Ба таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

Ба назари мо 3 сол барои қатли инсон дар колонияи низоми сукунатӣ ба қотил — ин на ҷазо, балки мукофот аст. Зеро инсонҳо бо дуздии хурд ва ҳатто ҷиноятҳои кӯчак чор панҷ сол мешинанду инҷо барои қатли корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 3 сол ва он ҳам низоми сукунатӣ доданд, ки ин хеле кам ва ғайриодилона мебошад.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ба Шумо, чун ба ҳомии ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, чун ҳомии қонуну адолат ба воситаи васоити ахбори омма муроҷиат намуда, ба арзи Шумо мерасонам, ки 11-уми майи соли 2021 дар Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати старшинаи милиса Амирзода Насим Абдукарим, ки бо парронидани ду тир аз автомати Калашников лейтенати калони милиса Аҳлиддинзода Меҳроншоҳро ба қатл расонид, бо моддаи 108, қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, суд ба номбурда бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 (се) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи дорои низоми сукунат ва инчунин бо маҳрум кардани ҳуқуқи ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мӯҳлати 4 (чор) сол ҷазо таъин намуд. Мо аз натиҷаи ҳукми зинаи аввал розӣ нестем ва бинобар ин аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ овардем. Ба назари мо 3 сол барои қатли инсон дар колонияи низоми сукунатӣ ба қотил — ин на ҷазо, балки мукофот аст. Зеро инсонҳо бо дуздии хурд ва ҳатто ҷиноятҳои кӯчак чор панҷ сол мешинанду инҷо барои қотили корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 3 сол ва он ҳам низоми сукунатӣ доданд, ки ин хеле кам ва ғайриодилона мебошад.

Суди зинаи аввал ҳангоми ба тасвиб расонидани ҳукми мазкур бояд ба воқеият ва ҳолати мавҷудаи кор баҳои ҳуқуқӣ дода, ба ин васила дар асоси қонунҳои ҷории татбиқшаванда онро асоснок ва қонунӣ мебаровард. Вале суди зинаи аввал танҳо ба нишондодҳои судшаванда такя карда, ҳукми беасос баровард. Зеро суди зинаи аввал бар хилофи талаботи қонунҳои амалкунанда амал намуда, парвандаро яктарафа, ғайриобъективона, бе таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, нишондодҳои нопурра ва якхелаи шоҳидон, бе муқаррар намудани ҳолати воқеии ҷинояти содиршуда, бо такя ба далелҳои беэътимод ва нодуруст ҳукм баровард. Далелҳои аз ҷониби намояндаҳои ҷабрдида пешниҳодшуда дар суд умуман ба инобат гирифта нашуд.

Дархости хаттии мо оид ба такроран гузаронидани экспертиза роҷеъ ба коршоям будани камераи мушоҳидавии ҷойи ба қатл расонидани Меҳроншоҳ ва барқарор кардани ҳофизаи он аз ҷониби суд рад карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки судя ба ин ҳолати кор беэътиноӣ зоҳир намудааст. Ягон шоҳиди бевоситае набуд, ки ҳолати кушторро дида бошад. Агар ташхиси камераи назоратӣ такроран гузаронида шуда, ҳофизаи он барқарор мегардид, ин ягона манбае мешуд, ки рафти ҳолати қатлро нишон диҳад.

Хулосаҳои ташхиси баллистикӣ ва физикӣ-техникӣ, ки ҳама гуна ҳолати тасодуфро рад мекунанд, дар суд умуман ба инобат гирифта нашуд ва дар ҳукм низ дар ин бора ҳарфе гуфта нашуд. Судя ба духӯрагиҳои пурсиши судшаванда эътибор надода, танҳо протоколи пурсиши қаблии судшавандаро ба инобат гирифтааст, ки ин аз беаҳамиятӣ ва номуайянии кори судя шаҳодат медиҳад.

Дар ШВКД Панҷ кӣ кушта шуд?

Тафтишоти пешакӣ ва инчунин суди зинаи аввал ҳатто шахсияти кушташударо муайян накарданд. На дар рафти тафтишот ва на дар рафти суд дақиқ карда нашуд, ки марҳум Меҳроншоҳ ҳангоми кушта шудан ном ва насаби Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ Аҳлиддинро дошт, на ин ки Ҷумъаев Меҳроншоҳ Аҳлиддинович. Дар қабати парванда ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти марҳум, аз ҷумла нусхаи шиносномаи ӯ вуҷуд надошт. Ғайр аз ин, нусхаи шаҳодатномаи фавти марҳум, ки бо ному насаби ивазгардида аз ҷониби Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дода шуда буд, дар қабати парванда ҷой надорад ва ин масъала низ дар рафти мурофиаи судӣ баррасӣ карда нашуд. Ба назар чунин мерасад, ки судшвандаро барои куштори нафаре суд карданд, ки дар асл чунин шахс вуҷуд надорад.

Фарзияи рӯзи якум: тир ба шифт бархӯрда, рекошет дода, ба Меҳроншоҳ зад!

Рӯзи овардани ҷасад сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ, полковники милитсия Маҳмудзода Шамсулло иброз дошт, ки тақрибан соати 4, ҳангоми санҷиши яроқ тири ҳамкори Меҳроншоҳ Насимзода Амир тасодуфан баромада, ба шифт бархӯрда, баъди бархӯрд рекошет дода, боз пас омада, ба Меҳроншоҳ зада, аз қисми тарафи рости пушт даромада, аз китфи чапаш баромада, ӯро дар ҷойи ҳодиса кушт.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 108, қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) кушода, гумонбарро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Он рӯз дар бораи мавҷудияти тири дуюм ҳарфе набуд.

Фарзияи дуюм: ба самти Меҳроншоҳ 2 тир холӣ карда шуд

Дар бораи тири дуюм нахустин маротиба мо ҳангоми бурдани ҷаноза дар роҳ аз Абдусаттор ном милисае фаҳмидем, ки ӯ ҳамроҳи Меҳроншоҳ дар болопӯши бом (чердаки биное) зиндагӣ мекардааст. Ӯ гуфт:

— Ман тақибан соатҳои 3:40 Меҳроншоҳро аз хоб бедор карда, барои навбатдорӣ фиристодам. Тақрибан соатҳои 3:50 ӯ рафту ман аз хона баромадам, ки ба ШВКД рафта душ гирам. Зеро мо дар чердак зиндагӣ мекунем ва ҷойи зисти мо на ҳоҷатхона дораду на душ ва на ҷое барои дастурӯшӯӣ. Нав аз дар мебаромадам, ки аз тарафи ШВКД ду садои тир баромад. Ба ШВКД омадам, ки Меҳроншоҳро парронидаанд.

Танҳо баъди шоҳидии Абдусаттор назарияи якум барҳам хӯрда, тири дуюм фош шуд. Абдусаттор дар суд шоҳидӣ дода натавонист. Зеро ӯро баъди ин ҳодиса аз кор озод карданд.

Ошкор шудани тири сеюм дар рӯзи суд

Ҳангоми пурсиши муовини сардори ШВКД Табаров Д., ки бояд он шаб ҷойивазкунии посбонҳо, тақсим ва санҷиши яроқро назорат мекард, вале вазифаи хизматии худро иҷро накард ва дар ҷойи ҳодиса қарор надошт, мавҷудияти тири сеюм ошкор шуд. Табаров Д. шоҳидӣ дод, ки ҳангоми аз дасти судшаванда гирифтани автомат, ӯ тири сеюмро аз автомат берун кард, ки дар ин бора дар парванда ҳатто ҳарфе нест.

Муаммо: 1 (як) дона тир куҷо ғайб зад?

Дар суд навбатдори яроқдиҳанда иброз дошт, ки ӯ автоматро ҷудо ва 30 дона тирро бо тирдон ҷудо додааст. Судшаванда ҳам тасдиқ кард, ки ӯ 30 дона тирро гирифтааст. Вале дар ҳукми суд омадааст: “Далели шайъӣ: як адад автомати тамғаи Калашников “АКСУ-74У” бо як адад тирдон ва 26 адад тири қутраш 5,45 мм гирифта шуд”. Суоле ба миён меояд, ки ду тир ба самти марҳум парронида шуд, як тирро муовин аз дохили автомат берун овард ва 26 тири дигар далели шайъӣ шуд. Ин мешавад 29 тир. Пас агар навбатдор 30 тир дода бошаду судшаванда 30 тир қабул карда бошад, як тири дигар куҷо шуд? Дар девори шифт ду сӯрохӣ аст, ки ба ҷои ду тир монанд аст. Шояд судшаванда 3 тир зада бошад?

Сӯҳбати рӯ ба рӯ бо гумонбар дар қатл

Баъди 3 рӯзи қатли Меҳроншоҳ аз прокурори ноҳия Холиқзода А. Ғ. хоҳиш кардам, ки маро бо гумонбар дар куштор рӯ ба рӯ кунад. Мехоҳам ҳодисаро аз забони гумонбар фаҳмам. Прокурор розӣ шуд. Ӯ, ман ва хабарнигори “Азия-плюс” Сайраҳмон Назриевро ба бинои ШВКД овард ва маро дар боздоштгоҳи муваққатӣ бо гумонбар дар куштор рӯ ба рӯ кард. Ман бо гумонбар Амирзода Насим дар боздоштгоҳи муваққатӣ вохӯрда, гуфтам:

— Роҷеъ ба қатли Меҳроншоҳ гапҳо зиёданд, вале ман мехоҳам, ки худат бо забони худат ҳодисаро нақл кунӣ.

Гуфт:

— Дар ШВКД ҳолати казармавии 100-фоиза амал мекард. Ман дар ошёнаи дуюм хоб мекардаму Меҳроншоҳ дар хонаи иҷоравӣ, ки дар наздикиҳои ШВКД қарор дошт. Соатҳои тақрибан чор маро аз хоб хезонида, барои қабули навбатдорӣ даъват карданд. Ман ҳанӯз он қадар хуб бедор нашуда будам. Ман аз ошёнаи дуюм фаромадаму Меҳроншоҳ аз берун омад. Якум ман яроқро гирифта, ба тарафи рост гузаштам. Ин вақт Меҳроншоҳ нав имзо монда, яроқ гирифтанӣ буд. Ман передохранители автоматро ба ҳолати яккатирӣ (одиночка) монда, затворро кашида, курокро пахш кардам, ки аз автомат тир баромад. Танҳо ҳамон вақт ба худ омада, фаҳмидам, ки автомат магазин доштааст. Дар вақти гирифтани магазин ман худро гум карда, иштибоҳан боз як бор курокро пахш кардаам.

— Магар автоматро бо магазинаш дода буданд?

— Бале, танҳо баъди парронидани тир ман фаҳмидам, ки автомат магазин доштааст.

— Шояд байнатон ягон ҷанҷоле буд?

— Не, муноқиша набуд.

— Меҳроншоҳ ягон маротиба хонаатон рафта буд?

— Не.

— Хешовандонат гуфтанд, ки ӯ ба хонаатон рафт. Пас онҳо дурӯғ гуфтанд?

— Шояд ҳамроҳи ҳамкоронам тӯй рафта бошад, вале ман намедонам.

— Ту ду тирро тасодуф задӣ?

— Бале! Садои тир баромаду Меҳроншоҳ афтид. Мо гумон кардем, ки ӯ бо шунидани садои тир аз тарс афтида беҳуш шуда бошад. Вақте об зада бардоштанӣ шудем, ӯ ба худ наомад. Он гоҳ бардошта, ба ҷои дигар бурданӣ шудем ва дидем, ки аз миёнаш хун меравад. Танҳо ҳамон вақт фаҳмидем, ки ӯ тир хӯрдааст. Навбатдор ёрии таъҷилиро даъват кард. Вақте духтурон омаданд, ӯ аллакай мурда буд.

Ташхиси криминалӣ

Нахустин чизе, ки шубҳаи моро дар бораи фарзияи тасодуф зери суол бурд, он аст, ки новобаста ба он, ки ёрии таъҷилӣ омада, ҳолати маргро дар ҷои ҳодиса ба қайд гирифт, бе гузаронидани ташхиси криминалистии ҷойи ҳодиса ҷасадро бурданд ва баъдан бе ҷасад боздиди ҷойи ҳодисаро анҷом доданд. Яъне ба ҷойи ҷасад чизи дигарро хобонида, аз рӯи нақли судшаванда суратгирӣ карданд. Ҳарчанд ду тир парронида шуд, онҳо дар ҷойи ҳодиса ягон тир пайдо накарданд. Ба назари мо, бо супориши сардори ШВКД тири дуюм пинҳон карда шуда буд.

Танҳо баъди ташхиси ҷасад, ки нишон дод тири ба бадани Меҳроншоҳ задашуда бе бархӯрдан ба ҷойи дигар ба бадан даромадааст ва инчунин баъди овоза шудани садои ду тир, рӯзи дуюм тири дуюмро бароварданд. Қазияи пайдо намудани тири дуюм ҳам муаммо аст. Зеро криминалистҳо агарчи ҳама ҷойро кофтанд, рӯзи якум тирро пайдо накарданд, вале рӯзи дуюм ҳангоми ҷустуҷӯи такрорӣ онро дар берун аз дохили урна пайдо карданд. Гӯиё фаррош онро рӯфтаву бароварда партофта бошад. Ҳол он ки, фаррош баъди ба анҷом расонидани боздиди ҷойи ҳодиса ва гирифтани ҳама далелҳои шайъӣ ба рӯфтан ва шустани хун пардохта буд.

Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Сулаймонзода Ҳокимшоҳ сабаби бе ҷасад гузаронидани ташхиси криминалиро аз набудани мутахассиони криминалист дар Панҷ гуфт. Ба қавли ӯ, маҳз набудани мутахассисони криминалист имкон надод, ки ташхиси криминалӣ дар ҷойи ҳодиса бо ҷасад дар вақташ гузаронида шавад.

Шикоят аз болои тафтишот ба Прокурори генералӣ

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали тафтишот, аз сӯҳбат бо прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А. Ғ. ва усули яктарафа пеш бурдани парванда ба хулосае омадем, ки дар ноҳияи Панҷ имконияти ҳаматарафа, холисона ва пурра пеш бурдани парванда вуҷуд надорад. Бинобар ин, санаи 4-уми март ба Прокурори генералӣ аз болои прокурори ноҳияи Панҷ шикоят карда, хоҳиш намудем, ки барои холисона ва ҳаматарафа анҷом додани тафтишот парвандаро аз Прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта, ба ягон прокуратураи дигар супоранд. Фарзияи расмӣ ба назари мо нодуруст буд. Шубҳаҳо оид ба тасодуфӣ будани ҳолати куштор зиёд буданд. Тасодуфан як тир парронида мешавад, вале ин ҷо сухан дар бораи ду тир меравад. Агар тасодуф мебуд, шояд баъди парронидани тири якум қотил ба худ омада, маротибаи дуюм оташ намекушод. Қазияи чи гуна парронида шудани тирҳо на дар рафти тафтишот ва на дар суд рӯшан нашуд. Вале мутаассифона на Прокуратураи генералӣ ва на Прокуратураи вилояти Хатлон на танҳо аризаи моро қонеъ накарданд, балки ба он дар мӯҳлати муқарраршуда посухе ҳам нагуфтанд. Посухро баъди 42 рӯз, замоне гирифтем, ки парванда аллакай ба суд рафта буд.

Шиносоӣ бо парванда

9-уми апрел дар рафти шиносоӣ бо парванда боз як бори дигар мутмаин шудем, ки воқеан прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А. Ғ. имконияти холисона, бетарафона ва беғаразона пеш бурдани кори парвандаро надорад ва ҷинояти воқеӣ дар парванда пӯшида боқӣ мондааст ва аз аввал то охир дар он на манфиатҳи ҷабрдида, балки манфиатҳои гумонбар дар куштор, манфиати милисаҳои навбатдори ба хунукназарӣ роҳдодаро ҳимоя кардааст. Бинобар ин, мо фавран аз болои он аз нав ба Президенти кишвар, Прокурори генералӣ ва прокурори вилояти Хатлон шикоят кардем. Зеро аз шиносоӣ бо парванда маълум шуд, ки ҳама шоҳидон сатҳиянд. Парванда бе омӯзиши дақиқ ҷамъбаст ва хулосабарорӣ карда шуда, натиҷаи ташхисҳои фармуда сарфи назар карда шудаанд. Масалан “Ташхиси баллистикӣ” мегӯяд: “Тире, ки ба марҳум Ҷумъаев М. расидааст, ин тири тамосӣ (рекошетӣ) нест, зеро ҳама омилҳои тирпарронӣ мавҷуданд ва тирпарронӣ аз фосилаи рӯ ба рӯ (на упор) бо ду маротиба пахш кардани курок аз масофаи 60 сантиметр сурат гирифтааст”. Ташхисҳо инчунин ҳама гуна ҳолатҳои худ аз худ баромадани тир, тасодуфан парронида шуданро рад кардаанд.

Муроҷиат ба Президент

Мо баъди шиносоӣ бо парванда фавран ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Прокурори генералӣ ва ба прокурори вилояти Хатлон муроҷиат карда, боз як бори дигар аз рафти тафтишот норозигӣ ва дархости гирифтани парвандаро аз Прокуратураи ноҳияи Панҷ намудем. Сабаби бевосита ба Пешвои муаззами миллат муроҷиат намуданам дар он буд, ки дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Прокуратураи вилояти Хатлон ба муроҷиати расмии мо, бо гузашти як моҳ, яъне дар мӯҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ посух нагуфтанд ва масъулияти худ дар назди Қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон”-ро иҷро накарданд.

Камбудиҳо дар зинаи аввали тафтишот хеле зиёд буданд. Масалан шиносоӣ бо рафти парванда нишон дод, ки масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани сардори шӯъбаи навбатдории ШВКД дар ноҳияи Панҷ Суҳроби Гулмурод, навбатдори назораткунанда — муовини сардори ШВКД Табарзода Д., ёрдамчии навбатдор Умед Абдулло Ҳасанович, ки бояд бехатарии ҷойивазкунии навбатдорон ва супоридану гирифтани аслиҳаи оташнишонро дар доираи тартиботи мавҷуда, ҷиҳати пешгирии ҳамагуна ҳодисаи нохуш ташкил мекарданд, комилан сарфи назар шудааст. Муфаттиш Фатҳуллозода Ф. ҳангоми шинос намудан бо парванда изҳор дошт, ки дар ин шӯъба шахсе, ки додан ва гирифтани яроқро назорат ва сардорӣ кунад, вуҷуд надорад. Ин нафарон бояд чун гумонбар дар ҷиноят пурсида мешуданд, вале чун шоҳид баромад кардаанд. Тафтишот сабаби вайрон кардани дастурамали қабул ва супоридани яроқ аз тарафи навбатдори шӯъбаро баррасӣ карда бошад ҳам, собит накардааст, ки воқеан автомат бо магазин дода шуд ё на. Зеро шоҳид нест ва фарзияҳо танҳо аз рӯйи нақли худи навбатдор тасдиқ шудааст.

Ҳамаи камераҳои назоратӣ кор мекунанд, ба истиснои камераи ҷойи ҳодиса. Дар рафти тафтишот хунукназарии роҳбари ШВКД дар ноҳияи Панҷ Шамсулло Маҳмудов, ки чун роҳбар натавонист коршоямии камераҳои назоратӣ ва амнияти дохили биноро таъмин кунад, комилан сарфи назар шуда, масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан ва ё аз вазифа озод кардани ӯ баррасӣ нашудааст. Афсари милиса Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ ва дар ҷойи кор, аз ҷониби корманди мақомоти дохилӣ ба қатл расонида шуда бошад ҳам, масъалаи таъмини зарари ҷуброни моддию маънавӣ ба ҷабрдида умуман аз мадди назари тафтишоти пешакӣ берун мондааст. Тафтишот дар парванда ҳолати тасодуфӣ будани кушторро собит накарда, танҳо аз рӯи эътирофи судшаванда парвандаро ҷамъбаст кардааст. Имзои дар шиносномаи Меҳроншоҳ бо имзои дар варақаи қабули яроқ гузошташуда мувофиқат намекунад.

Фикр мекунем, ки шоҳид Холбоев Ниёзулло шоҳиди сохта аст. Зеро дар рӯзи бурдани ҷасад ва дар рӯзи ҷаноза сардори ШВКД Маҳмудзода Шамсулло иброз дошта буд, ки ӯ танҳо ҳамон шаб фаҳмидааст, ки камераҳои назоратӣ кор намекунанд. Вале дар ин ҷо шоҳид иброз медорад, ки рӯзи 03.02.2021 ӯро барои таъмир даъват карда буданд. Бояд ин масъала ҷиддӣ омӯхта мешуд, вале нашуд. Дар парванда камбудиҳои дигар низ ҷой доранд, вале танҳо ҷой доштани мисолҳои овардашуда, худ аз нопуррагии кори парванда ва холисона пеш набурдани он аз ҷониби тафтишот шаҳодат медиҳад.

Ду ҷумла ва 27 иштибоҳи прокурор

Баъд аз шиносоӣ бо парванда дар он аз якчанд камбудӣ, аз ҷумла масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё интизомӣ накашидани масъулини ШВКД, пайдо шудани шоҳиди сохта дар парванда бо номи Холбоев Ниёзулло, ки гӯиё се рӯз пеш аз қатли Меҳроншоҳ барои таъмири камераҳои назоратӣ омадааст, сабабҳои сарфи назар шудани манфиатҳои ҷабрдида ва пардохти ҷуброни расонидашуда ба ӯ, тағйир ёфтани нишондоди судшаванда, сабабҳои сарфи назар шудани натиҷаи ташхисҳои баллистикӣ ва физикӣ-техникӣ дар айбнома, ҳамкорӣ накардан бо ҷабрдида ва беэҳтиромӣ намудан ба ӯ, мутобиқат накардани имзои марҳум бо имзои варақаи яроқгирӣ ва якчанд камбудии дигар сухан ронда, бо дархост аз прокурор талаб намудем, ки камбудиҳои мазкурро омӯхта, инчунин барои дақиқ кардани воқеияти имзо ташхиси хатшиносӣ таъин намоянд, вале дархости мо рад шуд.

Баъди як рӯзи гузоштани дархост, прокурори ноҳияи Панҷ бо мактуби таҳти 26/2021 аз 10.04.21 дар бораи рад кардани дархости мо ва ба суд ирсол шудани парванда расман хабар дод. Мактуби мазкур рӯзи 20-ум ба мо дасрас шуд. Вақте мактубро хондам, ҳам аз рафти тафтишот ва ҳам аз худи прокурор Холиқзода А. Ғ. ба куллӣ ноумед шудам. Зеро прокурор мактуби мазкурро бо дағалона вайрон кардани талаботи Қонун дар бораи забони давлатӣ иҷро карда, ҳамагӣ дар 2 ҷумла ба 27 иштибоҳи дағал роҳ додааст. Ба назари мо, прокурор бо ин вокуниши худ на танҳо мо, балки забони давлатиро низ таҳқир кард. Дар ин бора мо бо мактуби шикоятӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ба Прокурори генералӣ шикоят бурда, дархост кардем, ки шикояти мазкурро омӯхта, тибқи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нисбати прокурор чораандешӣ намоед, вале то ҳанӯз посух нагирифтаем.

Оё Меҳроншоҳро воқеан Амирзода кушт?

Баъзе ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки маро ба шубҳаи дигар водор намуд. Ба назари ман Амирзода Насим Меҳроншоҳро накуштааст. Шояд ҷиноятро каси дигар содир карду ба ӯ кафолат доданд, ки агар гуноҳро ба гардан гирад, аз суд озодаш мекунанд. Чаро чунин шубҳа кардам?

  1. Ҳанӯз дар рӯзи якуме, ки ҷасадро меовардем, сардори ШВКД ба мо ҳамдардӣ карда, бо як дилсӯзии хосе нисбати Амирзода Насим гуфт: “Амирзода ҳайф шуд. Нав карерааш сар шуда буд”.
  2. Прокурор парвандаро ончунон пеш бурд, ки онро судшаванда ва сардори ШВКД мехостанд.
  3. Суд ҳукме баровард, ки барои қатли инсон чунин ҳукм ба назари мо на ҷазо, балки мукофот аст.
  4. Дар парванда роҷеъ ба изи дасти гумонбар дар куштор чизе гуфта намешавад. Шояд дар он изи дасти судшаванда набошад.
  5. Дар рафти баромад, судшаванда ягон маротиба аз мо бахшиш напурсид. Ҳамеша хандида меистод. Гӯё на ба суд, балки ба тӯй омада бошад. Изҳори пушаймонӣ ҳам накард.
  6. Хешовандони судшаванда агарчи рӯзи ҷаноза омаданд ва рӯзи 40 ҳам барои фотиҳа омаданд, ягон маротиба аз мо дархости узри гуноҳ накарданд ва аз даъво гузаред нагуфтанд.
  7. Дар ШВКД ҳолати казармавии садфоиза амал мекард. Бояд як посбон яроқро супорад, як нафар қабул кардаву ба ҷои ӯ равад ва танҳо баъд посбони дуюм яроқро месупораду навбатдори дуюм онро қабул карда, ба ҷои ӯ меравад. Яъне автомате, ки Меҳроншоҳ бояд қабул мекард, ҳанӯз дар берун буд. Чаро ӯ омада, автоматро ногирифта имзо монд, ба ин савол дар суд посух гуфта нашуд.

Ҳамаи ин касро ба хулоса меорад, ки ҷинояти мазкурро каси дигар  кардаву Амирзода ба дӯш гирифт ва инак бо эълони низоми сукунатӣ ба озодӣ мебарояд. Яъне, ҳар кӣ ин кафолатро дода бошад, ваъдаашро иҷро кард.

Ба ҷойи хулоса

Меҳроншоҳи мо рафт. Дигар чӣ коре накунем, ӯро баргардонида намешавад. Вале хеле мехоҳем парвандаи мо ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда, ягон прокуратураи бетараф онро пеш барад ва ҳақро ба ҳақдор расонад. Агар ин прокуратура прокуратураи ҳарбӣ бошад, боз ҳам хубтар аст. Зеро маҳз ҳарбиён таҷрибаи хуби бо яроқ сарукор карданро доранд ва метавонанд тафтишотро холисона анҷом дода, ҳама ҷузъиёти тирпаррониро фош кунанд. Мо хеле мехостем, ки Амирзода Насим мисли капитани милитсияи ноҳияи Вахш Набиҷон Аминҷонов, ки бо ду тир ҳамсарашро кушт, ба мӯҳлати дароз аз озодӣ маҳрум шавад, вале ин тавр нашуд. Аз Пешвои муаззами миллат хоҳиш менамоям, ки дастур диҳанд, парванда барои тафтишоти иловагӣ баргардонида шавад, то ин ки адолат барқарор шавад.

Холиқназар ҶУМЪАЕВ,

амаки марҳум Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ

1 бинависед

  1. Вокеан чазо не,мукофот додаанд. 3 сол барои катли инсон ва он хам сукунати ин хеле хукми сабук аст. Чунин хукм барои котил мукофот аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here