Дар ду- се шабонарӯзи охир Афғонистон шоҳиди таҳаввулоте шуд, ки бовар нокарданист:

Пас аз ба дасти “Толибон” гирифтор шудани Муҳаммад Исмоилхон, яке аз фармондеҳони аршади ҷабҳаи ғарби Афғонистон, собиқ волии Ҳирот, ки бо унвони “Шери Ҳирот” маъруф буд, Ашраф Ғанӣ ба Мазори Шариф шитофт ва бо Маршал Дустум ва Ато Муҳаммади Нур, ки аз фармондеҳони озмуда ва ҷангдидаи ҷабҳаи муқовимат бо Толибон ба шумор мераванд, мулоқоти махфӣ анҷом дод. Ашраф Ғанӣ мисли ҳамеша даст рӯи сина ва бо нимтаъзими риёкоронаи худ ин ду устод, қумондон, имперотурони шимолу, амир соҳиб, марашалу ҷенерол ва соҳиби ҳазор унвони дигарро итминон дод, ки “Мо бо Шумо ҳастем, ман дасти ёрӣ мекунам ва “Толибон”-ро шикаст медиҳем. Шумо Мазори Шарифро доред ман Кобулро”. Ин ду нафар “сутуни устувори Шимол” мисли кӯдак фирефтаи гуфтаҳои Ғанӣ шуданд ва яке ваъда медод: “Аз Шимол “Толибон” зинда намераванд, ин ҷо қабристони онҳо хоҳад буд”, “Ҳатто бо баҳои хуни худ, агар мо шаҳид шавем ҳам онҳо пирӯз нахоҳанд шуд” ва дигаре қасам мехӯрд, ки “Ҳар ваҷаб замини муқаддаси шимоли Афғонистонро бозпасгирӣ хоҳем кард”… (Як рӯз қабл аз ин моҷаро, вақте, ки яке аз роҳбарони ҷабҳаи муқовимати ҳазораҳо Алӣ Сарварро, ки ба ёрии Маршал Дӯстум мешитофт, баъд аз ҳучуми ҳавопаймоҳои давлатӣ ба шаҳодат расид, навишта будам, ки мутаассифона, Маршал Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур ба доми фиреби Ашраф Ғанӣ уфтоданд). Баъд аз як рӯзи ин қасаму паймонҳо фармондеҳони соҳибартиш, ба унвони як фирориёни одӣ аз хориҷи кишвар садо баланд мекарданд, ки ин “тавтеъаи бузург” буд, “хиёнат” буд…

Отто фон Бисмарк нахустканслери Империяи Олмон, гуфта буд: ”Ҳеч гоҳ бештар аз ин дурӯғ намебофанд, магар дар замони ҷанг, баъд аз шикор ва қабл аз интихобот”. Мо дар чанд рӯзи ахири ҷанги Афғонистон шоҳиди пешгӯиҳои бепояву моя ва дурӯғҳое шудем, ки барои чанд насли ин кишвар кофист. Гирифта аз изҳороти Ҷо Байден, Президенти ИМА, ки итминон медод: “Толибон ” ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд, чун артиши 300 ҳазор нафараи давлати Афғонистон, ки бо се миллиард доллар “парвариш” кардем бо ун аслиҳаву мадорики ҷангӣ ки дорад, ба онҳо посухи муносиб хоҳад дод”. Ашраф Ғанӣ ба ҷои ин, ки аз роҳпаймоиҳои пирӯзмандонаи “Толибон” бонги хатар занад, мардуми афғонро бо дастури соҳибонаш ором мекард, ки “нигарон набошед, кобини ман нақшаеро матраҳ кардааст, ки дар Афғонистон тӯли панҷ моҳ амнияти сартосарӣ таъмин мешавад”. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Амруллоҳ Солеҳ, Бисмиллоҳхону дигар вазирону кабирони Афғонистон шефтаи таъзимҳои Ашраф Ғанӣ ва афсонаҳои Ҷо Байден то лаҳзаи охир ба онҳо кафкӯбӣ мекарданд.

Аҷиб…! То лаҳзае, ки Ашраф Ғанӣ боз бо ҳамон нимтаъзими хунуки худ саллаи дарозашро алвонҷ дода, Афғонистонро тарк накард, хомӯш буданд. Баъд аз фирори ноҷавонмардонаи ӯ ҳамагӣ якбор садо баланд карданд, ки “Ашраф Ғанӣ хиёнат кард ва дар назди Худо ҷавоб мегӯяд”. Агар ӯ хоин аст чаро то ин дам дар канори ӯ будед? Чаро ӯро барканор накардед, ки ба мардум хиёнат ва ватанатонро ба “авлодаш” таслим накунад?

Акнун меоем сари ин, ки чаро “Эътилофи Шимол” ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва касе аз паси ин “устодон”-и номвар барнахост, ки тӯли ин солҳо фақат молу унвон ҷамъ карданду аз муҳаббати мардум бархурдор  нашуданд?

Солҳои 1996 то 2001, ки “Толибон” сари қудрат буданду танку ҳавопаймоҳои ҳарбӣ доштанд, қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар як дараи кӯчак сангар нишаста, алайҳи онҳо муқовимат мекард. Ҳазор маротиба ҳуҷум карданд, ҳазор маротиба онҳоро ақиб зад. Имрӯз савори мототсиклету дар китф калашников артиши сесадҳазорнафараи меросии амрикоро, ки соҳиби зиреҳпӯшу ҳавопаймоҳои ҷангӣ буд, дар ду моҳ шикаст доданд. Чаро Аҳмадшоҳ муваффақ буд? Чаро, ки ба мардум такя мекард, мардум бошад ба ӯ итминон доштанд. Ҳеч гоҳ дунболи Амрико Чин, Русияву Эрон намегашт. Балки онҳо ба хотири амнияти сарҳади кишварашон назди “Шери Панҷшер” меомаданд.

Пас аз шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, қумондонҳои “ҳазоррутба”-и ҷабҳаи Шимол ҳамин бовари мардумро, ки устувортарин сипар буд, аз даст доданд. Хеле дардовар аст, вале бояд иқрор кунем, ки нотифоқ буданд, алайҳи якдигар қиём карданд, ба пулу ҷоҳу мансаб фурӯхта шуданд, ҳазораву ӯзбеку дигар миллатҳо аз ин кори онҳо дилсард ва аз иттифоқ бо тоҷикон худдорӣ карданд. Ба бозиҳои сиёсии абарқудратон, ки дар Афғонистон пиёда карданд, печиданд. Ҳеч яке аз инҳо пешбинӣ накард, ки қиблаашон Амрико, ки ба он намоз мегузоранд, рӯзе онҳоро мардуд (оқ) хоҳад кард. Бо Русияву Чину Эрон инҳо бояд иттифоқ мекарданд, кафолати амнияти сарҳадро инҳо бояд медоданд, на “Толибон”. Аммо… Вақте ҳушёр шуданду ба худ омаданд, хеле дер шуда буд.

Ин моҷароро боис шуд, ки Русияву Чин “душмани доно”-ро аз “дӯсти нодон” афзалтар донистанд.

Афғонистон аз ваъдаи қумондонҳои сарсупурда, ки дар роҳи ҳифзи озодии он қасами шаҳодат мехурданд, ҳанӯз 24 соат нагузашта ба дасти “Толибон” бидуни ҷангу муқовимат, суқут кард. Ин гувоҳи он буд, ки нерӯҳои амниятӣ на ба давлат эътимод доштанду на ба “фармондеҳони мардумӣ”.

Имруз ягона умед ба Панҷшер аст, ки харгиз шикастро надидааст. Агар ситоди муқовимат дар онҷо таъсис шавад, шояд шуълаи умедро дар дили мардуми афғон фурӯзон созад.

ИМА ба таври шармандавор гоҳ бо таҳдиду гоҳ бо хушомад аз “Толибон” фурсат металабад, ки замонат диҳанд то шаҳрвандонашро аз Кобул берун барад. Ҳамзамон, баъзе шоҳидони айнӣ дар фурудгоҳи Кобул мегӯянд, ки нерӯҳои амрикоӣ ба сӯи собиқ ҳамкорони афғонии худ, ки аз тарси муҷозоти “Толибон” мехоҳанд фирор кунанд, тирандозӣ кардаанд ва дар натиҷаи ин амали ғайриинсонӣ чанд нафар захмӣ ва се нафар ҷон бохтаанд. Чанд баҷонрасидаи дигар ба тани ҳавопаймои амрикоиҳо часпиданд ва аз ҳаво ба замин зада ҷон ба ҷонофарин супориданд.

Чанд ҳафта қабл дар як матлаб навиштам, ки яке аз сабабҳои дастгирии “Толибон” аз ҷониби кишварҳое мисли Русия, Чин ва Эрон ин ба намоиш гузоштани чеҳраи аслии сиёсати хориҷии ИМА аст, ки дар ҳоли танг омадани қофия, шарикони худро ба ду пули сиёҳ мефурӯшад.

Собиқ вазири дифои Изроил Моше Яалон дар саҳифаи худ, дар фазои маҷозӣ бо ишора ба хурӯҷи артиши амрико аз Афғонистон навиштааст: Дуруст аст, ки Афғонистон аз Исроил дур аст, аммо ақибнишинии Иёлоти муттаҳида ва дар заминаи он пирӯзии “Толибон” боиси паст шудани эътибори Амрико дар Ховари Миёна хоҳад буд. Ӯ Телавивро ҳушдор додааст, ки ин амали ИМА ишора ба он аст, ки кишвараш ба ваъдаҳои пуштибонаш сахт эътимод набандад ва пешорӯи ин хатарот, ба ҳар эҳтимол худро омода кунад, ки яккаву танҳо хоҳад монд.

Ин бархурди наздиктарин аз шарикони стратегии ИМА, бояд ба дигар кишварҳо дарси ибрат бошад.

Бахтиёр ҲАМДАМОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here