Дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор вилояти Хатлон вазъи аксар роҳҳои мошингузар хароб буда, инчунин беш аз 40 пули дигар низ дар ноҳияи Восеъ таъмирталабу садамавӣ мебошанд, ки ин ҳолат ронандагони воситаҳои нақлиётро нигарон кардаст.

 Ронандагон аз харобии роҳу пулҳо шикоят карданд

Ронандагони воситаҳои нақлиёт аз харобии роҳҳои мошингузар ва пулҳо  дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор гила карда гуфтанд, ки  роҳе, ки аз минтақаи маъмул ба “Развилка” то маркази ноҳияи Восеъ мегузарад, пурра вайрону валонгор мебошанд. Ҳамчунин, пулҳои мошингузар низ дар ноҳияи Восеъ  ҳоли хароб доранд, -гила кард яке аз ронандагон, ки худро Самад муаррифӣ кард.

Сулаймон – ронандаи дигар, ки моро то ноҳияи Фархор бурд, шикоят аз он дошт, ки мо ҳамасола андози роҳ мусупорем, аммо намедонем, ин пулҳо куҷо мешаванд.

Ӯ, ҳамчунин, илова кард, ки роҳе, ки то ноҳияи Фархор меравад, пурра вайрон гаштааст, дигар чӣ ҳоҷати  сухан кардан аз роҳҳои маҳаллӣ.

Ба мисли инҳо боз даҳҳо ронандагони дигар аз харобии роҳҳо дар ҳарду ин ноҳия гила карда, аз масъулин хостанд роҳҳоро таъмир сохта, рафтуомади бе мамониати воситаҳои нақлиётро таъмин созанд.

Дар Восеъ 70 дарсади роҳҳои маҳаллӣ ба таъмир ниёз доранд

Сайфидхон Саидов – сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ гуфтаҳои ронандагонро тасдиқ карда, афзуд, ки дар мувозинаи муассиса 166,2 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта вобаста мебошад, ки 70 дарсади онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Вале аз ҳисоби лоиҳаҳои хориҷӣ 16 километри онҳо пурра навсозӣ гардид.

Манбаъ илова кард, ки тибқи қарори 639 -и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ вогузор карда шудаст. Аз ҷониби мақомоти маҳалии ноҳия дар соли 2020 барои таъмири роҳҳои маҳал 528 ҳазор сомонӣ ва дар 10 моҳи соли ҷорӣ 120 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки барои таъмири асосии як километр роҳ қариб як миллион сомонӣ лозим аст.

48 пул ба таъмир ниёз дорад

Ин шахси масъул афзуд, ки дар роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи ноҳияи Восеъ 48 пули мошингузар мебошад, ки 6 адади он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 40 адади дигар ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ  доранд. Ин пулҳо аз солҳои 50-60-уми сари гузашта сохта шудаанд, ки бояд ҳамаашон аз нав карда шаванд. Ҳамчунин, дар роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 2 адад пули мошингузари калон бо дарозии 100 метр мавҷуд мебошанд, ки онҳо низ ба таъмири асоси ниёз доранд, -зикр кард С. Саидов.

 Роҳҳо мисли пушти “тимсоҳанд”

Ҳаким Одинаев – сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Фархор бошад, гуфт, ки дар мувоизинаи муассиса 411,2 километр роҳ қарор доранд, ки аз он 39 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 56,4 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 314 километри дигар роҳҳои маҳаҳлӣ аст.

Ин шахси масъул илова кард, ки дар се соли ахир 270 километр роҳи маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатманд таъмири асосӣ ва сангфарш карда шудаанд. Айни замон 40 дарсади роҳҳои маҳаллӣ ба таъмир ниёз доранд, – гила кард ӯ.

Роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  бошад, аз солҳои 60-70 асри гузашта то ҳол таъмири асосиро надидаанд. Вале мо нақши таъмири роҳҳои байналмилалиро, ки ҳоло мисли пушти “тимсоҳ” шудаанд, аз таъмири асосӣ барорем.  40 фоизи роҳҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ бошад, ба таъмири асосӣ ниёз доранд, – афзуд ӯ.

Мақомот ҳам ҳиматашонро кам карданд

Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақи Кӯлоб” Хуршед Арабзода  қайд кард, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба суратҳисоби муассисаҳои зертобеашон  ҳамагӣ 725 ҳазору 890 сомонӣ ворид гардидаст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 711 ҳазору 520 сомонӣ кам мебошад.

Зикр шуд, ки  аз ҳисоби буҷетҳои  ноҳияҳои Балҷувон – 30 ҳазор сомонӣ, Восеъ – 101 ҳазору 920 сомонӣ, Ҳамадонӣ – 208 ҳазор сомонӣ, Фархор – 15 ҳазор сомонӣ, Муъминобод – 9 ҳазору 910 сомонӣ, Ховалинг бештар аз 100 ҳазор сомонӣ,  Данғара – 416 ҳазору 860 сомонӣ, Шамсиддин Шоҳин – 6 ҳазору 860 сомонӣ ва М. Яхчипун – 23 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки барои таъмири асосии як километр роҳ беш аз як миллион сомонӣ лозим аст. Акнун худ қазоват намоед, бо маблағҳои ҷудокардаи ин мақомот чи кор карда мешавад?

Аз буҷетҳои мақомоти маҳаллии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Темурмалик ҳатто як сомонӣ маблағ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаашон ҷудо карда нашудаст, -гуфт Хуршед Арабзода.

Аммо гуфтаҳои Хуршед Арабзодаро роҳбари Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Баҳриддин Султонов рад карда афзуд, ки тибқи қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби барзиёди қисми даромади буҷет барои таъмири роҳҳо дар давоми моҳҳои сипаригардидаи соли ҷорӣ 80 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Мақомот бояд даст ба кор шаванд

Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб” Хуршед Арабзода афзуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №639 аз соли 2009 таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ба зимаи мақомоти маҳаллӣ вогузор карда шудааст. Масъулони мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки баҳри иҷрои қарори мазкур маблағгузориро ҷиҳати таъмири роҳҳо бештар кунанд, то ҳарчи зудтар роҳу пулҳои харобгаштаи аҳамияти маҳаллидошта  таъмир карда шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь