Наздики як моҳ мешавад, ки эълони барқароршавии парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистону Русия даҳҳо нафарро ба назди нуқтаҳои билетфурӯшии шаҳри Душанбе овардааст. Инҳо, ки бештарашон муҳоҷиронанд, бо умеди бозгашт ба Русия барои хариди билет меоянд, вале ноумед бармегарданд. Дар нуқтаҳои билетфурӯшӣ мегӯянд, билет нест, ё агар бошад ҳам, нархаш дандоншикан аст. Ҳарчанд мақомот, аз ширкатҳое, ки иҷозаи парвоз доранд, талаб карданд, ки нархро баланд накунанд, тавре мушоҳида шуд, бо ин огоҳӣ масъала ҳал нашудааст.

Ҳоло, ки мавсими кори муҳоҷирон дар Русия оғоз шудааст, аксарият мехоҳанд бо ҳар роҳ худро ба ин кишвар расонанд, лекин аз сабаби гаронии арзиши билет на ҳар кас қуввати харидани онро дорад. Дар нуқтаи билетфурӯшии «Агентии алоқаи ҳавоӣ», ки танҳо ин ниҳод иҷозаи фурӯши билетҳои ширкати «Сомон Эйр»-ро дорад, гуфтанд, нархи билет 4050 сомонӣ аст, аммо то 15 июн ҳамаи билетҳои самти Русияро фурӯхтаанд ва  барои рӯзҳои баъдӣ билет ҳоло ба фурӯш бароварда нашудааст.

Яке аз дигар мушкиле, ки шаҳрвандонро ба ташвиш овардааст ва шояд сабаби гаронии нарх низ шуда бошад, кам будани шумораи парвозҳо ба Русия аст. То ҳол аз Тоҷикистон ба Русия дар як ҳафта танҳо ду парвоз аз ширкатҳои «Utair» ва «Сомон Эйр» амалӣ мешаванд.

Имсол муҳоҷирон 76% камтар ба Русия рафтанд

Баста будани марзи Русия дар як соли охир боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сафар ба ин кишвар маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2019-ум 76 дарсад камтар аст.

Инчунин, мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020-ум 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки марказии Русия, муҳоҷирон соли 2020 ба Тоҷикистон $1 миллиарду 741 миллион фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли 2019-ум $759 миллион камтар аст.

«Меравем, ки аз гушнагӣ намурем»

Бекориву нодорӣ маҷбур кардааст, ки мардум ҳарчӣ бештар ба муҳоҷират раванд. Зимни мушоҳида ва суҳбат бо нафаронни зиёде, ки барои харидории билет омада буданд, маълум шуд, ки бо вуҷуди гаронии билет ва мушкили дастрасии он, умедворанд, ба Русия мераванд.

Дилшод Мирзоев, ки се рӯз аст барои дастрас кардани билети ҳавопаймо ба Душанбе меояд, вале ноумед бармегардад, гуфт, баъди огоҳ шудан аз билет юо арзиши 4 ҳазор сомонӣ ба нуқтаи билетфурӯшии «Агентии алоқаи ҳавоӣ» омад, вале  билетфурӯшон гуфтанд, то ду моҳи охир ҳамаи билетҳоро фурӯхтаанд.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, дар Русия ҷои кори муайян дорад ва барои таъмини зиндагиаш бояд ба муҳоҷират равад.

– Фаҳмидам, ки гӯё Русия як меъёри қабулкунии муҳоҷиронро доштааст ва ҳамин меъёри заруриро қабул намуда, сарҳадро мебастааст. Аз ин рӯ кӯшиш дорам, ки ҳарчи зудтар ба Русия равам, — гуфт Д. Мирзоев.

Вай интизор аст, ки хатсайри қатора низ боз мешавад ва дар ин сурат нархи билет ҳам арзон мешаваду муҳоҷирон ҳам бо нархи арзонтар ба Русия мераванд.

Сокини шаҳри Хоруғ Нусайрӣ Пирмамадов, ки як ҳафта аст, барои харидани билет назди хазинаҳои билетфурӯшӣ меояд, гуфт, фарзандаш бемор аст ва бояд таъҷилан барои табобат ба Русия барад, аммо аз сабаби гаронии нарх наметавонад билет дастрас кунад.

Ӯ гуфт, ки аз хазинаҳои билетфурӯшии «Агентии алоқи ҳавоӣ» ба ӯ гуфтанд, ҳамаи билетҳоро дигар хазинаҳои билетфурӯшӣ харидаанд, акнун ихтиёрашон аст, ки бо кадом нарх мефурӯшанд.

– Вақте аз билетфурӯшони дигар нархи билетро пурсидам, аз 10 то 12 ҳазор сомонӣ гуфтанд. Мардум кор намекунад, аз куҷо ин қадар маблағ меёбад?! Мардум ҳам ба Русия барои саёҳат намеравад. Барои кор мераванд, ки аз гуруснагӣ намуранд. Як тартибу низом нест. Мардум намедонад чӣ кор кунад. Мақомот ҳамеша мегӯянд, фурӯши билетҳоро зери назорат гирифтаанд, лекин ҳеҷ натиҷаашро намебинем. Ҳоло мардум бо пули худаш наметавонад ба муҳоҷират равад, — мегӯяд Н. Пирмамадов.

Ҳамсуҳбатони дигари мо ҳам аз нархи гарони билет ва мушкилоти дастрасии он гуфтанд. Онҳо қайд карданд, бо вуҷуди он ки нархи билетҳои парвозҳо то 500 доллар аст, вале нуқтаҳои билетфурӯшӣ як билетро аз 10 ҳазор сомонӣ зиёд ба мардум пешниҳод мекунанд.

1000 кас талабгори як билет

Маълум аст, ки бо дарназардошти талаботи аҳолии Тоҷикистон ба кор дар Русия ва омилҳое мисли бекориву нодорӣ дар як ҳафта ду маротиба парвоз кардани ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Маскав кифоя нест. Сомонаи «Your.tj» менависад, ки ба ҳар як билети ҳавопаймои Тоҷикистон ба Русия  дар ин хатсайр 1000 нафар талабгор ҳастанд.

Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба «Азия плюс» гуфтаанд, ки зиёд кардани хатсайрҳои маъмулӣ ба Тоҷикистон вобаста нест. Чунин тасмимро ситоди мубориза бо паҳншавии коронавируси Русия гирифтааст.

— Тоҷикистон омодабошии пурраи худро барои барқарор кардани хатсайрҳои маъмулӣ ҳанӯз моҳи июни соли гузашта ба ҷониби Русия пешниҳод карда буд. Аммо Русия тасмими барқарор кардани хатсайрҳоро моҳи апрели соли 2021 ва танҳо барои ду парвоз дар як ҳафта гирифт, – гуфтааст сардори ААГ Икром Субҳонзода.

Вай таъкид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон омодаи кушода шудани ҳамаи хатсайрҳо аст.

Аз ин пештар қайд гардида буд, ки роҳандозии хатсайрҳо ба барқарор шудани алоқаи ҳавоии мунтазам байни кишварҳо оғоз бахшида, бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, “бар асоси қарорҳои дахлдор” дар бораи зиёд кардани парвозҳо тадбирҳо рӯи даст гирифта мешаванд.

Коршиносон сабаби зиёд накардани парвозҳо байни Тоҷикистон ва Русияро ба масъалаи сиёсӣ рабт медиҳанд.

Коршиноси мустақили тоҷик Нуралӣ Давлат гуфт, ки сабаби асосии ҳавасманд набудани Русия ба боз кардани роҳҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон номуайян будани шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст.

Билет 4 ҳазор ё 15 000?

То кунун чандин навори норозигии сокинон дар мавриди нархи билети парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Маскав ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки нархи билетҳо ба як самт ва бозгашт аз он (ҳар ду самт) набояд аз 500 доллар зиёд бошад. Аз ин пештар нархи билетҳои парвози чартерӣ ҳам аз 300 то 500 доллар муқаррар шуда буд, аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, нархи билетҳо бамаротиб зиёдтар аст. Вақте аз яке аз хазинаҳои билетфурӯшӣ нархи билетро барои наздиктарин парвоз пурсидем, гуфтанд 15 470 сомонӣ аст.

Мақомоти ҳавонавардии кишвар гуфтаанд, билетҳои ҳавопаймо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯхта мешаванд ва чӣ гуна фурӯхтан кори онҳо аст.

— Мутобиқи қонуни амалкунанда, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ бо агентҳои фурӯш шартнома мебанданд ва билетҳои ҳавопаймоиро мефурӯшанд. Ин ба салоҳдиди ширкати ҳавопаймоӣ аст, онҳо худашон нақтаҳои билетфурӯширо интихоб намуда, бо онҳо шартнома мебанданд, баъди ин нуқтаҳои билетфурӯши ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки билетҳои онҳоро фурӯшанд, — гуфтааст И. Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавонавардии «Utair» дар чаҳор нуқта билет мефурӯшад ва «Сомон Эйр» танҳо дар як нуқта – нуқтаи билетфурӯшии «Агентии алоқаи ҳавоӣ» дар Душанбе ба фурӯхтани билет машғул аст. Ҷое, ки то охири моҳи июн аллакай ҳамаи билетҳо фурӯхта шудааст.

Ҳамсояҳо арзонфурӯшанд

Рӯзи 5-уми апрел дар як ҷаласаи вижа раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва нуқтаҳои фурӯши билет хост, «билетҳоро аз нархҳои муайянкардашуда гаронтар нафурӯшанд, вагарна нисбат ба онҳо чора мебинанд». Огоҳие, ки масъаларо ҳал карда натавонист.

То ба ҳол мақомоти қудратии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо «ба таври сунъӣ нархи билетҳои ҳавопайморо баланд карданд, ки он боиси хашми шаҳрвандон шудааст». Ҳарчанд гуфтугузорҳо дар мавриди гарон фурӯхтани билет зиёд ҷой доранд.

Расонаҳо сабаби аслии гаронии билетро дар Тоҷикистон таҳти монополия қарор доштани соҳа менависанд. Чанде пеш Радиои «Озодӣ» дар як тадқиқоти журналистии худ навишт, ки “Агентии алоқаи ҳавоӣ”, ки танҳо ҳаққи фурӯши билетҳои парвози мунтазами “Сомон Эйр”-ро дорад, ба наздикони ҳукумат тааллуқ дорад ва яке аз монополистони соҳа аст.

Тавре маълум гардид, нархи парвозҳои маъмулии Тоҷикистон ба Русия нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гаронтар аст. Агар нархи парвоз аз Душанбе ба Маскав 4051 сомонӣ бошад, нархи парвоз аз Ӯзбекистон ба Русия 1972 сомонӣ, аз Қирғизистон ба Русия 1133 сомонӣ, аз Қазоқистон ба Русия 2295 сомонӣ ва аз Туркманистон ба Русия 2405 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ниҳоят, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дод, ки дар мавриди гарон будани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ хулосаҳои худро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.

Ба ҷои хулоса

Дар як соли охир, ки сарҳадҳо баста буданд, вазъи молии мардуми кишвари мо, ки асосан аз ҳисоби муҳоҷират рӯз мебаранд, бад шудааст. Зимни суҳбат бо мо шаҳрвандони зиёде бо афсурдагӣ мегуфтанд, вазъи зиндагиашон хуб нест ва бояд ҳатман ба Русия раванд.

Гаронии нархи билет низ, тавре расонаҳо ва коршиносон мегӯянд, ба монополистони соҳа вобаста аст. Тавре аз мушоҳидаи маълум шуд, нархҳои парвоз дар дигар кишварҳо дар муқоиса бо кишвари мо арзонтар аст. Ҳоло ки нархи парвоз расман 4050 сомонӣ асту он ҳам дастрас нест, мушкили дигаре, ки муҳоҷиронро дар Русия домангир аст, ёфтани ҷои кор ва омода кардани ҳуҷҷат аст, ки он ҳам маблағи гаронро талаб мекунад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки беҳтар аст дар кишвар ҷойиҳои корӣ омода кард, то мардум ба кор машғул шаванд, аммо муҳоҷирон дар ин андешаанд, шумораи парвозҳо ба Русия зиёд карда шаванд ва дар баробари ин фурӯши билетҳо озод ба роҳ монда шавад. «Бояд дар амал ғами мардумро хӯрд, на ба воситаи шиорпатоиҳои популистиву холӣ», — гуфт як нафаре, ки азми муҳоҷират дошт ва маро ба ҳайрат овард.

Мазҳаб Ҷумъа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here