Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бигузор судя Саидзода ба суолҳои мо посух гӯяд!

Ман Муродова Мошариф, бо шартномаи қарз санаи 04.08.2009 аз ҶСП “Фононбонк” маблағи 148000 (як саду чилу ҳашт ҳазор) сомонӣ қарз гирифта будам. Аз ҶСП “Фононбонк” сомониро бо асъори хориҷӣ харидорӣ карда будам ва дар шартномаи сабти давлатӣ манзили истиқоматии ман ба маблағи 148000 сомонӣ нишон дода шудааст.

Собиқ сардори раёсати ҶСП “Фононбонк” Қурбонов Самихон моҳи январ “оид ба рӯёнидани 84,889 ҳазор доллар аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда” нисбати ҷавобгар Муродова Мошариф ба Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кард. Аризаи муқобили даъво аз ҷониби фарзандони ман Муродовҳо нисбати ҷавобгар ҶСП “Фононбонк” оид ба бекор кардани шартномаи гарави манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шартномаи гарав дар Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 16.03.2012 мавриди баррасии судӣ қарор гирифта, то санаи 21.09.2017 мурофиаи судӣ идома дошт.

Парванда дар Суди шаҳри Душанбе бо аризаи мудири махсуси ҶСП “Фононбонк” Ёров Г. М. баррасӣ гардид. Ӯ дар мурофиаи судӣ баён кард, ки шахси ҳуқуқӣ ҶСП “Фононбонк” барҳам хӯрд ва дигар вориси ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Аз суд хоҳиш кард, ки дигар онҳоро ба суд даъват накунанд, чунки онҳо ба ин кор ваколатдор нестанд. Яъне, баррасии парванда қатъ карда шавад.

Ман ҳоло оид ба амалҳои судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З. С. гуфтаниам, ки яктарафа, ғайриқонунӣ, ғайриобъективона санаи 23.01.2020 бо маслиҳати пешакӣ манзили истиқоматии моро бо таъиноти судӣ дар асоси аризаи мудири махсус Ёров Г. М., дар намояндагии Раҳимов М. М. дороии ҶСП “Фононбонк” эътироф кардааст, ки ин тамоман ғайриқонунист ва сӯйистифода аз мансаб кардани судя Саидзода З. С.-ро нишон медиҳад.

Собиқ сардори раёсати ҶСП “Фононбонк” Самихон Қурбонов то ҳол дар судҳо, дақиқан, дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе даводав карда истодааст, то ки бо маслиҳати пешакӣ бо судя манзили истиқоматии мо “дороии” ҶСП “Фононбонк” эътироф карда шавад. Дар ҳоле, ки судяро шахсан ман Муродова Мошариф чунин қайд менамоям: “Судя бояд ғуломи қонун бошад!”. Судя Саидзода З. С. бошад, қонунро дағалона поймол, Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ-ро сарфи назар карда, нусхаи аризаро ба мо надода, ягон даъватномаи судӣ ба мо нафиристода, бе иштироки мо, ки як ҷониби баҳс мебошем, таъиноти судӣ қабул кардааст. Чӣ тавр судя метавонад бе огоҳӣ ё нусхаи аризаро ба ман надода, ягон даъватномаи судӣ нафиристода, чунин натиҷагирӣ кунад? Дар ҳоле, ки судя бояд дар вақти мурофиаи судӣ ду тарафаро гӯш карда, ваҳҷу далелҳоеро, ки аз ҷониби тарафҳо ба суд пешниҳод мешаванд, ба инобат гирифта, баҳогузорӣ кардаву ба хулосаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ омада, баъд қарори судӣ қабул намояд. Мутаассифона, судя Саидзода З. С. КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон карда, дар вақти мурофиаи судӣ аз ман пинҳонӣ, бе огоҳӣ таъинот баровардааст, ки бо ин амали ғайриқонуниаш ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии ман ва фарзандонамро поймол кардааст. Таъиноти қабулнамудаи судя танҳо аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо собиқ сардори ҶСП “Фононбонк” Қурбонов Самихон ба вуҷуд омадааст, гӯё амволи ба гарав гузоштаи ман моликияти ҶСП “Фононбонк” бошад. Судя вақте дар аризаи мудири махсуси ҶСП “Фононбонк” Ёров Г. М. нусхаи замимаҳоро меомӯзад, чаро баҳо надодааст, ки модоме шартномаи қарз, шаҳодатномаи сабти давлатӣ дар асоси 148000 (як саду чилу ҳашт ҳазор) сомонӣ баста шудааст, барои чӣ қарзи ҳисобшуда 78,319 (ҳафтоду ҳашт ҳазору сесаду нуздаҳ) ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода истодааст?

Аз ҷониби судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе барои ҷони собиқ сардори раёсат Самихон Қурбоновро раҳо додан, амволи мо, ки айни ҳол 14 нафар ҳаммоликон истиқомат дорем ва мекардем, “дороии” ҶСП “Фононбонк” эътироф карда шудааст.

Чӣ тавре, ки бар сари ман 78,319 доллари ИМА ҳамчун қарз баста шудааст, чунин ҳолат нест.

Судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бояд ҷавоб гӯянд, оид ба баҳсҳо бо даъвои ҶСП “Фононбонк” дар мавриди депозитороне, ки дар ҶСП “Фононбонк” депозити пулӣ доштаанд, ё қарзҳое, ки ба собиқ раиси раёсати ҶСП “Фононбонк” қарз дода будаанд. Ин асос шуда наметавонад, ки барои проблемаҳои Самихон Қурбонов, ки ҶСП “Фононбонк” аз 03.03.2017 муфлисшуда эълон карда шуд, имрӯз ғайриқонунӣ бо таъиноти судӣ аз 23.01.2020 қарзи ғайриқонуниро барзиёд бар сари мо зананд, то манзили истиқоматии мо ба ягон қарздори Самихон Қурбонов ҳисобӣ кунонида шавад аз рӯйи таъиноти ғайриқонунӣ!

Чаро фаъолияти Самихон Қурбоновро ягон мақомот мавриди санҷиш қарор намедиҳад, ки маблағҳои депозиторон ё қарздеҳонро куҷо кардааст? Инчунин, агар ҶСП “Фононбонк” муфлис эълон карда шуда бошад, маънои онро надорад, ки даъвои Муродовҳо ҳаллу фасли худро ёфтааст.

Ҳаминҷо зикр кардан бамаврид аст, ки фарзандони ман болиғу ноболиғ буданд ва аз ҷониби ҶСП “Фононбонк” дар вақти бастани шартномаи гарав ва шартномаи қарзӣ розигии хаттии ҳаммоликон гирифта нашудааст. Инчунин, тибқи низомномаи бонкҳо, ҳангоми додани қарз таҳти гарав розигии хаттии ҳама аъзои болиғи оила гирифта мешавад. Аммо аз ҷониби гаравгир чунин ҳолатҳо ба вуҷуд наомадаанд.

“Аввал пурсиш” гуфтаанд! Оё аз ҷониби намояндаи ҶСП “Фононбонк” Ёров Г. М., Раҳимов М. М. санадҳои судӣ, қарори назоратии Суди Олӣ аз 21.08.2013, қарори кассатсионии Суди Олии ҶТ аз 07.06.2017, ки шикояти Муродовҳо қонеъ шудааст, таъиноти маҷлиси Суди шаҳри Душанбе аз 21.09.2017 ба эътибор гирифта шудааст? Парванда бо даъвои ҶСП “Фононбонк” бо аризаи мудири махсус Ёров Г. М. дар ҳама судҳо қатъ карда шудааст ва таъиноти маҷлиси судӣ оид ба қатъ шудани парванда аз 21.09.2017 дар қувваи қонунӣ мебошад.

Ман оид ба ғайриқонунӣ, яктарафа, ғайриобъективона, бо маслиҳати пешакӣ, манфиатдор будани судяро гуфта метавонам, ки судя новобаста аз он, ки қарорҳои судии мавҷудбуда дар қувваи қонунӣ мебошанд, чаро аризаи ҷониби ҶСП “Фононбонк” мудири махсус Ёров Г. М. дар намояндагии Раҳимов М. М.-ро ба суд пешниҳод намудааст? Ё барои чӣ аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба хулоса наомадаанд, ки чӣ тавр шартномаи қарз агар аз 04.08.2009 то муҳлати 1 сол баста шуда бошад, баъди 10 сол, яъне ҶСП “Фононбонк” муфлис эълон карда шуда, ба суди иқтисодӣ бо ариза оид ба эътироф намудани “дороии” бонк муроҷиат карда шудааст? Дар кадом асос манзили истиқоматии ман дороии бонк эътироф шудааст? Ҳол он ки, ман аз манзили истиқоматӣ даст накашидаам, ё ягон ҳалномаи судӣ мавҷуд нест, ки ақаллан чӣ миқдор қарз қарзи Муродова М. мебошад ва аз амволи ба гарав гузошташуда 78,319 доллари ИМА рӯёнида шавад.

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бе ягон асос манзили моро дороии ҶСП “Фононбонк”эътироф кардааст ва ба кадом мақомоте муроҷиат накунем, Қурбонов Самихон танҳо таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанберо аз 23.01.2020 пешниҳод менамояд. Агар таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамчун санади судӣ ба инобат гирифта шавад, чаро қарори Суди Олии ҶТ аз 21.08.2013, қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии ҶТ аз 07.06.2017, таъиноти маҷлиси судӣ аз 21.09.2017, ки эътибори қонунӣ доранд, рӯйпӯш шуда, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба хотири гумроҳ кардани дигар мақомот ва бо маслиҳати пешакӣ бо Қурбонов Самихон таъиноти ғайриқонунӣ қабул карда, ҳуқуқу манфиатҳои маро поймол кардааст?

Мо оид ба огоҳ шудан баъди 9 моҳи тӯлонӣ, ки манзиламон бо таъиноти суди иқтисодӣ дороии бонк эътироф шудааст, бо ариза вобаста ба ҳолатҳои навошкоршуда ба суд нисбати таъинот муроҷиат кардем. Новобаста аз он, ки санадҳои эътибори қонунӣ доштаро дар даст доштем, муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи моро баррасӣ намуда, бо сабаби гӯё беасос будан, ваҷҳҳои пешовардаамонро рад кард.

Боз ба куҷо муроҷиат кунем!?

Мошариф МУРОДОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here