Занон соҳиби пул шудаанд

Чорводорҳо говҳоро аз ташхиси байторӣ мегузаронанд, ба занон тарзи дурусти говҷӯширо меомӯзонанд, ки тавонанд аз шири гов даромади хубе бигиранд.

Дар ноҳияи Носири Хусрав 300 зани деҳотӣ, ки ҳеҷ куҷо кор намекунанд, ҳоло шири говашонро ба фурӯш мебароранд.

Махфират Худойбердиева, зани 37-сола аз деҳаи Баҳор мегӯяд, ки говаш саҳару бегоҳ 16 лит шир медиҳад, чордаҳ литри онро мефурӯшад ва ду литрашро барои фарзандонаш мемонад: “Дар шароити гармии ҳаво ширро ба бозор бароварда наметавонистем, дар роҳ ба сӯи бозор вайрон мешуд, ҷурғоту чака низ ба бозор намерасид, дар хона харидор надошт. Ҳоло шири говро саҳару бегоҳ ҷӯшида мефурӯшем, пулашро ба зиндагиямон сарф мекунем”.

Махфират танҳо нафаре нест, ки аз шири говаш зиндагии худ ва хонаводаи даҳнафариро пеш мебарад. Мисли ӯ занони се деҳот шири говашонро бе мушкил мефурӯшанд.

Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ агробизнес дар Тоҷикистон шири говро аз се деҳаи ноҳияи Носири Хусрав харидорӣ мекунад.

Олим Мирзоев, сокини ҳамин ноҳия мегӯяд, аз рӯзе, ки ширашон харидор пайдо кард, онҳо хӯрдании чорворо аз пули шир захира мекунанд: “Зимистон алаф барои гов кам мешавад, вале шир қимат мешавад, ҳоло аз пули шир барои говҳо хӯрдании коҳу кунҷора харидем, ки замистон шири хуб диҳанд”.

Назар Пардаев, масъули коргоҳи қабули “ШИР” дар ноҳияи Носири Хусрав гуфт, ки қабл аз он ки ширро аз сокинон харидорӣ кунанд, аввал говҳоро аз назорати бойторӣ гузаронида, сипас ширашро харидорӣ мекунанд: “Ба занонро тарзи дурусти говҷӯширо омӯхтем. Занон огоҳ шуданд, ки ҳақи гӯсоларо монанд, онҳо ҳамаи ширро намеҷӯшанд ва гӯсолаҳо гурусна намемонанд”.

Назар Пардаев гуфт, ки пеш аз қабули шир бо дастгоҳҳои махсус ширро ташхис мекунанд, ки равғаннокияш чӣ андоза аст: “Шояд баъзеҳо об омехта кунанд, вале мо метавонем инро бо дастгоҳ санҷиш кунем, агар таркиби шир об дорад ё равғаннокияш кам аст, мо онро қабул намекунем”.

Дар як рӯз аз сокинон то 700 летр шир харидорӣ мешудааст. Барои як литр шир ду сомонӣ медиҳанд, вале дар сардиҳои замистон қимати шир боло мерафтааст. Шир дар ин ноҳия коркард шуда, барои омода кардани маҳсулоти ширӣ ба шаҳри Бохтар бурда мешавад.

Дар Хатлон чандин корхонаҳои хурди тавлиди маҳсулоти ширӣ аст, вале бузургтарини онҳо коргоҳи маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Ёвон аст.

Ясриби КАРИМ, Бохтар

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here