Ба муносибати 84-солагии ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ шодравон Одина Ҳошим.

Аз бахти баланди хеш дар хонаи худ,

Одинаву тору чанг дорад Кӯлоб!...

Одина Ҳошим-хунёгаре машриқро тасхир намудаву дар ёдҳо мондагор монд. Он инсони заминие, ки бо лаҳни малакӣ ба дилҳо шӯру шарари дунёи санъатро ворид намуда, ба ақлҳо ҷавҳари маъниву қимати ганҷи сухан ҷо карда. Ва олами зоҳирро ба паҳнои назокати навову садои биҳиштӣ бурдаву навозиш дода.

Ҳар гоҳе ки озими зодгоҳи зебоманзараш, деҳаи Нимдараи Даштиҷум мегашт ва мазори аҷдодону бузургони ин маконро зиёрат мекард, ба лаби дарёи Қандоб мефуромад, ё ба қуллаи куҳи Арча мебаромаду фалак мезад.

Ниёиши фалаки ӯ ба гӯши афлок мерасиду он наътҳои омехта бо дардҳои мардуми Хатлону Қаротегин, Ҳисору Бадахшону Зарафшон ва садсолаҳо пештар сароидаи Ҳофизу Саъдӣ, Бедилу Ҷомӣ, Рӯдакиву Саноӣ, Ҳилоливу Хайём ва даҳҳо родмардони пояндадори сухан ба лафзи тоҷикӣ ҷӯр мегашту дурри маънӣ мерехт. Месуруду мегирист ӯ, фурӯ мерафт ба умқи маъниҳои ирфонӣ ва хуни дил мехӯрд, ки наметавонад ин маъниҳои поку биҳиштиро аз саҳнаҳои баланд бисарояд, ба гӯши ҳамагон бирасонад, зеро мамнӯъ буданд дар аҳди шӯравӣ. Ва гоҳе аз таҳайюр лаб мегазиду даст ба пешона мезад, ки «Худовандо, чӣ маъниву мазмунҳои олиҷаноберо ба унвони «ақидаҳои динӣ» ба умқи зеҳни мардум ҷо шудан намегузоранд! Чӣ хазинаи пурғановати бузургони миллати мо пӯшидаву ниҳонӣ мемонаду насли ояндаи мо аз он бархурдору баҳравар намегарданд!».

Ва ашк мерехт гоҳе ки дар толор беадабии нафареро медид, ё аз дарки маънӣ дур будани касеро эҳсос мекард. Мегирист, мехост фарёд бизанад, фалак бисарояд, ки эй мардум, рӯ ба фарҳанг биёред, ки роҳи наҷот аст. Аммо…

Ва ин буд, ки ҳарчанд дар маҷмӯъ Одина Ҳошимро чи дар Тоҷикистону чи берун аз он дӯст медоштанду арҷ мегузоштанд, ӯ аз ин дунё ормонӣ рафт.

Армони ин булбули Машриқзамин аз нигоҳи ман он буд, ки барояш дар аҳди шӯравӣ имкони созгоре надоданд, то ӯ дунёи ҳунарашро бо маънии томаш бикушояду пешкаши аҳли дил гардонад. Яъне бо сабаби он садгузориҳои сиёсии сохти шӯравӣ дунёи ирфонии ин бузургмарди гавҳарниҳод нокушода монд. Ва он ҳунари ирсиву аҷдодӣ, он истеъдоди худододи бесобиқаи Одина Ҳошим ба он тариқае, ки метавонист аз он болотар бошад, шароити мусоид пайдо накард. Ва ногуфтаҳои зиёде, ки дар хазинаи дили ӯ ва истеъдоду ҳунараш маҳфуз буданд, мутаассифона, ба ояндагону бозмондагон вогузор нагаштанд. Одина Ҳошим чун кӯҳҳои кашфношудаи Точикистон ганҷҳои дастнахӯрдаи зиёде дошт, ки мо дигар наметавонем, бо сад дареғу афсӯс аз алмосҳои он хазинаи имрӯзи ҳунарро ғанӣ гардонему қимати санъат биафзоем.

Бароям дар бораи Одина Ҳошим сухан гуфтан душвор аст. Зеро агар бигӯям, ки лаҳни худододаш назир надошт, инро гуфтаанд. Агар бигӯям, ки санъати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кард, фикри нав нест. Ва агар бигӯям, ки ӯ ҳофизе буд маҳбубу машҳур ва хелеҳо дӯстдоштанию парастиданӣ, такрори дигарон мешавад.

Ҳарчанд барои васфаш беҳтарин сифоту калимот ҳам биҷӯям, дилам тар намешавад, ки тавониста бошам асли маъниро перомунаш бигӯям ва боз оҷизона ӯро пеши назар меораму хиҷолатзада мемонам. Зеро ӯ кони ганҷи маънии сухан буд ва дар ин ҳолат бо беҳтарин абёти бузургон метавонист онеро бигӯяд, ки дигарон бо садҳо ҷумла наметавонистанд ифода намоянд.

Оре, Одина Ҳошим сухани асили гузаштагони моро ба ояндагон бозгӯ карду мутаассифона, худ низ хеле бемаҳал дар қатори бузургони зиндаёд ҷо гирифт.

Шояд дар бораи ин ҳофизи нотакрору садои қавияш дигарон дар ин ҷашни муборакаш зиёд ёдовар шаванд. Шояд ҳамкасбону шогирдонаш, санъатшиносону мусиқидонҳо аз ҳунари волояш сӯҳбатҳо биороянд, вале кам нафарон аз дунёи воқеии дили ин бузургмард огаҳӣ доштанд, зеро на ба ҳар кас муяссар гаштааст, ки аз сӯҳбатҳои хосаи ӯ баҳраманд бошад.

Шояд кам нафарон огоҳӣ доштанд, ки ӯ чун як инсони ниҳоят ҳассос, соҳиби дили бузургу маънидон чӣ лаҳзаҳои мураккабро аз сар гузаронд. Шояд бисёриҳо намедонанд, ки чӣ баргҳои ин шаҳчанори санъат дар айни шукуфоии ҳунараш аз дами сарди ҳаводис хазон гаштанду фурӯ рехтанд… Шояд намедонанд, ки захмҳои ноаёни замонаш, тӯҳмату ноадолатиҳои гурӯҳӣ, қасдҳои нотавонбинонаи эшон ба дили танҳо ба рӯшаниву ҳақиқату адолат бовардоштаи Одина кора карду ӯро ба дардҳои бедаво мубтало ва ба олами фано раҳномун сохт. Вале ӯ фано нагашт. Баръакс, онҳое ки бо даврашон ва ҷабрашон худро фано сохтанду имрӯзҳо дар гӯшаи фаромӯшӣ нопадиданд, қуввати дарке надоранд, ки бузургонро «кушта» намешавад, онҳо ҷовидонианд.

Бисёриҳо гоҳи Одина Ҳошимро ёд кардан аз шеърдонӣ, суханшиносӣ, дарки жарфи маъонӣ, аз аскиягӯиҳош, содадилиҳош, дунёи хосаи кушодаву завқи хосааш ҳарф мезананд. Ва мегӯянд, ки ӯ шефтаи маъниҳои ирфонӣ буду сиёсатдону сиёсатмадор набуд, аз ин корҳо дур мегашт, дар ин соҳа қудрате надошт.

Вале магар ӯ мунодии сиёсати фарҳангии мо дар шарқу ғарб набуд? Ӯ буд, ки бо садои дилошубаш ба маъниҳои бикри гузаштагони мо, ки нишони хираду бузургии миллати тоҷик мебошанд, дубора ҷон мебахшид ва онҳоро бозгӯ мекард.

Бад-ин васила, собит менамуд, ки ин миллати гавҳарниҳод асрҳои аср даъват ба сулҳу ягонагӣ ва хираду маърифат дорад.

Маҳз Одинаву одинагунаҳо буданд, ки сарвати маънавии миллати моро ба оламиён намоиш доданд, муаррифӣ карданду тавассути онҳо моро шинохтанд, эътирофи ақлгароии тоҷикон намуданд.

Ман шоҳиди бо суруд, бо сухан ва адабиёти классикӣ тарғиб намудани ӯ дар маъракаҳои сиёсии интихоботӣ дар ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ) будам. Ва аз он дар таҳайюр мешудам, ки ин қадар сиёсатмадорона вай метавонад нозук ба дили мардум роҳ биёбад.

Ҳарчанд медонам, ки санъат низ як шохаи сиёсат аст ва метавонад дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом бидиҳад, хоса аз санъати сиёсати сулҳофари ин марди ҳунар огоҳам ва ба ёди ӯ эҳтиром мегузорам.

Ва орзу мекунам, ки дигар ҳунармандони кишварамон низ ба оламиён чун Одинаи Ҳошим — мунодии сулҳу субот ва вассофи бузургии миллати мо ошно бошанд. Ва битавонанд бо торҳои хушоҳанги асбобҳои миллӣ ва лаҳни хушу пазируфтаашон ба торҳои сиёсат оҳангҳои некиву субот ва осудагиву амнияти сайёраро биомезанду садои ҷӯри ин торҳо дили одамонро хуш бинавозад ва ба онҳо ҳаловату оромӣ бахшад. Ва сурудаҳои онҳо ба ақлу зеҳнҳо тафаккури созанда биафзоянд, то бо хизматҳои худ эътирофгаштаву ҷовидонӣ бимонанд чун Одина Ҳошим.

Абдулло ҲАБИБОВ,

Раиси Бунёди Одина Ҳошим

(маҷмӯаи «Рӯзи Одина», Душанбе, «Эҷод», 2007)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here