Дар доираи як сафар хабарнигорони МТЖТ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт, ки яке аз марказҳои муҳими кишоварзӣ ва сайёҳии кишварамон ба шумор рафта, мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо карданд. Инак, гузориши онҳо аз дастовардҳои ноҳияи Рашт дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ манзури хонандагони ҳафтанома мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати таъмини иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро равона намудааст. Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас саъю кӯшиш намуда истодаанд.

Иҷроиши буҷет

Дар семоҳаи якуми соли 2021 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 18 млн 529 ҳазору 500 сомонӣ пешбинӣ шуда, 18 млн 673 ҳазору 099 сомонӣ ё 102,3 фоиз иҷро гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 102,3 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 6 млн 322 ҳазору 500 сомонӣ 6 млн 466 ҳазору 099 сомонӣ дохил гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 143 ҳазору 599 сомонӣ ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 765 ҳазору 258 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки ӯҳдадориҳои андозӣ дар ноҳия (нақшаи қисми даромадҳои худӣ бо андози иҷтимоии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ) ба ҷойи 7 млн 865,8 ҳазор сомонии нақша 8 млн 440,5 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 107,3 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақша ба маблағи 574,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар ин давра ба 17 млн 178 ҳазору 690 сомонӣ баробар буда, 92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба нишондоди семоҳаи аввали соли 2020-ум 1 млн 492 ҳазору 959 сомонӣ кам мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия афзалият ба хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, беш аз 15 млн 954 ҳазору 539 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба ин соҳаҳо равона гардидааст, ки 85,5 фоизи хароҷотҳои буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил менамояд.

Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ пурра пардохт карда шуда, дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия аз ҳисоби пардохти музди меҳнат қарздорӣ мавҷуд нест.

Рушди иқтисодии ноҳия

Бояд тазаккур дод, ки дар семоҳаи якуми соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 70 млн 403,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати соли гузашта 4 млн 945,2 ҳазор сомонӣ ё 7,5 фоиз зиёд гардидааст.

Гардиши чаканаи мол дар ин давра 29 млн 171,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 443,1 ҳазор сомонӣ ё 5,2 фоиз зиёд мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар семоҳаи якуми соли 2021 барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шӯъбаҳои бонкии дар ноҳия амалкунанда ба маблағи 3 млн 64 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020  ба маблағи 480 ҳазор сомонӣ зиёд ё 18,6 фоиз афзудааст.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта 7 млн 956 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 92 ҳазору 900 доллари ИМА ё 63,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ноҳия 94 нафар соҳибкорон тибқи шаҳодатнома, 738 нафар соҳибкорон, аз ин 67 нафар занон тибқи патент ва 2939 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намудаанд.

Рушди кишоварзӣ

Дар соли 2021 бунёди 17 га боғҳои нав ба нақша гирифта шуда, дар 23 га боғҳои нав бунёд карда шудаанд. Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 35 га кишти зиротҳо гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта 17 гектар зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 19 млн 335,8 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 млн 234,1 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 106,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 78130 сар, моли майда 175222 сар, асп 1532 сар, мурғ 118630 сар ва оилаи замбӯри асал 22027 оиларо ташкил додааст, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта чорвои калони шохдор 424 сар, моли майда 2793 сар, асп 34 сар, мурғ 1263 сар ва оилаи замбӯри асал 645 оила зиёд шудааст.

Дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 301,8 тонна, шир ба 3113,1 тонна, тухм ба 896,4 ҳазор дона расонида шуда, мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 32,3 тонна, шир 116,2 тонна, тухм 0,6 ҳазор дона зиёд  мебошад.

Рушди соҳаи саноат

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 6 млн 980,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли қаблӣ 959,3 ҳазор сомонӣ ё 15,9 фоиз зиёд аст.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 15 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ташкил ва ба кор оғоз намудани коргоҳи мебелбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, истеҳсоли хишти сементӣ, масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), истеҳсоли макарон, хӯроки чорво, корхонаи дӯзандагӣ ва коргоҳҳои коркарди пашм, коркарди мева, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ нақшабандӣ шуда, коргоҳҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ, корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ, корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) ба фаъолият оғоз намудаанд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ба роҳ мондани кор дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизоти лозимӣ ворид карда шудааст.

Барои ташкили фаъолияти корхонаи истеҳсоли макарон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоту технологияҳои зарурӣ аз Ҷумҳурии халқии Чин харидорӣ ва ворид карда шуда, дар шафати Корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм бино омода карда шуда, дар мӯҳлатҳои наздик ба  истифода дода мешавад.

Нақлиёт ва бору мусофиркашонӣ

Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 131,6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия ба миқдори 188,3 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи  соли 2020-ум 23,3 ҳазор тонна зиёд ва суръати афзоиши он 114,1 фоиз мебошад.

Ҳаҷми мусофиркашонӣ 134,3 ҳазор нафар мусофирро ташкил дода, нисбати нишондоди соли гузашта 8,0 ҳазор нафар мусофир ё 6,3 фоиз зиёд шудааст.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар ин давра ба шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт зиёда аз 748 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз ин 194 нафарашон занон мебошанд. 467 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 90 нафар, аз ҷумла 17 нафар духтарон ба филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, устои автомобил, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ фиристода шудаанд. 124 нафар (занон 44 нафар) дар соҳаҳои гуногун ба кор таъмин гардидаанд.

Аз ҷониби филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт дар давраи ҳисоботӣ 3 гурӯҳи омӯзишӣ бо фарогирии 194 нафар касбомӯзон, аз он 65 нафар занон ҷалб гардидаанд. Тариқи худмаблағгузорӣ 81 нафар аз, ин 43 нафар занон ба омӯзиш ҷалб гардидаанд. Ба шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ 81 нафар, аз ин 37 нафар занҳо ва аз ҳисоби Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 90 нафар, аз ин 17 нафар занон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ Беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 марказҳои саломатии деҳотӣ, 49 хонаҳои саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шӯъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият бурда, дар онҳо 146 нафар табибон ва 463 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Инчунин, диспансери байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, сил, гепатити С ва бемории сироятии коронавирус (Covid-19) масъулини соҳа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият доранд, ки дорои 386 кати бистарӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 5787 нафар дар муассисаҳои госпиталии ноҳия бистарӣ шуда, саломатии худро барқарор намудаанд.

Рушди маориф

Дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз он 26 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 19 муассисаи умумии асосӣ, 67 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим бо фарогирии 29319 нафар хонанда, ки 14212 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият мекунанд. Ба хонандагон 1773  нафар омӯзгор, ки аз ин 394 нафарашон занон мебошанд, таълим медиҳанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим бо фарогирии 165 нафар тарбиятгирандагон, 1 интернати наздимактабӣ бо фарогирии 50 нафар тарбиятгиранда, 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 160 нафар тифлакон ва 56 адад Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1226 нафар амал карда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 марказ ва 200 нафар кӯдакон зиёд мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар ноҳия сохтмони 2 бинои боғчаи бачагона идома дошта, инчунин аз ҳисоби собиқ биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо биноҳои нав сохта шудаанд, баъд аз таъмиру тармим бунёд ва ба кор оғоз намудани 2 боғчаи бачагона дар деҳоти Н. Махсум ва Ҳоит ба нақша гирифта шуда, соли ҷорӣ амалӣ карда мешаванд.

Айни замон дар назди муссисаҳои таҳсилоти умумии №12-и деҳаи Шулонаки деҳоти Қалъаи сурх, №14-и деҳаи Ярхаби деҳоти Ҳиҷборак, №22-и деҳаи Ҳоити деҳоти Ҳоит, №35-и деҳаи Шуле, №70-и деҳаи Варзигони деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва №82-и деҳаи Чорбоғи деҳоти Нусратулло Махсум сохтмони биноҳои нави замонавии таълимӣ идома дорад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1006 адад компютер, 72 адад ноутбук, 191 принтер, 13 адад тахтаи электронӣ, 42 адад видеопроектор ва 71 генератор мавҷуд мебошанд.

Рушди соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 64 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 40 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 2 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, театри халқӣ, 2 осорхона (Осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осрхонаи хусусии «Кӯҳсори аҷам»), 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодаанд.

Дар доираи омодагиҳо ба фестивал – озмуни телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб – 2021” бо қарори раиси ноҳия Низомнома ва ҷадвали баргузории давраи аввали озмун тасдиқ карда шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардида истодааст. Инчунин, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардида истодааст.

Варзиш, ҷавонон ва туризм

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 39634 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди ноҳия 130 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ин 3 варзишгоҳ, 1 маҷмааи варзишӣ, 98 майдончаи варзишӣ, 24 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 27 нафар мураббӣ ва 690 нафар машқварзон (20 нафар бонувон) фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ 3 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, 5 мусобиқаи сатҳи минтақавӣ, 2 чорабинии варзишии марҳилавӣ ва 60 мусобиқаи сатҳи ноҳиявӣ, ҷамъ 70 мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, ҷавонони ноҳия дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бо 2 медали тилло, 1 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ ва дар сатҳи минтақа бо 30 медал сазовор гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ сохтмони 1 толори варзишӣ дар деҳаи Кулобаи деҳоти Қалъаи Сурх, 4 майдончаи варзишии ҳозиразамон дар деҳаҳои Ялдамичи деҳоти Қалъанак, Қазноқи деҳоти Нусратулло Махсум ва деҳаҳои Кадара ва Амирбеки деҳоти Қалъаи Сурх идома дорад.

Ноҳияи Рашт дар қатори дигар гӯшаву канори Ватани азизамон дорои захираҳои бой барои рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ мебошад. Дар ноҳия мавзеъҳои нодир хеле зиёданд. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Ҷафр, Ҳоит, Ясман, Қалъанак ва даҳҳо дигар манзараҳои дилфиреб ва обу шаршараҳо табъи бинандаро болида мегардонанд. Тавассути сомонаи сайёҳии ноҳия ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (facebook, YouTube ва instagram) аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ расму наворҳо омода гардида, мунтазам пахш карда мешаванд.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Маркази рушди туризм” “Роҳнамо – Guidtbook”-и ноҳия бо забони англисӣ таҳия гардида, ба он ду хатсайри нави сайёҳӣ ворид гардидааст.

Санаи 22-юми марти соли равон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ҳунармандони ноҳия дар ин рӯз намунаи ҳунарҳои табақтарошӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, гулдӯзӣ, қарамадузӣ ва дигар ҳунарҳои хоси мардуми ноҳияро пешкаши меҳмонону сайёҳон гардониданд.

Вобаста ба муҳаё намудани шароити фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 хостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҷамоати деҳоти Ҷафр аз ҷониби соҳикор Акобиров Мирзошо бунёди осорхонаи хусусӣ бо нуқтаҳои гуногуни хизмарасонии сайёҳӣ идома дошта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Дар мавзеи Нуҳбоғи дараи Камароб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шоев Маҳмадроиб меҳмонхонаи хурд ва ҳаммоми замонавӣ сохта шуда, барои қабули сайёҳон омода гардидааст. Инчунин, дар ин мавзеъ бунёди ҳавзи шиноварию моҳипарварӣ ва катҳои истироҳатӣ идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумотҳои дастрасгардида ба ноҳия 348 нафар сайёҳон, аз ҷумла 338 нафар сайёҳони дохилӣ ва 10 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳия ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1-уми июни соли 2018, №372 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021  таҳия ва тасдиқ карда шуда, бо қарорҳои раиси ноҳия аз 1-уми июли соли 2019, №264 ва аз 10-уми апрели соли 2020, №243 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд ва корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт бомаром идома доранд. Инчунин, барои илова намудан ба нақшаи чорабиниҳо дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ рӯйхати 35 иншооти иловагӣ таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Нақша-чорабиниҳои таҳиягардида аз 369 банд, аз ин 19 банд чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва 350 банд бунёди иншооти таъиноти гуногун иборат аст, ки дар давоми солҳои 2018 – 2020 аз ин шумора 225 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуда, тибқи нақша дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ идома доранд.

Бо қарори раиси ноҳия аз 10-уми апрели соли 2020, №243 ба нақшаи чорабиниҳои зикргардида 60 иншооти дигар, ки барои ободонӣ ва беҳгардонии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар ноҳия пешбинӣ шудаанд, илова карда шудаанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Рашт мӯҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳия фаъолияташро равона менамояд”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь