Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии ҶТ, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба таваҷҷӯҳи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, мӯҳтарам Султонзода Сулаймон Саид

Идома

Дар таҷрибаи журналистӣ баъди нашри як тадқиқоти журналистӣ гоҳо ончунон хонандае пайдо мешавад, ки дар миёни далелу арқоми аз онҳо расида дасту пой гум мекунӣ. Албатта бояд саросема нашуд, чун баъзе далели пешниҳодмекардаи онҳо сари эҳсос навишта мешавад ва бояд ҳар якеи онро хунсардона санҷид, то фардо ба дасти ҷониби муқобил калтак надиҳӣ. Вале чунин ҳам мешавад, ки на ҳаводорони ин мавзуъ, балки ҷонибдорону манфиатхоҳони ҷониби дигар бо ин ё он роҳ сари эҳсос меоянд ва худро гум мекунанду ба қавле ба дасти ту худро “баста” медиҳанд.

Масалан, қаҳрамони шумораи гузашта, раиси ҳозираи ҷамоати Чоркуҳ Шукрулло Насриев баъди нашри мавод ва сафари таъҷилиаш ба Хуҷанд дар ҳузури оми деҳа “кришаи ман фалон мансабдори сатҳи баланд дар вилоят”, “ман рафта, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фалон идора масъаларо ҳал кардам”, “ҳоло журналистонро фалон мекунам” гуфта. Ё дар гуруҳи фейсбукии “Ҳомиёни сарҳад”, ки аз ҷониби як шогирди Насриев идора мешавад (ному насабашро баъдтар фош мекунем), нафаре ба ман часпидаю дашном додаю туҳмати зиёде кардаву аз ҷумла менависад: “… дар солҳои роҳбарии бевоситаи Шукрулло дар солҳои 2017 зиёда аз 20 км роҳи валангору солиёни сол тармим нашудаи Чоркуҳ мумфарш карда шуд. Зиёда аз 50 метр мавзеи партовгоҳи назди мактаби рақами 27 бо пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда, бинои ҷамоат ва зебо гардонидани саҳни ҷамоат бо панҷараҳо ва байрақ, инчунин чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ аз даромадгоҳи Чоркуҳ то маркази Чоркуҳ ба анҷом расонида шуд.

Аз моҳи июли соли 2019 боз Насриев ба вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Чоркуҳ таъин шуда, соли 2019 бо ташаббуси Насриев маҳаллаи Лангар зиёда аз 3,5 км, маҳаллаи “Холесон” 4 км, маҳаллаи Чакар” 0,5 км ва “Гузари боло” 0,5 км бо пуррагӣ мумфарш карда шуда, дар маҷмуъ 8,5 км роҳҳои Чоркуҳ боз мумфарш карда шуда буд.

… бо дастгирии соҳибкорон ва саховатмандони мардуми бо ору бонанги Чоркуҳ боз 5 км роҳи мавқеи стратегидоштаи деҳаи Чоркуҳ ва Сомониён, зиёда аз 2 км роҳҳои дохилӣ ва асосии маҳаллаи Лангар ва 1 км роҳи маҳаллаи “Гузари боло” бо пуррагӣ мумфарш карда шуд”…

Намедонам дар куҷо гуфта шудааст, ки вақте утоқи худатро зебо мекунӣ, байрақ мезанию панҷара мегирию бинояшро таъмир мекунӣ, ин кори хайр барои ҷомеа будааст? Хайр шояд дар тасаввури эшон чунин бошад. Муаллифи ин ҳарзаномаи беному насаб фаъолияти Насриев дар шуъбаи молияи Исфараро ситоиш кардааст, ки ханда меояд. Дар шумораи гузашта дар ин бора муфассал маълумот додем ва дубора такрор намекунем. Ҳарчанд аз имтиҳон нагузаштани ӯ гувоҳи то кадом андоза савод доштани ин ҷаноб аст. Бояд гуфт, ҳанӯз ман ба ситоишномаи ин шахси беному бенасаб дар мавод посух надода, шаҳрванди ин деҳа Ғанибой Ваҳобов дар зери он шарҳи хубе навиштааст. Ваҳобов менависад: “Илтимос, кори халқи оддӣ кардаро ба раис начаспонед. Оши тайёрро ба он кас инъом накунед. Мо вақте мумфарш кардани 20 км роҳро оғоз кардем, аллакай маблағ ҷамь карда будем, баъд раис таин шуда омад. Мардум барои оғоз кардани маъракаи мумфаршкунӣ ҷонбозиҳо кард. Ташкил кардану ҷамь кардани маблағ кори халқ аст… Аз хотир фаромӯш накунед, ки дар мумфаршкунӣ мардуми оддӣ меҳнат кардааст, на раис. Меҳнати халқи оддӣ ва маблағгузории онҳоро фаромӯш накунед. Офарин ба халқи оддӣ, ки аз ҷайбашон пул бароварда, ин маъракаро дастгирӣ карданд. Мардум барои ташкили ин кор меҳнат карданд. Раҳмат ба ронандаҳои мошинҳои боркаш. Меҳнати ҳар як кас бояд қадр шавад. Бе халқ ҳеҷ кор намешавад. Ҳама корро раис карда бошанд, бечора мардум чӣ кор кард? Охир штаби коргарон ҳаст, дар ҳар як маҳалла санадҳо ҳаст, рӯйхат ҳаст. Раис чӣ кор кардааст? Мардуми Чоркуҳ сарҷамъ шуду кор буд шуд. Ҳақиқат талх аст, лекин қат мешаваду рост мешавад”…

Аз ин сафсаттафурӯши беном баъдтар ҳарф мезанем, вале ҳоло ба идомаи мавзӯи заминфурӯшӣ бармегардем.

Тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар як қарор дар як ноҳия мумкин аст. Вале воқеияти Чоркуҳро мебинию ба даҳшат меафтӣ (ба акс нигаред), ки чашми масъулин чаро ин ҳамаро намебинад? Шояд аз сиёсати Бадриддин Шаропов ё ҳамнишинҳояш, ки дар бораи онҳо баъдтар ҳарф хоҳем зад? Албатта нафаре, ки аз қонуни танзим гурехтаю тӯйҳои боҳашамматашро дар Истамбул мегузаронад, бо вуҷуди мушт ба сина задан, ки “фарзанди ин обу хокам” шаҳрвандии дигар давлатро дорад, дар чашми масъулину Ҳукумат рӯирост хок мепошад, аз дасташ ҳар кор меояд. Аъзои ин мафияи шабеҳ ба мафияи Аҳмадҷон Одилови ӯзбек бошанд (ба шумораи гузашта нигаред), Кодекси замину қонунҳои ҷориро ба як тини сиёҳ намегиранд, чӣ коре хоҳанд, мекунанд (мисли Толибони имрӯз дар Афғонистон) ва дар сояи Шаропов ҳама корро анҷом медиҳанд. Агар не, се қарори замин дар деҳа ба номи Абдурофеъ Қосимов, Абду Ҳомидов чӣ маъно дорад? Ё мегӯед ин қарорро ба номи ин ду нафар надодаед?

Ин навбат дар Чоркуҳ 560 қарор аз соли 2013 баромадааст ва дар поинтар мебинед, ки мардум дар орзуи замин солиёни дароз роҳ мепоянду бойбачаҳо ба осонӣ замин мегиранд.

Айни замон Насриев ва атрофиёнаш намедонанд, ки 400 адад фонди манзили ҷудошударо чӣ тавр тақсим намоянд. Чунки аз аксар қарорбадастон  пул гирифтаанду онро баргардонидан лозим аст.

Ҳоло замини мавзеи “Таги бора”-и ҷамоат чӣ гуна тақсим мешавад, интизор мешавем, вале айни замон дарди чанд нафари талабгори заминро ба хонанда мерасонем. Мебинем, ки чанд бойбача соҳибзамин мешаваду чанд мардуми камбағали деҳа. Аз бойбачаҳои талабгори замин дар ин мавзеъ хоҳиш дорам, то пулашонро аз Насриев гиранд, ба ҳақи камбағалҳои воқеан ниёз ба замин дошта соҳиб нашаванд.

