Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ дар бораи ғори Саид Хоҷа Исҳоқи Валии Махшевадӣ огаҳӣ пайдо карда будам ва ҳамеша дар дил орзуи зиёрати марқади эшонро доштам, ки ахиран ин ормони ман 15.05.2021 ҷомаи амал пӯшид.

Субҳи барвақт бо ҳамроҳи шоир Шаҳриёр Олимӣ, сармутахассиси бахши меъморӣ дар ноҳия Шоҳвар Давронов ва мудири бахши бойгонии МИҲД-и ноҳияи Айнӣ Абдуҷамол Ҷабборов роҳи деҳаи Махшевадро пеш гирифтем. Гарчанде деҳа роҳи мошингард ҳам дошта бошад, вале баромадан ба он ҷо бо техникаи автомобилӣ чандон осон набудааст ва нафаре, ки бори аввал дар паси чамбарак нишаста, техникаро ба ҳаракат медарорад, бисёр мушкилӣ мекашад. Зеро убури гардишҳои кӯтоҳу баландии роҳ осон нестанд. Ниҳоят, ин ҳамаро тай карда, ба ҷое расидем ва таваҷҷуф ихтиёр карда, аз як нафар сокини ин деҳа самти ғори машҳурро ҷӯё шудем. Зеро ҳеч нафар аз ҳамроҳон низ ба онҷо боре ҳам сафар накарда буданд. Асосан, субҳгоҳон, хусусан дар фасли баҳор деҳаи Махшевад ва куҳистони он хеле зебою дилрабо ба назар мерасад. Бӯи хуши омехташудаи гулу алафҳои ҳархела ба машом хеле хуш меоянд. Аз баландии деҳа бо ҳамроҳон якчанд расми хотиравӣ гирифтем. Дар пастӣ деҳа ва дар баландӣ кӯҳҳои сар ба фалаккашида табиати нотакрори деҳаро ҳусни дигар зам менамуданд. Баъдан бо самти нишондодашуда роҳ сӯи кӯҳистон гирифтем. Қад-қади сойи Махшевад аз купрӯки чӯбии бо тарҳи қадима сохташуда гузашта, оҳиста-оҳиста барои расидан ба мақсад гом бардоштем. Табиати зебои ин мавзеъҳо моро тасхир мекард ва ин зебоиҳоро бо ҳамдигар мубодила менамудем. Қад-қади сойи обшор, бо шамидани бӯи алафҳои рангорангу хуш ба боло мерафтему аз боду ҳавои тозаи кӯҳистон ҳаловат мебурдем. Аз тарафи рост обшори мусаффо, аз тарафи чап кӯҳистон ва мо бо пайроҳаи маълум, ки ҳарҷо сангҳои нишонавии нишондиҳандаи самти ғор гузошта шуда буданд, ҳаракат мекардем. Дар ҷое дар чӯб “зиёратгоҳ” навишта бо ишора нишон дода шуда буд. Роҳ ба сӯи ғор рафта-рафта васеътару фарохтар мешуд. Шояд аз ҷиҳати хунукӣ бошад, ки паранда ва ҳайвони зиёде ба чашм намерасид ва мо аз ҳайвонот ба ғайр аз харгӯшу суғур ва аз паррандаҳо ба ғайр аз аккаю кабутар дигар чизе надидем. Дарахтони зирк ва вағнич низ нав барг бароварда буданд. Асосан дар ин ҷо дарахт ва алафи зиёде ҳам намеруидааст. Ба ғайр аз арча, зирк, бед (дар наздикии чашмаҳо), вағнич, ҷорӯби куҳӣ ва боз якчанд алафҳои номашон барои мо номаълум мерӯянду халос. Пас аз убур кардани якчанд теппа мазори дар наздикии ғор мавҷудбуда намоён шуд. Баногоҳ Шаҳриёр, ки бо пайроҳаи поёнтар аз мо ғарқи олами эҷод танҳо мерафт, садо баланд кард, ки: — “Хонаро мебинам”! Ва мо дар ҳақиқат дидем, ки мазори дар поёнтари ғор буда намоён шуд. Дар рӯ ба рӯи ин мазор, поёнтар аз тарафи рости роҳ ба сӯи ғор бошишгоҳи тобистонаи чӯпонон барои чорво аз санг бунёд карда шудааст, ки ҷолиби диққат буд. Табиати нотакрори ин мавзеъ тамоми сайркунандаро тасхир менамояд.

Оҳиста-оҳиста мо ба мазори назди ғори Саид Хоҷа Исҳоқи Валӣ расидем. Мазор аз ду дар иборат мебошад. Яке аз қисмати поёнӣ (ҷанубу шарқӣ), вақте ки аз самти деҳа мебароӣ ва дигаре дар самти шимолу ғарбии мазор, яъне аз ҷониби ғор насб гаштааст. Дар мазор дасту рӯямонро шуста, дар чойҷӯш об ҷӯшонидем ва наҳорӣ кардем. Мазор чор хона дошт. Дар якеи он курпаю кӯрпача ва дигар лавозимот барои хоб, дар хонаи дигарӣ, ки ба ошхона монанд аст, анҷому асбобҳои рӯзгордорӣ, аз қабилӣ чойнику коса, пиёлаву табақ ва амсоли ин захира карда шудааст. Дар хонаи сеюм бошад, танҳо қолинчаҳои намозӣ гузошта шудааст ва дар дараш, ки чӯбӣ аст, чунин мисраъ нақш гардидааст: “Муддате дар гузари бодам ҳанӯз” ва эҳтимол ин чиллахона бошад. Аз ҷониби дарунии ҳамин дар боз як шеъри дуомонанд навишта шудаасту дар поён номи нигоранда ҳамчун усто Маҷнуддин сабт гаштааст. Хоначаи охирон, ки болотар аз ҳамаи хонаҳои дар ҳар ҷо сохташуда бунёд гаштааст, мазори ин мавзеъ маҳсуб меёбад ва даруни он холӣ мебошад. Дари мазор нақшу нигорӣ буда, дар сақфи даруни он номи бунёдкунанда навишта шудааст, ки матни он чунин аст: “Мазор аз тарафи оилаи Комиловҳо Ҷалолуддин ва Мукаррами Ремонӣ обод гардонида шуд. Соли 1998”. Дар беруни ҳамин хона як қабри наонқадар калон (гӯри ноболиғ) ҳаст, ки атрофи он бо чӯбҳо панҷара гирифта шудааст. Поёнтар аз хонаҳо, инчунин ду таҳоратхона, ду ҳоҷатхона ва як забҳгоҳ барои хун кардани мол сохта шудааст.

Пас аз наҳорӣ бо ҳамроҳон роҳ сӯи ғор пеш гирифтем. Аз дарвозаи дар болои мазорбуда баромада тавассути пайроҳаи зебо ба сати ғор раҳсипор шудем. Пайроҳа фақат як самтро нишон медод, яъне роҳ ба сӯи ғорро ва шояд ин аз зиёд омадани зиёраткунандагон бошад. Шахсангҳои мушкилгузару лағжонро гузашта, наздики ғор қарор гирифтем. Аз боло ду ресмон овезон карда шуда буд. Чун ресмонро ба даст гирифтам ва хоҳиши ба боло рафтан кардам, саропоямро ваҳм фаро гирифт. Гӯё тарсидам ва бо овози паст дар дил гуфтам: — Ман наметавонам. Вале, ҳамоно боз қувваи тоза гӯё ба вуҷудам ворид гашт… Чизи аҷиб ин буд, ки дар тамоми роҳ гӯё чизе мадад мекард, ки мо хастагиро эҳсос намекардем. Ахиран ҳарду ресмонҳоро, ки дар онҷо овезон карда шуда буд, қапида худро ба боло гирифтам. Ресмонҳо-яке ғавстар ва дигаре бориктар дар гирди шах бо занҷир мустаҳкам баста шуда буданд. Фикр мекунам, агар одам дар кӯҳ бисёр гашта бошад, албатта, ба ин ғор бе ресмон ҳам баромада метавонад. Пас аз дохил шудан ба даруни ғор аз даромадгоҳ боре ба поён нигаристам. Наздики 200 метр шахсанги боҳашамат то қариби сойи Махшевадро дида, чашмам сиёҳӣ зад. Фавран рӯямро ба сӯи ғор гардонида, ба боло қадам гузоштам. Аз паси ман Шоҳвар меомад ва гӯё ӯ ҳам мисли ман дар изтироб буд. Зеро давоми як дақиқаи ҳаракат андаруни ғор якчанд бор пурсид: Ҳамин ҷо аст? Азбаски мо боре ҳам ба ин ҷо наомада будем, аз ин рӯ, дар назди ресмонҳо дудила шудем ва фикр мекардем, ки эҳтимол роҳи ба ғор мерафта шояд ба боло нею онтарафтар бошад ва ресмонҳо барои гузаштан аз сангҳои лағжон бошанд. Дар аснои дудилагӣ ман ба ҳамроҳон гуфтам, ки ба боло мебароям, агар ин ҷо набошад, ба шумо мегӯям. Вале чун ба боло баромадам, изи пойпӯшеро, ки дар ҳама роҳ пайгириаш мекардем, дидам. Ҳамраҳонро низ аз ин ҳол огоҳ кардам. Аз даромадгоҳи ғор то пеши ҷасад тақрибан 20 метр аст. Дар ғор, ҳамчунин лонаҳои хурду бузург уқобону каргасон мавҷуданд. Ҳамчунин, дар ғор изи пойи кадом ҳайвони ҷуфтсӯм монанди бузи кӯҳӣ ё оҳуро дидем.

Ахиран дар рӯ ба рӯи ҷасаде, ки солҳо боз мехостам бубинам, бо ҳамроҳон омада сукут ихтиёр кардем. Шоҳвар дар ҳаққи гузаштагон дуо хонд. Пас аз якчанд лаҳза нишастан дар рӯ ба рӯи ҷасад ваҳм аз вуҷудамон рахт баст ва осоишро эҳсос кардем.

Чуноне ки маълум аст, ғор дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр дар дили кӯҳи Арғаб ҷойгир аст. Ҷасади дар даромадгоҳ нишастаро, ки имрӯз аз он танҳо устухонҳо мондаанд, сокинони маҳаллӣ ва аксари муаррихон ба Хоҷа Исҳоқи Валӣ ном як шахсияти маъруфи олами ислом марбут медоданд. Аслан, ман муаррих ва бостоншинос нестам ва шояд хато кунам, вале косахонаи саре, ки дидам, ба мардуми маҳаллӣ шабоҳат дошт. Аз ин рӯ, бо худ гуфтам, ки шояд ин шахсияти бузург, ки Хоҷа Саид Исҳоқи Валӣ мегӯянд, марди маҳаллӣ бошад. Муаммои ғор ва ҷасаду устухонҳои дар ӯ бударо аз забон ба забон то имрӯз бисёр шунида будам. Вале, ин ҳама факти таърихию исботшуда надорад.

Пас аз дуо хондан мо хоҳиши дидани даруни ғор кардем. Тақрибан 10-15 метр қадам гузошта, дидем, ки устухонҳои хурду бузург дар ҳолати парокандагӣ қарор доранд ва дер зери пойҳоямон садои шикасти чизеро мушоҳида кардем. Гумон кардем, ки устухон бошад, вале он ҷо яхпораҳо буданд. Албатта, устухони зиёде ҳам буд, вале бештар яхпораҳо мушоҳида мешуданд ва маълум набуд аз чӣ дар он ғор яхпора мавҷуд аст. Яъне мо фурсати омӯхтан ва таҳлил кардани онро нагирифта, аз ҳамон ҷо ба берун ба сӯи ҷасади дар даромадгоҳи ғор буда баргаштем.

Пештар аз ин дар интернет навореро тамошо карда будам, ки якчанд нафар ҷавон ба ин ғор даромада, то охири он, яъне то ҷое, ки қадам гузоштан мумкин буд, рафтанд ва ҳамаи инро дар навор ҳам гирифтанд. Дар он навор ман дида будам, ки дар ғор устухонҳои зиёде мавҷуд мебошанд…

Вобаста ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд, ки: «Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем. Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд».

Дар ин замина, тибқи иттилои мавҷуда Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ»-ро, ки дар деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҷойгир гаштааст, ба рӯйхати мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон шомил кардааст. Инчунин, дар ноҳияи Айнӣ мавзеъҳои таърихию ёдгориҳои бостонии зиёде, аз қабилӣ Гардани Ҳисор (деҳаи Мадм), Кушки Абаргар (деҳаи Кум), манораҳои Варзу Фатмеву Рарз, Қалъачаи Сарвода, мазори Шамси Табрезӣ (деҳаи Вешаб), мазори шайх Абдулқосими Гургонӣ (деҳаи Урметан) ва дигар мавзеъҳои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ дошта мавҷуданд, ки то ҳанӯз аз ҷониби бостоншиносони кишвар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба таври бояду шояд омӯхта нашудаанд… Дар ин росто, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба он ки сокинони ноҳияи Айнӣ садҳо маротиба доир ба ҳифз намудан, омӯхтан ва расонаӣ кардани онҳо чораҳо андешидаанд, корҳои камеро роҳандозӣ кардааст, ки нокифоя мебошанд. Аз ин рӯ, масъулини вазоратро лозим аст, ки ҷиҳати омӯхтани бештари ин мавзеъҳои таърихӣ вобаста ба иҷрои дастури Президенти мамлакат тадбирандешӣ намояд. Аммо ба ин кор то куҷо масъулин ҷиддӣ муносибат мекунанд, вақт нишон хоҳад дод…

Шамсиддин ХАЛИФАЕВ,

АйнӣМахшевадАйнӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here