Онро моли қирғиз гуфта, маро зиёда аз 22 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд

 

Ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

 

Ман бевазан ва соҳиби 2 фарзанди ноболиғ, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Кӯлканд Қурбонхон Охонова мебошам. Аз соли 2018 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба савдо машғулам ва ҳар моҳ беш аз 170 сомонӣ пули патент месупорам. Илова бар ин, дар рӯйхати қайди оилаҳои камбизоати ҷамоат қарор дорам ва шароити зиндагиам хеле паст аст.

Барои нигоҳубин кардани ду кӯдаки нимятимам аз бонки “Эсхата” 4 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ба хариду фурӯши маҳсулоти донагӣ (биринҷ, лӯбиё) оғоз кардам. Илова бар қарзи бонкӣ аз мардуми маҳал, ки лӯбиёву биринҷ мефурӯшанд, гоҳ насяву гоҳ нақд молашонро харида, ба дигар шаҳру навоҳии кишвар бурда мефурӯшам. Аммо 2-юми феврали соли равон, ҳангоми аз шаҳри Исфара ба шаҳри Душанбе иқтиқол додани маҳсулот дар минтақаи ҷамоати деҳоти Хистеварз кормандони гумрук мошини моро нигоҳ дошта, бо сабабҳои ба мо номаълум нисбати ман парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Интиқоли ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон) тартиб доданд. Аммо дар ин парванда танҳо омили принсип кардани соҳибкор ҳасту халос. Кормандони гумрук маро айбдор карданд, ки гӯё молро аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид карда бошам. Биринҷи “Девзира”-ро, ки ҳамагон медонем, “ватан”-аш Исфара аст. Исрор доштанд, ки “дар ин ҷо ин навъ биринҷ нест, ту онро аз кишвари ҳамсоя ворид кардаӣ”. Хулоса, онҳо ягон сухан ва далели маро ба инобат нагирифта, парвандаро ба ихтиёри мақомоти прокуратура ва Суди шаҳри Исфара доданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Пешвои миллатамон дар ҳар баромаду суханрониҳояшон ҳатман оид ба дастгирии соҳибкорони инфиродӣ ҳарф мезананд, хоса дар бораи занҳои бекор ва танҳову ятимдор.

Суди шаҳри Исфара 1-уми майи соли 2019 тибқи моддаи 577-и КҲМ ҶТ (Интиқоли ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон) маро ба андозаи 22750 сомонӣ ҷарима ва 4 тонна маҳсулотамро мусодира кард. Ба қарори Суди шаҳри Исфара розӣ нашуда, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ бурдам. Далелҳои мантиқан дуруст ва дар доираи талаботи қонун бударо ба коллегия пешниҳод намудам. Суди зинаи аввал ҳолатҳои ба кор дахлдорро ҳамаҷониба ва объективона муайян накарда буд. Хулосаи суд, ки дар қарор омадааст, ба ҳолатҳои ҳақиқии кор номувофиқанд. Суди вилоятӣ бошад, дар асоси қарори суди шаҳрӣ қарор қабул кард. Ман бо ариза аз Суди вилояти Суғд хоҳиш карда будам, ки экспертизаи такрорӣ гузаронида шавад ва шоҳидон аз нав пурсида шаванд. Аммо суд дархости маро ба инобат нагирифт ва қарори суди зинаи якумро бетағйир мононд.

Аммо ҳарду суд талаботи моддаи 169-и КМҲ ҶТ-ро ба инобат нагирифтанд, ки дар он омадааст: “Яктарафа ё нопурра бурдани санҷиши ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё судӣ”. Инчунин аз маводҳои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бебаҳс дида мешавад, ки протоколҳо ва дигар амалҳои мурофиавӣ бармаҳал тартиб дода шудааст.

Зеро масъулини мақомоти гумрук метавонистанд бо тариқи пешбурд ва роҳандозӣ кардани шаклҳои назорати гумрукӣ дар моддаи 408 ва 411-и Кодекси гумрукии ҶТ пешбинишуда, амиқу дақиқ аз хати таҳвил ва амалҳои минбаъдаи ман огоҳӣ пайдо кунанд.

Ҳамон рӯзи ҳодиса ман дар назди ронандаи “Спиринтер”-е нишаста будам, ки дар он низ маҳсулоти донагӣ буд. Аммо мол ба ман тааллуқ надошт. Кормандони гумрук ошкоро барои шантаж кардани ман молро ба ман тааллуқ донистанд, ки баҳси онрӯзаро сабт кардаам ва дар дастам мавҷуд аст.

Дар чунин ва дигар ҳолатҳои дар парванда мавҷуда судро зарур буд бо қарори дахлдори худ истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ман қатъ намояд.

Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ҳолатҳои кор аз нав дида баромада шуда, қарори нисбати ман қабулкардаи суд бекор карда шавад.

 

Қурбонхон ОХОНОВА,

сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Кӯлканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь