Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерую тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ таъкид намуданд, ки: “…барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен Баҳодур Маҳмадализода низ бо ишора ба ин нуктаи муҳим иброз дошт, ки “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт: “Раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд”.

— Дар ин замина Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитаменро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад, — дар тақвияти андешаҳои хеш изҳор намуд Баҳодур Маҳмадализода.

Дар идома Баҳодур Маҳмадализода афзуд, ки риояи талаботи ягонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар мадди назари ҳамешагии Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен ва муассисаҳои зертобеи он қарор дорад.

Дастури раҳнамо — Паёми Пешво

Чунончи, Баҳодур Маҳмадализода изҳор дошт:

— Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 аз натиҷаи ҳисоботи ҷамъбастии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо дар соли 2021 хулосаи зарурӣ бароварда, оид ба дастуру супоришҳо нақша омода сохта, фаъолиятро дар асоси он ба роҳ монд. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи маорифи ноҳияро руҳу илҳоми тоза бахшид. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем, ки дар «Солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки ба омӯзиши ин фанҳо боз ҳам имконияти васеъ фароҳам меоварад, бештар эътибор дода, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро  дар амал татбиқ намоем. Барои ин ҳамаи шароиту имкониятҳо мавҷуданд, то ба комёбиҳои назаррас ноил гардем.

Кормандони шуъба ва кулли омӯзгорони ноҳия дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин, Консепсияи миллии тарбия ва таҳсилот, ҳамзамон барои амалӣ намудани Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Ҳамин тариқ, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар соли 2021 шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен иборат аз 132 банд нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар ин самт корбарӣ карда истодааст.

Самтҳои фаъолият

Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Шӯрои Шуъбаи маориф мувофиқи нақшаи корӣ 44 масъалаи вобаста ба паҳлуҳои гуногуни раванди таълиму тарбияи насли наврас ва фаъолияти омӯзгорону мураббиён омӯхта шуда, дар машварати назди мудири шуъбаи маориф 23 масъалаи дигар мавриди муҳокима қарор гирифт. Инчунин, иҷроиши барномаҳои давлатии соҳаи маориф, аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, муассисаи томактабӣ баррасӣ гардид. Инчунин, аз 16471 нафар хонанда кори хаттӣ гирифта, сатҳи дониши хонандагон муайян карда шуд.

Гуфтанист, ки баргузории семинарҳои дастурдиҳии директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинони директор оид ба таълим ва тарбия, мудирони кӯдакистонҳо, китобдорон ва омӯзгорони фаннӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар семинарҳо масъалаҳои зарурӣ пайваста мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба таври пайваставу саривақтӣ дар машваратҳои дастурдиҳии муовинони директор оид ба таълим ва тарбияи муассисаҳои таълимӣ «Қабули хатмкунандагони муассисаҳо тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ», татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Нишондодҳои оморӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат зикр намуд:

— Ҳамагӣ 65 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтан ва ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар маҷмуъ, 44  нафари онҳо ҷойҳои 1, 2 ва 3-ро ишғол намуданд. Аз ҷумла, ҷойи 1 — 7  нафар, ҷойи 2 — 13 нафар, ҷойи 3 —  24 нафар.

Дар баробари ин, ба тариқи онлайн аз фанни математика олимпиадаи байналмилалии Архимед гузаронида шуд, ки даври дуюм 7 нафар хонанда ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бошад, олимпиадаи шоҳмот гузаронида шуд ва дар ин олимпиада хонандаи синфи 7-уми Литсейи № 1 Соҳибова Меҳрангиз ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Ҳамчунин, аз фанни математика дар олимпиадаи байналмилалии КЕНГУРУ 51 нафар хонандагон ширкат варзиданд, ки аз байни онҳо 5 нафар ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуда, бо медали нуқра ва биринҷӣ тақдир гардиданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ — ХИППО 16 нафар хонандагони мактабҳои ноҳия иштирок намуда, бо сертефикатҳо қадршиносӣ шуданд.

Ҳамзамон, дар Олимпиадаи байналмилалии АЙМАС аз миёни 9 нафар хонандагони болаёқат 6 нафарашон ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

Боиси таҳсин ва сарафрозист, ки дар китобхонаи бачагонаи шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии  «Шукуфаҳои Истиқлол» баргузор гардид. Дар он иштирокчиён аз рӯи 4 шарт қувваозмоӣ намуданд. Хушбахтона, ҷойи якум насиби тарбиятгирандаи МДТТ №1 Султонов Ҷамил гардид.

Дар раванди ин ҳама пешравиҳо сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ №№ 5, 7, 16 ва 30 идома дошта, ҳамзамон дар назди МТМУ №3 нуқтаи бақайдгирии довталабони Маркази миллии тестӣ ташкил карда шуд. Натиҷатан 1313 нафар (75,7%) хонандагони синфи 11 ҳуҷҷатҳои худро ба маркази мазкур супориданд, ки нишондодҳои қабул ба зинаи сеюми таҳсил 98% -ро ташкил дод.

Қобили тазаккур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 25 нафар корманди шуъбаи маориф дар 413 соат дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, ба онҳо ёрии методӣ расониданд.

 Сатҳу сифати таҳсилот хонандагон

Дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз 16471 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз фанҳои забони давлатӣ, забони русӣ, забони англисӣ, физика, химия, таърих, ҳуқуқ, биология, география, математика, технологияи иттилоотӣ ва синфҳои ибтидоӣ корҳои санҷишӣ (мониторинг) гузаронида, натиҷаи он ба бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи  маорифи вилоят пешниҳод карда шуд. Аз мониторинг маълум шуд, ки азхудкунии хонандагон аз ин фанҳо чунин аст: сифати таҳсилот 43,8 %, азхудкунӣ бошад, 79%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра хонандагони лаёқатманд зери назорати Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон ба маҳфилҳо ҷалб карда шуданд. Ба ин маҳфилҳо зиёда аз 752 нафар хатмкунандагони синфи 10-11 ҷалб карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо мақсади тарбияи маънавии хонандагон ба Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 30 маротиба саёҳат ва дарсҳои кушод ташкил карда шуд.

Ҳамкорӣ бо волидони хонандагон

Муассисаҳои таълимии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҳамкориро бо падару модарон хуб ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, ҷалби падару модарони хонандагон ба чорабиниҳои беруназсинфӣ, ки бахшида ба санаҳои таърихӣ дар муассисаҳои таълимии гузаронида мешаванд, ҳукми анъанаро гирифтааст. Ҳамчунин, дар маҷлисҳои падару модарон аз ҷониби роҳбарони синф, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба  зарари нӯшокиҳои спиртӣ ва маҳсулотҳои тамоку гузаронида шуда, дар рейдҳо риояи либоси мактабӣ, бесабаб ба дарс наомадан, истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ, санҷиши рӯзномаҳои хонандагон гузаронда шуда, ба роҳбарони синфҳо ва шахсони масъул огоҳии шифоҳӣ ва хаттӣ дода мешавад.

Дар ҳар як муассиса кумитаи падару модарон фаъолият мебарад. Ҳиссаи кумитаи падару модарон аз таъмири ҷорӣ баровардани мактабҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва берун аз мактабӣ калон аст. Маҷлисҳои кумитаи падару модарон мунтазам гузаронида мешавад. Илова ба ин дар мактабҳо рӯзҳои падару модарон ташкил карда мешавад. Дар ин рӯзҳо падару модарон барои иштирок ба дарсҳо ҷалб карда мешаванд.

Сатҳи забономӯзӣ

Сол то сол эътибор ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ зиёд шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ низ барои донишандӯзии хонандагон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ шароити муфид фароҳам оварда мешавад.

Мунтазам аз рӯи нақша ҷиҳати барои баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорони русӣ ва англисӣ ва такмили таълим ва омӯзиши барномаи забони русӣ ва англисӣ омӯзгорони ноҳия барои пурсамар гузаронидани дарсҳои худ аз дастурҳои методӣ, ки аз тарафи Донишгоҳи такмили ихтисос ва бозомӯзи дар вилоят гирифта шудааст ва аз дастурҳои методие, ки аз тарафи омӯзгорони навовару пешқадам тартиб дода шудааст, истифода бурда, таълим дода истодаанд. Мақсади омӯзгорони соҳа он аст, ки ба шогирдони худ дониши чуқур дода, сатҳи забондонии онҳоро баланд бардоранд. Дар ин давра аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 4 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 5 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курси бозомӯзӣ такмили ихтисос  гузаронида шуданд.

Дар ноҳия 4 маркази омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ: «Само», «Алхирад», «Имкон» ва «Маҳтоб» фаъолият бурда истодаанд. Ба ин марказҳои омӯзишӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷалб карда шуда истодаанд. Дар ин марказҳо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо ҳамкории ин марказҳо фаъолият бурда истодаанд.

 Маркази таҳсилоти иловагӣ

Соли 2020 дар Марказ маҳфили «Киттобдӯстони ҷавон» иборат аз 2 гурӯҳ таъсис ёфта, ба китобхонии хонандагон эътибори ҷиддӣ дода шуда, бобати иҷрои вазифаҳои асосӣ ва самти фаъолият дар асоси нақша корбарӣ карда шуд. Аз  саршавии соли таҳсили 2020-2021 дар ҳамаи маҳфилҳо фаъолият ва машғулиятҳо дар асоси нақшаи кори худ идома доданд. Феълан дар ноҳия 4 маҳфили техникӣ дар дар 10 гурӯҳ, 1 маҳфили сайёҳӣ дар ду гурӯҳ, 1 маҳфили табиатдӯстон дар ду гурӯҳ, 9 маҳфили бадеӣ дар 24 гурӯҳ ва 3 маҳфили ҳунарҳои мардумӣ дар дар 8 гуруҳ амал менамоянд.

Бояд гуфт, ки моҳи январи соли ҷорӣ Спартакиадаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд аз рӯи 5 намуди варзиш (футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, шохмот) ташкил ва баргузор гардид. Дар натиҷа дастаи “Спитамен” ду медали тилло ва ду медали биринҷиро ба даст оварда, ғолиби мутлақи Спартакиада гардид.

 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани маърифати хонандагон сол аз сол зиёд мегардад. Ҳамчунин, дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани онҳо аз мо масъулияти дучандро талаб менамояд.

Бо ин мақсад дар асоси Қарори Раиси ноҳияи Спитамен аз 23-уми октябри соли 2014 №749 дар назди шуъбаи маорифи ноҳия Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуд, ки маблағгузории он аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи дархости падару модарон дар муассисаҳои таълимии №1, 2 (забони хориҷӣ) №6 (биология), №9 (забони давлатӣ, биология), № 10 (забони хориҷӣ, информатика, биология, химия), №14 (забони русӣ), №23 (математика), №3 (химия) бо мақсади тайёр намудани хонандагони болаёқат ба олимипиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ махфилҳои фаннӣ ба тарзи ройгон ташкил карда шудааст. Дар боқимонда муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои маърифатӣ-фарҳангӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфилҳои варзишии «шоҳмот ва шашка» ташкил карда шудааст ва аз тарафи кормандони марказ назорат карда шуда, ҳар нӯҳ моҳ мониторинги сифати дониш гирифта мешавад.

Рузи 17-уми апрели соли ҷорӣ дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миенаи умумии №3 озмуни «Шохмотбози беҳтарин»-и даври минтақавӣ шуда гузашт. Дар он хонандагони синфҳои 4-9-и ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Ҷ. Расулов, Истаравшан ва Спитамен иштирок карданд. Бозии шоҳмот дар асоси панҷ давра гузаронида шуд. Дар мусобиқа шоҳмот хонандагони ноҳияи Спитамен се нафар писар, як нафар духтар ғолиб омада ба даври сеюми вилоятӣ роҳҳат гирифтанд. Дар даври сеюми бозии шоҳмот хонандаи Литсейи №1, Соҳибова Меҳрангез ғолиб омода ба даври 4-уми озмун роҳхат гирифт.

 Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ

Имрӯз дар ноҳия 10 муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ, фаъолият бурда истодаанд ва дар 69 гуруҳ 1938 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо 105 нафар мураббиён таълиму тарбия медиҳанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар  китобхонаи бачагонаи шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Шукуфаҳои Истиқлол» баргузор гардид, ки иштирокчиён аз рӯи 4 шарт қувваозмоӣ намуданд. Дар озмун ҷойи якумро тарбиятгирандаи МДТТ №1 Султонов Ҷамил ишғол намуд.

Ҳамзамон, муассисаҳои томактабӣ дар семинар-машваратҳо, конференсияҳо ва озмунҳо дар миқёси ноҳия ва вилоят фаъолона иштирок мекунанд. Инчунин, дар озмуни «Мураббияи соли 2020» мураббияи МДТТ №17 Тошматова Маҳлиё ҷои аввалро гирифта, дар озмуни вилоятии «Мураббии сол» фаъолона иштирок намуд. Дар давоми сол тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия дар озмунҳои «Шукуфаҳои Истиқлол», «Чӯҷаи заррин», «Калидчаи заррин», «Офарин», ки дар миқёси ноҳияву вилоят баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои сазовор гирифтанд.

Барои мустаҳкам намудани робитаи «Кӯдакистон бо оила» дар кӯдакистонҳои ноҳия нақша-чорабини тартиб дода шуда, аз рӯи он кор бурда истодаанд. Дар баробари ин, муассисаҳои томактабӣ бо марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ  алоқаи зич дошта, ҳамшираҳои тиббӣ дар асоси реҷаи рӯз, нақшаи моҳонаи худ фаъолият мебаранд. Дар ҳар як гуруҳ қуттии «Ёрии аввал» ташкил карда шуда, дар он ҳамаи лавозимотҳо мавҷуданд.

Дурахши истеъдодҳо

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои тълимии ноҳия 27 синфи равияи табии математикь ташкил карда шудааст, ки мувофиқи нақшаи таълимӣ дар ин синфҳо ва Литсейи №1 омӯзиши фанни астрономия ҳамчун фанни алоҳида ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар синфҳои 9-и муассисаҳои таълимӣ дар давоми сол 16 соат мавзӯҳои астрономия гузаронида мешавад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар ин давра маҳфилҳои шоҳмот ба 28 адад расонида шуд, ки ба он зиёда аз 713 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷалб карда шудаанд. Дар ин давра 3 маротиба мусбиқа байни хонандагони то 14 сола ва байни хонандагони синфҳои 9-11 ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин мусобиқаҳои зиёда аз 270 нафар хонандагон иштирок намуданд. Дастовардҳои аъзоёни маҳфилҳо дар ин давра назаррас буд. Дар мусобиқаҳои вилоятӣ 4 нафар хонанда ҷойҳои намоёнро гирифта бошанд. Хонандаи Литсейи №1 Соҳибова Меҳрангиз дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи Шоҳмот ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Айни ҳол, дар Шуъбаи маорифи ноҳия 12 маҳфили «Математикони ҷавон», 4 мащфили «Техникони ҷавон», 9 маҳфили «Физикони ҷавон» ва 12 мащфили «Химикони ҷавон» амал мекунад, ки ба онҳо зиёда аз 600 нафар хонандагони болаёқат ҷалб карда шуданд. Самараи меҳнати чунин маҳфилҳо буд, ки дар олимпиада ҷумҳуриявӣ 17 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ фанҳои биология, география, математика, физика ва химия ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Умед ба фардои дурахшонтар

Албатта, ҷое, кор ҳаст, камбудӣ низ дида мешавад. Чунончӣ, новобаста аз иҷрои барномаҳои давлатӣ, қонунҳо, консепсияҳо дар соҳаи маорифи ноҳияи Спитамен бархе норасоиҳо низ ҷой дорад, ки бе шак дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълими хонандагон, мамониатро ба миён меорад. Минҷумла, бинобар сабаби зиёд гардидани шумораи аҳолӣ дар ноҳияи Спитамен ва талабот барои фарогирии насли наврас ба таҳсил дар якчанд муассисаҳои таълимӣ нарасидани синфхонаҳо ва кофӣ набудани ҷойи нишаст ба назар мерасад. Махсусан дар бархе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ теъдоди хонандагон аз меъёр зиёд буда, ҷойи нишаст ба ғунҷоиши теъдоди хонандагон рост намеояд. Ин муассисаҳо барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар замимаи худи муассиса ниёз доранд.

Перомуни масъалаи мазкур дархости Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст ва умед дорем, масъала дар фурсатҳои наздик ҳалли худро меёбад.

“Дар умум, равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд”, — иброз дошт Баҳодур Маҳмадализода ва ҳамзамон бо итминон илова намуд, ки “рисолати мо кормандони соҳаи маориф дар оянда тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо боқӣ мемонад ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шӯъбаи маорифи МИҲД ноҳияи Спитамен сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Спитамен, инчунин, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here