Махзани нуру зиё

Ҳанӯз 90 сол муқаддам дар яке аз шаҳрҳои номдори Суғдзамин-Панҷакенти бостонии ҳамешаҷавон боргоҳе қомат афрохт, ки то имрӯз шукӯҳу шаҳоматаш қуллаҳои баландро касб карда, манзалате дар исмаш зам намуд. Ин боргоҳи илму маърифат, ин макони нури ганҷи маъонӣ, ин даргоҳи муқаддас Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент буда, номи Шоири халқии Тоҷикистон, шоири тавонову моҳир Лоиқ Шералиро дорад. Зеро замоне шоири зиндадили мо ҳам паси курсии донишҷӯии ҳамин коллеҷ менишаст ва дар умқи дилаш дарёи бузурги илҳом мавҷ мезад. Амвоҷи баҳри бузурги қалби ин шоири шаҳирро маҳз омӯзгорони хушсалиқаву мумтози коллеҷ дарк намуда, барояш даричаеро ба баҳри бекарони адабиёт во карданд. Ва дар ин самт Лоиқ Шералӣ танҳо набуд.

Даричаи таърихро во карда, ба солҳои пеш, ба он ҷомае, ки ин боргоҳи илму фан сохта шуду дар ба рӯи ташнагони илм во кард, рушд ёфт, шахсони номиву шинохтаи ҷумҳуриро парварид, бо онҳо боли парвоз дод, менигарем. Аён мегардад, ки соли 1930 дар шаҳри Панҷакент ба ҳайси комбинати педагогӣ макони илму маърифат ташкил ёфта, минбаъд Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи педагоги рус А.В. Луначарский ва баъдан номи бузурги классики адабиёти тоҷик Саъдии Шерозиро мегирад. 2-юми ноябри соли 2012 омӯзишгоҳро ба коллеҷ табдил медиҳанд, ки ҳоло он аз рӯи 10 ихтисос кадрҳои омӯзгорӣ тайёр мекунад. 610 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 404 нафар дар шӯъбаи ғоибона бо таҳсил фарогир буда, аз омӯзгорони баландихтисосу пуртаҷриба сабақ меомӯзанд.

Поягузорони кохи маърифат

Тӯли мавҷудияту фаъолияташ коллеҷ зиёда аз 17 ҳазор мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбиро ба камол расонидааст, ки дар рушду тараққиёти Тоҷикистони азизи мо аз ҳар ҷиҳат саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Азбаски коллеҷ яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, дар самти корҳои тадқиқотӣ ва таърихӣ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд ва ҳоло ҳам мавриди омӯзиш қарор дорад. Тибқи таҳқиқоти анҷомдодаи профессор Исроил Исмоилов директори нахустини ин коллеҷ Қобилҷон Мамадҷонов буда, муассисонаш Абулқосим Алиев, Мирбой Авезов-раиси комиҷроия ва Бобо Раҷабов – мудири шӯъбаи маорифи ҳамон давр дониста мешаванд. Солҳои 1931-1935 ба ҳайси директори комбинати педагогӣ Фаттоҳ Раҳматуллоев меҳнат карда, маҳз бо дархости ӯ аз Самарқанду дигар марказҳои илмӣ омӯзгорони маъруфи давр чун Ҳодизода, Болтақул Рауфзода, Офоқӣ, Баҳриддинов ва Салимзода ба Панҷакент даъват шуда, ба толибилмони ин ҷо дарс гуфтаанд. Таҳсил дар ин ҷо 3 солро ташкил дода, 18 нафар бори аввал онро хатм кардаанд.

Солҳои баъдӣ вазифаи директори коллеҷро устодон ва кормандони ҷоннисори халқу ватан Файзулло Ҳоҷиев, Асатилло Камолов, Нарзулло Боймуродов, А. Сулаймонова, Ҳанифа Искандарова, Фотима Шарифова, Шариф Бозоров, Раъно Бобоҳоҷиева, Тӯра Ниёзов, Эркин Сироҷиддинов, Ҳакимҷон Ҷинобилов ва Норинисо Худоёрова бар зимма доштанд, ки ҳар яке барои рушду нумӯи коллеҷ, хосатан, ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ҷаҳду талош карда, вазифаи ҷонии худро дар ин самт сарбаландона ба сомон расониданд.

Роҳбаре сарбаланду олиме ҷонфидо

Ҳоло дар ин вазифаи басо пурмасъулу заҳматталаб яке аз фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, ҳиндшинос, Аълочии маорифи Тоҷикистон Холов Ҷовид Шодиевич заҳмат мекашад. Ӯ худ зодаи деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент дар соли 1964 буда, замони бачагиву наврасиаш дар домани ҳамин деҳааш сипарӣ гардид. Соли 1981 пас аз хатми мактаби миёна ба шӯъбаи филологияи ҳинди факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз итмоми бомуваффақияти он ба ҳайси устоди ҳамин донишгоҳ тӯли 10 сол (1986-1996) фаъолият кард. Минбаъд солҳои 1997-2008 дар ташкилотҳои байналмилалӣ дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳ, сармуҳосиб ва роҳбари лоиҳа кор карда, соли 2008 то соли 2015 вазифаи ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро бар ӯҳда дошт. Моҳи августи соли 2015 ӯро директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент таъин намуданд, ки то имрӯз сарбаландона ин вазифаро иҷро мекунад.

Ҳамчун номзади илмҳои филологӣ ӯ муаллифи чандин китобу мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз ҷумла, китобҳои «Адабиёти урду дар садаи бистум», «Бозиҳои грамматикӣ (ба забони англисӣ барои курсҳои поёнӣ)», «Назарияи тарҷума», «Масрур Ҷаҳон-ҳикоянигор», «Таърихи адабиёти урду», «Таърихи мухтасари адабиёти англисӣ» «Ҳамоиши-Сангам (сафарномаи Ҳиндустон)» ва чанде дигар аз китобҳои ба нашр расидаи Ҷовид Холов мебошанд. Ҳамчунин, чун олими пуркору заҳматпеша дар симпозиуми ҷаҳонии «Илм-ул-адвия» дар Донишгоҳи исломии Алигарҳ, конфронси байналмилалии забонҳои тоҷикиву форсӣ дар Донишгоҳи Шантиникетан дар Калкутта, Конфронси байналмилалии Маҷозии Лакҳнавӣ дар Лакҳнав, Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Fолиб» дар Деҳлӣ, ҷашнгирии зодрӯзи Амир Хусрав дар Деҳлӣ, ҳамчунин семинару конфронсҳо дар Ҳиндустону Чин, Русияву Туркия иштирок карда, шарафи тоҷиконро баланд бардоштааст.

Ҷовид Холов ҳам ба зумраи директорони пешина барои ободонии таълимгоҳу рушди таълиму тарбия тамоми чораву донишу малакаашро ба харҷ дода, кӯшиш мекунад, ки донишҷӯёнро дар руҳияи ватанпарастиву инсонгароӣ, худшиносии милливу худогоҳӣ, зебоипарастиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия карда, мехоҳад, ки онҳо беҳтарин мутахассисони соҳаи худ бошанд.

Қадамҷои қаҳрамонони миллат

Беҳуда нафармудаанд, ки «Гузаштаро фаромӯш макун, ки он муаллими оянда аст». Бинобар ин, дар таърихи деворҳои ин коллеҷ ҳаводису рӯйдод ва шахсоне мунъакис гаштаанд, ки онҳоро ҳама вақт ҳамаи омӯзгорону толибилмони коллеҷ дар лавҳаи хотирашон сабт хоҳанд кард. Яке аз воқеаҳое, ки бо ҳарфҳои зерин дар китоби таърихи коллеҷ сабт гаштааст, ин қадамранҷкунии бузургони миллат-Қаҳрамонони Тоҷикистон, устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, ба ин даргоҳ мебошад, ки аз ин рӯйдод лавҳаҳои хотиравӣ ва қайдҳои махсус шаҳодат медиҳанд.

Дигар аз мояи ифтихори коллеҷ он аст, ки чӣ хеле дар боло зикраш рафт, ин боргоҳи илму фарҳангро хатм кардани як зумра арбобони миллат аст. Дорандаи Ордени Ленин Абдуҷаббор Шарифзода, узви вобастаи академияи илмҳои ҷумҳурӣ Носирҷон Маъсумӣ, Одина Ҷабборӣ, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ, Холмуҳаммад Абдуллоев, омӯзгорони шоистаи ҷумҳурӣ Отақул Нозимов, Аслиддин Абдуллоев, Мастура Юсуфова дар такомулу инкишофи омӯзиш дар ин таълимгоҳ хидматҳои бузург ба анҷом расонида, дар тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва камоли онҳо мусоидат намудаанд.

Шогирдони шуҳратёри Коллеҷ

Фаъолияти Коллеҷи омӯзгорӣ натанҳо бо тайёр кардани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, балки дастпарварони коллеҷ дар соҳаи илм низ ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Ин хатмкардагони коллеҷ натанҳо шӯҳрати коллеҷ, балки шӯҳрати миллату тоҷику ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ ба арши аъло расонидаанд. Минҷумла академик Соҳиб Табаров, докторон Расул Ҳодизода, Шарофиддин Рустамов, Абдунабӣ Сатторзода, Мақсуд Шукуров, Бозор Тилавзода, Муҳаммадқул Солеҳов, Рақиб Абдулҳаев, Низом Баҳриддинов, Исроил Исмоилов, номзадҳои илм Абдулғанӣ Эшонҷонов, Мардон Муҳаммадиев, Ҳасанбой Дӯстов, Водӣ Махсумов, Субҳон Атобуллоев, Саъдулло Умарқулов ва Абдурауф Раззоқов ифтихори Коллеҷи омӯзгорианд.

Дар соҳаи адабиёт ҳам ин шумор кам нашуда, балки меафзояд. Шоирони забардасти тоҷик Лоиқ Шералӣ, Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, нависандагони машҳур Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, насли нави адибони боистеъдод Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Равшани Ҳамроҳ, Абдурауф Муродӣ ва Ноҳид нозукиҳои ҳунари сухангустариро аз устодони ҳамин даргоҳ омӯхта, ҳар яке барои рушди адабиёти даврони худ ҷоннисориҳо кардаанд ва ҳар яке ҳамчун ахтари тобони осмони адабиёт аз худ ҷилои тозае мерос мондаанд, ки ин шеъру ғазалу рубоӣ, ҳикояву повесту романҳои онҳоянд.

Умуман шумораи ин шахсони обрӯманду ифтихорие, ки хатмкардагони коллеҷ ҳастанд, 3 нафар академик, 60 нафар профессор, 260 номзади илм, 54 муаллими хизматнишондода 15 нависандаву 25 шоир, 5 ходими сиёсиву 1825 Аълочии маорифи Тоҷикистонанд.

Рисолати азалӣ поянда аст!

Ҳоло ҳам коллеҷ рисолаташро гум накарда, вазифаву масъулияти бар дӯшдоштаашро бо сари баланд иҷро мекунад. Чун солҳои пешин вазифаи асосии худро дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти миёнаи касбӣ, ки дорои дониш ва малакаи баланди омӯзгорӣ бошанд, қобилияти тарбия намудани насли наврасро дар руҳияи  инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ватандӯстиву умумибашарӣ доштан аз ӯҳдаи ба ҳаёт татбиқ намудани вазифаҳои дар назди онҳо гузоштаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона бароянд. Донишҷӯён дар 4 кафедраи коллеҷ, аз ҷумла, математика, информатика, таъриху ҷомеашиносӣ, кафедраи забонҳо, педагогикаву психология машғули таҳсиланд, ки ба онҳо 6 нафар номзадони илм, 5 унвонҷӯ, 22 Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар узви Иттифоқи нависандагон аз фанҳои мухталиф дарс мегӯянд. Омӯзгорони беҳтарину пешқадами Коллеҷи омӯзгорӣ Холҷон Мирзоева-муовини директор оид ба таълим, Толиб Шехимов-муовин оид ба тарбия, Маҳбуба Саидмуродова, Комилҷон Аҳроров, Насиба Бобоева ва дигарон мураббӣ ва роҳнамои омӯзгорони ҷавонанд. Ҳамаи омӯзгорони коллеҷ тамоми дониш, малака ва маҳорати худро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати корҳои таълимӣ-тарбиявӣ, омӯзонидани нозукиҳои касби омӯзгорӣ ба муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ ва муаллимони забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ равона менамоянд.

Ҳаёти пурхурӯши донишҷӯён

Донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар баробари таҳсили намунавӣ лаҳзаҳои фориғ аз дарс дар маҳфилҳои гуногун ширкати фаъолона меварзанд. Аз ҷумла, барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои дастии мардумӣ дар Коллеҷ маҳфилҳои дӯзандагиву бофандагӣ, зардӯзиву сӯзанидӯзӣ, ҳамчунин рассомиву қаламкашӣ амал мекунанд. Ҳамчунин, дар маҳфилҳои рӯзгордорӣ – дар танӯр нонпазиву дар ошдон хӯрокпазиро меомӯзанд. Дар ин робита бо мақсади тарбияи қаламкашони ҷавон маҳфили адабии ба номи Лоиқ Шералӣ амал менамояд, ки он ҳамасола 20 май, яъне дар рӯзи таваллуди устод ба ду нафар шахси арзанда эҳдо мегардад.

Коллеҷ барои ободониву шукуфонии он ва дар хобгоҳ барои донишҷӯён шароитҳо фароҳам овардааст. Гирду атрофи коллеҷро бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб дода, намуди зоҳири онро куллан дигаргун кардаанд. Дар хобгоҳ бошад, барои донишҷӯён дастгоҳи обҷӯшониву обгармидиҳанда мошинҳои ҷомашӯиву дигар шароитҳо муҳайёанд.

Анъанаҳои коллеҷ низ боиси намоиш гаштанд. Махсусан, «Рӯзи китоб», душанбеи аввали ҳар моҳ «Иди алифбо» бо хатмкунандагон, «Иди варзиш» доимо «Шабҳои адабӣ» вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, «Ифтихори мо», вохӯрӣ бо хатмкунандагони коллеҷ аз маъмултарини онҳост. Умуман, ҳаёт дар коллеҷ бо ҷӯшу хурӯш мегузарад ва донишҷӯёни коллеҷ дар ин малакаи илм ҳам дониши мукаммал мегиранду ҳам таҷрибаашон бой мегардад.

Муқаддам ХАЛИЛОВА,

Мавзуна ВАҲҲОБОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь