Воқеаҳои охири ҳамсоякишвар — Афғонистон, ки дар маҷмӯъ барои тоҷику тоҷикистониён ба маънои том дарси ибрат маҳсуб мешаванд, сиёсати духӯраи абарқудратҳо ва ташкилоту созмонҳои “бонуфуз”-и байналмилалиро аз зовияи нав рӯнамоӣ кард.   

Қаблан дар матлабе навишта будам, ки  бардошту шинохти мо доир ба Аврупо, мардуми Аврупо, демократияи аврупоӣ ва “рисолат”-и  ташкилотҳои “ҳомӣ”-и ҳуқуқи инсон ба таҳлилу хулосаи асоснок камтар рабт дорад. Дар баъзе маврид нодида мегирем, ки “чизе барои мағрибӣ қобили қабул аст, барои машриқӣ  ба марг баробар мебошад”.

Таъкид намуда будам, ки на дар ҳама ҳолат демократияи Аврупо он демократияе аст, ки роҳбарияти давлатҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои «муваззафгардида» тарғиб,талқин ва таҳмил менамоянд.

Аз ҷониби дигар, чунин амалкард амри табиӣ аст, зеро сиёсат ва бархӯрди тамаддунҳо инро тақозо дорад.

Дар матлаби зер кӯшиш ба харҷ додам, ки мухтасар ҳаводиси Афғонистон, бетафовутии ташкилотҳои мазҳакаофар ва зери хок шудани демократияро  бидуни “кафан”-у “ҷаноза” ба риштаи таҳлил кашам.

ЯГОНА РОДМАРДИ МАЙДОНИ ҲАРБ, Ё ЧАРО  ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҚОБИЛИ  МАҶРОАНД ?

Воқеияти ин гуфта хеле пештар собит гардида буд. Дар замоне ки аксар давлатҳо ба проблемаи Афғонистон “аз паси панҷа” менигаристанду боқимонда пайи амалӣ намудани аҳдофи геополитикӣ аз тариқи ҳузур пайдо намудан дар ин кишвар “ҷаҳду талош” доштанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайомади қазияи ин ҳамсоякишвар ҳушдор дода буданд.

Дар ҳоле ки сарварони кишварҳои олам вобаста ба ҳаракати “Толибон” созишкориро пеша намуда, қисмати дигар интизори фарҷоми қазияанд,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни мулоқот бо  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мавқеи хешро, ки комилан фарқкунанда аст, муайян намуданд.

Хулоса:

  1. 1. Бо ибрози он ки “тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”, Роҳбари мамлакат тоҷикони Афғонистонро, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таври шоиставу бесобиқа ҳимоя карданд.
  2. Бори дигар собит шуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои тоҷикони ҷаҳон баҳри ҳифзи манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои тоҷикон собитқадаманд.
  3. Сарвари давлати мо беҳтару бештар аз дигарон медонанд, ки «Толибон» ба ҳеҷ ваҷҳ неруи мустақил ва ягона набуданду нестанд. Онҳо василае ҳастанд дар дасти соҳибонашон, ки онҳоро кумаки моддӣ ва низомӣ мекунанд.
  4. Ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои манфиатдор, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд.
  5. Бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.
  6. Амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад.

ХИТОБ БА ТАШКИЛОТҲОИ ҲОМӢИ ҲУҚУҚ: АЯЯЯ ВА  ҲАЙФИ ШУМО !

“Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд”.

Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ баён гардид, ҳикмату воқеияти  зиёдеро ба маъраз гузошт.

Пешвои миллат барҳақ иброз намуданд, ки “Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад”.

Воқеан ҳам, дар робита ба вазъи Афғонистон бетафовутиро ихтиёр кардани ташкилотҳое, ки барои пишаки касеро сахт пишт гуфтан дар  давлатҳои рӯ ба инкишоф садо баланд мекарданд, мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шармсории масъулини онҳо гардид.

Ин ташкилотҳо, ки аз тариқи “раддабандӣ” мунтазам  аз мавҷудияти “маҳдудияти динӣ” дар кишвари мо нигаронӣ менамуданду “талаб” пеш мегузоранд, ки ин ё он маҳбусро филфавр озод кунед, чаро дар мавриди зери по шудани кулли арзишҳо дар  Афғонистон хомӯшанд?

Созмонҳои “дилсӯз”-е, ки аз тадбирандешиҳо дар мавриди пешгирии ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос дар байни занону духтарони тоҷик нороҳат шуда, ба Ҳукумат тавсия медоданд, магар аҳволи занони афғонро намебинанд?

Куҷост САҲА, ки доир ба вазъи ин давлати ҷангзада гузориш  омода ва намояндагони Ҷабҳаи муқовиматро дар ҷаласаҳояш болонишин кунад?…

ИРОДАИ ҚАВИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЯГОНА ФОРМУЛАИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ АФҒОНИСТОН

Дар ин марҳилаи ҳассос ашхосе “зуҳур” карданд, ки бо вуҷуди аз кӯчаи сиёсат ва дипломатия нагузаштан,  “устод ва пандгӯю пайи эрод шуда”, дар рафтору гуфтор ва кирдорашон  популизми сиёсиро меҳвар қарор доданд.

Хушбахтона, неруҳои солимфикри ҷомеа дар дохил ва хориҷи кишвар  ибтикори вобаста ба ин қазия амалишударо дурусту саривақтӣ арзёбӣ карда, ҳамраъйии худро иброз намуданд.

Аз ҷумла, дар ин бора 21 октябр Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд. Ба гуфти ӯ, ҳайати ҳукумате, ки аз ҷониби «Толибон» таъсис ёфтааст асосан аз қабилаи паштун иборат аст.

«-Аммо дар он ҷо тоҷикон ҳастанд.  Ва аз рӯи ҳисобҳои гуногун аз 40 то 47 фоизро ташкил мекунанд. Ин хеле зиёд аст», — афзуд Президенти Русия.

Дар нишасти Москва, ки чанде пеш доир шуд, намояндагони Хитой, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, бо вуҷуди  қаблан муғойират доштани  назару ибтикорашон ба мавқеи кишвари мо суханҳоеро иброз намуданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду моҳ қабл — замони ба қудрат расидани “Толибон”  таъкид карда буданд.

Суханони вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей  Лавров “ташкили ҳукумати воқеан фарогир дар Афғонистон ягона роҳи расидан ба сулҳи пойдор  аст”, — далели ин гуфта мебошад.

Номбурда пеш аз баргузории ҳамоиш ҳадафи онро “талоши роҳ надодан ба буҳрони башарӣ  дар Афғонистон” арзёбӣ карда буд, ки ин иқдом низ идомаи мантиқии ибтикори дар робита ба ин қазия пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар чорабинии фавқ аз ҷониби дигар иштирокчиён низ ин талаб садо дод, ки ҳукумати нави Афғонистон бояд иборат аз намояндагони ҳама гурӯҳҳои қавмиву динӣ ва сиёсӣ бошад. Масалан, намояндаи махсуси Президенти Ӯзбекистон Исматулло Иргашев гуфт: «Яке аз шартҳое, ки баъди иҷрои он Ӯзбекистон метавонад, ҳукумати “Толибон”-ро дар Афғонистон эътироф кунад, таъсиси сохторҳои давлатие аст, ки ҳамаи нерӯҳои сиёсии афғонро фаро гирад». Ӯ таъкид кард, ки «Ҷумҳурии Ӯзбекистон то ин замон имкони эътирофи ҳукумати муваққати “Толибон”-ро намебинад».

Андешае, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд…

Чунин ранг ва самт гирифтани корбори дигар собит кард, ки иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат қулфкушои мушкилоти дохиливу минтақавӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин маврид мисолҳо хеле зиёданд, вале ман бо овардани чанд мисол, ки “қатрае аз баҳр аст”, иктифо менамоям:

Маҳз иродаи қавии сиёсӣ замина фароҳам овард, ки  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд.

Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке ҳазор маҳсули ин ирода аст. Ба шарофати он тоҷику тоҷикистониён бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавафшон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Дар замоне ки аксар “сиёсатмадорон”-и аз эъмори давлат “дасту дил шуста”, пайи чанд қисмат кардани кишвар меандешиданд, маҳз иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз  гардад.

Иродаи сиёсӣ ин абармардро таҳрик бахшид, ки новобаста аз хавфи зиёд, борҳо ба минтақаҳои доғ, аз ҷумла, Афғонистон, сафару ба мухолифон, бо вуҷуди гузаштаи бениҳоят пурдоғашон, гузашт  кунанд. Касе наметавонад инкор намояд, ки маҳз дар ин замина сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид.

Ба шарофати иродаи қавии сиёсии Роҳбари давлат аркони фалаҷгаштаи давлатӣ эҳё ва пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд.

Иродаи қавии сиёсии Президент зимни бунёди нерӯгоҳҳо, роҳу нақб ва дигар иншооти барои мардум зарурӣ, ки сохтани аксари онҳоро дар замони давлати абарқудрати Шӯравӣ ғайриимкон дониста буданд,  ҳалкунанда буд. Нақби “Истиқлол ва НБО-и “Роғун” “муште аз хирвор”  вобаста  ба андешаи фавқ  мебошад.

Ин ирода баҳри муайяннамоӣ, расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат низ  таҳрикбахш аст.

Муҳиму  беназир он аст, ки сиёсати хориҷии кишвари мо  ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, аз  иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки мавқеи Сардори давлати мо вобаста ба ин қазияи Афғонистон  ягона формулаи  ҳалли мушкилоти ҳамсоякишвар ва пешгирии пайомадҳои ин раванд ба ҳисоб рафта, пайравӣ ва ба эътибор гирифтани он аз ҷониби кишварҳои сайёра заруру ногузир аст.

“ТОЛИБОН — «ТИФЛ» И ҒАЛАТИВУ БА НОЗ ПАРВАРДАИ АБАРҚУДРАТҲО

Айни замон дар миқёси ҷаҳон бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ба авҷи аълои худ расида, зиракии сиёсиро аз даст додани аҳолии баъзе кишварҳо ин равандро беш аз пеш шиддат бахшидааст. Агар дар кишварҳои қитъаи Аврупо ин раванд аз тариқи «инқилобҳои ранга» амалӣ гардад, пас дар кишварҳои Шарқ рӯйи кор овардани равияҳои иртиҷоӣ ҳамчун «восита» -и «ба мақсад расидан» хеле васеъ истифода мешавад.

“Толибон” аз ҷумлаи ҳаракатҳое  маҳсуб меёбад, ки дар ин замина рӯйи кор омадаву эҷоди фитна, тафриқаандозӣ миёни мусулмонон, таълим ва тарғиби андешаву равияҳои экстремистӣ, табаддулоти давлатӣ  ва ғайра ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.

Ин ҳаракати ифротгаро, ки «тифл» -и ба ноз «парварда» -и кишварҳои манфиатдор маҳсуб меёбад, барои дастёбӣ ба мақсадҳои муғризона истифода шуда, дар замиинаи созишҳои пинҳонӣ  ба сари қудрат омад. Онҳо бӯйе аз сиёсату одамият набурда, аз назокатҳои давлатдорӣ комилан бехабаранд.  Бо дарназардошти “нерӯ”-и зеҳние, ки “нухбагон”-и ин ҳаракати иртиҷоӣ доранд, мутмаинам, ки ояндаи наздик дар давлатдорӣ ноком ва  шарманда хоҳанд шуд.

Аз омӯзиши таърихи пайдоиш ва моҳияти ташкилоти террористии  зикршуда маълум гардид, ки он аз оғоз ба тундгароиву ифротгароӣ пайванди ногусастанӣ дошту дорад. Дар давраи муайян бо «кӯмак» -и «хоҷаҳои хориҷӣ ин ҳаракат тамоюлҳои зиёди манфиро касб намуд, ки «самара» -и онро ҷомеаи ҷаҳон мушоҳида намуда истодаанд.

Ҷанбаи нигаронкунанда он аст, ки афкори созмондиҳандагони чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар дохили Афғонистон ҳамовозӣ пайдо намуда, таъсири ин раванд ба амнияти миллӣ ҳалокатовар гардид. Бегуфтугӯ, идеяҳои чунин ташкилотҳо аксар маврид аз тариқи дини мубини Ислом ба зеҳни мардум интиқол меёбад.

Агар амиқ мавзӯъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари абарқудратҳо маҳз он кишварҳоеанд, ки мардум ба ақоиди динӣ «майл» -и бештар доранду зудбоваранд.

Ба ибораи дигар, дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини Ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ аз ақоиди динӣ ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода менамоянд.

Хулоса ин аст, ки аз ҷониби абарқудратҳо идеологияҳои зарурӣ  «ихтироъ» ва миёни мусалмонон  паҳн шуда,  дар сурати аз даст додани зиракии сиёсӣ метавонанд рисолати хешро «сарбаландона» иҷро намоянд.

ХИЗМАТИ ХИРСОНАИ ТОЛИБОН: “МУСУЛМОН ФОҚАМАСТУ ҶАНДАПӮШ АСТ”

Ба “шарофат”-и “Толибон” ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ибораи «Ислом ба зоти худ надорад айбе» камтаваҷҷуҳ шуда, муътақид гардид, ки «мусалмонон фоқамасту ҷандапӯш» ва ифротианд.

Нигарон аз онам, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла, Афғонистон  дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифта,  рӯзе  нест, ки ба ин иттилои нав илова нашавад.

Бояд дарк намоем, ки  маҳз “махсусият”-ҳое, ки  зери ниқоби дини Ислом абарқудратҳо дар Афғонистон талқин ва таҳмил намуданд, боис гардид, ки ин кишвар ба майдони ҷанг табдил ёбад.

Боиси нигаронӣ ва таассуфи ҳар фарди мусалмон бояд бошад, ки аксари ҳолат ба «осиёб» -и чунин давлатҳову гурӯҳҳо маҳз  кишварҳои мусалмонӣ,  «об рехта истодаанд».

Вазъи кунунии ҳамсоякишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсикунӣ ва ба терроризм рабти бевосита додани Ислом ба як маъракаи густурда табдил ёфтааст. Дар ин раванд зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии «ҳадафрас» шудани тасмимҳои беруна  гардидааст.

Ин андешаи инфиродии банда набуда, дар заминаи таҳлили амиқу доманадор аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ низ ироа шуда буд.

Ин ки “Толибон” аз моҳияти дин ва нақши он огоҳ нестанду миёни дин ва хурофот тафриқа намегузоранд, далели раднопазир мебошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ наворҳои зиёде, ки ин ҷанбаъро собит менамоянд, мечарханд.

ТОҶИКИСТОНКИШВАРИ КАЛИДӢ ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Чанде пеш Пешвои миллат ба Подшоҳии Белгия ва Франсия сафар карда, бо масъулини Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ва Президенти Франсия  мулоқот карданд.

Дар ҷараёни сафар тавсеаи муносибат дар бахшҳои ояндадори энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, робитаҳо дар бахши маориф ва ҳамкории дуҷонибаро дар бахши амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин зимн, ҷонибҳо ҳангоми мулоқот ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хосса намуданд.

Моҳиятан сафари мазкур силии навбатӣ  ба рӯи нотавонбинони миллату давлати тоҷик аст. Зеро, қаблан баъзе “коршиносон”-и мустақил ва тоҷикони “аврупоишуда” аз кам шудани таваҷҷуҳ ва тамоюли манфишавиро касб намудани назари масъулини кишварҳои аврупоӣ ва ташкилоту созмонҳои молиявии олам ба кишварамон “нигаронӣ” карда, ба ин васила – бо сафсатапароканӣ ва ҳарзагӯӣ то андозае худро “хунук” карданд.

Ин “бузург”-он намедонанд ва ё нодида вонамуд мекунанд, ки дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки як даҳсола пеш ба имзо расидааст, робитаҳои тарафҳо дар ҳоли тақвияту тавсеа аст.

Бамаврид аст,  ёдовар шавем, ки дар доираи  Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маориф лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион евро татбиқ шуда истодаанд.

Ба андешаи инҷониб, сафари мавриди назар дастоварди навбатии дипломатияи мо ва далели бебаҳси бениҳоят баланд будани обруву нуфузи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Хуб дар хотир дорем, ки қаблан сафари собиқ Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба кишварамон низ дар сатҳи хубу сифати баланд сурат гирифта, натиҷаи сафар ва таассуроти меҳмонон комилан мусбат буд.

Барои ман минҳайси як тоҷик аз забони Доналд Туск шунидани он ки: “мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи доштани чунин Сарваранд», хеле хушоянд ва боиси ифтихори беандоза  аст.

Қобили таваҷҷуҳ он аст, ки пазироии гарму самимии Пешвои миллат дар Аврупо “айш” -и нотавонбинонро талх кард. Собит гардид, ки нухбагони Аврупо дар бораи кишвари мо, шахсият ва  нақши Пешвои миллат дар умури сиёсати олам маълумоти кофӣ ва асоснок доранду маҳз аз ин зовия амал мекунанд. Биноан, бо бечоранолӣ ва таҳрифи далелу арқом ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон онҳоро гумроҳ кард,  ё гӯл зад.

Аз ҷониби дигар, эътироф шуд, ки ҷойгиршавии минтақавии Тоҷикистон аз нуқтаи стратегӣ муҳим буда, он нақше, ки Тоҷикистон байни Аврупо ва Осиё мебозад, барои шарикии замонавӣ роҳҳои навро боз мекунад.

Дар робита ба ин Пешвои миллат чанд сол қабл таъкид карда буданд, ки: “Равобити ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи соҳибистиқлолии давлати мо бар пояи усулҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум, эҳтирому эътимод ба якдигар ва риояи манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, дар маҷрои созанда бомаром рушд карда истодаанд”.

Авзои пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир, хосса, ҳаводиси Афғонистон  исбот намуд, ки Тоҷикистон кишвари калидии мубориза ба терроризм ба ҳисоб рафта, пешрафти иқтисодӣ, сиёсии минтақа, таъмини амнияти кишварҳои минтақаи Аврупо маҳз ба мубориза бо терроризм рабт дорад.

МАҲБУБИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РАШКИ НОТАВОНБИНОН

Дар шароите тамом ба шарофати иродаи сиёсӣ, мавқеи устувор,  содиқу арҷгузор будан ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ обрӯву нуфузи бе ин ҳам баланди Пешвои миллат тамоюли болоравиро касб кардааст, нотавонбинон бо сафсатапарокании худ мехоҳанд  “офтобро бо домани ҳарири худ пӯшонанд”…

Таассуфовар аст, ки дар чунин марҳилаи ҳассос нотавонбинон, ки то баногӯш дар гуноҳ ғарқанд, аъмоли бади худро идома дода, бори дигар собит намуданд, ки “дар ғами чарбу” буданду ҳастанд.

Рашки занона ба обрӯву нуфузи Пешвои миллат ноҷавонмардиву нотавонии  ин тоифаро бори дигар ба намоиш гузошт. Норозигии ин қабил, ки гӯё мухолифон маҳсуб мешаванд, моҳиятан “дарди кампир ғӯза аст”.

Ин аст, ки дилхоҳ ибтикори аз ҷониби Пешвои миллат амалигардида ба “пӯст”-и нотавонбинон “кайк меандозад”. Оташи рашкашон аланга мезанад, намедонанд худро чӣ хел “сабук” созанд. Ин қабил, ки бо роҳнамоиву машварати хоҷаҳо худро “нофи замин” мепиндоштанд, бояд эътироф кунанд, ки “сайд”-е онҳо тасмими шикор доштанд, мардуми шарифи Тоҷикистон барвақт ҳазм кардаанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҳайси Роҳбари давлат тавонистанд, бар мабнои ҷасорату садоқат, поквиҷдонӣ ва сарсупурдагӣ пешрафти мамлакат, такомули миллат ва амнияти давлатро таъмин намуда, “умед”-ҳои нотавонбинонро барбод диҳанд.

Ҳаводиси Афғонистон собит намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба шахсиятҳое, амсоли  Пешвои миллат сахт ниёзманд аст.

Ин Абармард раҳбари фидокор ва хастагинопазир, сиёсатмадори мутааҳҳид ва мутавозеъ маҳсуб шуда, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳқири миллат, тавҳини давлатдорон ва номардумиҳоро таҳаммул карда наметавонанд.

Аз ҷониби дигар, дурӯғ гуфтан ва иттиҳом задан ба Пешвои миллат аз тарс ва рашки душманони заифу номард гувоҳӣ медиҳад.

Далели бебаҳс аст, ки Пешвои миллат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқ, ба қавлашон устувор буда, тамоми ибтикорашон бо мадди назар доштани манфиатҳои милливу давлатӣ амалӣ мегардад.

Ин фарзанди фарзонаи миллат баҳри ободонии Меҳан бар мабнои арзишҳои олии инсонӣ ҷаҳду талош доранд, на ба масоили ҳошиявӣ ва фаръӣ.

Заруру ногузир аст, ки тоифаи мавриди назар низ дар пайравӣ ба аҳли сайёра самимияту садоқат, ҷасорату масъулиятшиносии шахсияти нотакрор ва сиёсатмадори дар ақсои олам эътирофшуда — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дарк ва арҷгузорӣ намоянд!!!

 Далер Абдулло,

муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”,

 махсус барои «Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here