Қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти № 14075 аз 23. 12 2003 “Оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон ба шаҳрванд Юсупов Мансур” баромад ва ин қарори баҳсбарангез боиси ба миён омадани баҳси шаҳрвандӣ байни мо сокинони бинои 90-и микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд ба Юсупов М.  шуд.

Беш аз 15 сол боз ҳалли шаффофи худро наёфтани баҳси шаҳрвандии мо бори дигар фаъолияти МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро зери суол мебарад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадаи худ оид ба таъминоти адолати судӣ ва саривақт баррасӣ кардани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъкидҳои судманд мекунанд.

Барои  сохтмони бинои истиқоматии №90 дар асоси қарори Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) таҳти № 403 (аз 23.10.1987) барои сохтмони бинои истиқоматии коперативӣ, Кооперативи сохтмонии “Гулистон” ба масоҳати умумиии 5270 метр кв.  ҷудо карда шуд, ки аз ин 3239 м. кв. зери бино ва 2031 м. кв барои ободонӣ аст.

Истифодабарандаи асосии замини бино ва атрофи он мувофиқи қонун, пеш аз ҳама худи Кооперативи сохтмонии  “Гулистон” ва мо аъзоёни кооперативи мазкур мебошем.

Ҳамчунин дар асоси Қарори Маҷлиси умумии Кооперативи сохтмонии “Гулистон” таҳти №1-47 (аз 05.03. 1990)  қитъаи замини байни блогҳои “А” ва “Б”-и бинои №90 ба аъзои оилаи мо — Маликовҳо ва оилаи Ҷалоловҳо барои ободонию қабудизоркунӣ вобаста карда шуда буд. (Протоколи ҷаласа 05.03. 1990 инро тасдиқ мекунад).

23.12.2003 қарори  ғайриқонунии раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №1092 баромаду  ба шахси тасодуфӣ Юсупов М. ки аслан  аъзои Кооператив нест барои сохтмони мағоза замин ҷудо кард ва бо ҳамин протоколҳои ёдшударо сарфи назар кард. Раисе, ки ин қарорро баровард, оё медониста бошад, то замоне ба ин протоколҳо бо розигӣ ва ҷаласаи якҷояи аъзоёни Кооператив тайғир дароварда нашавад, қарор бовардан хилофи қонун аст?

Имзои шахси се сол пеш фавтида “қувваи қонунӣ” гирифт

Ҳамчун аъзои Кооперативи сохтмонии “Гулистон” баъди ин қарори нодурусти раиси шаҳри Хуҷанд барои  ба даст овардани қитъаи замини барои оилаамон ҷудошуда ба мақомоти дахлдор ариза кардам. Дар рафти таҳлили мақомоти коррупсия ва дигар сохторҳо маълум шуд, ки Юсупов аз номи истиқоматкунандагони бинои №90 ва собиқ раиси Кооперативи сохтмонии “Гулистон”  Пошохӯҷа Ботуров, ки 31.12.2000 фавтидааст, (маълумотномаи шӯъбаи САҲШ-и шаҳри Хуҷанд инро тасдиқ мекунад) баъди се соли маргаш протокол оид ба гӯё розӣ будани сокинони бино ба бунёди мағоза тартиб додааст. Дар протоколи аз номи одами фавтида тарбитдодаи Юсупов имзои чанде аз истифоматкунандагони бино ҳаст, ки ин ҳам мисли имзои марҳум Ботуров қалбакӣ мебошад.

Юсупов аз фурсати дар ба дари мақомоти суди давутоз карда, адолати судиро ҷустани мо истифода бурда, рӯз то рӯз ба сохтмони бинои мағоза дилпуронатар ҳаракат мекард ва гӯё бино баҳсӣ набошад, сафи сохтмончиёнро зиёд ва корро ҷоннок мекард. Саволи матраҳ ин аст: Ӯ бо дилпурии кӣ ё чӣ дар замини ғайриқонунӣ сохтмон кард? Ё мақоли маъмулии “Пулат бошад дар ҷангал ҳам шурбо ҳаст” дар ин баҳси мо сармашқи кори Юсупов шудааст?

Коррупсия сохтакории Юсуповро ошкор кард, аммо…

14-уми декабри соли 2016  нозири калони БТН-и Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Ҷ.Ҷ. Саломзода санҷиши коррупсионӣ гузаронидааст, ки аз он қарор иқтибос меорем:

“Дар навбати худ аз ҷониби Юсупов М.  бо мақсади сохтакории ҳуҷҷати расмии ҳуқуқдиҳанда ва минбаъд соҳиб шудан ва қитъаи замин дидаю дониста, ки қитъаи замини талабшуда ба  заминҳои КСИ “Гулистон ” мансуб мебошад ва бояд розигии аъзоёни Кооперативи мазкур гирифта шуда, ба Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд пешниҳод шавад. Тахминан моҳи октябри соли 2003 ба шахси ба санҷиш номаълум протоколи маҷлиси аъзоёни кооперативи номбурда, ки сокинони бинои №90 мебошанд ва гӯё дар иштироки 42 нафар ҳамчунин раиси Кооператив Ботуров Пошохӯҷа, котиби маҷлис Ботурова Меҳриҷон ва дигарон маҷлис баргузор шуда, аъзо оиди аз тарафи Юсупов барои сохтани мағоза розигӣ дода бошанд, бо роҳи сохтакорӣ тартиб дода, баъдан протоколи мазкурро ба 42 нафар пешниҳод ва онҳоро ба гумроҳӣ бурда, имзои онҳоро гирифтааст.

Минбаъд барои шакли қонунӣ додани протоколи мазкур ба хонаи марҳум Ботуров рафта бо писари ӯ Ботуров Ботурхӯҷа маслиҳат намуда, гӯё  ҳамсари номбурда Ботурова Меҳриҷон дар маҷлиси номбурда ҳамчун котиб иштирок карда бошад, имзои охиринро гирифтааст. Ғайр аз ин охирон дидаю дониста, ки падарарӯсаш Ботуров соли 2000 вафот кардааст, ба имзои охирон монанд карда, бо роҳи сохтакорӣ имзо гузошта, бо мӯҳри Кооператив протоколи мазкурро тасдиқ ва ин ҳуҷҷати баръало қалбакиро барои истифодаи минбаъда ба Юсупов М. супоридааст”.

Ин таҳлили мақомоти коррупсия хурсандибахш буд, аммо қарори он ки “Маводҳои санҷишӣ нисбати Ботуров Ботурхӯҷа, Ботурова Меҳриҷон ва Юсупов Мансурҷон бинобар гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шавад” умеди моро барбод дода, боиси боз ҳам сарсонтар шудани оилаи мо гашт.

Хатои суди марҳилаи якум сабаби баҳс шуд

Ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 02.12 2014 ба даъвои ман нисбати МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, Юсупов Мансур, Кумитаи заминсозии шаҳрии Хуҷанд ва шахси сеюм Кооперативи сохтмонии «Гулистон» бо вуҷуди аз номи шахси се сол пеш фавтида имзо ва асос карда, соҳиби сертификат шудани Юсупов боз ба манфиати ӯ баромад. Ин мафиатҷӯӣ боис шуд, ки аз Юсупов  аз фурсат истифода бурда, барои пинҳон мондани ҷиноятҳои сохтакорияш моҳи ноябри соли 2015 бинои баҳсиро ба номи Ҳалима Ёқубова ҳамчун ҳадя ба расмият даровард. Бо вуҷуди он, ки бино ба номи каси дигар шуд, аммо бо роҳи сохтакорӣ соҳиби сертификат шуданаш дигар нашудааст.

Мӯҳтарам прокурори генералӣ, раиси Суди олӣ, илтимос ба доди мо сокинони бинои № 90-и маҳаллаи 8-и шаҳри Хуҷанд расед. Санадҳои ғайриқонунии мақомоти судиро, ки гоҳ ба манфиати мо гоҳ ба манфиати Юсупов бароварда мешуданд, баррасӣ кунед ва ба ин баҳси беш аз 15-сола нуқтаи ниҳоӣ гузоред. Умедворем волоияти қонунро таъмин намуда, адолати судиро барқарор мекунед.

Маликова Мусабехон Дадоҷоновна,

истиқоматкунандаи маҳаллаи 8-и Хуҷанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here