Ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо бо изҳори нигаронӣ мехоҳем нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз якуми сентябри соли 2020 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2020 чанд сухан бигӯем.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аризаи даъвогии мо – Исмоилов Д. А., Исмоилов Д. Д., Исмоилов Д. Н. ва Исмоилова Б. Қ. бо ҷавобгарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстӣ, Идораи кишоварзии ноҳияи Дустӣ ва Хоҷагии деҳқонии тухмипарварии “Фарух”-и ноҳияи Дӯстӣ оид ба беэътибор донистани Қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ №349 аз 30-юми марти соли 2020 ва уҳдадор намудани Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати қабул намудани қарор дар бораи ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Наврӯз-2019” ба массоҳати 4,34 га қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои Хоҷагии деҳқонии тухмипарварии “Фарух”-и ноҳияи Дӯстӣ рад карда шудааст.

Ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 1-уми сентябри соли 2020 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2020 бинобар ба инобат нагирифтани талаботи кодексҳо, КМИ ҶТ, сарфи назар намудани қонунҳои асосии соҳаи баҳси мазкур, мавриди таҳлил ва ҳамчун далели асосии баҳси мазкур баҳои ҳуқуқӣ надодани ҳалномаҳои судии пештар баромада, ки қувваи қонунӣ доранд ва яктарафа будан, бо асосҳои зерин бекор карда шаванд.

Мо Исмоилов Д. А., Исмоилов Д. Д., Исмоилов Д. Н. ва Исмоилова Б. Қ. ҳалномаи судро 24-уми сентябри соли 2020 аз суд дастрас намуда, муҳлати овардани шикояти кассатсиониро нагузаронидаем.

Суди иқтисодии вилояти Хатлон пеш аз ҳама ҳалномаи худро бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо асоснок накарда, баёноти бардурӯғи тарафҳои манфиатдор ва қарори нодурусти баъд аз мавриди баҳс қарор додани заминҳои хоҷагӣ бо мақсади ба гумроҳӣ бурдани суд баровардашударо далели асосӣ ҳисоб карда, нодуруст ҳалнома баровардааст.

Тибқи талаботи моддаи 4 КМИ ҶТ суд дахлдорӣ, ҷоизӣ, саҳеҳии ҳар як далел, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмуъ баҳо медиҳад, аммо суди зинаи якум ҳалномаҳои баровардашуда ва то имрӯз қувваи қонунӣ доштаро умуман ба инобат нагирифта, нодуруст ҳалнома баровардааст. Чунки баҳси мазкур аз соли 2016 идома дошта, то баровардани ҳалномаи нодурусти суд зиёда аз 2 ҳалнома ва дигар санаду қарорҳои дахлдор ба фоидаи мо бароварда шудааст, ки то имрӯз қувваи қонунӣ дорад.

Дар асоси талаботи моддаи 63 КМИ ҶТ ҳама гуна маълумоти бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ба даст овардашудае, ки дар асоси онҳо суди иқтисодӣ мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои асоснокшудаи талабот ва норозигии шахсони иштироккунандаи парванда, инчунин дигар ҳолатҳоеро, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, муқаррар менамояд, далелҳо оид ба парванда мебошанд.

Далелҳои хаттӣ ва шайъӣ, баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, хулосаҳои экспертҳо, нишондоди шоҳидон, сабти овоз ва видео, дигар ҳуҷҷату мавод далел буда метавонад.

Аммо суди зинаи якум масъалаи давомнокии баҳси моро, ки аз соли 2016 идома дорад ва ҳалномаҳои қувваи қонунӣ доштаи судҳоро умуман ҳамчун далели асосӣ баҳои ҳуқуқӣ надода, ғайриқонунӣ даъвои моро рад намудааст. Чунки дар рафти ҳалли баҳси мазкур дар соли 2018 ҷавобгар бо мақсади ба гумроҳӣ бурдани суд ва дигар мақомоти давлатӣ бе розигии мо ҳамчун аъзои хоҷагии деҳқонӣ хоҷагиро тухмипарварӣ ҳуҷҷат кардааст, ки ин аҳд аз лаҳзаи баста шудан беэътибор аст.

Тибқи талаботи моддаи 70 КМИ ҶТ суди иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.

Суди иқтисодии вилояти Хатлон умуман талаботҳои қонунҳо ва ҳалномаҳои қувваи қонунӣ доштаро дар ҳалномаи худ асос накарда, танҳо қарори ғайриқонунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯсти №394, аз 30-юми марти соли 2020-ро асоси ҳалномаи худ ва далели асосӣ ҳисобида, бе асос даъвои моро рад намудааст.

Суди зинаи якум ботинан баҳо надодааст, ки мо зиёда аз 4 сол аст барои ҳалли баҳси мазкур муроҷиатҳо намуда, ҳама муроҷиатҳо ба фоидаи мо ҳал гардида, то имрӯз ҳиссаи хоҷагии худро бо дахолати ғайриқонунии ҷавобгар гирифта истифода бурда натавониста истодаем, ки ба мо зарари калони моддӣ ва маънавӣ расонида шудааст, аммо бе асос даъворо рад намуда, моро суд дар асоси ин ҳалномаи худ маҷбур намуда истодааст, ки рафта дар хоҷагии ҷавобгар кору фаъолият намоем, ҳол он ки, қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ моро ҳуқуқ додааст, ки метавонем саҳми худро алоҳида карда мустақилона истифода барем.

Дар суди иқтисодии вилояти Хатлон муддати чанд рӯз мурофиаи судӣ идома дода шуда, аз тарафи мо далелҳои асоснок пурра пешниҳод гардид, ки умуман дар ҳалномаи судӣ қайд нагардида, танҳо ваҷҳҳои беасоси даъвогар пурра дар ҳалнома омада, далели асосии баҳси мазкур ҳисобида шудааст.

Дар асл Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯсти бе сабаб моҳ ва сол кори моро кашол дода, бо сабабҳои ба мо номаълум заминҳои саҳми моро, ки бо ҳалномаи суд тасдиқ шудааст, ҷудо карда надода, дар охир ғайриқонунӣ қарор баровард, ки барои бекор кардани он ба суд муроҷиат намудем. Суд бо сабабҳои ба мо номаълум дигар ҳалномаҳои судиро, ки қувваи қонунӣ доранд, инкор карда, танҳо ба қарори ноҳияю ваҷҳҳои беасоси даъвогар ҳалнома қабул намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои моро сарфи назар намудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 68 Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суди иқтисодӣ аз рӯи парвандаи қаблан баррасигардида муқаррар шудаанд, ҳангоми аз ҷониби суди иқтисодӣ баррасӣ кардани парвандаи дигар, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешаванд.

Аммо суди зинаи якум чунин талаботи қонунро умуман ба инобат нагирифта, баҳсеро, ки пеш бо ҳалномаҳои судӣ ҳалли худро ёфтааст, такроран мавриди баррасӣ қарор дода, нодуруст даъвои моро рад намудааст.

Суд дар ҳалномаи худ асос овардааст, ки гӯё қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ дуруст буда, мо наметавонем аз ҳисоби заминҳои тухмипарварӣ ҳиссаи худро гирем, чунки танҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо метавонем аз ҳисоби заминҳои тухмипарварӣ ҳиссаи худро гирем. Гӯё ҷавобгар хоҷагии деҳқонии тухмипарварии “Фарух” аз декабри соли 2018 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагии деҳқонии тухмипарварӣ шудааст, ки дар ин асос гӯё мо наметавонистаем ҳиссаи худро гирем.

Қонун қайд менамояд, ки аҳдҳое, ки бо роҳи фиреб ва қалбакӣ баста шудаанд, аз лаҳзаи баста шудан беэътибор мебошанд. Чунки мо аз соли 2016, яъне 2 сол пеш аз Қарор оид ба тухмипарварӣ шудани хоҷагии деҳқонии “Фарух” ба сохторҳои дахлдор ва суд оид ба аъзои хоҷагӣ будан ва гирифтани ҳиссаи худ муроҷиат намудаем, ки дар асоси ҳалномаҳои судӣ даъвои мо қонеъ гардидааст. Аммо ҷавобгар мақомоти дахлдор ва судро ба гумроҳӣ бурда, соли 2018 ғайриқонунӣ бе розигии мо ҳамчун аъзои хоҷагӣ ва бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҷагӣ мавриди баҳс қарор дорад, хоҷагии худро тухмипарварӣ гузаронидааст.

Талаботи қонун ва қарорҳое, ки суд асоси ҳалномаи худ қарор додааст, дар он ҳолат далели асосии ҳалномаи мазкур ҳисоб мешуд, ки хоҷагии деҳқонии “Фарух” то муроҷиати мо ба суд ба баровардани ҳалномаҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагии тухмипарварӣ эътироф мегардид. Аммо ҷавобгар баъд аз он ки мо аъзои хоҷагӣ талаб намудем, ки ҳиссаи мо ҷудо карда дода шавад ва нисбати талаби мо санадҳои дахлдор ва ҳалномаҳои суд баромад, бо роҳи фиреб хоҷагии деҳқонии худро хоҷагии тухмипарварӣ эътироф намуд.

Агарчи дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №611 аз 29-уми декабри соли 2020 хоҷагии деҳқонии “Фарух” ҳамчун хоҷагии деҳқонии тухмипарварии элит ва репродуксионӣ ба ҳисоб намеравад ва ҳамчун истеҳсолкунандаи гуруҳи тухмии элита ба қайд гирифта нашудааст. Чунки тибқи талаботи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тухмипарварӣ” тухми элита ва репродуксиониро шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки ҳамчун истеҳсолкунандагони гуруҳҳои алоҳидаи тухмӣ ба қайд гирифта шудаанд, истеҳсол менамоянд.

Дар ин асос ҳалномаи суди зинаи аввал нодуруст буда, инчунин як масъаларо такроран мавриди баҳс қарор дода, бар хилофи талаботи қонун ва қарор ҳалнома баровардааст. Чунки хоҷагии тухмипарварии “Фарух” бо роҳи қалбакӣ тухмипарварӣ эътироф шуда, дар ин хоҷагӣ ё қарори он қайд нагардидааст, ки тухми элита ва репродуксионӣ тайёр карда мешавад ва Мақомоти иҷроияи ноҳияи Дӯстӣ метавонист, ки ҳиссаи моро ҷудо намуда диҳад.

Инчунин дар ҳалнома омадааст, ки гӯё ҷавобгар аз ҳисоби заминҳои хоҷагии тухмипарварии “Фарух” ба мо замини хоҷагӣ пешниҳод кардааст ва мо розӣ нашудаем. Агар хоҷагӣ тухмипарварӣ бошад, барои чӣ ҷавобгар метавонистааст аз ҳисоби заминҳои хоҷагии тухмипарварӣ ба мо замини хоҷагӣ ҷудо карда диҳаду мо наметавонистаем ҳиссаи худро пурра ҷудо карда гирем ва хоҷагии мо низ дар оянда хоҷагии деҳқонии тухмипарварии “Навруз” мебошад.

Колегияи судии марҳилаи кассатсионӣ хулосабарории суди марҳилаи якумро оид ба он, ки Қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ №349 аз 30-юми марти соли 2020 дуруст ва асоснок ҳисобидааст, ки мутлақо мухолифи талаботи моддаи 68 Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин асос ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 1-уми сентябри соли 2020 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2020 бармаҳал ва ғайриқонунӣ буда, бояд бекор карда шавад.

Мутобиқи талаботи моддаи 280-и КМИ ҶТ, Суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ парвандаҳоро дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Дар маҷлиси судӣ шахсони иштироккунандаи парванда, намояндагони онҳо ва дигар шахсоне, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардаанд, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, иштирок менамоянд.

Тибқи талаботи моддаи 281-и КМИ ҶТ бошад, асосҳо барои бо тартиби назоратӣ бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ ба таври ҷиддӣ вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ мебошад.

Ба инобат нагирифтани талаботи Созишнома “Оиди савдои озод” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар таърихи 10-уми январи соли 1996 ба имзо расидааст ва ин қонуншиканиро сарфи назар кардани суд ҳангоми қабули санади судӣ ба таври ҷиддӣ вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ мебошад.

Бинобар асосҳои дар боло овардашуда ва бо дастрасии моддаҳои 272, 273, 276, 280, 281 ва 283 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд хоҳиш менамоем, ки ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 1-уми сентябри соли 2020 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2020 бо сабаби бармаҳал ва нодуруст будан бекор карда шуда, парванда барои баррасии нав ба ҳамон суд дар ҳайати дигар равон карда шавад.

Д. ИСМОИЛОВ, даъвогар, М. ҚОДИРОВ, намояндаи ваколатдор, вилояти Хатлон, ноҳияи Дустӣ, ҷ/ш 2-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д. Куҳдоман

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь