Шинохти симоҳои барҷастаи тасаввуфи хуросонӣ, ки дар рушди фарҳангу адабиёти тасаввуфӣ нақши муассир гузоштаанд, имкон фароҳам меоварад, ки раванди дигарандешӣ ва озодандешии миллӣ дар асрҳои миёна дуруст омӯхта ва баҳогузорӣ шавад. Тасаввуфи хуросонӣ ва варорудӣ ба сифати мактаби муқаввои фикрию иҷтимоӣ дар ташаккул ва рушду тавсеаи афкори ҷамъиятию сиёсии асримиёнагии форсу тоҷик нақши муҳим бозидааст (таваҷҷуҳ шавад ба: Олимов, Кароматулло. Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-Х11. -Душанбе: “Дониш”, 2019. С.11-13). Яке аз чеҳраҳои тобноки тасаввуфи хуросонӣ Абулҳасани Харақонӣ мебошад, ки тавассути ибтикороти сӯфиёна на танҳо дар эҷоди ҳусни тафоҳум миёни давлатмадорону мардумон саҳми муносиб гирифтааст, балки дар таҳкиму тақвият ёфтани раванди озодандешии тасаввуфӣ пешгоми мутасаввифини давр будааст.

Ба таври мушаххас дар бораи шахсият ва афкору орои Шайх Абулҳасани Харақонӣ, ки иттилооти андаке дар даст аст, шарқшиноси маъруфи шӯравӣ Е.Э.Бертелс (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С. 311-366) ва файласуфи муосири тоҷик, устод Кароматулло Олимов (ниг.: Олимов, Кароматулло. Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-Х11. -Душанбе: “Дониш”, 2019. С.90-94) таваққуф кардаанд ва мо ҳам бар асоси ин ду сарчашмаи муҳимми илмӣ-таҳқиқӣ матлаби худро омода ва таҳия намудем.

Ба ин тартиб, Абулҳасан Алӣ бинни Аҳмад бинни Ҷаъфар маъруф ба Шайх Абулҳасани Харақонӣ (963-1034) дар рустои Харақон наздики Бастоми Эрон ба дунё омада, яке аз чеҳраҳои намоёни тасаввуфи хуросонӣ ба шумор меравад ва зиндагинома ва фаъолияти сӯфиёнаи ӯ барои доираи васеи мутасаввифони баъдӣ намунаи ибрат будааст. Ӯ аз миёни мардуми маҳаллӣ, ки дар забони истилоҳӣ уммӣ гуфта мешаванд, баромада, бо тарзи зиндагии одии муқаррарӣ ба мартабаҳои баланди иҷтимоӣ ва тасаввуфӣ расидааст. Харақонӣ бо назария ва амалияи кори сӯфигарӣ нишон дод, ки тасаввуф ва сӯфигарӣ худсозӣ, худафрӯзӣ, мардумсолорӣ, ҳимматбаландӣ, хоксорӣ, заҳматталабӣ ва зиндагипарастӣ аст. Бо он ки тасаввуфи исломӣ тарки дунё ва гӯшанишиниро ба сифати меъёри кори сӯфиёна талаққӣ кардааст, Абулҳасани Харақонӣ зиндагӣ ва ҳаёти худро сарфи хидмат ба мардум ва табақаҳои ниёзманди ҷомеа намудааст. Аз ин гузашта, тасаввуфи Абулҳасани Харақонӣ бар асоси ғояҳои ҷавонмардӣ ва озодандешӣ созмон ёфтааст ва мусалламан, аксари мардони соҳибмартабаи тасаввуф, қабл аз он ки ба ҳалқаи сӯфия пайванданд, гаравидагони ойини ҷавонмардӣ буданд (ниг.: Восеъ, Қурбон, Восеъ, Рухшона. Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ (Китоби аввал). -Душанбе: “Дониш”, 2008. С.4-5). Аз ин ҷост, ки Абулҳасани Харақонӣ тавассути омӯзишу таҷриба ва риёзату муроқибаи сӯфиёна дар масири ҷавонмардӣ, озодандешӣ ва адолати иҷтимоӣ қадамҳои устувор бардошт ва муҳимтар аз ҳама, мактаби вежаи ихтисосиро бар асоси назарпардозию амалкардҳои Боязиди Бастомӣ, ки ба унвони бузургтарин муддаӣ, амалгаро ва прагматики тасаввуфи исломӣ шинохта шудааст, таъсис дод.

Дар шинохти шахсият ва назариёти Шайх Абулҳасани Харақонӣ китоби “Нур-ул-улум”, ки ба ӯ нисбат дода шудааст, ба сифати манбаъ ва сарчашмаи асосӣ хидмат мекунад. Дар бораи ба Абулҳасани Харақонӣ тааллуқ доштани китоби “Нур-ул-улум” шакку тардидҳо зиёданд ва шарқшиноси шӯравӣ Е. Э. Бертелс, ки китоби мазкурро таҳия кардааст, баъди муруру мутолеа ва ҷамъоварии далелҳо эҳтимол мезанад, ки муаллифи китоб шояд яке аз муридони Шайх Абулҳасани Харақонӣ бошад ва нигориши рисоларо баъд аз марг ва ҳикояти замони марги Шайхро дар китоб ҳамчун далели ба нафари дигар мутааллиқ будани рисолаи “Нур-ул-улум” пеш меоварад. Ба ҳар сурат, китоби “Нур-ул-улум” аз ҳар кӣ бошад, сарчашмаи қобили эътимодест дар ростои шинохти симо, чеҳра, ахлоқ, андеша ва шахсияти Шайх Абулҳасани Харақонӣ.

Ногуфта намонад, ки Абулҳасани Харақонӣ дар доираҳои тасаввуфӣ ва ирфони исломӣ бо номи “Шайхи Харақон” ҳам маъруфият дорад. Муҳаққиқон мулоқот ва дидори ӯро бо бузургони илм ва тариқати тасаввуфӣ, минҷумла Шайх Абӯсаиди Абулхайр, Абдуллоҳи Ансорӣ ва Ибни Сино мисол задаанд (ниг.: Шарифзода Худоӣ, Нарзиқул Мисбоҳиддин. Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то оғози асри Х111). Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. -Душанбе: ҶДММ “ТоРус”, 2017. С.296) ва дар ин гуна дидору мулоқот бузургӣ ва шукуҳу шаҳомати Шайхи Харақон ба намоиш гузошта шудааст. Дар китоби “Нур-ул-улум”, ки аз даҳ боб таркиб ёфтааст, ҷараёни мулоқоти Абулҳасани Харақонӣ бо Абӯсаиди Абулхайр мавриди тасвир қарор мегирад ва ҳангоми дидор Абӯсаид бартарии Харақониро комилан пазируфта, барои фаъолияти баъдии худ аз Шайхи Харақон дуои хайру баракат хостааст. Илова бар ин, тибқи тазаккуроти китоби “Нур-ул-улум”, Абулҳасани Харақонӣ дар шукуфойии шахсияти Абӯсаиди Абулхайр саҳми арзанда гузоштааст. Ин гуна тасвирсозӣ ва тавсифнамоиҳо баёнгари онанд, ки Абулҳасани Харақонӣ, воқеан, як шахсияти тавонманди фикрии замон будааст ва ба доираи тасаввуфӣ ва ҳавзаҳои дарвешии давр нуфуз ва таъсири амиқ доштааст.

Озодандешӣ ва ба истилоҳ, “фориғ будан аз куфру дин” тору пуди таълимоту назариёт ва вокунишу амалиёти бузургони тасаввуфро ташкил медиҳад. Маҳз ба василаи назарияпардозӣ ва махсусан, корнамоиҳои рӯзмарра сӯфиёну орифони форсу тоҷик амалан дар баробари ҷаҳлу нодонӣ, хурофоту таассуби мазҳабӣ ва зулму истибдоди сиёсӣ қарор мегирифтанд ва алайҳи ҷабру бедодӣ садои эътироз баланд мекарданд. Даъвои Боязиди Бастомӣ ва садои эътирози Мансури Ҳаллоҷ, ки аз ҷумлаи сӯфиёни ҷасур ва инқилобиёни пешини ирфони миллӣ маҳсуб меёфтанд, ба гӯши аҳли тасаввуфи Хуросону Мовароуннаҳр низ расид ва онҳо ҳам бар мабнои даъвиҳои бузургмадоронаи  боязидию ҳаллоҷӣ ҷуръат пайдо карда, дар масири мубориза ва муқовимат қарор гирифтанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, тасаввуфшиноси тоҷик, устод Кароматулло Олимов таъкид мекунад, ки дар таълимоти Абулҳасани Харақонӣ ва назариёти поягузори равияи пантеистии тасаввуфи Хуросон Боязиди Бастомӣ  хеле монандӣ ва муштаракот ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, Боязиди Бастомӣ ва ҳам Абулҳасани Харақонӣ зоти инсонро бо зоти Худо яксон тасаввур намуда, ба инсон мақоми худоиро илқо мекунанд. Харақонӣ умри иддаоҳои ҷасуронаи Боязиду Ҳаллоҷро дар замони худ дароз намуда,  суннати ҷасоратмандиро тадовум бахшида, иддаои худоӣ ва ҳамбастагӣ бо зоти парвардигорӣ мекунад: “Ту — ин мо, мо бошем, Ту ҳастем. Дар пӯстини ман ба ҷуз Худо чизе нест, барҳақ, мартабаи ман бузург аст”.

Харақонӣ дар лаҳазоти ваҷду ҳол даъвии азаммат мекунад, дар иддаои худосолорӣ ба ҳадди ифрот мерасад ва аз ин тариқ талош меварзад, ки таълимоти Боязиди Бастомиро бо тамоми ҷузъиёташ зинда созад.

Ҷасорати фикрӣ, ҷуръати озодандешии Харақонӣ ба ҳадде будааст, ки дар ҳолати завқу ваҷди сӯфиёна аз пайванди худ бо Худо сухан мегуфта ва ба ин мазмун иддао пеш меовардааст: “Ман баъзан Булҳасани Ӯ (Худо) ва баъзан Ӯ (Худо) Булҳасани ман мебошад”. Ин гуна даъвиҳо дар муҳити тангу тор ва зулматсаройи асримиёнагӣ азхудгузаштагию қаҳрамониро талаб мекард ва Абулҳасани Харақонӣ, бидуни тарсу ҳарос ва биму мулоҳиза ба ҳаракати озодандешии тасаввуфӣ ворид гардид. Ҳимоят аз даъвиҳои фарошариатии орифони миллӣ Боязиду Ҳаллоҷ ва дар айни замон бо кунишу вокунишҳои сӯфиёна ба ларза даровардани  пояҳои баданаи қудратманди мафкураи асримиёнагӣ, ки бар асоси хурофоту хушкандешии мазҳабӣ бунёд шуда буд, Абулҳасани Харақониро дар садри сӯфиёни давр қарор дод ва миёни аҳли тасаввуф мақому ҷойгоҳ бахшид. Ин аст, ки Абулҳасани Харақонӣ дорои вежагиҳои шахсиятие будааст, ки дар сӯфиёни ҳамзамонаш дида намешудаанд ва бар асоси махсусиятҳои ҳувиятию ҳайсиятӣ ӯ аз дигарон фарқ мекардааст. Дар зимн, Харақонӣ яке аз сӯфиёни ангуштшуморест, ки хидмат ба башарияти ниёзмандро ҳадаф ва рисолати ҳастии худ медонист. Ба ин суханони Харақонӣ таваҷҷуҳ мекунем: “Олим бомдод бархезад, талаби зиёдатии илм кунад ва зоҳид талаби зиёдатии зуҳд кунад ва Булҳасан (Абулҳасани Харақонӣ — Н.Н.) дар банди он бувад, ки суруре ба дили бародаре расонад”. Хидмат ба ниёзмандон ва умуман, ба халқи худойро Абулҳасани Харақонӣ нишонаи ҷавонмардӣ дониста, тӯли умри худ кӯшидааст, ки дар партави ҳикмати ҷавонмардӣ дар хидмати ниёзмандон қарор бигирад. Ба қавли ӯ, “ҷавонмардӣ дарёест ба се чашма: яке саховат, дувум шафқат, севум бениёзӣ аз халқ ва ниёзмандӣ ба Ҳақ”.

Абулҳасани Харақонӣ ахлоқи ҷавонмардӣ ва тарзи ҳаёти маломатияро ба ҳам тавъам намуда, ин ду ҷавҳари маънавию ахлоқиро ба ҷузъи таркибии тасаввуф табдил додааст. Ӯ ба сифати як маломатии намунавӣ зиндагии маънавии худро бадиққат аз чашми дигарон пинҳон медорад ва ҷавонмардию футувват, некию накукорӣ ва бурдборию тавозӯъро ба унвони макорими ахлоқӣ (некутарини хислатҳо) ситоиш мекунад. Дар боби даҳуми китоби “Нур-ул-улум”, ки ба маноқиби Шайх Абулҳасани Харақонӣ ихтисос ёфтааст, хислатҳои писандида ва накуйи ӯ тавассути қиссаву ривоёт ва нақлу ҳикоёти ҷолиб матраҳ гардидаанд. Аз ҷумла, дар боби даҳуми китоби “Нур-ул-улум” дар қолаби қисса ва ҳикояҳои ҷолиб, ки аз рӯзгори Шайхи Харақон баргирифта шудаанд, масоили муҳимми иҷтимоию ахлоқӣ, назири “бори масъулияти халқ кашидан”, хушрафторӣ бо намояндагони ақаллиятҳои динию мазҳабӣ ва хидмати бедареғу беминнат дар мисоли гирифтани дасти марди тарсо, яъне масеҳӣ, бархӯрди мунсифона ва ҷасурона бо Султон Маҳмуди Сабуктегин ва додани адаб ба ӯ, хӯрдани моли ҳаллол ва аз риёкорӣ канор гирифтан, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар фикри ятимону бепарасторону ғарибон ва ғамшарики онон буданро Харақонӣ асл ва моҳияти зиндагии хусусӣ ва ҳирфаии худ медонистааст. Дар ин замина, қиссаи ибратомӯзе дар маноқиби Абулҳасан ба назар мерасад: “Дар марги ғарибе Абулҳасан ба дуо бархоста буд, ки Худоё, ғураборо дар хонақоҳи ман марг мадеҳ, ки Абулҳасан тоқати марги ғариб надорад, ки овоз дардиҳанд, ки ғарибе дар хонақоҳи Абулҳасан гузашта шудааст”. Ба ин минвол Харақонӣ бо тарзу шеваи мунҳасир ба фарди худ бо мушкилоти ахлоқию иҷтимоии замон ва муаммоҳои рӯзгору зиндагӣ даргир шуда, бо ибтикороту ташаббусот роҳи ҳал меҷуст. Албатта, наметавон корномаи зиндагии сӯфиёнаи Абулҳасани Харақониро ба унвони модел ва тарҳи зиндагии дурусту шоиста талаққӣ кард, аммо метавон аз гуфтору кирдор ва рӯзгору пайкори ӯ таҷриба андӯхт ва дар зиндагии фардию ҷамъӣ корбаст намуд.

Ҳамин тариқ, Харақонӣ дар роҳи ҷавонмардӣ ва хидмат ба ниёзмандон умрфарсоӣ намуда, ҷавонмардиро аз тамоми қоидаҳои ахлоқӣ бартар донистааст. Ба назари ӯ, барои ҷавонмардон зиёрати Макка маъние надорад, зеро онҳо дар роҳи хидмат ба ниёзмандон чизеро дареғ намедоранд ва бар ин далел ба Ҳақ наздиканд. Гузашта аз ин, Харақонӣ бо худвежагии шахсиятӣ ибодати зоҳирӣ ва риёкории зоҳидонро мавриди интиқод қарор дода, “офат аз дил ҷудо кардан”-ро “кори мардон” унвон  мекунад: “Намоз кардан ва рӯза кардан кори обидон бувад, аммо офат аз дил ҷудо кардан кори мардон бувад”. Ин гуна густохӣ дар баробари сиёсати муқтадири динӣ ва фароравии ҳадафмандона аз умури мутадовили шаръӣ маънии озодандеш будан ва дар ҷодаи мушкилписанди озодандешӣ гом бардоштани Абулҳасани Харақониро далолат мекунад. Дар ин замина файласуфи муосири тоҷик, устод Кароматулло Олимов дуруст хулосабандӣ ва натиҷагирӣ мекунад, ки Харақонӣ тасаввуфро ба самти озодандешӣ савқ дода, ҷиҳати боло бурдани мақоми инсон дар низоми таълимоти тасаввуфӣ саъю талош варзидааст.

Н. Нуров,

устоди  ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here