Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари милисае, ки аз тири калашников дар бинои ШВДК-и ноҳияи Панҷ кушта шуд, тафтиши қазияро ноодилона хонда, хостори тағйири мақоми тафтишкунандаи қазия шудаанд.

Холиқназар Ҷумъаев, амаки афсари кушташуда Меҳроншо Ҷумъаев, хабар дод, ки рӯзи 10-уми март ба Президенти кишвар, Прокуратураи генералӣ ва прокурори вилояти Хатлон муроҷиат карда, дархост карданд, ки парвандаи қазияи бародарзодаашро аз прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта, ба истеҳсолоти Прокуратураи генералӣ ё Прокуратураи вилояти Хатлон диҳанд.

“Мо ҳанӯз 4-уми март, ба прокурори генералӣ муроҷиат карда, дархост намуда будем, ки ба хотири ба таври холисона, беғарозона ва пурра гузаронидани тафтишот парвандаро аз прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта ва ба ягон прокуратураи дигар супоранд, зеро ҳодиса дар бинои ШВКД Панҷ сурат гирифта, гумонбар дар куштор сокини ноҳияи Панҷ аст ва ба назари мо шахсони манфиатнок дар ин ҷо зиёданд ва метавонанд ба кори тафтишот дахолат кунанд. Вале на танҳо дархости мо қонеъ нашуд, балки ба он бо гузашти як моҳ ҳато посух нагуфтанд”, – мегӯяд манбаъ.

Ба гуфти наздикони марҳум баъди шинос шудан бо парвандаи ҷиноӣ дарёфтаанд, ки парванда пурра ва ҳаматарафа тафтиш нашудааст.

“Мо ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Прокуратураи генералӣ ва Прокуратураи вилояти Хатлон бори дигар муроҷиат карда, хоҳиш кардем, ки ба хотири одилонаву беғаразона ба анҷом расонидани тафтишот, парванда аз прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта ба прокуратураи вилояти Хатлон дода шавад. Айни замон танҳо гумонбар дар куштор ҷавобгар шудааст. Дар ин қазия роҳбарияти ШВКД ва масъулини қисми назорати яроқу ивази навбатдорон низ барои роҳ додан ба хунукназарӣ назди қонун бояд ҷавоб бигӯянд. Баъдан бандубасти парванда бояд аз рӯи модаи 104 (куштор) оғоз ва тафтиш мешуд, мутаассифона, тафтишот онро бар асоси моддаи 108, қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) оғоз кардааст», –  изҳор кард Х.Ҷумъаев.

Наздикони милисаи марҳум мегӯянд, ки афсари милиса, лейтенанти калон Меҳроншоҳ Ҷумъаев, ки ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хидмат мекард, соати 4-и субҳи 7 феврал аз тири старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, дар ҷойи кор, яъне дар дохили бинои ШВКД Панҷ кушта шуд. Ба қавли онҳо, старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ба сӯи марҳӯм ду тир паррондааст, ки яке ба Меҳроншоҳ бархӯрда, ӯро дар ҷойи ҳодиса куштааст ва тири дигар хато рафта, ба шифт бархӯрдааст.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ нисбати Амирзода Насим Абдукарим, старшинаи милитсия бо моддаи 108, қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) парванда боз кардаааст, ки акнун гуфта пешавад тафтиши он ба поён расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь