«Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро Истиқлолият ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накӯкорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Тоҷикистони азизу зебоманзари мо имсол 30-юмин солгарди Истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Маҳз тавассути хидматҳои шоёни Президенти оқилу фарзона ва хирадандеш, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи фаношавӣ берун омад ва миллати куҳанбунёди тоҷик истиқлолият ба даст овард.

Халқи мо таърихи хеле тӯлонӣ дошта, қисмати асосии он дар ҳайати чунин давлатҳое аз Пешдодиёну Каёниён (ҳазорсолаи V то II пеш аз милод) ва Бохтару Суғд аз даврони қадим сар карда, то Аморати Бухоро (то соли 1918) дар охирҳои асрҳои миёна ва Тоҷикистони шӯравию (1924-1991) Тоҷикистони соҳибистиқлол (1991 то имрӯз) гузаштааст. Ба ибораи дигар, миллати тоҷик дорои таҷрибаи қадима ва ғании давлатдории худ мебошад. Худи вожаи тоҷик ҳанӯз аз асри якуми мелодӣ бо шаклу талаффузҳои гуногун маълум буда, барои ифодаи тамоми халқҳои ориёинажоди минтақаҳои муосири Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон ба кор мерафт. Ин нишон медиҳад, ки заминаҳо барои ташаккули халқият ва баъдан миллати тоҷик ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим вуҷуд доштанд. Ташаккули тоҷикон ҳамчун халқ дар асрҳои IХ-Х анҷом ёфтааст, ки минбаъд пояи муҳимтарине барои пайдоиши ин миллат гардид. Тоҷикон аз қадимулайём новобаста аз он, ки намояндагони миллат дар марзҳои гуногуни сиёсӣ умр ба сар бурдаанд, робитаҳоро бо ҳамдигар ҳеҷ гоҳ қатъ накарда, тамаддуни барои кулли ҷаҳон маъруфу қобили истифодаи тамоми башарро бунёд гузоштанд. Дар таърихи навини тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҳдидҳои бузурге ба устувории иттиҳоди мардуми мо ҳамчун миллат ба миён омада буданд. Хушбахтона, хиради азалии мардум, талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат ва аз ҷониби эшон ба сатҳи идеологияи миллӣ бардоштани фалсафаи ваҳдати миллӣ имкон доданд, ки миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ эътироф карда шавад. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, танҳо истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки халқи тоҷик ихтиёри давлатдориро ба дасти худ бигирад. Бо ҳамин сабаб равандҳои миллатсозӣ ва бунёди давлатдории миллӣ дар ин даврон тавъам бо ҳам сурат гирифта, дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ дигаргуниҳои куллие дар ин самт ба вуқуъ пайвастанд.

Соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик рӯ ба пешравӣ ниҳода, бо баракати истиқлолият Ватани мо дар бештари соҳаҳо роҳи даҳсолаҳоро тай намуд. Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибэҳтиром аз дастовардҳои даврони Истиқлолият буда, тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гаштааст. Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боиси ифтихору ёдоварист, ки ин нур ба чашмон ва нафаси тозае ба машоми халқи тоҷик аст. Бунёд кардани чунин нерӯгоҳи азим дар як  муддати кӯтоҳ далели пойдории ваҳдату ҳамбастагӣ, устувории пояҳои истиқлолият ва ватандӯстиву садоқати беандозаи Сарвари халқу миллати тоҷик ва ҳар як фарди кишвар мебошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ба истифода додани НБО-и “Роғун” имкон медиҳад, то мо истиқлолияти энергетикӣ ба даст орем ва иқтисодиёти кишварро баланд бардорем.

Ҳамчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба дониш ва ахлоқи неки насли наврас мусоидат намуда, боиси болоравии маънавиёти мардуми кишвар ва пурмазмун гаштани расму анъанаҳои миллӣ гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик бо ёдгориҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумии хеш машҳури ҷаҳон гашта, дар СММ мавқеи хоса пайдо намуд. Ба феҳристи ЮНЕСКО дохил гаштани Иди Наврӯз, Шашмақом ва Чакан далели соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. Таҷлил гардидани 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби ҷомеаи башар, бори дигар аз соҳибтамаддун ва дорои таърихи шаҳрсозиву санъати волои меъморӣ будани халқу миллати мо дарак медиҳад. Миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии худ бо ҳидоятҳои роҳбари хирадманду сипоҳсолор, хислатҳои зебоипарастӣ, тозагию озодагӣ, бо маънавиёти баланди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ахлоқу рафтори ҳамидаи сокинонаш ва фарҳанги волои шаҳрдорӣ ҳиссиёти миллии мардумро боло бардошт ва барои ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикистони сарсабзи мо дорои захираҳои бойи обӣ буда, метавонад як зумра давлатҳоеро, ки аз норасоии оби ошомидани танқисӣ мекашанд, таъмин намояд. Дар ин самт чаҳор пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ пазируфта шуд, ки обрӯву эътибори давлату ҳукумати моро дар миқёси байналмилалӣ баланд бардошт. Бунёди роҳҳову нақбҳои тоза, биноҳои бисёрошёнаву иншооти нави замонавӣ рӯз аз рӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибтамаддунро зебову обод мегардонанд. Аз ин рӯ, побарҷой нигоҳ доштани рукнҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди Тоҷикистон аст ва моро месазад, ки дар пайи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ аз дилу ҷон саъю талош варзем.

Тайи 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо ба комёбиҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ноил шудем. Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштаанд.

Набояд фаромӯш кард, ки оромиву субот ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вобаста аст. Агар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон ва нозу неъмат фаровон гаштаву муҳаббати мардум меафзояд. Дар ҳошияи гуфтаҳои боло итминон бар он аст, ки ҷавонони сарбаланди диёр чун меросбарони фарҳанги қадиму тамаддунофар, сипари боэътимод дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ гашта, ҳар зарра хоки ин кишвари биҳиштосоро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ менамоянд. Ин аст пояи устувори маънавиёт.

С. А. ТАИБОВ, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,

М. МУҲИДДИНОВА, шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here