Барои мисол, ба дасти мо нусхаи мактуби муаллима Зайнура Додохонова афтод, ки ба унвони роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон санаи 29.03.2019 навишта будааст. Муаллима бо сӯзу гудоз менависад: “Ман, Зан-Модар, соҳиби се фарзанд, маълумотам олӣ. 19 сол мешавад, ки ба таълиму тарбияи фарзанди мардум машғул мебошам. Шароитам хеле вазнин буда, манзили истиқоматӣ надорам. Гоҳо дар хонаи модарам ва гоҳе дар хонаи хушдоманам, ки ҳамагӣ 3 сотих мебошад, чор оила зиндагӣ мекунем. Писари калониам Умаров Убайдулло аз сабаби танг будани шароити оилавӣ бо зану ду фарзандаш ба куҷо рафта, зиндагӣ карданашро намедонад. Писари хурдиам Умаров Судайс ду сол дар Гвардияи Миллӣ хизмати Ватанро бо сари баланд, бо «Ифтихорнома»-и роҳбари қисми ҳарбӣ моҳи ноябри соли 2018 ба охир расонида, баргашт. Манзилгоҳ надорам, ки ӯро хонадор намоям. Ман моҳи декабри соли 2018 ба раиси шаҳр ҳам муроҷиат карда будам. Қарори раиси шаҳри Исфара аз 13.04.2019 таҳти рақами 3 дар бораи бо 0,05 га қитъаи замин таъмин намудан баромада буд. Аз рӯи ин қарори раиси шаҳр Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Исфара дар бораи вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ба корхона аз 31.05.2018, № 2519 ворид шудааст, мавриди санҷиш қарор дода буд.

Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки розигии ҷамоати Чоркуҳ ба корхонаи воҳиди давлатӣ пешниҳод карда нашудааст. Сабаб чӣ бошад, ки роҳбарони ҷамоат ин қадар бепарвоянд? Он замине, ки барои ман ҷудо карда мешуд, куҷо шуд? Ба кӣ доданд? То ҳол ба ман маълум нест. То кай ман аз рӯи мақоли «Аз ин дарак ба он дарак…» сарсону саргардон мегардам? Борҳо ба роҳбари ҷамоат муроҷиат карда бошам ҳам, ваъдаҳои мардумфиреб медиҳанд. Баҳор шавад, тирамоҳба мегӯянд, тирамоҳ шавад, баҳорба… Ман аз Шумо роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аризаи маро мавриди санҷиш қарор дода, комиссияи босалоҳият ташкил намоед”…

Қиссаи Зайнура ягона нест. Воқеан қишри муаллиму духтур дар Чоркуҳ аз беҳуқуқтарин қишри ҷомеа мебошанд. Ҳол он ки, дар минтақаҳои дигари кишвар муаллиму духтур дар навбати аввал бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мешаванд.

Муаллимаи фанни таъриху ҳуқуқи деҳа Муҳтарам Олимова соли 2014 қарори Ҳукумати шаҳри Исфараро барои гирифтани замин гирифта будааст. Аммо то ба имрӯз ин муаллима бо ду фарзанд дар хонаи падариаш асту наметавонад замин бигирад. Раиси ҷамоат ӯро ҳам бо ҷавоби имрӯзу пагоҳ овора мекунад.

Намедонам дар дили ин тақдирсозони чоркуҳӣ ин қадар бераҳмию нотавонбинӣ нисбат ба омӯзгорон аз куҷост? Шояд дар ин ҷо решаеро бояд ҷуст? Масалан дар мавриди робитаи онҳо дар гузашта бо гуруҳҳои тундрави исломӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ шудааст? Зарур бошад, метавонем думболаи таҳқиқи ин масъала шавем. Чаро қишри зиёиро бад мебинанд? Чаро бо 40 ҳазор аҳолӣ ин деҳа як қасри фарҳанг надорад? Чаро як макони гузаронидани маъракаҳои мардум надорад? Ҳол он ки, тӯйхонаҳои барҳавою макони дамгирӣ дар ҷамоати Сурху Ворухи Исфара зиёд ҳастанд, макони тамошою ҷойҳои таърихӣ зиёданд, вале раҳбарони ҷамоат ин мушкилро нодида мегиранд. Чоркуҳ даҳҳою садҳо соҳибкорони муваффақ дар дохилу хориҷ дорад ва онҳо бовар дорам имкон доранд, ки барои рушди деҳа ҳиссагузорӣ кунанд. Ё шояд раиси ҷамоат ҷуз заминхарию заминфурӯшӣ чизи дигареро намедонад? Шояд рӯзе ба ин суолҳо посух мегӯяд. Ҳоло баргардем ба мушкили мардум.

Падари шаҳрванд Аминов Амин – Абдуқодир Аминов, ки муаллими забон ва адабиёти мактаби деҳа буданд, муддати тӯлонӣ дар интизори замин буданд. Бо орзуи як порча замин аз дунё гузаштанд. Айни замон чор хоҷагӣ дар як ҳавлӣ мезиянду фарзандашон кунун ба умеди лутфи Насриев давутоз дорад.

Шаҳрванд Маҳмадов Асрор бошад, айни замон раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Чоркуҳ аст. Ва аҷабо, ки мисли дигарон бе замини назди ҳавлӣ. Ҳарчанд ин шахс муддати 39 сол дар хоҷагӣ кор кард, вале на Шаропов ва на ҷиянаш ҳатто мансаби ҳизбии ин шахсро ба эътибор нагирифтаанд.

Шокирова Уктамхон бошад, ҳанӯз соли 2014 қарори Ҳукумати шаҳри Исфараро барои ҷудо кардани замини назди ҳавлӣ гирифта буд. Вале муваффақ ба гирифтани замин нашуд. Маҷбуран бо се кӯдак ба шаҳри Сочии Русия рафт. Чунки дар деҳаи худаш имкони зиндагӣ надошт.

Ғаффорова Машрабхон ҳам аз соли 2014 қарори раиси шаҳрро барои гирифтани замин дорад. Вале ба ӯ ба ҷои шаш сотих се сотих заминро дар сарҳад бо Қирғизистон ҷудо кардаанд, ки сарбозони қирғиз намегузоранд ба он наздик шаваду киштукор кунад. Айни замон бо ду келин ва фарзандони онҳо дар як хона мезиянд. Машрабхон 15 маротиба ба қабули раисони гуногуни шаҳри Исфара рафтааст. Вале то ба ҳол муроде ҳосил нест. Ҳукумати Исфара қарорро бароварда, ба ҷамоат мефиристад, аммо ҷамоат арзи ӯро ба тини сиёҳе намегираду ҳар дафъа ваъдаи фардо медиҳад.

Ашӯрова Алия ҳам чунин зиндагинома дорад. Яъне бо қарори ҳанӯз соли 2014 баромада сарсон аст. Бо ду кӯдак дар хонаи падару модар зиндагӣ мекунад. Ҳол он ки, волидайнаш келину фарзандон доранд ва заминашон ҳам ҳамагӣ якуним сотих аст. Алия дар хонаи хушдоманаш ҳам ки ду келини дигар дорад, нағунҷид. Ба ӯ ва фарзандонаш ҷойи зистан намерасад.

Назирова Музамбила ҳам аз соли 2014 қарори заминро дар даст дорад. Гӯиё арзи ӯро шуниданду шаш сотих гуфта, тақрибан се сотих заминро дар сарҳад доданд. Ҳатто замини ҷудошударо ба вай аз ҷамоат нишон доданд. Вале сарбозони қирғиз намегузоранд, ки ӯ дар ин замин киштукор кунад. Даъво мекунанд, ки мумкин нест ва минтақаи наздисарҳадӣ аст. Айни замон Музамбила бо панҷ фарзанд дар хонаи амакаш, ки нияти таъмири хонаашро дорад, мешинад. Намедонад, ки агар бо сабаби таъмир амакаш вайро аз хона берун кунад, ба куҷо раваду бо панҷ фарзанд дар куҷо зиндагӣ кунад.

Воқеан Насриев аз даъвогарони сахт муҳтоҷе, ки рӯзҳои дароз дари идораашро охӯрча мекунанд, бо баҳонаи аҷибе халос мехӯрад. Ба онҳо дар минтақаи сарҳадӣ замин медиҳад, вале сарбозони қирғиз дар ин мавзеъ онҳоро ба замин наздик шудан намегузоранд. Қимати замини назди сарҳад ҳам дар муқоиса бо заминҳои дигар (масалан мавзеи “Таги бора”) арзонтар аст. Вале ҳоло маълум нест, ки он заминҳое, ки шаш сотих гуфта додаанд, шаш сотих аст ё се сотих. Бояд инро санҷид.

Тақдири Содиқова Зиннат бошад, пур аз ғаму дард аст. Аз соли 2011 боз дар давутози гирифтани як порча замин аст. Ҳамагӣ ду фарзанд дорад. Духтараш ба шавҳар баромадаву рафтани домодаш ба Руссия мамнуъ аст. Дар ин хона табиист намеғунҷад. Писарашро аз ҷамоат бо баҳонаи “қарори замин медиҳем” ба хидмати сарбозӣ бурданд. Ҷавон хидматро дар шаҳри Бохтар соли 2012 ба поён расонид. Вале то ҳол дар ба дар аст. Дар хонаи мардуми дилсӯз мезиянд модару писар.

Дар деҳа чанд нафар ба ман қиссаи “заминкобӣ”-и шаҳрванд Ашӯрова Мунаввараро нақл карданд. Ин монанд ба киноҳои ҳиндӣ аст, ки замоне мардуми мо тамошои онро хуш доштанд. Се фарзанди ин зани бечора хидмати сарбозӣ рафтанд. Бо ваъдаи раиси ҷамоат, ки барояшон як порча замин медиҳад. Ниҳоят ба номи яке аз фарзандонаш замин доданд. Занро бурда, замини ҷудокардаро нишон доданд. Вале раиси ҷамоат ба нафари дигар замини нишондодаашро обу лой кард. Акнун Ашӯрова ҳар рӯз рафта, дари ҳамон шахсеро, ки заминашро аз раиси ҷамоат гирифтааст, мекӯбаду нола мекунад, то заминашро диҳанд. Ниҳоят раиси ҷамоат Насриев, ки шояд шахсони заминро аз ӯ гирифта оромаш нагузоштанд, ба зан ваъда кард. Гуфт аз ҷойи дигар барои вай замин медиҳад. Ҳоло ҳам то сафари ман ба Чоркуҳ ин зан дар интизори замини ваъдагӣ буд…

Ин буд порае аз қисмати занҳои чашминтизори чоркуҳӣ.

Занҳое, ки бовар доранд рӯзе ҳақиқат рӯйи об мебарояд.

Занҳое, ки ҷойи рафте надоранд, то дарди дил гӯянд.

Занҳое, ки пешорӯи ман умеди охиринашонро мебинанд.

Занҳое, ки ҷуз умед дигар бисоте надоранд.

Занҳое, ки ниҳоят аз охӯрча кардани дари раиси ноҳияву ҷамоат халос мешаванд.

Занҳое, ки ҳангоми нақли рӯзгорашон ашк гулӯгирашон мекарду нафасашон мепечид.

Занҳое, ки як ҳамдеҳа, як авлод ба кӯйи сарсонию дарбадарӣ андохтааст.

Занҳое, ки на мақомот, на раиси Исфара, на масъулин дар вилоят арзашонро намешунаванд.

Эй оне, ки дар гуруҳи “Ҳомиёни сарҳад” таъна бар ман мезанию пойи раиси ҷамоатро мелесӣ! Агар ин занҳои бечораи чоркуҳӣ пул медоштанд, ба Насриев медоданд, то соҳиби замин шаванд. Ту бошӣ, даъво мекунӣ, ки журналист ба ивази маблағ аз ин шикояткунандаҳо ин корро анҷом додааст… Бирав ба назди ин шикояткунандаҳо, ин “фармишгарон”-и ман ва бифаҳм, ки оё дар хонаи кадоме аз онҳо ман пиёлаи чойе нӯшидаам ё не?

Аҷабам меояд, ки қаламкашони чоркуҳӣ чаро ҳоли зори занҳои деҳаашонро намебинанд…

Ё шумо бо қишри камбағал аз деҳаатон алоқа надоред?

Мераведу Шаропов ва имрӯз ҷиянҳояшро “зиёрат” мекунеду меоед?

Наход мафияи Шаропов воқеан деҳаро, ноҳияро, вилоятро дар ангуштонаш чарх мезанонад? Воқеан шабеҳи Аҳмадҷон Одилови ӯзбек аст?

Пас бидонед:

То ба доди ин мардуми бечора нарасед, то онҳоро ман хушбахту соҳибзамин набинам, силсиламақолаҳо дар бораи номаъқулиҳои шумо қатъ нахоҳанд шуд!

Шумораи дигарро интизор шавед ва аз тӯйҳои пурдабдабаи раисони собиқи ҷамоат, аз дуздиҳо дар кони ангишти Шӯроб аз ҷониби намояндаи ин авлод ва аз зиндагиномаи идомадиҳандагони авлод, аз занҳои дуюму боигариҳои эшон бохабар шавед!

Идома дорад

Хуршед АТОВУЛЛО,

Душанбе – Чоркуҳ – Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь