Имрӯзҳо дар кишварамон маориф мавқеъ ва манзалати хосае касб кардааст, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Шоимардонзода Х. И. дар оғози суҳбат бо хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон изҳор дошт, “боиси фараҳмандӣ ва хушнудии мо маорифчиён аст, ки 2-юми октябри соли равон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди муассисаи мазкур дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мактабу маориф мебошад. Бино аз 2 қисм иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 га-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст”.

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд. Бо мақсади татбиқи муваффақонаи ин ҳадаф дар муассисаи навбунёди таълимӣ тамоми шароит фароҳам мебошад.

Синфхонаҳои фаннии таълими меҳнат барои духтарон ва писарон бо асбоби дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан, дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ ва мошинаҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд.

Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дорои 13 ҳазор адабиёти гуногун, аз ҷумла 2 ҳазору 500 адабиёти бадеӣ мебошад.

Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ дар бинои нави мактаб толори маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Бо дарназардошти ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон, дар муассисаи таълимӣ ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ низ ҷой дода шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз аст.

Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимӣ толори варзишӣ барои 100 ҷойи нишаст сохта шудааст, ки таҷҳизоти варзишии ҳозиразамон, аз ҷумла тенниси рӯйи миз, бозии волейбол ва баскетбол, лавозимоти варзишӣ барои обутоби бадан дорад. Дар ҳудуди муассиса ҳамчунин барои гузаронидани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва омодагии дифои ҳарбӣ 2 майдончаи варзишӣ бунёд шудааст.

Ҳамчунин, Шоимардонзода қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Садриддин Айниро мавриди истифода қарор доданд. Таълимгоҳ дар масоҳати умумии 1,75 гектар доман густурда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат ва дорои 34 синфхона буда, барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо дарназардошти татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дар муассисаи навбунёд утоқҳои фаннӣ бо тамоми техникаю технологияи зарурии насли нав таъмин гардида, барои гузаронидани машғулияти амалии хонандагон имконоти мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ҳамзамон, таълимгоҳ аз толори маҷлисгоҳ бо 260 ҷойи нишаст, ошхона барои 160 нафар ва китобхона иборат буда, ҷиҳати омода намудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» толори хониш бунёд гардидааст.

Дар таълимгоҳ ҳамчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҳамзамон, дар сатҳи баланд гузаронидани машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, як толор ва ду майдончаи варзишӣ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти солимгардонӣ таъмин карда шудаанд.

Мудири шуъбаи маориф афзуд, ки “бо боварии том гуфта метавонам, ки кормандони соҳаи маориф аз пешравиҳои моддӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ва корҳои ободонӣ дар ноҳия руҳбаланд гардида, дар амалӣ намудани сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи маориф талоши бештар доранд. Фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия дар асоси супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми кишвар, супоришҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда шудааст”.

Маориф соҳаест, ки аз ҷониби Президенти кишвар дар сиёсати давлат афзалиятнок ва омили амнияти миллӣ номида шудааст. Ба ин маънӣ дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Ҳукумати мамлакат дар давраи истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон намудааст. Дар ин асос ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳоти соҳа консепсияву барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст».

– Соҳаи тақдирсози миллат ва давлат будани соҳаи маорифро Роҳбарияти Олии мамлакат ба хубӣ дарк намуда, пайваста дар ҳалли мушкилоти он ғамхориҳои доимӣ зоҳир менамоянд. Масъулияти мо кормандони соҳа нисбати таълим ва тарбия бояд мувофиқ ба ин ғамхориҳо бошад,- афзуд мудири шуъбаи маориф.

Соҳаи маорифи ноҳия дар давоми 30 соли Истиқлолият ба комёбиҳои назаррас соҳиб гардидааст. Ислоҳоти бузург дар соҳа амалӣ карда шудаанд. Таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ дар баробари мароми инсондӯстона доштан, хусусияти миллӣ пайдо кардааст. Тағйирот дар мустаҳкам намудани пояи моддии муассисаҳои таълимӣ хеле назаррасанд. Дар давоми 30 соли Истиқлолият муассисаҳои таълимии №2, 4, 5, 6, 8, 15, 41, 43, 44, 46, 49, 52, 57, 58, 62 ва 66 аз нав сохта шудаанд. Дар ноҳия 4 муассисаи таълимии типи нав ба истифода дода шудаанд. Литсейҳои давлатии №1, №2 таълими хонандагонро дар равияи табиӣ-математикӣ ба роҳ мондаанд. Ҳар сол хатмкунандагони ин муассисаҳои таълимӣ тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пурра дохил мешаванд. Гимназияҳои давлатии №1, №2 таълимро бо забони русӣ дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ташкил намудаанд. Имсол бори аввал хонандагони ин муассисаҳо хатмкунанда ба ҳисоб мераванд. Дар назди муассисаҳои таълимии №3, 12, 18, 19, 25, 26, 28, 31, 32, 33, 34, 35, 36, 37, 42, 45, 47, 48, 53, 55, 56, 62, 63, 64, 65 ба миқдори 141 синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд. Муассисаҳои таълимии №16, 17, 38 ва Маркази таҳсилоти иловагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.

Ҳайати кадрии соҳа аз ҷиҳати миқдорӣ ва сифатӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар соли 1991 дар муассисаҳои таълимӣ 2601 нафар омӯзгорон фаъолият менамуданд, ҳоло бошад, ин рақам ба 2778 нафар баробар аст. Айни ҳол 1841 нафар омӯзгорон бо маълумоти олӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ин нисбати соли 1991-ум 441 нафар зиёд аст. Сафи онҳое, ки таҳсилашонро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ва хориҷи кишвар давом медиҳанд, пайваста меафзояд. Айни ҳол 121 нафар хатмкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷи кишвар таҳсилро давом дода истодаанд.

Дар шароити имрӯза қариб ҳамаи хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил мешаванд. Имсол аз 2362 нафар хатмкунанда 2019 нафарашон аз қайди ММТ гузаштаанд. Дохилшавии духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тағйироти куллӣ касб кардааст. Дар назди муассисаҳои таълимии № 3, 6, 8, 10, 12, 15, 16, 24, 38 озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ташкил карда шудаанд. Майдончаҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимии №2, 4, 8, 15, 16, 41 замонавӣ гардидаанд. Миқдори ин майдончаҳо аз 46 то 52 адад афзоиш ёфтааст.

Дар усулҳои таълим низ дигаргуниҳо ҷорӣ гардидаанд. Таълим бештар хусусияти амалӣ пайдо намудааст. Фанҳои нави таълимӣ ҷорӣ карда шудаанд. Фанҳои ҳуқуқи инсон, адабиёти халқҳои ҷаҳон, суханварӣ, таърихи динҳо, маърифати оиладорӣ ва технологияи иттилоотӣ ба нақшаи таълимии муассисаҳо ворид карда шудаанд. Омӯзиши фанни таърихи халқи тоҷик барои тарбияи бештари ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ амиқтар гардонида шудааст.

Аз соли 2001 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷора додани китобҳои дарсӣ оғоз гардид. Ин амал ба хотири ёрӣ ба табақаи ниёзманди аҳолӣ ҷорӣ карда шуд. Волидон маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар давоми 3 сол пардохт мекунанд. Айни ҳол ба шуъбаи маориф 63125 адад китобҳои дарсӣ ворид гардидаанд ва дастраси хонандагон мебошанд. Ин миқдор нисбати соли хониши гузашта 6588 адад зиёд аст.

То соли 1991 дар ноҳия 10 адад боғчаи бачагон амал мекард. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ биноҳои аксарияти ин боғчаҳо шахсӣ карда шуданд. Бо талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин боғчаҳо аз сари нав ба фаъолият оғоз намудаанд.

Дар боғчаҳо 707 нафар кӯдакон тарбия мегиранд, ки нисбати соли хониши гузашта 28 нафар зиёд аст. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ аз моҳи сентябр теъдоди кӯдакон дар боғчаҳо аз 800 нафар зиёд гардидааст. 33 нафар мураббиҳо ва 34 нафар дояҳо ба ин кӯдакон таълим ва тарбия медиҳанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ 2778 нафар омӯзгорон ба таълими 38672 нафар хонандагон машғуланд. Таҳлили ҳайати кадрии омӯзгорон нишон дод, ки аз 2778 нафар омӯзгорон 1841 нафарашон бо маълумоти олӣ, 247 нафарашон бо маълумоти олии нопурра ва 760 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ба таълиму тарбия машғуланд. Миқдори омӯзгороне, ки маълумоти олиро соҳиб гаштаанд, нисбати соли гузашта 71 нафар зиёд мебошад. Сатҳ ва сифати дараҷаи тахассусии омӯзгорон низ нисбат ба соли таҳсили гузашта боло рафтааст. Айни ҳол 525 нафар омӯзгорон бо дараҷаи тахассуси олӣ фаъолият намуда истодаанд, ки теъдодашон нисбати соли таҳсили гузашта 79 нафар зиёд аст. Ҳамасола миқдори хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ аз 1200 то 1300 нафар, омӯзгорон аз 80 то 100 нафар афзоиш меёбад.

Кабинети методии шуъбаи маориф озмунҳои «Муаллими сол», «Муаллими ҷавони сол» ва «Мураббии сол»-ро ҳамасола дар сатҳи хуб мегузаронад.

Бахши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маориф, ки сохтори нав аст, фаъолияташро дар солҳои Истиқлолият хеле беҳтар намудааст. То давраи Истиқлолият ва солҳои аввали Истиқлолият хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ аз мошинаҳои электронии ҳисоббарор истифода мебурданд. Ҳозир бошад, нақшаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии ноҳия 111,2% иҷро гардидааст. Хонандагон аз компютерҳо васеъ истифода бурда истодаанд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1168 адад компютер, ки тариқи модем бо шабакаи Интернет пайвастанд, 156 адад принтер, 28 адад тахтаҳои электронӣ, 37 адад проектор мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Таҳлили миқдории компютеркунонӣ дар даҳсолаи охир нишон додааст, ки ҳар сол 15-20 адад компютер ба муассисаҳои таълимӣ дастрас мегарданд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф, ки соли 2017 таъсис ёфтааст, бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон робитаи мунтазам барқарор намуда, бо онҳо дарсҳои иловагиро ташкил намуда, озмунҳоро дар сатҳи зарурӣ гузаронидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 8 адад медали тилло, 12 адад медали нуқра ва 9 адад медали биринҷӣ аз «Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ» ба даст овардаанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ гузаронидани озмуни умумиҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷорӣ гардид. Имсол шумораи иштирокчиёни ин озмун нисбати соли гузашта якуним баробар зиёдтар мебошад. Агар соли таҳсили гузашта ба даври вилоятӣ 25 нафар иштирокчӣ роҳхат гирифта бошанд, имсол ин шумора ба 68 нафар расидааст. Сатҳи омодагии иштирокчиёни озмун нисбати соли гузашта хеле баланд аст.

Озмуни дигари эълоннамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад. Ин озмун низ дар байни хонандагон ва омӯзгорон дар сатҳи зарурӣ гузаронида шудааст. 56 нафар омӯзгорон ва хонандагон ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтаанд.

Дар 113 гуруҳи Марказҳои инкишофи кӯдак 2600 кӯдак ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи супориши Пешвои миллат дар солҳои наздик то 30% ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар назар аст. Айни ҳол ба боғчаҳо ва Маркази инкишофи кӯдак 16,1% кӯдакон ҷалб гардидаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нашрияи соҳавии худро бо номи «Минбари омӯзгор» ташкил намуд. Ин нашрия дар ҳақиқат ба минбари омӯзгорон ва сокинони ноҳия табдил ёфтааст. Сифати мақолаҳо баланд, миқдори маводҳо нисбати соли пештара зиёдтар гаштааст.

Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар кори ҳифзи меҳнат ва беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон саҳми худро гузошта истодааст.

Дар давоми 30 соли Истиқлолият дар муассисаҳои таълимии ноҳия 98 адад кабинетҳои фаннии нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Аз ин миқдор 59 адад кабинетҳо ба фанҳои дақиқ рост меоянд.

Бо мақсади иҷрои талаботҳои бистсолаи «Рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» дар назди муассисаҳои таълимӣ 21 адад озмоишгоҳҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

– Маорифчиёни ноҳия чун тамоми халқи бонангу ор ва сарбаланди Тоҷикистони азиз ҷашни бузурги таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтанд. Аҳли маориф, ки ба таълим ва тарбияи насли навраси ояндасоз бомасъулиятона машғуланд, минбаъд низ хонандагонро дар руҳияи дӯстдории ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия хоҳанд намуд,- мегӯяд мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Шоимардонзода Х. И.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь