Аз 1980,7 километр роҳҳои аҳмияти маҳаллидоштаи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 50 дарсадаш ҳоли хароб дошта, ниёз ба таъмири асосӣ доранд. Аз харобии роҳҳо бештар ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар нигаронанд.

Маблағ ҷудо мекунанд, аммо хеле кам

Сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақи Бохтари вилояти Хатлон Маҳмадулло Файзалиев зикр кард, ки давоми 7 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби буҷетҳои мақомоти маҳалии як шаҳру 11 ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳамагӣ барои нигоҳдории роҳҳо 1 миллиону 262 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин кофӣ нест. Аз ин маблағҳо 1 миллиону 107 ҳазор сомониаш дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ сарф гардидааст.

— Дар мувозинаи муассиса 1980,7 километр роҳҳои аҳмияти маҳаллидошта мебошанд, ки 50 дарсади онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд, вале мутаассифона маблағҳое, ки аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ҷудо карда мешавад, ночиз аст. Зеро барои таъмири асосии як километр роҳ наздики як миллион сомонӣ лозим аст,- афзуд ин шахси масъул.

Ҳиммати мақомот

Манбаъ гуфт, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳияи Кӯшониён 47,5 ҳазор сомонӣ, Панҷ — 28,8 ҳазор сомонӣ, Қубодиён — 10,1 ҳазор сомонӣ, Ҷомӣ — 478 ҳазор сомонӣ, Левакант — 47,4 ҳазор сомонӣ, Балхӣ — 89,8 ҳазор сомонӣ, Носири Хусрав — 40 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун — 50 ҳазор сомонӣ, Ёвон — 800 ҳазору 500 сомонӣ, Дӯстӣ — 13 ҳазор сомонӣ, Хуросон — 41,1 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳритус 22,5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин хеле кам аст.

Раисон чӣ мегӯянд?

Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхоҷа Шоҳиён гуфт, ки аз ҷамъи умумии роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаашон ҳамагӣ 30 дарсадаш барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт мувофиқанду халос: “Мо нақша дорем, ки марҳила ба мариҳила роҳҳои маҳаллиро ба воситаи соҳибкорон таъмир кунем”.

— Дар ноҳияи Қубодиён роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 144 километрро ташкил медиҳад, ки аз инҳо ҳамагӣ 30 дарсадашон дар ҳолати хуб қарор дошта, боқӣ 70 фоизи дигар ба таъмири асосӣ ниёз доранд,- гуфт раиси ноҳияи мазкур Бадриддин Садриддинзода ва афзуд, ки дар ноҳия 7,5 километр роҳ таъмири асосӣ, 91 километр таъмири ҷорӣ карда шудааст.

Одиназода Абдулҳафиз — раиси ноҳияи Ҷайҳун низ зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллӣ ҳамагӣ 30 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҷудо карда шудааст.

— Тибқи нақша бояд аз ҳисоби буҷет 100 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо ҷудо кунем. Аз ҷамъи умумии роҳҳои маҳаллӣ 65 дарсадаш барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт ҷавбогӯ мебошанд,- илова кард раиси ноҳияи Ҷайҳун.

Гилаи ронандагон аз роҳҳои хароб

Вайронии роҳҳои маҳалӣ ронандагони воситаҳои нақлиётро низ сахт нигарон кардааст. Алӣ — ронандаи воситаи нақлиёт аз ноҳияи Ҷомӣ гуфт, ки аз вайрон будани роҳҳо ронандагон дилгир шудааанд.

— Андози роҳ гуфта аз мо маблағ мегиранд. Аммо роҳҳоро таъмир намекунанд. Ҳатто ҳамаи роҳҳои маҳаллӣ ҳоли хароб доранд. Ҳамон маблағи ночизе, ки аз ҳисоби мусофирбарӣ ба даст меорем, қисми зиёдашро барои таъмири мошин масраф мекунем,- бо таассуф зикр кард ронанда.

Фаррух Ҷурахонов — ронандаи мусофирбари дигар аз вилояти Хатлон гуфт, ки агар як сабаби гаронии роҳкиро баланд шудани нархи сӯзишворӣ бошад, сабаби дигар вайронии роҳҳои маҳаллӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки “агар нархи роҳкиро поин бошад, мо ронандагон ягон фоидае намебинем”.

Умед ба соҳибкорон

Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақи Бохтари вилояти Хатлон” Маҳмадулло Файзалиев илова кард, ки танҳо дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон соҳибкорон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ бо харҷи беш 20 миллиону 210 ҳазор сомонӣ роҳу пулҳоро таъмир кардаанд.

Таваҷҷуҳи бештар мебояд!

— Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон таҳти №639 таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз соли 2019 ба зиммаи мақомоти маҳал вогузор карда шудааст,- қайд кард Маҳмадулло Файзалиев ва гуфт, ки бояд мақомоти маҳаллӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар ва маблағгузориро дар ин самт афзоиш диҳанд, то роҳҳои харобгашта саривақт аз таъмир бароварда шаванд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here