Ба таваҷҷуҳи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода

Яке аз мушкилиҳои беш аз 20 сол ҳалношудаи Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷайҳун – ин аз ҷониби сокинони ноҳия гирифтани се бинои хобгоҳаш мебошад, ки масъулони ноҳия ва Литсей наметавонанд сокинонро аз хобгоҳҳои он берун кунанд.

Ҳотамшоҳ Юсуфзода – директори литсейи мазкур бо нигаронӣ гуфт, ки “аз соли 2000-ум 131 ҳуҷраи хобгоҳи литсейи ноҳияро, ки барои хонандагону омӯзгорон аст, 283 оила худсарона гирифтаанду мо наметавонем онҳоро аз он берун кунем ва худи онҳо низ намехоҳанд ин маконро тарк кунанд”.

– Барои баргардонидани се бинои хобгоҳи литсей, ки сокинони ноҳия ҳоло онҷо истиқомат доранд, ба МИҲД-и ноҳия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо роҳбарони пешинаи литсей ва худи ман низ муроҷиат кардем, аммо ҳеҷ натиҷае надод,- афзуд номбурда.

Ин шахси масъул қайд кард, ки литсей ҳанӯз аз соли 1961 фаъолияташро оғоз кардаву айни замон дар он 350 донишҷӯ таълим мегиранд, ки ба онҳо 48 омӯзгор таълим ва касб омӯзонида истодаанд. Аз ин шумора 32 нафар хонанда дар хобгоҳ ҷойгир буда, ҳамчунин 9 нафар омӯзгор ва 6 нафар кормандони техникӣ дар хобгоҳе, ки сокинон онро гирифтаанд, будубош доранд.

Пиромуни ин масъала раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни яке аз нишастҳои матбуотиаш гуфта буд, ки дар литсей се бинои хобгоҳ аст ва дар он 286 оила, ки аз се то панҷнафарӣ ҳастанд, ҳоло зиндагӣ доранд.- Бо онҳо ду маротиба вохӯрда, оид ба тозагӣ, таъмир кардани бино суҳбат кардам. Тамоман имкони кӯчонидани онҳо нест,-афзуд раис ва илова кард, ки онҳо низ шаҳрванд ҳастанд ва ҳуқуқи худашонро доранд. “Мо ба онҳо замин медиҳем, аммо онҳо имконияти сохтмон кардан надоранд. Ҳатто баъзеҳояшон замин гирифтаанд, аммо он заминҳоро куҷо карданд, инаш дигар масъала”,- зикр кард ҷаноби раис.

– Марҳила ба марҳила мо корбарӣ мекунем ва ҳамааш дуруст мешавад. Бояд саросеме нашуд дар ин кор,- илова кард Абдулҳафиз Одиназода.

Аммо зимни сафари кории худи мо дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ маълум шуд, ки то кунун хобгоҳҳои литсейи ноҳия ҳолати ҳузнангез доранд.

Чаро масъулони Литсейи касбӣ-техникӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 сол боз натавонистанд 283 оилаеро, ки 131 ҳуҷраи литсейро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд, берун кардаву бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намоянд? Ин суолест, ки масъулон бояд посух гӯянд.

Бояд гуфт, ки ҳоло хобгоҳҳои литсейи мазкур ҳолати ногувор доранд ва дар чунин шароит зиндагӣ кардани хонанда, омӯзгор ва сокинон ғайри имкон аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь