Зан – модар аз ноадолатиҳои мақомот ва раиси шаҳр ашк мерезад

Чанде пеш ба шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун сафар кардам. Ҳамин ки аз шоҳроҳ мегузаштам, зан – модареро мушоҳида кардам, ки аз ноадолатиҳою қонуншиканиҳои мақомоти суд, идораи кумитаи замин ва билохира аз раиси шаҳр ашк мерехт. Виҷдонам ором нагузошт, ки нисбати қонуншиканиҳо дар Роғун бетараф бошам.

Сабаби ноадолатиҳою қонуншиканиҳоро аз он зан пурсон шудам. Ному насабаш Гулдаста Зайдова, истиқоматкунандаи шаҳри Роғун, кӯчаи 25-солагии Истиқлолият, бинои 3 будааст. Ба қавли ин зан, замини ҷудошудаи барои бунёди манзилӣ истиқоматиашро идораи кумитаи замини шаҳри Роғун пинҳонӣ ба Акаҷон Насриддинов вобаста кардааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар мавзеи Сари Қимиши шаҳри Роғун таҳти рақами 36 аз 23-юми апрели соли 1993 барои бунёди сохтмони хонаи истиқоматӣ ба шаҳрванд Насриддинов 0,10 га замин ҷудо кард. Гулдаста Зайдова мехост бо ҳамроҳии шавҳараш Насриддинов хонаи истиқоматӣ бунёд кунанд. (Аз зиндагиашон як фарзанд доранд). Азбаски вазъи сиёсӣ солҳои 1992-1993 дар кишвар муташанниҷ буд, натавонистанд хонаи истиқоматӣ бунёд кунанд. Аз соли 2004 шавҳараш бедарак гашта, то соли 2008 Гулдаста Зайдова дар бораи ӯ маълумот надошт. Шавҳараш барои дарёфт кардани маблағ ба шаҳри Екатиренбург ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан, даст ба ҷиноят мезанад. Шавҳараш пас аз адои ҷазо, бо бемории диққи нафас соли 2017 ба ватан бармегардад. Ба ӯ ваколатнома додаанд, ки якҷоя бо оилааш ва фарзандаш зиндагӣ кунад.

Зайдова дар мавриди бунёди хонаи истиқоматӣ дар мавзеи Сари Қимиш борҳо ба раиси шаҳр муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифтааст. Аҷоиботи посухи раиси шаҳри Роғунро бинед, ки аз 7-уми июни соли 2019 гуфтааст, ки чунин қитъаи замин дар маҳал гӯё вуҷуд надошта бошад. Зайдова ба мактуби ҷавобии МИҲД-и шаҳр розӣ шуда наметавонад. Замин моликияти истисноии давлат аст. Замин чизе нест, ки пинҳон карда шавад. Сабаб чист, ки МИҲД-и шаҳри Роғун вуҷуд доштани заминро пинҳон мекунад?

Тибқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ваҷҳҳои Гулдаста Зайдоваро мебоист МИҲД-и шаҳри Роғун ба таври расмӣ, яъне бо маънои томаш аз рӯи адолат ҳаллу фасл мекард. Аммо қонунро сарфи назар кардаанд. Аз ин бармеояд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз рӯи мақоли “худам шоҳу табъам вазир” амал мекунад.

Ҷабрдида Гулдаста Зайдова ашкрезон мегӯяд: “Борҳо ба қабули раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар рафтам, аммо котиби раис иҷозати даромадан намедод. Ҳар гоҳ ба қабули раис меомадам, дар пеши назарам даҳҳо корафтодагон бо навбат ба назди раис медаромаданд. Аммо ман наметавонистам ба назди раис дароям. Ба ашкҳои ман на раҳми котиб, на раҳми раис намеомад”.

Гарчанде борҳо Гулдаста бо ҳуҷҷатҳои дар даст дошта ба КДФ муроҷиат карда бошад ҳам, ҳуҷҷатҳои ӯро ба қайд нагирифтаанд.

Гулрухсор Зайдова соли сеюм аст, ки барои адолату ҳақиқат дари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кумитаи идораи замин дар шаҳри Роғун, раиси Кумитаи замин Н. Билолзода, Суди шаҳри Роғунро охӯрча кардааст, аммо ба додаш нарасидаанд. Дар натиҷаи даводави сесола аризаи даъвогии Зайдоваро дар Суди шаҳри Роғун моҳи май бе иштироки ҷавобгар Акаҷон Насриддинов, ҳамҷавобгар МИҲД-и шаҳри Роғун, идораи кумитаи замин баррасӣ кардаанд, ки хилофи қонун буд. Мебоист судя ҷавобгар Акаҷон Насриддинов, ҳамҷавобгар МИҲД-и шаҳри Роғун, роҳбари идораи замини шаҳри Роғунро даъват мекарду баҳси миёни ҷавобгару даъвогарро холисона дида мебаромад. Бе иштироки онҳо, танҳо бо иштироки даъвогар Гулрухсор Зайдова, бидуни таҳлили парванда он қатъ карда шудааст.

Чаро судяи Суди шаҳри Роғун ошкоро ба қонуншиканӣ роҳ дод?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан – модарро чароғи хонадон, пешбарандаи ҷомеаи демократӣ, тарбиятгар номидааст. Аз ин рӯ, мо бояд қадру қиммати зан – модарро ҳифз намоем.

Ҳокими САФАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь