Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Дарвоз Гулшан Абдурозиқова, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Дарвоз дар шаш моҳи соли 2021 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур ва супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси вилоят, ноҳияи Дарвоз ва барномаҳои давлатии марбут ба соҳа ба роҳ монда, тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.

– Имрӯз нақши зан-модар дар тамоми корҳои ободонии кишвар басо хотирмон ба назар мерасад. Занон бо қавииродагӣ, номуси ватандорӣ ва нерӯи созандагӣ баробари мардон кору фаъолият намуда истодаанд. Дар соҳаи хизмати давлатӣ дар ноҳия аз шумораи 67 нафар хизматчиёни давлатӣ 15 нафарашонро занон ташкил дода, аз ин 7 нафарашон роҳбаранд, ки 23,3 %-ро ташкил медиҳад. Дар соҳаи маориф 612 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ин 256 нафар занон 9 нафарашон ба ҳайси директорони муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд. Дар соҳаи тиб 136 нафар занон, аз он 27 нафар занон ба ҳайси роҳбар, дар соҳаи фарҳанг аз шумораи 58 нафар занон 15 нафар занон вазифаи роҳбарони клубу китобхонаҳоро бар дӯш доранд. 158 нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, дар низоми бонкӣ 8 нафар фаъолият мекунанд,- мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Дарвоз Гулшан Абдурозиқова.

Хонум Абдурозиқова бо ишора ба ҳунармандии бонувони ноҳия зикр намуд, ки “аз рӯйи ҷадвали баргузорӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» 14-уми феврали соли 2021 дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардида, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои раиси ноҳия сарафроз гардонида шуданд. Озмуни ҷумҳурявии “Дастарханороӣ” даври аввал 20-уми январи соли 2021 ва даври дуюм 7-уми феврали соли равон дар маркази ноҳия ва моҳи феврал дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Ба беҳтаринҳо туҳфаҳои раиси вилоят тақдим гардид. Иди сада дар маркази ноҳия дар таги чинори зебои марказ бо иштироки раисони шӯрои занони ҷамоатҳо, занони фаъол, занони ҳунарманд баргузор гардид. Инчунин, дар ин радиф Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳ аз зар бувад» низ баргузор шуд. Бахшида ба «Рӯзи Модар» ва эълон доштани соли 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни «Кани духтарон» ва намоиши сарулибоси миллӣ, хӯроку дастовардҳои занони ҳунарманд бо мақсади баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва бедор намудани ифтихори миллӣ дар руҳияи наврасону ҷавонон, дарёфт намудани соҳибистеъдодон, чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд дар ноҳия 6-уми марти соли 2021 дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардида, дар он муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Курговад ва №19-и деҳаи Зиқар баромад намуда, ғолибони ин озмун бо Ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳо барои ҷойи 1 ва 2 қадрдонӣ карда шуданд”.

– Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ мувофиқи нақшаи пешниҳодгардида дар соли ҷорӣ 60 нафар ба касбомузӣ фаро гирифта шудаанд, ки 56 нафарашонро занону духтарон ташкил дода, ба 93%-и нақшаи солона баробар мебошад. Бунёд ва азнавсозии корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар ҳудуди ноҳия мувофиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, ба истифода додани корхонаҳо дар соли 2020 боиси таъмини ҷои кори доимӣ барои занони деҳот гардид. Айни ҳол дар ин корхонаҳо бештар аз 123 нафар занон кору фаъолият менамоянд. Оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ марказҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар назди муасисаҳои таълимӣ, марказҳои рушди истеъдоди наврасону ҷавонон таъсис дода шуда, дар онҳо зиёда аз 50 нафар ҷавонон ба ҳунаромузӣ фаро гирифта шудаанд,- илова намуд мавсуф.

Дар ҳамин ҳол, Замирова Анкогул – дӯзандаи корхонаи “Меҳри Модар”-и ноҳияи Дарвоз мегӯяд, ки “соли 1982 ба техникуми 33-и шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1986 хатм намудам. То соли 1988 дар ноҳияи Ванҷ кор кардам. Баъд издивоҷ карда, ба ноҳияи Дарвоз омадам. Аз соли 1988 то соли 1992 дар корхонаи дӯзандагӣ ба дӯхтани шиму курта машғул шудам. Дар корхона мо 70 нафар занон кору фаъолият дорем. Дар сехи дӯзандагӣ бисёртар мо либосҳои мактаббачагонаро фармоиш гирифта, медӯзем. Барои бонувон дар сехи дӯзандагӣ шароити хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Маоши худро сари вақт мегирем. Дар хона ба дӯхтани куртаҳои миллӣ машғулам. Мо занони ҳунарманди ноҳияи Дарвоз миннатдории худро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоем, ки нисбати мо занон хеле ғамхор мебошанд. Бо ифтитоҳи сехҳои дӯзандагӣ, мо занони хонашин бо кори доимӣ таъмин гашта, зиндагии худро пеш бурда истодаем”.

Аҳмадова Зарафшон – ҳунарманд аз ноҳияи Дарвоз зикр намуд, ки ба ҳунарҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, бофандагӣ, тарроҳӣ машғул мебошад.

– Дар маркази таҳсилоти иловагӣ дарс медиҳам. Аз рӯйи барнома мо 20 нафар духтаронро аз синфҳои 7-8 ва синфҳои болоӣ ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намуда, дарс дода истодаем. Мо доим дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоем. Дар хона духтаронам низ ба дӯхтан машғул мебошанд. Зан бояд пеш аз ҳама хоҳишманд бошад. Чунки ҳунар барои зан ҳамешагист. Ман худ дар оилаи ҳунарманд ба воя расидаам. Дар соли 2015 бо эълон гаштани “Соли оила” дар чорабинии вилоятӣ аз кашидадӯзӣ сазовори ҷойи аввал гаштам. Дар озмуни “Андалеб”, ки дар ноҳия соли 2021 гузаронида шуд, иштироки фаъол доштем. Маҳсули дасти мо доим дар намоиш аст”.

Ҳунарманди дигар аз ноҳияи Дарвоз Мирзоева Фаришта мегӯяд, ки “ҳамчун омӯзгор 8 сол дар мактаб кор кардам. Дар маҷмуъ, 6 сол мешавад, ки ман ҳунарманд мебошам. Асосан ба дӯхтани либосҳои миллӣ, курпаю курпача, болишт, сарулибоси арӯсӣ машғул буда, умуман ҳамаи фармоишҳои шаҳрвандонро иҷро мекунем. Бо ҳамроҳии шогирдон дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок мекунем”.

Сидиқова Розиямоҳ аз ноҳияи Дарвоз мегӯяд, ки “солҳо боз бо ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошам. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба мо як ҳиссиёти нав бахшид. Ман боз ҳунари худро сайқал додам. Муддати 8 сол аст, ки ҳунармандам. Фармоиши куртаҳои миллиро дар хона қабул карда, медӯзам. Барои иҷрои фармоишҳо келинҳо дар хона кумак мекунанд. Занони ҳамсоя низ ҳунари маро омӯхта истодаанд”.

Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Дарвоз Гулшан Абдурозиқова, бо мақсади риояи расму русуми тоҷикон ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи раиси ноҳия занони фаъол бо духтарон ва навхонадорон барои пешгирии қабули фарҳанги бегона, омодагӣ ба ҳаёти мустақилона, аз бар намудани касбҳои гуногун, одобу гуфтори нек бо калонсолон, пойдории фарҳанги ниёгон дар байни аҳолӣ ба тариқи фаҳмондадиҳӣ суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд.

Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мувофиқи нақшаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаш моҳи соли равон як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Дар ин давом мувофиқ ба нақшаи корӣ ҳар ҳафта бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронидаву дар мавзуҳои гуногун вобаста ба оила ва таълиму тарбияи кӯдакон сӯҳбат карда шудааст.

Бахши кор бо занон ва оила аз рӯи мавзуҳои интихобнамуда дар ҷамоати деҳоти Қалъаихум дар иштироки як гуруҳи корӣ дар деҳаҳои Даштилуч, Мадраса, Рузвай, Ширг, Зев, Даштак, Умарак бо занон ва волидайн вохӯрда, дар бораи иҷрои талаботҳои дар қонунҳои миллӣ омада, зарурият ба қабули қонуни мазкур, ки ба забонҳои муосир вобаста мебошанд, суҳбату вохӯриҳо гузаронидааст.

Инчунин, вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масълияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, 2, 14, 15, 16, 3, 24, 17, 8, 40-и ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо хонандагони ин муассисаҳо вохӯрда, дар бораи қабули қонуни мазкур, манфиатҳои он бо хонандагон ва падарону модарон суҳбатҳо гузаронида шудаанд.

Ҳамзамон, бо оилаҳо ва сокинони ноҳияи Дарвоз ҷиҳати паҳншавии бемории сироятӣ, пешгирӣ аз паҳншавии касалиҳои тропикӣ ва вируси «КОВИД-19» дар шашмоҳи соли равон дар деҳоти Жак, Нудванд, Сангевн, Дуробак, Ширг, Зев, Мадраса, Рузвай, Даштилуч, Даштак, Саидон, Чухкак, Сағирдашти ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи раиси ноҳия вохӯриҳо баргузор намудааст.

Баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2020 №АП-1332 ва аз 17-уми августи соли 2019, №АП-1256 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида, корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

Дар асоси амри Президент бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои баргузории даври дуюми фестивали «Чакомаи гесу», озмуни «Кани духтарон», озмуни «Кадбонуи беҳтарин», бахшида ба иди байналмилалии «Наврӯз» озмуни «Маликаи Наврӯз», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», «Ҷилваи рангҳо» дар ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз номи ВМКБ ноҳияи Дарвоз дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар дар сатҳи ҷумҳурӣ баромад намуда, соҳиби туҳфаҳои хотирмон гардидааст. Ноҳияи Дарвоз бо барномаи тайёрнамуда ва намоиши сарулибос, хӯрокҳои миллӣ ҷиҳати баргузории Фестивал-озмунҳо дар тамоми чорабиниҳои ноҳия ва сатҳи вилоятӣ баромад намудааст.

– Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон грантҳо пешбинӣ шуда, аз соли 2015 инҷониб 10 нафар занон вобаста ба шуғли гуногун маблағи 275 ҳазор сомонӣ гирифта, баъзе аз онҳо фаъолият намуда истодаанд. Бо ҳунармандони ноҳия суҳбат намуда, барои пешниҳоди барномаҳои худ барои рушди соҳаҳои ҳунармандӣ тавсияҳо дода шуд. Панҷ нафар занон барои дастрас намудани маблағҳои барномавӣ лоиҳаи барномаҳои тайёрнамудаи худро пешниҳод намудаанд,- афзуд мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Дарвоз Гулшан Абдурозиқова.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь