Ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ муҳтарам  Юсуф Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ муҳтарам М. Қаландарзода

Шавҳарам Абдуллоев Яҳё соли 1999 сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро ба истифодаи бемуҳлат барои бунёди ҶДММ “Сифат” соҳиб шуданд. Замини бекорхобидаро коркард карда, бо меҳнату хароҷоти зиёд дар ин замин аз соли 2000 бунёди корхонаи зикршударо оғоз карданд. 15-уми августи соли 2000 таҳти №Р-37 аз ҷониби Вазорати адлия ба шавҳарам шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҶДММ “Сифат” дода шуд. Корхона ғайри бинои маъмурӣ дорои бинои чӯббурӣ буда, тибқи шиносномаи тахникӣ таҳти №18175 ва 18176 ба номи ҶДММ “Сифат” ҳамчун истифодабаранда ба қайд гирифта шудааст.

Моликияти ҶДММ “Сифат” будани бинои маъмурӣ ва коргоҳи чӯббурӣ бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд (19.11.2005) тасдиқи пурраи худро ёфтааст. Коргоҳи чӯббурӣ аз аввали бунёдаш то ҳозир ба ягон хел бинои истиқоматӣ табдил дода нашудааст. Аммо аз сентябри соли 2006 ҷавобгарон Умаров И. ва Ҷумаева Н. коргоҳи чӯббурии ҷамъиятро ба хонаи истиқоматӣ табдил дода, бе ягон сертификат ё ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар он ҷо зиндагӣ карда истодаанд. Онҳо ягон хел аъзои Ҷамъият нестанд ва ба таъкидҳои пайвастаи роҳбари ҶДММ нигоҳ накарда, ба кори корхона монеагиҳо пеш оварда, намехоҳанд он ҷоро тарк кунанд ё ба ҷои дигар кӯчанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки байни тарафҳо ягон шарномаи иҷора баста нашудааст ё ҳадди ақал ягон ваъдаи лафзӣ сурат нагирифтааст.

Аз маълумотномаи идораи нотариалии ш. Истаравшан таҳти №944 аз 24.11.2009 бармеояд, ки моликияти ҶДММ “Сифат” моликияти хусусии ин Ҷамъият буда, аз тарафи Ҷамъият ҳамасола аз рӯи амвол андозҳои давлатӣ, аз ҷумла андози замин то ҳамин вақт пардохт шуда истодааст. Афсӯс, ки ҳолатҳои мазкур аз тарафи Комиссияи қонунигардонии молу мулки шаҳри Истаравшан аз 5-уми июни соли 2009 ва шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк аз 6-уми юни соли 2009 таҳти №2613 ба инобат гирифта нашудааст. Аз ин сабаб бе таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолатҳои воқеии баҳси мазкур, ки ҳуҷҷатҳои дар маводҳои парванда мавҷуда тасдиқ менамоянд, бе ба назар гирифтани қарорҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи марҳилаҳои гуногуни судҳои иқтисодии ҶТ ва бе ягон мувофиқакунонӣ ба хулоса омада, ба онҳо нодуруст шаҳодатномаи қонунигардонӣ додааст. Мувофиқи ин шаҳодтнома гӯё ҷавобгар МИҲД-и ш. Истаравшан ва ҳамҷавобгарон Умаров И. ва Ҷумъаева Н. соҳибмулки моликияти баҳсӣ мебошанд.

Мурофиа бо мурда

Шавҳарам Абдуллоев Яҳё 18-уми феврали соли 2019 дар синни 65-солагӣ вафот карданд. Дар ин бора шаҳодатномаи вафот ҳаст. Аммо коллегияи судии марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии ҶТ дар ҳайати раисикунанда Аминзода З. Т., судяҳо Мирзозода П. Т. ва Қаландарзода М. С. 29-уми январи соли 2020 баъди як соли вафот ба шахси фавтида “мурофиаи судӣ”доир карда, эътирози ҷавобгарон МИҲД-и шаҳри Истаравшан, ҳамҷавобгарон Умаров И. ва Ҷумаева Н. қонеъ гардонид.

Оё бо марҳум мурофиаи судӣ доир кардан мумкин аст? Модоме, ки баҳс байни ду ҷониб аст, чаро дар мурофиа як ҷониб иштирок мекунанд ва бо гузашти беш аз 10 сол шикояти онҳо қонеъ карда мешавад?

Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи талаботи моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ (аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ ба тариқи назоратӣ) “Шикоят ё эътирози назоратӣ дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ ба тариқи назоратӣ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати шаш моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо пешниҳод гардад”.

Аммо судяҳои Суди Олии иқтисодии ҶТ ин талаботи қонунро зери пой карда, расо баъди 10 сол бе иштироки мо — моликони ҶДММ “Сифат” ҳалномаро ба манфиати ҷавобгарон бароварда додаанд.

Ин ба кадом талаботи қонун рост меояд? Магар таъкидҳои Пешвои миллат ба гӯши кормандони зикршуда намерасад? Ё барои онҳо “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”?

120 бор мурофиа шуду 120 хел ҳалномаву ҳолат рух дод

Беш аз 120 бор мурофиаи судӣ шуд, ки ҳар суд “қонун”-и худро доштааст. Ҳол он ки ибораи “қонун барои ҳама баробар”-ро зиёд мешунавему мехонем, аммо…

Ин ҳам дар ҳолест, ки Пешвои миллатамон дар ҳар баромади худ оид ба дастгирии соҳибкорон, ташкили корхона ва ҷалби бекорон бо ҷои кории доимӣ таъкидҳои судманд мекунанд. Ба таъмини адолати судӣ судяҳоро муваззаф мекунанд. Хоса мо сокинони кишвар умед аз адолати судӣ дорем. Аммо хилофи таъкидҳои Сарвари кишвар ва талаботи қонун ҳалнома баровардани судяҳои судҳо, бахусус Суди Олии иқтисодӣ водор мекунад, ки арзамонро тариқи ВАО ба самъи онҳо расонем.

Дар даст қарори раиси шаҳри Истаравшан оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои созмон додани корхонаи “Сифат”-ро дорем:

Қарори маҷлиси саҳмдорон, Оиннома ва сертификати ҷамъият, Варақаи иҷро ба ҳалномаи Суди шаҳри Истаравшан аз соли 2005, Варақаи иҷро, Шиносномаи техникӣ, Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ А.№003252, Санадҳои иҷрочиёни суд дар солҳои 2009-2018, Иқтибос аз феҳристи ягона, Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ №0210002471, Ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 29.11.2005, Таъиноти судии муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ аз 07.11.2012, Қарори марҳилаи апелятсионӣ аз 22.05.2012 ва даҳҳо ҳалномаҳои дигари судӣ. Магар коллегияи судии марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии ҶТ дар ҳайати раисикунанда Аминзода З. Т., судяҳо Мирзозода П. Т. ва Қаландарзода М. С. пеш аз эътирози ҷавобгаронро қонеъ кардаву ба манфиати онҳо ҳалнома баровардан ҳуҷҷатҳои зикршударо ба инобат нагирифтанд? Ё талаботи моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ (аз нав баррасӣ намудани  санадҳои судӣ ба тариқи  назоратӣ), ки муҳлати эътирозро шаш моҳ муқаррар кардааст, шаш моҳро ба шаст сол кашонданиянд? Куҷост адолати судӣ? Куҷост риоя шудани талаботи қонунҳо? Куҷост виҷдони одамию судягӣ? Магар нафароне, ки баъди марги мардам ба Ҷамъияти мо мисли кана часпидаанд, тарс аз худо надоранд?

Раҳматова Мавлуда,

 Сокини ш. Истаравшан, к. Абдураҳмонов, хонаи 32

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here