди ӯ фароҳам гардид.

Ҳеродот пас аз 72 соли даргузашти Камбуҷия миёнаи соли 450-и пеш аз мелод ба ҳангоми фармонравоии Ардашери якум шашумин шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ аз Миср дидан намуд.

Бисёре аз гуфтаҳои ӯ баргирифта аз гуфтугӯҳояш бо коҳинони мисрӣ навишта шудааст. Бинобар ин, дур аз андеша нест, ки онҳо ёдҳои хуше аз Камбуҷия нашунида бошанд.

Дар оини Мисри бостон Опис гови муқаддасе буд, ки мардуми Мимфис онро парастиш менамуданд. Ва ҳангоме. ки синни ин говҳо аз 25 мегузашт, онҳоро дар руди Нил ғарқ мекарданд ва пас аз мумиёишудан онҳоро дар оромгоҳи махсус ба хок месупориданд.

Ин оромгоҳ, ки Саропиюм хонда мешавад, дар ковишҳои асри 19 дар наздикии Мимфис ёфт гардид.

Ба рӯи тобути яке аз ин говҳо, ки дар соли 524-и пеш аз мелод ба хок супорида шудааст, ба равшани ном ва нигораи Камбуҷия дар ҳоли гиромидошти Опис дида мешавад.

Дар пояи катибаи бесутун, ки ба фармони Дорюши бузург миёнаи соли 520-и пеш аз мелод наққошӣ шудааст, Камбуҷия пеш аз лашкаркашӣ ба Миср бародараш Бардиёро пинҳонӣ ба қатл расонид. Аз ин рӯ, дар замони набудани ӯ дар Пасаргот бистаре фароҳам шуд то муъбаде бо номи  Киюмот худро ба ҷойи Бардиё ба тахти шоҳаншоҳи лоиқ донист.

Ҳангоме, ки Камбуҷия аз ин рӯйдод огоҳи ёфт, шитобон ба сӯи ориёизамин шитофт. Аммо ӯ ҳаргиз пойтахти худ Пасарготро надид. Чи гунагии марги Камбуҷия бо печидагиҳои бисёре ҳамроҳ аст. Дар катибаи бесутун Дорюш баён мекунад, ки ӯ бо марги табиӣ бимурд. Ҳарчанд навиштаҳои Ҳеродот низ ин гуфтаро тастиқ менамояд, ки Камбуҷия ба ҳангоми саворшудан ба асп бо теғаи ханҷари худ осеб дид ва аз маризии ин захм дар зимистони соли 522-и пеш аз мелод ҷон супорид.

Хабари даргузашти Камбуҷия саросари ин шоҳаншоҳиро дар ошуб фурӯ бурд, аммо дере напоид, ки ҷавони бедору донишманд бо номи Дорюш бо пуштибонии сарлашкарони сарзамини Ҳахоманиши тавонист пас аз марги Бардиёи дувум ва оромкардани юришҳо бар тахти подшоҳӣ такя занад.

Дар паи фармонравоии 36 солаи Дорюши бузург шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба авҷи боландагии худ расид. Чунон кӣ дар паҳноии руди яхшад то дарёи Еже ва аз каронаҳои руди Нил то Синд рузу шаб фармонбардори ӯ буданд.

Аз бахти Камбуҷия зиндагонии ӯ миёни фармонравоии ду тан аз бузургтарин подшоҳони ориёи Падараш Куруш ва Дорюши бузург рақам хурдааст. Аз ин рӯ, сояи паҳновари ин дарахтони тануманд номи Камбуҷияро андаке камрангтар сохтааст.

Таҳияи

Масрур МЕЛИКЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь