Соҳаи илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, дар ин радиф Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин соҳаи муайянкунандаи роҳи фардои ҷомеа аҳамияти басо хос медиҳад. Зеро пешрафти минбаъдаи ҳар давлат маҳз ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди илму маориф ва таъкидҳои пайвастаашон бобати баланд бардоштани мақоми соҳаи маориф дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, такомули ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, башорат аз ғамхорӣ ва дилсӯзиҳои ҳамарӯзаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Дониш – силоҳи мутахассисони фардо

Зимни суҳбат Бобоева Дилбар Домуллоевна – мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ёдоварӣ аз талошу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат зикр намуд, ки бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои муаззами миллат имрӯз нақшаи куллии ислоҳоти соҳа ҷиҳати ҳарчӣ бештару зудтар ҳаллу фасл намудани масъалаҳои ҳалталаби соҳаи мактабу маориф фаъолона амалӣ гашта, ҳамкории судманди муассисаҳои таълимӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, сарпарастон, шахсони саховатманд ва ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ рӯз аз рӯз густариш ёфта истодааст.

Мавсуф дар идомаи суханони хеш ҳамчунин афзуд, ки:

– Қобили тазаккур аст, ки дар зарфи 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ  якчанд марҳилаи ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ гардида, ҳамзамон, навсозии инфрасохтори соҳа, такмили сатҳу сифати таълиму тарбия, низоми нави омода намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар раванди татбиқ қарор дорад. Дар баробари ин, гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ имкон фароҳам овард, ки ба низоми маорифи кишвар як қатор дигаргуниҳои куллӣ ворид карда шаванд. Ҳамрадиф бо ин, тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ масъалаҳои вобаста ба дастрасии баробар ба илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои мухталиф ва баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифати ҷавонону наврасон тадриҷан ҳаллу фасл шуд. Фаромӯш набояд кард, ки асоси пешрафти ҳар як кишвар аз сатҳи саводнокии мардум, бахусус ҷавонону наврасони он вобаста мебошад. Зеро насли бомаърифат қудрату тавоноии давлату миллат мебошад. Давлате, ки мардумаш соҳиби донишу маърифати баланд нест, ҳеч гоҳ пурқудрат нахоҳад шуд.

Даричае ба рӯи таърихи маорифи ноҳия

Агар мурури иҷмолие ба таърихи соҳа маориф намоем, маълумамон мегардад, ки муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамсоли давлати Шӯравӣ буда, аввалин мактабҳои дунявӣ ҳанӯз соли 1918 ташкил ёфтаанд. Дар рисолаи таърихии доктори илмҳои таърих, профессор шодравон Ғафур Ҳайдаров «Аввалин қадамҳои Шӯро дар Хуҷанд» дар бораи аз тарафи Шафиқулло Домулло дар деҳаи Ёва аз соли 1918 ба фаъолият оғоз намудани аввалин мактаби Шӯравӣ (ҳозира муассисаи таълимии №1) маълумот дода шудааст. Дар солҳои минбаъда дар деҳаҳои Хистеварз, Унҷӣ, Овчиқалъача мактабҳо бунёд гашта, соли 1924 дар қаламрави ноҳияи кунунии Бобоҷон Ғафуров 8 мактаб фаъолият доштааст, ки дар онҳо ҳамагӣ 88 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда будаанд. Дар соли 1927 шумораи мактабҳо ба 30 адад расида, ба 898 нафар хонандагон 45 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медодаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ садҳо нафар омӯзгорон бо амри дил ба майдони набард рафта, намунаи олии ҷасоратро нишон додаанд. Аз миёни эшон ба омӯзгор Домулло Азизови Ҳистеварзӣ гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ муяссар гардид.

Дар солҳои баъдиҷангӣ эътибори давлату ҳукумат ба соҳаи маориф бештар гардид. Агар дар соли 1974 дар ноҳия 65 мактаб фаъолият дошта, ба 35137 нафар хонандагон 1600 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медоданд, пас дар соли 1981 ин шумора мутаносибан ба 71 мактаб ва  41750 нафар хонанда рост меояд.

Дар ҳамин замина мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилбар Бобоева муътақид бар ин аст, ки ҳеч муболиға нест, ки ба маънои томаш рушди соҳаи маорифи ноҳия ва мустаҳкам гаштани пояҳои моддӣ-техникии онҳо ба солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати начандон тӯлонӣ, вале босаодат, дар қаламрави кишвар сохта ба истифода дода шудани зиёда аз 5000 таълимгоҳ далели бебаҳси гуфтаҳои фавқ аст. Ва имрӯз низ бо дастгирии давлату ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар рушди ин соҳа тамоми барномаҳои мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ шудаву татбиқ шуда истодаанд. Дар ин замина, чунончӣ, агар соли 1991 дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (дар он замон ноҳияи Хуҷанд)  75 мактаб фаъолият дошта, дар он 52405 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда бошанд, пас дар соли 2000 дар ноҳия 81 мактаб фаъолият намуда, дар онҳо 58749 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд. Ҳамин тариқ, соли 2005 шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия ба 84 ва шумораи хонандагон ба 59 639 нафар, соли 2011 шумораи мактабҳо ба 88 ва шумораи хонандагон ба 59141 нафар, соли 2015 шумораи мактабҳо ба 89 ва шумораи хонандагон ба 63  411 нафар расонида шуд. Соли таҳсили равон бошад, дар қаламрави ноҳия 91 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо 75 265 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 1991 дар маҷмуъ 16 мактаб ва 22 860 хонанда зиёд аст.

Вобаста ба ин ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ марҳила ба марҳила зиёд шуда истодааст. Масалан, агар  дар соли 2011 ба соҳаи маорифи ноҳия аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 24 миллиону  450 ҳазору 261 сомонӣ маблағ ҷудо гардида бошад, пас дар соли 2015 ин маблағ 60 миллион  979 ҳазору  548 сомониро ташкил намуд. Дар соли 2021 бошад, ба ин соҳа беш аз  121 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ки нисбат ба соли 2011 5  маротиба зиёд мебошад.

Пешравии соҳа аз бисёр ҷиҳат ба кордониву ташаббускории мудирон ва дигар кормандони масъули Шӯъбаи маорифи ноҳия вобаста аст. Дар солҳои аввали Истиқлолият вазифаи мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро Муродалӣ Дадобоев, дар солҳои 1993-1995 Абдураҳмон Абдуҳамидов, дар солҳои 1995-2001 Набиҷон Раҳмонов, дар солҳои 2001 – 2007 Зайниддинхӯҷа  Дадохӯҷаев, солҳои 2007-2012 Дилбар Турсунова, солҳои 2012-2018  Малоҳат Бобоева дар ӯҳда доштанд.  Дар ин солҳо дар Шуъбаи маориф устодони касби худ, аз қабили  Шуҳратҷон Ғаффоров, Мукаррама Ҳомидова, Сиддиқбой Юсупов, Зарифҷон Алибоев, Муҳаммадсидиқ  Ваҳобов, Лутфинисо Ғаффорова, шодравонҳо Маъруфхон Қосимов, Саломат Шарипова, Абдусалом Ғаффоров, Деҳқонбобо Раззоқов, Домлоҷон Юсупов  ва даҳҳо дигарон  фаъолияти пурсамар дошта, имрӯз кори онҳоро устодони гиромӣ Насимҷон Муродов, Матлуба Қобилова,  Абдулҳай Абдулакимов, Норхӯча Дадохӯҷаев, Мавлудахон Умарова, Муқаддас Қосимова, Ӯктамой  Каримова, Файзуллоҷон Шарипов, Фируза Ёқубова, Сайрам Каримова, Дадоҷон Сангинов ва дигарон сарбаландона идома медиҳанд.

Дилбар Бобоева низ сари ифтихормандӣ аз он боло нигоҳ медорад, ки:

– Имрӯз мо номи устодони худ, ки дар солҳои аввалини Истиқлолият дар рушду нумуи соҳаи маорифи ноҳия саҳми арзандаи худро гузошта, дар ин самт хизматҳои шоён намудаанд, аз қабили Абдуғаффор Олимов, Абдураҳмон Абдулакимов, Ҳуббинисо Ӯрмонова, Муҳаммадҷон Иномов, Маҳмудҷон Ҳакимов, Аюбҷон Дадобоев, Муродҷон Азимов, Оромиҷон Боймуродова, Пӯлодҷон Бобоҷонов, Дилбар Туюнова, Раҳматҷон Ғаниев, Шавкат Ҷабборов, Муътабар Муҳиддинова,   роҳбарони ҳозираи муассисаҳои таълимӣ Мавзуна Рахимова, Нигина Ҷӯраева, Мунаввара Аминова, Нозимҷон Назаров, Муродҷон Самадов, Назира Ҳабибова, Мастура Раҳматова, Пӯлодҷон Исроилов, Фарҳод Абдуқаюмов, Толибҷон Мамадҷонов, Маъруфшех Холшехов,  Баҳром Ашурматов, Абдулаким Ахмедов, Сабоҳат Назирова, роҳбарон ва омӯзгорони ҷавону ҷӯянда ва фидоии касби худ, ба монанди Улуғбек Самадов, Мансурҷон Файзиматов, Алишер Раҳматов, Маҳфуза Ҷабборова, Холида Ахмедова, Фаррухҷон Раҷабов, Муродҷон Ҳайдаров,  Хушрӯз  Темиров  ва дигарон  фахр  дорем.

Шогирдони имрӯзаи муассисаҳои таълимӣ бо номи устодони худ Соро Ёдгорова, Иброҳимҷон Ҳошимов, Гулчеҳра Дадобоева, Суҳроб Собиров, Мушарраф Расулова, Шаҳло Абдуллоева, Солибой Умаров, Манзура Ҳалимова  ва дигарон  барҳақ ифтихор доранд.

Шароити мусоид ба таълимгоҳҳои алтернативӣ

Баробари ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Тоҷикистон дар кишвар  ислоҳоти куллии  соҳаи маориф оғоз гардида, барои фаъолияти муассисаҳои таълимии алтернативӣ низ шароити мусоид фароҳам гардид. Чунончӣ, 1 декабри соли 1998 дар ноҳия аввалин муассисаи ғайридавлатии «Нур» ба фаъолият оғоз намуда, ҳамагӣ ба 27 нафар хонандагони ба ин муассиса ҷалбгардида 7 омӯзгор таълиму тарбия дода бошанд, алҳол дар ноҳия 15 муассисаи таълимии томактабӣ ва 6  муассисаи таълимии ғайридавлатӣ амал менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ айни замон 2132 нафар хонанда, аз он ҷумла 791 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шуда, 159  нафар омӯзгорон, аз ҷумла  93 нафар занҳо бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд.  Дастовардҳои  муҳассилин ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ғайридавлатии ноҳия  сол аз сол назаррас гардида, тайи се соли охир 51 нафар дастпарварони  онҳо дар даври вилоятӣ ва 25 нафар дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки ин нишондод беҳтарин дар вилоят ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, чор сол инҷониб пайваста дастаи хонандагони мактаби хусусии «Амид» дар мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Тирандози моҳир» дар ҷумҳурӣ ҷойи ифтихории дуюмро ишғол менамояд.

Дар гимназияи хусусии «Сафина» таълими амиқи забони олмонӣ ба роҳ монда шуда, дар он Маркази олмоншиносӣ амал менамояд, ки бо техникаи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Маркази мазкур маҳз ба хотири рушди сатҳи донишҳои забоншиносии наврасон таъсис дода шуда, боиси хурсандист, ки бо дастгирии Сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон гимназияи «Сафина» ҳамчун мактаби такягоҳӣ эътироф гардида, бо адабиёти иловагӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин гардидааст. Ин аст, ки ҳамасола 5-6 нафар шогирдони муассиса ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мегарданд.

Хиштҳои устувори бинои ташаккули шахсият

Мусаллам аст, ки дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини  бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд. Аз ин сабаб, Шуъбаи маорифи ноҳия дар фаъолияти рӯзмарраи худ ба зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Ба ин тартиб маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди бемайлони кӯдакистон ва тарбияи кӯдакони синни томактабӣ ба назар мерасад. Чунончӣ, соли 1991 дар қаламрави ноҳия ҳамагӣ 13 кӯдакистон дар тобеияти Шӯъбаи маориф амал намуда, ягон муассисаи таълимии ғайридавлатӣ фаъолият надошт. Дар оғози истиқлолият 7 муассисаи таълимии томактабии тобеи Шуъбаи маориф ва кӯдакистонҳои хусусиву тобеи ташкилотҳои дигар ба фаъолият оғоз намуданд. Соли 2011 дар қаламрави ноҳия аввалин кӯдакистони хусусии “Парасту” ба фаъолият оғоз намуда, ҳамин тариқ шумораи кӯдакистонҳои ноҳия ба 25 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 2550 нафар расонида шуд. Дар соли 2015 дар қаламрави ноҳия 29 кӯдакистон, аз ҷумла 17 кӯдакистони тобеи шӯъбаи маориф, 8 кӯдакистони хусусӣ ва 3 кӯдакистони тобеи ташкилотҳои дигар фаъолият дошта, дар маҷмӯъ 4327  нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия гирифта бошад, дар соли таҳсили равон дар ноҳия дар маҷмуъ 38 кӯдакистон, аз ҷумла 20 муассисаи таълимии томактабии Шуъбаи маориф, 3 муассисаи таълимии томактабии тобеи ташкилотҳои дигар ва 15 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ фаъолият дошта, дар маҷмуъ 6875  нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия дар оғози соли таҳсили 2010-2011 дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ дар назди 5 муассисаи таълимии ноҳия 5 Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо 7 гурӯҳ фаъолияти худро оғоз намуда, ҳамагӣ 185 кӯдакро ба тарбия фаро гирифта бошад, пас дар соли 2015 дар назди 54 муассисаи таълимӣ чунин марказщо фаъолият дошта, 1547 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли таҳсили равон бошад, дар назди 60 муассисаи таълимии ноҳия 108 гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар маҷмуъ 2009 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамин тариқ, айни замон 8884 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки он наздик ба 22 % -и кӯдакони синни томактабии ноҳияро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар ҳолест, ки барои муқоиса дар соли 2013 фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия ҳамагӣ 8 %-ро ташкил медоду халос.

Руҳбаландӣ аз қадрдонии Сарвари давлат

Дар солҳои истиқлолият дар қаламрави ноҳия бо назардошти муассисаҳои таълимии хусусӣ 16 муассисаҳои нави таълимӣ ба фаъолият оғоз намуд. Боиси сарфарозии кормандони соҳа аст, ки соли 2005 муассисаи таълимии №83, соли 2010 муассисаи таълимии № 84, соли 2013 муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат ва бинои  таълимии иловагии муассисаи таълимии №13, соли 2014 бинои иловагии муассисаи таълимии №24, соли 2017 бинои иловагии муассисаи таълимии №14, соли 2020 бинои нави таълимии кӯдакистони “Ориёно”, соли 2021 бинои иловагии муассисаи таълимии №23 бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудаанд.

Камоли сарбаландист, ки фаъолияти шоистаи омӯзгорону мураббиёни ноҳия дар партави ҳидоятҳои шоистаи Сарвари маорифпарвару хирадпешаи кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба фатҳи қуллаҳои баланди илму фарҳанг ва ҷаҳонишавии таҳсилот муваффақ гашта истодаанд ва ин фаъолияти пурсамари онҳо ду маротиба, бори аввал соли 2011 дар маросими кушодашавии  чойхонаи миллиии ҷамоати деҳоти Хистеварз ва бори дуюм соли 2013 зимни ташрифи навбатиашон ба ноҳия, дар маросими кушодашавии бинои нави мактаби №24-и ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов аз ҷониби Пешвои миллат дар алоҳидагӣ қайд карда шудааст.

Бунёдкориҳо аз арҷгузорист

Сол аз сол пояи моддӣ – техникии муассисаҳои сощаи маорифи ноҳия  мустаҳкам гашта, дар соли 1991 бинои ҳозираи МТМУ №76 ва мактаби асосии №68, соли 1992 бинои Маркази таҳсилоти иловагии №1, соли 1993 бинои МТМУ №81, соли 1995 бинои МТМУ №28, соли 2000 бинои МТМУ №50 бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, инчунин, соли 1994 бинои МТМУ №1 аз нав сохта шуд.

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи давлатии «Сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» тайи ин солҳо дар муассисаҳои таълимии №№14,48,55,74,7, ки то ин дам таълим қисман дар вагонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиять ба роҳ монда шуда буданд, пурра аз вагонхонаҳо берун бароварда шуд. Инчунин, дар доираи ин барнома 23 муассисаи таълимие, ки қисман дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд ва ё ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доштанд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳолати садамавӣ бароварда шуданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи татбиқи амалии ин барнома дар назди муассисаҳои таълимии №24,75 ва 29 биноҳои иловагии таълимӣ ва дар маҷмӯъ 30 синфхона барои 900 нафар хонандагон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тафаккури техникии хонандагон боло меравад

Пешвои миллат ҳамеша зимни баромадҳои худ таъкид менамоянд: «То замоне, ки мо барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ғамхориву дилсӯзӣ зоҳир накунем, истифодаи васеи дастовардҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияи муосирро ба роҳ намонем, пешрафти иқтисодии Ватани азизамонро ба таври дилхоҳ ва зарурӣ таъмин карда наметавонем».

Дар соли 1991 дар муассисаҳои таълимии ноҳия ягон адад компютер набуд ва нафақат шогирдон, ҳатто устодони онҳо аз технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир бехабар буданд. Бо мақсади барҳам додани ин ҳолат ва ҷорӣ кардани технологияи муосир то ин дам дар ҷумҳурӣ се  маротиба Барномаҳои давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда, дар натиҷа сол аз сол тафаккури техникии хонандагону омӯзгорон боло рафта истодааст. Имрӯз ҳар як фарзанди тоҷик метавонад бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамон ҳоҳ дар хона ва хоҳ дар муассисаи таълимӣ аз илму маданият ва тафаккури пешрафтаи ҷаҳон бархурдор бошад. Ҳамин тариқ, агар дар соли 2011 дар муассисаҳои таълимӣ 1425 компютер мавҷуд бошад, пас дар соли 2015 шумораи умумии компютерҳо 2002 ададро ташкил намуд. Давоми нимсолаи якуми соли равон бошад, дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳамаи сарчашмаҳо 101 компютер, 11 проектор ва 10 тахтаи электронӣ харидорӣ шуда, шумораи умумии компютерҳо ба 2881, проектор ба  121 ва тахтаҳои электронӣ ба 77 адад расонида шуданд. Алҳол бо мақсади ташкил ва роҳандозии фаъолияти шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар соҳаи маориф дар доираи барномаҳои“ Системаи идоракунии раванди таълим” ва “Системаи ягонаи сомонаи маориф” пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ  ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет амалӣ  гардонида шуда,  сомонаи махсуси Шуъбаи маориф ва 74 муассисаи таълимии ноҳия фаъол гардонида шудаанд. Ин сомонаҳо бо маводи таълимӣ ва методӣ таъмин гардида, ҳамзамон тамоми иттилооти навини муассисаҳои таълимӣ ба ин нуқтаҳои электронии ахбор равона карда мешаванд, ки омӯзгорон аз он васеъ истифода мебаранд. Дар назди 27 муассисаи таълимии ноҳия китобхонаҳои электронӣ ташкил карда шуда, дар онҳо  то 3,5 – 4 ҳазорӣ адабиёти илмӣ – методӣ ва бадеӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Бояд дар алоҳидагӣ қайд намуд, ки кабинети технологияи иттилоотии Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат соли 2019 дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ ва фаъолияти инноватсионии омӯзгор” дар вилоят ба гирифтани ҷойи якум ва дар ҷумҳурӣ ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардид.

Фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагӣ

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши  Маркази таҳсилоти иловагӣ низ пеш рафтааст. Агар соли 2012 дар қаламрави ноҳия 6 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият дошта, ба 62 маҳфилҳои он 2113 нафар хонандагон ҷалб гардида бошанд, алҳол дар пояи 7 адад марказҳои таҳсилоти иловагӣ 75 адад маҳфилҳо ташкил карда шуда, дар онҳо  3567 нафар хонандагон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд. Ба ин хонандагон 126 нафар роҳбарони маҳфил, аз ҷумла 94 нафар занҳо асосҳои 21 касбро меомӯзонанд. Иштироки дастпарварони марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар озмуну мусобиқаҳои гуногуни сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ шоёни таҳсин буда, аз ҷумла хори мунтахаби мактаббачагони ноҳия дар консерти “Шоми дӯстӣ”, ки моҳи сентябри  соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид, бомуваффақият ширкат варзидда, бо шаш забон суруди худро пешкаши меҳмонони олиқадр намуданд. Дар озмуни вилоятии “Созмони хонандагони беҳтарин” роҳбари Созмони хонандагони гимназияи №2 Абдураупова Роҳатҷон ва дар озмуни вилоятии “Ҳуҷраи беҳтарини Созмони талабагӣ” ҳуҷраи Созмони талабагии муассисаи таълимии №13 ғолиб дониста шуданд.  Соли 2018 дар  сатҳи ҷумҳурӣ бори аввал озмуни “Маҳфили касбомӯзии беҳтарин” гузаронида шуда, дар ин озмун маҳфили бофандагии Маркази таҳсилоти иловагии № 6 таҳти роҳбарии Охунова Баҳор соҳиби ҷойи ифтихории якум гардид.

Кадрҳо ҳама мушкилотро ҳал мекунанд

Яке аз омилҳои пешрафти соҳаи маориф ва дастовардҳои калони меҳнатии ҷомеаи омӯзгорону хонандагон вобаста ба таъминоти кадрӣ  буда, Шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи солҳои охир ҳамаи муассисаҳои таълимиро бо кадрҳои сохибмаълумоту соҳибихтисос ба пуррагӣ таъмин намуд. Агар соли 1991 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 3386 нафар омӯзгор фаъолият дошта бошанд, пас соли равон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4912 нафар омӯзгор, аз ҷумла 3952 нафар бонувон пурсамар фаъолият менамоянд. Ҳамин тариқ, дар ин муддат  таркиби сифатии ҳайати омузгорон низ тайғир ёфта, агар дар соли 2000 дар муассисаҳои таълимӣ 47 нафар, соли 2005 – 30 нафар омӯзгорон бо маълумоти миёна кору фаъолият дошта, сатҳи маълумоти олинокии омӯзгорон 85,7 % ро ташкил дода бошад, алҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия ягон нафар бо маълумоти миёна кору фаъолият надоранд ва сатҳи маълумоти олинокии омӯзгорон 92,2%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондоди беҳтарин дар қаламрави вилоят аст.

Дар солҳои даврони Истиқлолият барои фаъолияти пурсамар ва саҳми шоиста дар таълиму тарбияи насли наврас омӯзгори фанни физикаи Гимназияи «Нур» Зарифов Муҳаммадҷон (2010) ва  омӯзгори фанни забони русии мактаби №33 шодравон Кириенко Светлана Петровна (2012) гирандагони ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, омӯзгори фанни биологияи Гимназияи №2 Ёдгорова Соро (2013), омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи Гимназияи №2 Собиров Суҳробҷон (2015), мудири кабинети методии Шуъбаи маориф Қобилова Матлуба (соли 2019)  гирандагони ҷоизаи Раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф гаштанд. Барои хизматҳои шоён дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар, густариши муносибатҳои байналхалқӣ дар ин самт устоди аксар маорифчиёни ноҳия Малоҳат Бобоева бо нишони “Аълочии маорифи Иттиҳоди давлатҳои мустақил” сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, дар ин муддат 4 нафар устодон  Муродалӣ Дадобоев (Гимназияи «Нур»), Муҳаммадҷон Зарифов (Гимназияи «Нур»), Светлана Кириенко (№33), Очаой Шуайбова (№40)  бо унвони баланди Кормандони Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуда, омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии №14 Собиров Абдулаким  бо ордени “Дӯстии халқҳо”, инчунин, устодон Бобоева Малоҳат, Абдуҳомидов Абдураҳмон, Искандаров Ҳодихӯҷа, Ёдгорова Соро, Ализода Равшанбек, Каримова Дилрабо, Қаландарова Масъуда, Юсупова Мушарраф, Умаров Солибой, шодравонҳо Ҳакимов Маҳмудҷон  ва  Саидова Шамсинисо бо медалҳои “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.  Соли 1999 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикии муассисаи таълимии №10 шодравон Абдураҳмонова Фароғат бори аввал аз ҳисоби омӯзгорони ноҳия дар озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол» иштирок намуда, ҷойи ифтихории дуюмро ишғол намуда бошад, боиси ифтихори кормандони соҳа аст, ки  минбаъд 9 нафар омӯзгорони  муассисаҳои таълимии ноҳия иштирокчии  озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» гашта, аз ҷумла дар соли 2008 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикии муассисаи таълимии № 10 Шералиева Сабоҳат, дар соли 2016 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикии муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат  Рустамова Заррина, дар соли 2017 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 Икромова Раъно  соҳибони унвонҳои баланди «Муаллими соли Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд. Ҳамзамон, дар даврони Истиқлолият 9 нафар мураббиёни кӯдакистонҳои ноҳия ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии сол» шуданд. Аз ҷумла, соли 2008 мураббии кӯдакистони № 8 –  и ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонов Юсупова Бишарифа, соли 2014 мураббии кӯдакистони №11 Мансурова Гулчеҳра, соли 2016 мураббии кӯдакистони  №9-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров Атаева Садоқат, соли 2017 мураббияи  кӯдакистони №8 Исмоилова Меҳрангез, соли 2020 мураббии муассисаи таълимии томактабии №8 Ҳоҷибоева Таҳмина соҳибони унвони «Мураббии соли Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардида, шарафи ноҳияро дар сатҳи ҷумҳурӣ боз ҳам баланд бардоштанд.

Кабинети методӣ – намунаи ибрати маорифпарварони ҷумҳурӣ

Дар раванди суҳбат мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилбар Домуллоевна бо камоли ихлосу сипос аз фаъолияти кабинети методии Шуъбаи маориф таҳти роҳбарии Матлуба Қобилова дар алоҳидагӣ ёдовар гардида, ҳамзамон ин андешаи худро бар он асоснок намуд, ки бешак, 50 фисади дастовардҳои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия маҳз ба фаъолияти пурсамари кабинети методӣ  вобаста аст. Ба таъкиди мавсуф, фаъолияти кабинети методии Шуъбаи маориф аз тарафи кормандони Раёсати маорифи вилоят ва Вазорати маориф ҳамаҷониба омӯхта баромада шуда, бо тавсияи онхо ба манбаи тачрибаомӯзии кабинетхои методии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табдил ёфтааст ва натиҷа он аст, ки соли 2016 кабинети методии Шуъбаи маориф дар миқёси мамлакат беҳтарин ҳисобида шуда, таҷрибаи он дар миқёси ҷумҳурӣ паҳн гардидааст. Дар ин раванд соли 2016 – 15 нафар кормандони Шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бохтар бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами кабинети методӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба ноҳия сафари корӣ дошта, аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва кабинети методӣ изҳори сипос намуда буданд.

Хонандагони номовар аз Бобоҷон Ғафуров

Ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия иштироки хонандагони макотиби ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар мусобиқаву озмунҳои сатҳи ноҳиявию байналмилалӣ сол аз сол самарабахш гашта, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, агар дар соли 2008 дар олимпиадаи фаннии даври вилоятӣ ҳамагӣ 13 нафар ҷойҳои аввалро соҳиб шуда бошанд, дар соли 2010 ин шумора 34 нафарро, дар соли 2015 57 нафар ва дар соли равон бошад, 130 нафарро ташкил намуд. Агар соли 2007 ҳамагӣ ду нафар хонандаи макотиби ноҳия ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дониста шуда бошанд, пас ин шумора дар соли 2012 – 14 нафар ва дар соли 2015 – 57 нафарро ташкил намуд. Дар соли ҷорӣ бошад,  дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 73 нафар хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии ноҳия ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Соли равон дастаи олимпии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия вобаста ба натиҷаи иштироки хонандагон дар олипиадаҳои фаннӣ дар вилоят ҷойи сеюмро ишғол намуда, аз қатори даҳгонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ҷой гирифт.

Ба ин минвол, агар соли 2012 – 26 нафар хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гашта бошанд, пас дар соли таҳсили 2020-2021 дар маҷмуъ 73 нафар, аз ҷумла  32 нафар дар олимпиадаи фосилавии байналмилалӣ “Архимед”, 18 нафар дар озмунҳои байналмилалие, ки аз фанҳои физика, математика ва биология дар шаҳрҳои Москва ва Анталия баргузор гардиданд ва 22 нафар дар озмуни байналмиллалии математикӣ “Кенгуру” ғолиб  дониста шуданд. Соли равон бори аввал хонандаи муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат Қаюмов Абдураззоқ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии шоҳмот, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, ҷойи ифтихории сеюмро ишғол намуд.

Қобили тазаккур аст, ки соли 2003, баробари таъсис дода шудани медалҳои тилло ва нуқраи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз аввалинҳо шуда, хонандаи муассисаи таълимии №10 Абдураҳмонова Мухбира муассисаи таълимиро бо медали тилло хатм намуд. Баъдан тайи солҳои охир 10 нафар, аз ҷумла соли равон 5 нафар хонандагон муассисаи таълимиро бо медали тилло хатм намуданд.

Муваффақият – ҳосили заҳмат ва рафоқати ҷомеаи омӯзгорӣ

Бояд махсус таъкид намуд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба тарбияи кадрҳои дорои ихтисосҳои замонавӣ, аз ҷумла вобаста ба пайдоиш ва интиқоли бемории сироятии коронавирус, омода намудани кадрҳои соҳаи тиб эътибори махсус дода мешавад. Аз ҷумла, имсол дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи  давлатии  тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии  Данғара 324 нафар ва дар ҳамаи  коллеҷҳои тиббии қаламрави кишвар 692 нафар донишҷӯён, собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  асосҳои илми тибро омӯхта истодаанд.

Дар омода намудани кадрҳои соҳибихтисоси тиббӣ саҳми Маркази омодагии қаблии Донишгоҳи  давлатии  тиббии Тоҷикистон, ки  моҳи октябри  соли 2010 дар пояи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 – и ҷамоати деҳоти Хистеварз ташкил карда шудааст, хеле назаррас буда,  дар ин кор саҳми омӯзгорони соҳибтаҷрибаву рӯзғордида, аз қабили Иброҳимов Ҳошимҷон, Саримсоқов Тоҳирҷон, Солиева Умеда  назаррас аст.

Тавре аз таҷриба бармеояд, ҳар як муваффақият албатта ҳосили талошу заҳматҳои бепоён ва ҳамдигарфаҳмиву рафоқати тамоми ҷомеаи омӯзгории муассиса ба ҳисоб меравад. Он муассисае, ки роҳбари кордону масъулиятшинос дорад, бешубҳа ба комёбиҳои баланд ноил мегардад. Ва, дар ҳақикат яке аз роҳҳои тараққиёту пешравии ҷомеа  ҳам дар ҳамин нуқтаи муҳим ифода ёфта, дарёфт ва ислоҳи фаврии камбудихо шарти муҳими расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт фаъолияти ҷомеаи омӯзгории муассисаҳои таълимии №№ 4,5,10,15,25,27,28,29,34,44, гимназияҳои №1, 2, Муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат, Гимназияи хусусии “Сафина” чашмрас аст.

Бо азми ҷазм рӯ ба фардои беҳтар аз ин

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилбар Бобоева дар фароварди суҳбат бо итминон иброз дошт, ки:

– Мусалламан ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи маорифчиёни ноҳия натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аст. Дар раванди гуфтаҳои боло мехоҳам бо камоли сарбаландӣ ҷиҳати дастгириву пуштибонии ҳамаҷонибаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан Раиси ноҳияамон Зафарбек Давлатзода арзи меҳру эҳтироми аҳли маорифчиёни ноҳияро изҳор намоям. Зеро маҳз ба василаи ғамхориҳои пайваста ва мусоидати ҳамешагии раиси муҳтарам давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ  ғолибони олимпиада ва дигар озмунҳои фанниву варзишӣ ва техникии макотиби ноҳия, ғолибони озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи  маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадршиносӣ карда шуда, бо тӯҳфаҳои молии пуливу молӣ сарфароз гардонда шуданд. Пӯшида нест, ки иқдомҳои наҷибонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ноҳия ҷиҳати дастгирии муасиссаҳои таълимӣ назаррас буда, маорифчиёни ноҳияро ҳамеша  рӯҳбаланд месозад.

Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи вилояту ноҳия маорифчиёни мо бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.

Бо дарки масъулияти ин ваъда кормандони соҳаи маорифи ноҳия ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро дар оянда низ ба он равона месозанд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ҳадаф ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Касбу ихтисосҳои барои кишвар заруриро аз худ карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонад, манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати кӯҳанбунёду тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намоянд.

Дар ин ҷода ба ҳамаи кормандони соҳа, ки шабу рӯз ҷиҳати пешрафти соҳа ва ба ин васила ободии мамлакату таъмини фардои дурахшони давлату миллат ҷаҳду талош менамоянд, саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям.

Муҳаммадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь