Абдураҳмони Ҷомӣ, чуноне ки муҳаққиқи барҷастаи аҳволу осораш Аълохон Афсаҳзод навиштааст, муаллими ахлоқи писандидаи замони худ буда (ниг.: Афсаҳзод Аълохон. Таҳаввули афкори Абдурраҳмони Ҷомӣ.-Душанбе: Дониш, 1981.-С.125), дар ахлоқшиносии асрҳои миёна нақши бориз дорад. Ҳарчанд, ки аз “Гулистон”-и Саъдӣ пайравӣ кардааст, дар “Баҳористон” масоили иҷтимоӣ ва ахлоқии замонашро як навъ ҷамъбаст намудааст.

“Баҳористон” намунаи беҳтарини насри иҷтимоӣ ва ахлоқист. Дар он Абдураҳмони Ҷомӣ ба масъалаҳои муҳимтарини ахлоқӣ таваҷҷуҳ намуда, ба масобаи ҳаким ва донишманд мушкилоти ахлоқӣ ва иҷтимоии замонашро ҳаллу фасл намудааст. Он масъалаҳоеро, ки Саъдӣ дар “Гулистон”-у “Бӯстон” матраҳ кардааст, Ҷомӣ дар “Баҳористон”, дақиқтараш дар 8 равзаи он мавриди баррасӣ қарор дода, ҳусну қубҳи ахлоқи замонашро ошкор сохта, бо истифода аз донишу биниш ва малакаи эҷодӣ ба тарҳи масъала ва мушкилоти ахлоқию иҷтимоии замон пардохтааст. Коҳиши ахлоқӣ ва буҳрони иҷтимоии замон Ҷомиро водор сохтааст, ки чунин як китоби ахлоқӣ таҳти унвони “Баҳористон” иншо намояд ва комплекси масъалаҳои ахлоқиву иҷтимоиро инъикос созад.

Мавлоно Ҷомӣ “Баҳористон”-ро дар синни 73-солагӣ навиштааст ва ин нукта муҳим аст, ки замони таълифи китоб ӯ, аз назари таҷрибӣ ва андӯхти рӯзгор ба дараҷаи камолот расида, дар партави андӯхтаву таҷрибаю омӯзаҳои рӯзгор масоили ахлоқиро матраҳ карда, маҳсули омӯхтаву таҷрибаҳои зиндагиро рӯйи коғаз рехтааст. Дигар ин ки “Баҳористон”-ро Ҷомӣ ба писараш бахшидааст, то аз тифлӣ дар рӯҳияи маърифати ахлоқӣ тарбия ёбад. Фаразан, агар Мавлоно Ҷомӣ танҳо як китоб (манзур “Баҳористон”) таълиф мекард ҳам, басанда буд, ки номаш дар ҳавзаи ахлоқнигарии асримиёнагии тоҷикии форсӣ поянда монад.

Масоиле, ки дар “Баҳористон” матраҳ гардидааст, фарогири авзои ахлоқии замони Ҷомӣ ва умуман, Шарқи мусулмонӣ будаанд. Дар зимн, то Ҷомӣ низ кутуби ахлоқии зиёд таълиф гардида буд, ки муҳимтаринаш “Таҳзиб-ул-ахлоқ”-и Ибни Мискавайҳ маҳсуб меёбад. Аммо Абдураҳмони Ҷомӣ “Баҳористон”-ро ба шеваи насри бадеӣ таълиф намуда, аз масоили доғу рӯзмарраи замон дар қолаби адабӣ-бадеӣ сухан дар миён овардааст. Хулосабандиҳои Ҷомӣ дар китоб тавассути шеърпораҳо муассиртар ба назар расида, ин шеваи кор ҷолибияти матолибро аз диди бадеӣ-эстетикӣ таъмин сохтааст.

Ба ин тартиб, “Баҳористон”-и Ҷомӣ аз 8 боб, ки истилоҳан, “равза” унвон шудаанд, иборат буда, ҳамагӣ матолиби ахлоқиро дар бар гирифтаанд: саргузашти орифон; ҳикмати бузургон; саргузашти подшоҳон; адолат ва ахлоқи неки онҳо; тарғиби саховатмандӣ; ҳикоятҳои шавқангези ишқӣ; мутоябаҳои сафобахш; зикри шуаро, таърифи шеър, пайдоиш ва ҳусну қубҳи он; ҳикоёти тамсилӣ масоилеанд, ки дар китоб мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Равзаи нахустин “Дар нашри раёҳини чида аз басотини дурбинони роҳи ҳидоят ва садрнишинони боргоҳи вилоят” унвон дошта, Ҷомӣ аз кору рӯзгори ибратбахши сӯфиёну орифон сухан дар миён оварда, муқтазиёти ахлоқиро ба василаи пораҳои назмӣ тасдиқ кардааст. Каломи самимона ва орифонаи сӯфиёни бузург, мисли Ҷунайди Бағдодӣ, Шиблӣ, Боязид, Абӯҳошими Сӯфӣ, Маъруфи Кархӣ, Пири Ҳирот (Абдуллоҳи Ансорӣ), Саҳли Тустарӣ, Абӯсаиди Абулхайр “ҷони ахлоқи асримиёнагӣ” маҳсуб меёфт ва дар ин замина, Мавлоно Ҷомӣ, ки дар ҳавзаи тасаввуфи исломӣ тарбият ёфта буд, афъолу афкори мутасаввифини мазкурро ба сифати дастури ахлоқӣ манзур сохтааст. Масалан, ба ин намуна таваҷҷуҳ мекунем: “Шайх Абӯсаиди Абулхайрро пурсиданд, ки тасаввуф чист? Гуфт: Он чӣ дар сар дорӣ, биниҳӣ ва он чӣ дар каф дорӣ, бидиҳӣ ва аз он чӣ бар ту ояд, наҷаҳӣ” (ниг.: Ҷомӣ Абдураҳмон. Баҳористон.-Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008.-С.39). Бо овардани ҳикояти мазкур Ҷомӣ аз забони Шайх тасаввуфро аз осмон ба замин фуроварда, онро назария дар амалия унвон кардааст.

Ҷомӣ мисли Саъдӣ суханро бо санъати саҷъ перостааст, чаро ки ин воситаи эҷодӣ фикрро муассиртару рангинтар месозад. Ин аст, ки Ҷомӣ аз ин шеваи баёни бадеӣ – санъати саҷъ васеъ истифода намуда, ба ироаи муқтазиёти ахлоқӣ мепардозад. Ӯ ба масъалаи тафохур аз аслу насаб, ки дар асрҳои миёна ва давраи нав низ дар зеҳниёти ҷомеа нуфуз дошта ва дорад, таваққуф намуда, ривояти яке аз мутасаввифини шаҳири олами тасаввуфи минтақавӣ (варорудӣ) Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандро истинод кардааст: “Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандиро пурсиданд: Силсилаи Шумо ба куҷо мерасад? Фармуданд, ки аз силсила касе ба ҷое намерасад; рубоӣ:

Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,

В-аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.

Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,

К-аз силсила ҳеч кас ба ҷое нарасад!

Мавлоно Ҷомӣ дар равзаи дувум доманаи баҳси ахлоқиро густурда, ба баёни мушаххасоти ахлоқӣ пардохта, аз хулқи наку, ҳирсу ҳасудӣ, зӯрию зӯрдастӣ, пастию сифлагӣ, инсондӯстию тавозӯъ, нодонию фузулӣ ва амсоли инҳо тариқи ҳикоёти зебо суҳбат мекунад ва асароти манфии хасоили бад, ҳамчунин манофеи афъоли некро ба намоиш мегузорад. Ба фишурдаи ҳикояти зайл таваҷҷуҳ мекунем: “Ҳар киро хулқ бо халқ на накуст, бар бадан зиндони ӯст… Ҳасуд ҳамеша дар ранҷ аст ва бо парвардигори хеш ситезасанҷ, ҳар чӣ дигаронро диҳад, вай написандад ва ҳар чӣ на насиби вай, дил дар он бандад”.

Дар равзаи савум ба муҳимтарин масъала – ахлоқи сиёсӣ ва хулқи “элитаи сиёсии замон” – шоҳону ҳокимон таваққуф намуда, одобу ахлоқи накуи сиёсиюнро дар симои шоҳону ҳокимон арздошт кардааст. Ахлоқи намунавии сиёсӣ, ба назари Ҷомӣ, адлу дод аст, ки аз он мулку мамалакат обод мегардад. Гузашта аз ин, Ҷомӣ аз ахлоқи элитаи сиёсии ниёкони пешини худ – шоҳони Аҷам ёдовар шуда, пиндору кирдори ононро намунаи ибрат донистааст. Дар оғози ин қисмати “Баҳористон” сухан аз нухбагони сиёсии фарҳанги бостонии аҷамӣ Нӯшервон, Қубод, Ардашер ва амсоли онҳо дармеоварад ва ононро дар адлу ростӣ намунаи ибрати башарӣ меҳисобад, минҷумла Нӯшервонро дар ростию адолат ягона талаққӣ мекунад: “Нӯшервон бо он ки аз дин бегона буд, дар адлу ростӣ ягона. Лоҷарам, сарвари коинот, алайҳи афзал-ус-салавот, тафохуркунон мегуфт: Вулидту фӣ замани-с-султони-л-одил”.

Дар фарҳанги ахлоқӣ ва сиёсии асримиёнагии исломӣ, ба сабаби таассубу хурофоти шадиди динӣ-мазҳабӣ, дар бораи шоҳону бузургони пешини Аҷам гуфтугӯ кардан қаҳрамонӣ буд ва Мавлоно Ҷомӣ, бо вуҷуди он ки мусулмони ростин ва мутафаккири мутаддайин буд, аз ахлоқу фарҳангу сиёсати қадимаи аҷдодӣ, ки арзиши баланди умумибашарӣ доштанд,  дифоъ мекард. Хусусан, дар равзаи севуми “Баҳористон” аз ифтихороти аҷдодию нажодӣ кор мегирад ва беҳтарин намунаи либоси ахлоқи сиёсиро, ки бо адлу дод музайян шудааст, манзури хонанда месозад.

Адлу инсоф маҳаки низоми ахлоқӣ маҳсуб ёфта, коргирӣ аз ин ду категорияи ахлоқӣ ба саодату хушбахтии башарӣ мунҷар мешавад, то ҷое ки Мавлоно, бо истифода аз манобеи ривоятии динӣ ба чунин даъвӣ ҷуръат мекунад: “Дар хабар аст, ки Худои таоло ба Довуд, алайҳиссалом ваҳй кард, ки қавми хешро бигӯй, ки подшоҳони Аҷамро бад нагӯянду дашном надиҳанд, ки эшон ҷаҳонро ба адл ободон карданд, то бандагони ман дар вай зиндагонӣ кунанд.

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чӣ дар ҳифзи мулк даркор аст.

Адли бедин низоми оламро

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст!”.

Гузашта аз ин, дар достони “Саломон ва Абсол” Ҷомӣ мазмуни болоро дар шакли зер ифода кардааст:

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Куфркеше, к-ӯ ба адл орад фареҳ,

Мулкро аз кофири диндор беҳ.

Ёддошти муаллимони ахлоқи юнонӣ Афлотуну Арасту дар “Баҳористон” ҷойгоҳи вижа дорад. Ҳикоёт аз забони ин пирони ахлоқию фалсафӣ арзиши фалсафии манбаъ (“Баҳористон”)-ро афзун месозад. Овардани қиссаҳои ибратбахши ахлоқӣ аз рӯзгори файласуфони юнонӣ ва бо фазои ахлоқии асримиёнагӣ мутамоилу мутавозин сохтани қиссаву ривоёти пешина гувоҳи он аст, ки  Мавлоно Ҷомӣ аз улуми фалсафӣ ва ахбору ривоёти замон сахт мутталеъ буда, дар матраҳ намудани масоили мариди назар дасти тамом доштааст.

Дар равзаи ҳаштум аз забони ҳайвонот, парандагону хазандагон тамсил зада, ҳикоёти ҷолибу муассири ахлоқӣ меоварад ва бо ин роҳ муҳтавиёти “Калила ва Димна”-и маъруфро такмил медиҳад ва мазомини тамсилии ахлоқии асримиёнагиро ҷамъбаст менамояд. Ин тарзи биниш, ки дар асрҳои миёна мутадовил будааст, имкон додааст, ки шарофату наҷобати инсонӣ ва камбуду навоқиси ахлоқӣ дар қолаби тамсилоти динию фалсафӣ дар сатҳи зарурӣ ошкор ва бо забони вуҳушу туюр таваҷҷуҳбарангез шаванд.

Тавре ки маъмул аст, ахлоқ маҷмӯи рафторҳои инсон аст. Мафҳум ва категорияҳои ахлоқӣ: некию накӯкорӣ, адлу адолат, ишқу муҳаббат, ёрию мададгорӣ ва хасоили разилаи ахлоқӣ, мисли ҷабру ҷафо, бадию бадандешӣ, зулму золимӣ, дуруғгӯиву хабосат ва амсоли инҳо дар осори назмию насрии Ҷомӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Барои Ҷомӣ, адлу инсоф дар муносибатҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва бозорӣ меъёри асосӣ маҳсуб меёбад ва риояи ин меъёр ҷомеаро аз бунбастҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ берун мекашад.

Ҷомӣ чеҳраи ахлоқии фарҳанги исломист. Ҳанӯз дар замони зиндагӣ дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон Мавлоно Ҷомӣ бо афкори пешқадами худ мавриди эҳтироми хосу ом қарор гирифтааст. Махсусан, ӯро ба хотири шикастанафсӣ, тавозуъ ва хоксорӣ, бетамаъӣ, ҳимматбаландӣ ва самимияташ эҳтиром мекардаанд. Шоҳону ҳокимони замон Мавлоноро ба сифати бузургтарин шахсияти илмӣ, динӣ ва ахлоқӣ мешинохта ва эҳтиром мекардаанд.

Ҷомӣ симои тобноки фазои адабию ахлоқии асримиёнагии форсии тоҷик ба шумор рафта, тамоми осори ӯ ба масоили ахлоқӣ иртибот гирифта, ба такмилу таҳкими ахлоқи наку ва парҳез аз амалҳои бад равона шудааст. Осори Мавлоно, аз девон шурӯъ карда, то хурдтарин таълифаш дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ чарх мезананд ва сархатти ашъору афкораш инсон ва рафтору кирдори намунавии ӯст. Дар ин миён, “Баҳористон”-и ӯро, ҳарчанд аз лиҳози ҳаҷм хурд аст, метавон дар баробари асарҳои барҷастаи ахлоқии асримиёнагӣ қарор дод, ба ин далел ки дар он фишурдаи масоили ахлоқии асримиёнагӣ бо тафсиру ташреҳи иҷтимоию фалсафӣ бозгӯ шудаанд.

Ҳамин тариқ, Мавлоно Ҷомӣ таҷассуми фарҳанги ахлоқи асримиёнагии форсии тоҷикӣ маҳсуб ёфта, “Баҳористон”-и ӯ як навъ ҷамъбасти диди ахлоқии асримиёнагӣ буда метавонад. Омӯзишу таҳқиқи “Баҳористон”-и Ҷомӣ ва осори дигари ӯ дар шинохту ташхиси уқдаҳои равонию ахлоқии ҷамоаи дирӯз ва имрӯз мусоид аст.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь