Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ, ман аз қонунвайронкуниҳои мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ ба дод омадам ва Шуморо ягона нафаре медонам, ки ба доди мардуми оддӣ мераседу ҳақро ба ҳақдор мерасонед.

Қазия чунин аст, ки банда тибқи талаботҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар санаи 18-уми июли соли 2013 аз Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рудакӣ фурӯшгоҳи №26, воқеъ дар деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаро харидорӣ кардам. Иншооти мазкурро, ки масоҳати умумиаш 92,5 метри мураббаъро ташкил медиҳад, дар асоси шартномаи хариду фурӯш, таҳти №3 ДШ258 худи ҳамон рӯз дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи мазкур ба расмият даровардам. Баъдан дар хусуси истифодаи қитъаи замини назди фурӯшгоҳ ба унвони раиси ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кардам. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи замин аз 12-уми марти соли 2014 “Дар бораи вобаста намудани қитъаи замин” таҳти №245, қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба тасвиб расид. Дар ин муддат ман, ҳамчун соҳибкор, аз рӯи дастуру супоришҳои Шумо, муҳтарам Президенти кишвар, кӯшиш кардам, ки қитъаи замини вобасташударо самаранок истифода бурда, барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи диёр заҳмати дучанд ба харҷ диҳам. Баъдан бинобар сабаби вазъи нокифояи молӣ барои васеъ кардани тиҷорат ва хизматрасонии хубу босифат ба аҳолии деҳаамон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Русия сафар кардам. Дар ғарибӣ чанд сол азобу сахтиҳои зиёдро пушти сар карда, маблағ ба даст овардам. Ба ватан баргашта, хостам орзуҳоямро амалӣ созам. Бо ин мақсад моҳи феврали соли 2019 барои азнавсозии мағозаам ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кардам. 26.02.2019, таҳти №698 қарори раиси ноҳия ба тасвиб расид ва ман 13-уми сентябри соли 2019 расман иҷозати сохтмон ва азнавсозии фурӯшгоҳро ба даст овардам.

Ҷаноби Олӣ, бо азми ҷиддӣ ва ояндаи неки худу фарзандон, ҳамчунин ба ифтихори 30-солагии ҷашни бузурги миллат — Истиқлолияти давлатии ватани азизам Тоҷикистон пойдевори фурӯшгоҳро бино кардем, аммо муддати 1 сол боз собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, ки дар шафати мағозаи ман бинои чойхона дорад, дар сохтмони бинои фурӯшгоҳам монеа эҷод карда истодааст. Сабаби асосии эҷоди монеа дар сохтмони бинои фурӯшгоҳи мо он аст, ки ҷаноби Афзалов намехоҳад мағозаи нави мо дар як қатор бо чойхонаи ӯ қарор дошта бошад ва талаб дорад, ки мо онро дар ҷои аввалааш, ки чанд метр қафотар буд, бунёд созем. Гап сари он аст, ки соли шӯравӣ, замони фаъолияти мағоза дар сохтори Ҷамъияти матлубот, дар назди он барои ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирӣ аз сӯхтор ҳавзи об мавҷуд буд. Бо мурури замон, баъд аз хусусӣ шудани мағозаҳои гирду атрофи ҳавз он аз байн рафт ва дохили ҳавз пур карда шуда, ба замини ҳамвор мубаддал гардид. Бинобар ин, ман тибқи талаботи қонун бо ариза ба МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кардам ва бо қарор қитъаи замини атрофи бинои мағоза дар ҳаҷми 233 метри мураббаъ ба ман вобаста карда шуд.

Ҷаноби Олӣ, сабаби махсусан ба Шумо муроҷиат кардани инҷониб он аст, ки Ғайбулло Афзалов ба синну солаш нигоҳ накарда, бо истифода аз мансабу ёру ошноҳояш ба ман фишор оварда истодааст. Ӯ мехоҳад, ки ман аз ҳақу ҳуқуқи худам ба манфиати ӯ даст кашам. Ҳатто тариқи телефони нафаре, ки чойхонаашро ба иҷора гирифтааст, маро таҳдид карда, дашномҳои қабеҳ дод. Баъдан як шахсро равон кард, ки ӯ худашро ронандаи Афзалов муаррифӣ кард ва рафта кормандони милисаро овард. Муддати якчанд моҳи охир Ғайбулло Афзалов оид ба бекор кардани қарорҳои дар бораи истифодаи қитъаи замин гирифтаи ман ба прокуратура ва ШВКД-и ноҳияи Рӯдакӣ чанд бор муроҷиат кардааст. Баъдан, 22-юми майи соли равон аз прокуратура, эксперти Идораи заминсозии ноҳия ва фарзанди Афзалов ба макони баҳсӣ омада, ҳуҷҷатҳои маро санҷида, онҳоро қонунӣ ҳисобида рафтанд. Вале тақрибан пас аз як моҳ кормандони кумитаи замини ноҳияи Рӯдакӣ қарори бекор кардани ҳуҷҷатҳоямро оварданд.

Муҳтарам Президент — ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, сабаби асосии эътирози ғайририқонунии прокуратура ва қабул гардидани қарори ғайриқонунии раиси кунунии ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода таҳти рақами 996 аз 3-юми июни соли 2021 дар хусуси ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замини ба ман вобасташуда муроҷиатҳои пай дар пайи беасоси Ғайбулло Афзалов мебошад. Ӯ бо ҳар роҳу воситаи ғайриқонунӣ ба прокуратура ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ фишор оварда истодааст. Қаблан ман нисбат ба эҷоди монеагӣ аз ҷониби оилаи Афзаловҳо дар мавриди бунёди сохтмони мағозаамон ба Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ арз карда будам. Рӯзи 22-юми феврали соли равон бо имзои прокурори ноҳия Давлатзода Ҳ. Ҳ. посух гирифтам. Дар он гуфта мешавад, ки прокуратура аризаи моро мавриди санҷиш қарор додааст ва муайян кардааст, ки байни мо вобаста ба замини атрофи мағозаҳоямон баҳс мавҷуд аст. “Мувофиқи талаботи моддаи 47-и Кодекси замини ҶТ баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд баррасӣ карда мешаванд”. Ин ҷо суол ба миён меояд, ки агар фишороварӣ ва дахолати Афзалов набошад, пас чаро прокурори муҳтарам Давлатзода Ҳ. аввал баҳсро ба суд ҳавола мекунаду баъдан ҳалномаи судро интизор нашуда, 25-уми майи соли равон ба қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ, таҳти рақами 245, аз 12-уми марти соли 2014 “Дар бораи вобаста намудани қитъаи замин ба шаҳрванд Назаров Л. Э.” ва №698, аз 26-уми феврали соли 2019 “Дар бораи додани иҷозат барои лоиҳакашии азнавсозии маркази савдо ва хизматрасонӣ ба шаҳрванд Назаров Л. Э.” эътироз оварда, талаб мекунад, ки “қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шавад»? Магар ин аз рӯи талаботи қонун аст?

Суоли дигар ба прокурори ноҳияи Рӯдакӣ он аст, ки чаро санаи 22-юми май, вақте ки намояндаи прокуратура бо писари Ғайбулло Афзалов аз макони баҳсӣ дидан карданд, ягон камбудӣ наёфтанд? Онҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дуруст гуфта рафтанд, вале боз прокурори ноҳия Давлатзода аз болои қарори раиси қаблии ноҳияи Рӯдакӣ эътироз овардааст?

Аз рӯи амали прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Давлатзода Ҳ. Ҳ. санаи 18-уми июни соли равон ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем, то масъалаи баҳсиро мӯшикофона дида бароянд ва ба баҳс нуқта гузошта шавад, вале мутаассифона, бо гузашти ду моҳ аз муроҷиатамон ҳеҷ посухе нагирифтем.

Муҳтарам Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мо соҳибкорон Шуморо ягона ҳомии худ мешуморем. Ҳамаи суҳбату вохӯриҳоятонро бо соҳибкорон тариқи оинаи нилгун тамошо карда, шукронаи ободии диёр ва дастгирии падаронаи Шуморо мекунем. Дар ҳама баромадҳоятон таъкид месозед, ки соҳибкорон бояд дастгирӣ ёбанд ва дар ободию гул- гулшукуфоии диёр саҳим бошанд. Аммо мутаассифона, бархе аз мансабдорон, ба монанди собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов бо сӯйистифода аз мақоми худ дар пешрафти кори мо монеа эҷод мекунанд, ки ин амал боиси дилшикастагӣ ва руҳафтодагӣ мегардад.

Бо истифода аз ин минбари озод аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки дар ҳалли қонунии қазия ба ман кумак кунед.

Лутфулло НАЗАРОВ,

сокини деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here