Ба Прокуратураи генералии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ё чӣ гуна раис ва котиби ҷамоати Хистеварз 11 нафарро аз дафтари хоҷагӣ гум” карданд ва иҷрочиёни суд ба қонуну ба тақдири шаҳрвандон заррае эътибор надоданд)

Ман – Мамадаминова Сифат Усмоновна санаи 6-уми ноябри соли 1983 бо шаҳрванд Раҳмонов Раҳмон Манонович оиладор гардида, соҳиби се фарзанд мебошем.

Пас аз хонадоршавӣ ман ҳамчун узви оилаи шавҳарам ба манзили зист воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Колхозчӣ (ҳоло Ю. Ҷӯраев), хонаи № 24 маскун шудам ва дар ин суроға то инҷониб истиқомат ва зиндагонӣ менамоям. Ҳамаи фарзандонам дар ин манзил таваллуд шуда, ба воя расидаанд.

Дар давоми зиндагии якҷоя ҳамроҳи шавҳарам дар ин манзил 2 (ду) адад хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон бунёд намудем.

Шавҳарам Раҳмонов  Р. М. санаи 11-уми июни соли 1998 бинобар беморӣ вафот намуданд. Баъди вафоти марҳум шавҳарам, манзили истиқоматиро воқеан истифода ва ихтиёрдорӣ намуда истодаем ва то инҷониб ҳамроҳи аҳли оилаам дар он ҷо зиндагонӣ дорем.

То инҷониб аз ҷониби ман ва фарзандонам таъмири ҷории сохтмонҳои дар манзили истиқоматии баҳсӣ ҷойдошта, карда шуда истодааст.

Яъне муддати  37 (сиву ҳафт) сол мешавад, ки мо – фарзандону келинҳои хонавода аз лаҳзаи таваллуд ва оиладор шудан то инҷониб, дар манзили болозикр истиқомат ва зиндагонӣ дорем ва истиқоматкунандагони муқимӣ мебошем.

Ҳамчунин қайд намудан бамаврид аст, ки аз лаҳзаи дар ин манзил истиқомат намудан ва то инҷониб ҳамаи маблағҳои андоз ва пардохтҳои коммуналӣ аз ҷониби мо пурра пардохт карда мешавад.

Ҳолати дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Ю. Ҷӯраев, хонаи № 24 аз соли 1983 дар қайди ҷои зист қарор дошта, то инҷониб истиқомат ва зиндагонӣ намуданамон бо маълумотномаи Бойгонии ҳисоби хоҷагии байниидоравии ҳуҷҷатҳои шахсии назди МИҲД-и ноҳияи Б. Ғафуров таҳти № 2347 аз 23.10.2020, маълумотномаи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров таҳти №771 аз 27.10.2020 ва санади аҳли маҳаллаи ҷои истиқомат аз 27.10.2020 тасдиқ ва исботи худро меёбад. уҷҷатҳои мазкур дар идораи нашрия маҳфузанд).

Дар асоси ҳалномаи Суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 16-уми апрели соли 2020 аризаи даъвогии Комилова Тӯтинисо нисбати Турсунова Ойимнисо ва Раҳмонова Шамсинисо дар бораи кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Ю. Ҷӯраев, хонаи № 24 қонеъ карда шудааст.

Гарчанде дар манзили истиқоматии болозикр мо аз соли 1983 доимӣ ва мунтазам бо ҳамроҳии фарзандону оилаҳои худ истиқомат ва зиндагонӣ намоем ҳам, аммо новобаста аз ин ҳолат мо дар бораи баргузор шудани мурофиаи судӣ бо аризаи даъвогии болоӣ хабар надоштем.

Вале мо иборат аз 11 (ёздаҳ) нафар аъзои оила, ҳарчанд дар мурофиаи судӣ ҷалб нашуда бошем ҳам, дар асоси ҳалномаи судӣ аз манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи болозикр санаи 22-юми октябри соли 2020 аз ҷониби иҷрочиёни хадамоти  иҷро дар ноҳияи Б. Ғафуров кӯчонида шудем. Яъне мо танҳо рӯзи 22-юми октябри соли 2020 дар бораи мавҷуд будани чунин парванда ва қабул гардидани чунин ҳалномаи судӣ бохабар гардидем.

Аз ҳалномаи судӣ аз 22-юми октябри соли 2020 бармеояд, ки соҳибмулки манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Ю. Ҷӯраев, хонаи № 24 дар асоси шартномаи хариду фурӯш таҳти № 3 Ш-32 аз 8-уми сентябри соли 2016 шаҳрванд Комилова Тӯтинисо Абдухалиловна ба шумор меравад.

Тибқи қисми 6-и шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ дар хонаи истиқоматии мазкур мувофиқи тасдиқномаи ҷамоати деҳоти Хистеварз аз 9-уми августи соли 2016 таҳти № 7846 шахсони зерин – Норматова Фариза, Норматова Лазина ва Норматов Сунатулло қайди зист доранд. Яъне аз тасдиқномаи мазкур дида мешавад, ки дар манзили истиқоматӣ гӯё танҳо 3 (се) нафар ва ҳамаи аъзои як оила ҷои қайд дошта, дигар ягон нафар мавҷуд намебошад.

Дар асл бошад, мо аз соли 1983 ва аз лаҳзаи таваллуд дар қайди ҷои зисти манзили истиқоматӣ қарор дошта, ҳангоми аз ҷониби шахсони масъули ҷамоати деҳоти Хистеварз додани маълумотномаи болоӣ низ мо 11 (ёздаҳ) нафар дар қайди ҷои зист будем ва то ҳол қарор дорем. Яъне, ин маълумотномаи қалбакии ҷамоати деҳот натанҳо моро дарбадар кард, балки оғози як баҳси давомдори судӣ гардид, ки табиист ба рӯҳияи мо ва саломатии мо таъсир мерасонад.

Дар маълумотномаи ҳамин ҷамоат аз соли 2016 ин ёздаҳ нафари “фаромӯшшуда” ҳастанд, вале дар маълумотномаи соли 2020 ин нафарон “гум” мешаванд. Инсоф кунед, охир дар ин байн ягон нафари онҳо ба ҷое нарафтаанд ва раиси ҷамоату котиби он ёздаҳ нафарро ба куҷо “гуселонидаанд”, шояд танҳо ба худи онҳо маълум бошад.

Бо такя ба ин ҳалномаи қалбакӣ ҳалномаи Суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 16-уми апрели соли 2020 баромад, ки  гӯё дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Ю. Ҷӯраев, хонаи № 24 танҳо 3 (се) нафар ва ҳамаи аъзои як оила ҷои қайд дошта, дигар ягон нафар зиндагӣ намекунад.

Бо ин далелҳо қотеъона мегӯем, ки ин шартнома қалбакӣ мебошад:

Мо 11 (ёздаҳ) нафар дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Ю. Ҷӯраев, хонаи № 24 аз соли 1983 ва аз лаҳзаи таваллуду оиладорӣ дар қайди ҷои зист қарор дошта, ба таври доимӣ то инҷониб истиқомат ва зиндагонӣ менамоем, вале ин ҳолатҳои муҳимро шаҳрванд  Раҳмонова Шамсинисо ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯш ва ҳам мурофиаи судӣ бо мақсади ғаразнок, барқасдона пинҳон намудааст.

Шахсони масъули ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров ҳангоми додани тасдиқнома аз 9-уми августи соли 2016 таҳти №7846 ҳамчун хизматчии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба асноди расмӣ дидаю дониста маълумотҳои бардурӯғро дода, ба сохтакории хизматӣ даст задаанд.

Дар навбати худ шаҳрвандон Раҳмонова Шамсинисо Маноновна, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти қасдона маҳкум гардидааст ва Турсунова Ойимнисо Маноновна дидаю дониста, ки тасдиқномаи ҷамоати деҳоти Хистеварз аз 9-уми августи соли 2016 таҳти №7846 бараъло қалбакӣ буда, дар он маълумотҳои бардурӯғ дохил карда шудааст, онро ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ истифода бурдаанд.

Шаҳрвандон Раҳмонова Шамсинисо Маноновна ва Турсунова Ойимнисо Маноновна қасдан барои ҳуҷҷати расмиро сохтакорӣ намудан мусоидат намуда, бо мақсади истифодаи он аз ҷониби худи онҳо ҷиҳати пинҳон намудани амалҳои ғайриқонуниашон бо пешкаш намудани тасдиқномаи ҷамоат ба корхонаю муассисаҳо ва дигар субъектон ҳамчун ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ истифода бурдаанд ва бо ин роҳ мақомоти давлатиро ба гумроҳӣ бурдаанд.

Ҳолати мазкур  ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва манзилии моро халалдор карда, ҳуқуқу манфиатҳои мо дағалона поймол карда шуд. Айни замон бошад, бинобар ба чунин амалҳои ҷинояткорона даст задани шахсони манфиатдор мо аҳли оила аз ҷои зисти худ маҳрум гардида, дар кӯча қарор дорем.

Гуфтаҳои боло исботи он мебошад, ки раис ва котиби ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров бо додани тасдиқнома таҳти № 7846 аз 9-уми августи соли 2016 сохтакории хизматӣ намуда, ба тасдиқномаи мазкур дидаю дониста маълумотҳои бардурӯғро дохил карда, дидаю дониста чунин ҳуҷҷати бардурӯғро ҷиҳати истифодабарӣ доданд.

Аз эҳтимол дур нест, ки дар кирдору рафтори шаҳрвандон Раҳмонова Шамсинисо Маноновна ва Турсунова Ойимнисо Маноновна аломати ҷиноятӣ дар моддаи 340-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар кирдору рафтори раис ва котиби ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров аломати ҷиноят тибқи  моддаи 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, дида мешавад.

Бинобар ин ҳолат ва бо дастрасии моддаҳои 140 ва 141-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоям, ки барои ҳимояи манфиатҳои мо санҷиши прокурорӣ гузаронида шуда, нисбати раис ва котиби ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров (дар соли 2016) барои кирдорҳои ғайриқонуниашон оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати шаҳрвандон Раҳмонова Шамсинисо Маноновна ва Турсунова Ойимнисо Маноновна, истиқоматкунандагони ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз аз рӯи моддаи 340-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шавад.

Дар қисми хулосавии ҳалномаи суди ноҳияи Б.Ғафуров аз санаи 16 апрели соли 2020 дарҷ гардидааст, ки:-

-“Раҳмонова Шамсинисо Маноновна, Норматова Фариза Дадоҷоновна бо аҳли оилаашон аз манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Юлдошбой Ҷӯраев, хонаи №24, бидуни додани хонаи дигари истиқоматӣ, кӯчонида шаванд”.

Аз мазмуни ҳалномаи судӣ бармеояд, ки шаҳрвандон Раҳмонова Шамсинисо Маноновна, Норматова Фариза Дадоҷоновна бо аҳли оилаи худ бояд аз манзил кӯчонида шаванд.

Тибқи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда аъзои оила ин, а) падару модар; б) ҳамсар ва в) фарзандон мебошанд, ки ҳамроҳ доимӣ истиқомат дошта, хоҷагии умумиро пеш мебаранд, дониста мешаванд.

Мо шаҳрвандон иборат аз 11 (ёздаҳ) нафар аъзои оилаи алоҳида буда, бо шаҳрвандон Раҳмонова Шамсинисо Маноновна ва Норматова Фариза Дадоҷоновна танҳо дар муносибати хешу таборӣ қарор дорем ва аъзои оилаи онҳо набудем ва намебошем.

Илова бар он, мо дар манзили истиқоматии болозикршуда зиндагонӣ карда истода, аммо бо шаҳрвандони номбурда хоҷагии умумӣ пеш намебарем ва дар манзили истиқоматии болозикршуда ҳанӯз аз соли 1983 зиндагонӣ ва истиқомат дорем.

Аммо новобаста аз он, ки мо аъзои оилаи Раҳмонова Шамсинисо Маноновна ва Норматова Фариза Дадоҷоновна ба шумор намеравем иҷрочиёни хадамоти иҷро дар ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ба иҷро расонидани ҳалномаи суди ноҳияи Б.Ғафуров аз 16 апрели соли 2020 ин ҳолати ниҳоят муҳим ва ҳатмиро барқасдона ва бо ғараз мадди назар намуданд.

Зеро санаи 22 октябри соли 2020 ҳангоми ба манзили истиқоматӣ омадани Иҷрочиёни хадамоти иҷро дар ноҳияи Б.Ғафуров мо ба онҳо дар бораи аз қабул чунин ҳалномаи судӣ бехабар будан ва аъзои оилаи шахсони кӯчонидашаванда ба шумор нарафтанамон гуфтем. Вале Иҷрочиёни хадамоти иҷро дар ноҳияи Б.Ғафуров ин ҳолатро мавриди санҷиш қарор надода, ҳадди ақал гӯш ҳам накарданд.

Шояд пушти ин бепарвоии иҷрочиёни суд ба қонуну ба тақдири шаҳрвандон ғаразе бошаду мо намедонем?

Умед дорем ҳақро ба ҳақдор мерасонед!

Мадаминова Сифат Усмоновна, Раҳмонов Суҳроб Раҳмонович, Раҳмонов Қудратулло Раҳмонович, Раҳмонов Фарҳод Раҳмонович, Раҳмонова Санавбархон Акбаралиевна ва Бобоҷонова Зулайхо Давронҷоновна, сокинони ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Ю. Ҷӯраев, хонаи 24

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь