Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд, “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Маҳз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, то сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Тарбияи насли хештаншинос

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти ҷурналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Боев Абдуғиёс Алиевич  иброз дошт, “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо – аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Хишти аввали таълиму тарбия

Абдуғиёс Боев дар идомаи суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон фаъолияти худро дар давоми соли таҳсили 2020 – 2021 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Ба қавли Абдуғиёс Боев, дар соли таҳсили 2020 – 2021 Шуъбаи маориф ва сохторҳои зертобеи он дар доираи солҳои 2019- 2021 эълон гардидани “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», дар баргузории ҷашнҳои умумимиллии Сада, Рӯзи модарон, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, Рӯзи Дониш, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи омӯзгорон, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Фалак, Иди Меҳргон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, тибқи нақшаҳои таълимӣ ва корӣ озмунҳо, маҳфилҳои фаннӣ, олимпиадаҳо, аксияҳо, номгӯи бозиҳои варзишӣ ва маҷмӯи зиёди чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ – равшаннамоӣ, маърифатию солимгардониро гузарониданд, ки баргузории онҳо хусусиятҳои таълимию тарбиявӣ дошта, дар баланд гардидани сатҳ ва сифати дониши хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва дар тарбияи зеҳнӣ, зебоипарастӣ ва ақлонию фикрронии мактаббачагон нақши  босазо  гузоштанд.

Туҳфаи аҳли маориф

Соли гузашта дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 22, 41 ва 67 се бинои иловагӣ (дар маҷмӯъ иборат аз 16 синфхона), инчунин 7 синфхонаи дигар дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 17 ва 64 бунёд ёфта, имрӯз дар назди МТМУ № 72 як бинои иловагӣ иборат аз 4 синфхона ва ду утоқи корӣ бо саҳми иттиҳодияҳои динӣ, инчунин, боз 8 бинои иловагӣ ва 19 синфхонаи нав дар назди 7 муассисаи мавҷуда идома дорад. Пеш аз оғози соли таҳсили 2020-2021 бо мақсади таъмири муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 1 млн. 697 ҳазору 349 сомонӣ (аз ҷумла аз ҳисоби буҷаи маҳал 1 млн. 293 ҳазору 847 сомонӣ, аз ҳисоби волидони хонандаҳо 372 ҳазору 400 сомонӣ ва аз ҳисоби сарпарастон 311 ҳазор сомонӣ) равона гардид, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 72 ҳазору 851 сомонӣ зиёд аст.

Пас аз анҷоми соли таҳсили 2019-2020 аз 3123 нафар хатмкардагон 1598 нафар ё худ, 51,1 фоизи онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо, 440 нафар (14 фоиз) ба коллеҷу литсейҳои касбӣ ва 429 нафар (13,7 фоиз) ба курсҳои кӯтоҳи ҳунаромӯзӣ дохил шуданд. Дар маҷмӯъ 2467 нафар ё худ, 80 фоизи хатмкардагони синфи 11 алҳол таҳсили касбу ҳунар карда истодаанд, ки 1056 нафар, яъне 42 фоизи онҳо духтаронанд. Шоистаи таҳсин аст, ки аз 1531 нафар духтарон- хатмкардагони синфи 11-соли гузашта имрӯз 69 фоизи онҳо таҳсили худро дар ин ё он муассисаи касбӣ идома дода истодаанд.

Ҳоло дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 59085 нафар хонанда, аз он 28760 нафар духтарон таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 2514 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1287 нафар занон дарс медиҳанд. Дар давоми соли таҳсили ҷорӣ 56 нафар омӯзгорони нав дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба кор қабул гардида бошанд ҳам, ҳоло норасоии кадрӣ 7 нафарро ташкил медиҳад (забони русӣ- 3 нафар, забони англисӣ 4 нафар).

Дар ноҳия 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 1203 нафар ва дар 55 маркази инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1313 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин дар маҷмӯъ 10,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кӯчаи Ҷомии шаҳраки Ёвон як муассисаи нави томактабии хусусӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дорад.

Соли гузашта 22 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, 8 нафар хонандагони синфи 11 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзиданд ва аз онҳо 2 нафар соҳиби ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 38 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи 5 номинатсия фаъолона ширкат варзида, 10 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ, ки 17 декабри соли гузашта ҷамъбаст карда шуд, 2 нафар соҳиби ҷойҳои дуюм (дар номинатсияҳои адабиёти бачагона ва адабиёти классикӣ), 1 нафар соҳиби ҷойи сеюм (дар номинатсияи адабиёти классикӣ) ва 2 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (дар номинатсияи адабиёти муосир) гардиданд.

Нишондиҳандаҳои оморӣ

Дар ҳамин ҳол, ба қавли сармутахассиси Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Шарифов Амриддин Шодихонович, дар Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон тибқи Низомнома ва воҳидҳои кории мавҷуда 6 нафар хизматчиёни давлатӣ, мудири кабинети методӣ бо шумораи 15 нафар мушовирон, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо шумораи 11 нафар воҳидҳои корӣ, Маркази иттилоот ва коммуникатсия дар ҳайати 14 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки ба раванди таълиму тарбияи насли наврас кӯмак расонида, сифати таълиму тарбияро дар 85 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 2 гимназия, 1 мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ мунтазам назорат менамоянд.

Қобили тазаккур аст, ки айни замон дар ноҳия 7 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар назди аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ- марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис дода шудааст, ки онҳо бо асбобҳои аёнии таълимӣ, мизу курсӣ, катҳои хоб, ҷевон барои либос ва намудҳои гуногуни бозичаҳо таъмин гардидаанд.

Cармутахассиси Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Амриддин Шарифов бо итминон мегӯяд, ки бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимии ноҳия дар маркази диққати Шуъбаи маориф қарор дорад. Зеро беҳ кардани сифати кори таълиму тарбияи насли наврас маҳз аз омӯзгорон ва меҳнати пурмаҳсули онҳо вобаста аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки таълимгоҳҳои ноҳия ба масъалаи зикршуда эътибори ҷиддӣ дода, ба он  мекӯшанд, ки ҳарчи бештар омӯзгорони соҳибихтисосро ба кор ҷалб намоянд. Аз ин ҷост, ки ин масъала ҳалли мусбии худро ёфта истодааст.

Дар идома риштаи суҳбатро мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Абдуғиёс Боев ба даст гирифта, зикр намуд, ки аҳли маорифи ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳа фаъолияти хешро тӯли  семоҳаи соли 2021 низ дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, саъйи бештар ба он равона доштаанд, ки сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардошта, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии соҳа саҳми арзанда гузоранд. Дар ин росто дар аксари кулли муассисаҳои таълимӣ барои рӯз аз рӯз хубтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба маҷрои муайян равона доштани низоми таълим, амалӣ намудани барномаҳои давлатии дар соҳаи маориф қабулшуда, таҷрибаивазкунӣ миёни омӯзгорон ва омодагиҳо баҳри гузаштан ба низоми нави таҳсилот тадбирҳои чорасоз андешида мешаванд. Ин аст ки дар ин раванд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 26. 01. 2021) дар самти рушди соҳаи мактабу маориф, аз он ҷумла диққати бештаре додан ба забондонию забономӯзии хонандагон, рушди фанҳои табиию риёзӣ бешак дастури роҳнамо маҳсуб ёфта, барои татбиқи амалӣ ба роҳбарӣ гирифта шудааст.

Хонандагони номовар

Ба иттилои Абдуғиёс Боев, санаҳои 4 – 5 январи соли 2021 бо ширкати беш аз 380 нафар хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ёвон даври минтақавии Олимпиадаи вилоятӣ баргузор гардид, ки 68 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмуни фанни хонандагони синфҳои 5-6, 104 ғолибони даври ноҳиявии хонандагони синфҳои 7-8, б96 нафар хонандагони синфҳои 9-10 ва 144 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмуни хонандагони синфи 11 дар озмуни минтақавию вилоятӣ, ки дар шаҳру навоҳиии Бохтар, Кӯшониён, Панҷ, Восеъ, Данғара ва Кӯлоб доир гардид, фаъолона иштирок намуданд. Дар маҷмуъ бошад, дар Олимпиадаи  фаннии вилоятии хонандагон 36 нафар ғолибиятро ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Гузашта аз ин, дар ин давра, дар арафаи таҷлили Соли Нави мелодӣ, ҷашнҳои Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, озмунҳои  “Иншои беҳтарин”, “Беҳтарин қироати шеър”, “Дастони моҳир”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ороиши дастурхони наврӯзӣ”, “Беҳтарин омодакунандаи таъомҳои миллӣ”, “Шукуфаҳои истиқлол”, “Тоҷикистон – кишвари азизи ман”, “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин”, “Донандагони беҳтарини Конститутсия”, “Хониши бадеӣ”, “Беҳтарин хушнавис” ва ғайра дар сатҳи баланд ташкил ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Вусъати созандагиву бунёдкориҳо

Таваҷҷуҳ ва рушд бахшидан ба соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар тақвияти ҳамин омили муҳим мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Абдуғиёс Боев мутмаин аст, ки:

– Мусалламан, тайи солҳои охир бо иқдоми неку созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дигаргунсозӣ ва таҳкими ислоҳоти маориф идома ёфта истодааст.

Бо меҳри Ватан

Тавре Абдуғиёс Боев зикр намуд, албатта, ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ ҷой дорад. Ва албатта, ин нуқсонҳоро танҳо метавон бо бозомӯзӣ ва пайгирӣ метавон аз байн бурд. Вале дар баробари ин, мо – маорифчиёнро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро низ вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Ёвонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

Маҳмадалӣ МАҶСАДУЛЛОҲ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь