Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ман – Мадаминова С. бо фарзандонам, келинҳоям ва набераҳоям 38 сол мешавад, ки истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Ю. Ҷӯраев, хонаи №24 мебошем. Ман 12.10.2020 тӯй кардаму барои писари хурдиам Раҳмонов Фарҳод келин овардам. 22.10.20 судиҷрочиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бе ягон асос мо – 11 нафарро аз хона ба кӯча ронданд. Ҳол он ки, дар ҳалномаи судиҷрочиён танҳо 4 нафар буду халос.

Судиҷрочиён бо ман дағалона рафтор карданд. Дар натиҷа фишорам баланд шуду мошини ёрии таъҷилӣ маро ба беморхона бурд. Агар чунин намешуд, аз хона берун намебаромадам. Маро ки ба беморхона бурданд, судиҷрочиён аз фурсат истифода бурданд. Ман аз судиҷрочиён пурсидам, ки “канӣ ордерат?”. “Ку ҳалномаро хон” гуфтам. Судиҷрочӣ ба ман ҷавоб дод, ки “ба ному фамилияи ман корат набошад”. Ва маро аз китфам тела дод. Аз ҳамон вақт инҷониб мо дар кӯча, аз ин дар ба он дар сарсону саргардон шуда гаштаем.

Хоҳари шавҳарам Турсунова Оимнисо аз Комилова Т. доллар қарз гирифтаву манзили истиқоматии маро ба гарав монда будааст. Ман аз ин ҳол тамоман хабар надорам. Лекин, бо вуҷуди ин, судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саидаҳамадзода моро аз манзили истиқоматӣ кӯчонд.

Ман 3-юми ноябри соли 2020 ба Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ариза навиштам. Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навиштам. 25-уми ноябри соли 2020 нашрияи “Фараж” мақолаи “Хистеварз: маълумоти қалбакии тақдирсӯз”-ро чоп кард. Раҳмат ба чунин мухбирони поквиҷдону далер. Ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иброҳимзода Ф. К. аз фишори “протсентчиҳо”-ю доллардорҳо натарсида, аз болои тасдиқномаи қалбакӣ сохтаҳо парванда кушод. Раҳмат ба чунин ҷавонони далеру шуҷоъ.

Ман моҳи декабри соли 2020 ҷавоби прокуратураро гирифта, ба Суди вилояти Суғд ариза навиштам. Ҷавоб омад, ки якто ҳуҷҷат намерасад. Вақте ман ҳуҷҷатро супоридам, мувофиқи замима буд. Баъди муҳлати дуру дароз ҷавоб омад. Дуюм бор такроран ариза супоридам. Ин дафъа ҳам баъди муҳлати дуру дароз ҷавоб омад, ки аз тарафи судя Набизода беэътибор дониста шуд.

Ман пул ки надорам, аризаам рӯирост беэътибор дониста шуд. Мегӯянд, ки дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров калимаи “адолат” тамоман нест. Ба ҷои “адолат” “разолат”-у “зӯроварӣ” мисли алафи “аҷириқ” реша давондаанд. Судяҳои вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров на аз Худо метарсанду на аз қонун. Ман акнун фаҳмидам, ки “истисмори одам” аз тарафи одам шудааст. Ман шунида будам, ки модар бо 4 фарзандаш худро ба дарё партофтааст, ё худашро оташ задааст. Ин беҳуда набудааст. Мисли ман модарони бепулу бедоллар аз азоб худашонро ба доми марг мезадаанд. Охир, кай Худо ва қонун ҷазои чунин судяҳоро медода бошанд!?

Судяҳои вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хизматгори “протсентчиҳо”-ву доллардорҳо мебошанд. Агар ман ҳам монанди Комилова Т. доллар медоштам, кӯча ба кӯчаву дар ба дар азоб кашида намегаштам.

Бинобар ҳамин, мо – 11 нафари дар кӯча мондаву дар ба дар азобкашидаро танҳо Шумо, Ҷаноби Олӣ, мефаҳмед ва оҳи модари гирёнро Шумо дарк мекунед. Хоҳишмандам, барои ҳалли боадолатонаи мушкили як нафар модари гирёни азобкашида кумаки худро расонед.

С. МАДАМИНОВА,

сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь