Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун партови зиёде ҷамъ шудаву ҳусни шаҳракро дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар “зебу зинати хоса медиҳад”. Масъулони ноҳия сабаби асосии тоза нашудани маркази ноҳия — шаҳраки Дӯстиро набудани техникаҳои партовбарорӣ мегӯянд.

Рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ зимни як сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун аз чанд партовгоҳи ноҳия дидан карда, онҳоро аксбардорӣ кардем ва омилашро аз масъулон пурсон шудем.

Хайриддин Азимов — директори Корханаи фаръии давалтии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи мазкур гуфт, ки сабаби саривақт тоза нашудани партовҳо набудан ё фарсудагии техникаҳо мебошад.

— Дар мувозинаи корхона ҳамагӣ 6 техника мебошад, ки 4 адади он пурра вайрону корношоям буда, 2 техникаи дигар қисман коршоям мебошанд. Дар маркази ноҳия 23 партовгоҳ мавҷуд аст, ки муфовиқи ҷадвал мо онҳоро пас аз ҳар ду рӯз тоза мекунем. Сокинон ин партовҳоро аз куҷо меоранд, намедонем, мо имкони тоза кардани онҳоро надорем. Зеро бо ду техникае, ки қисман кор карда истодаанд, аз рӯзи душанбе то ҷумъа партовҳоро мекашонем, шанбеву якшанбе техникаҳоро боз таъмир мекунем,- гила кард Хайриддин Азимов.

— Барои ҳалли ин мушкилӣ ба ниҳоди болоиямон КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва МИҲД-и ноҳия борҳо муроҷиат кардем, аммо ҳеҷ натиҷае нест,- гуфт ӯ.

Тоҷиддинзода Сумангул — раиси ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ва Шарифзода Абдусаттор — директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия низ аз набудани техникаи партовкашон шикоят карданд.

Шарифзода Абдусаттор илова кард, ки дар корхонаи коммуналӣ як техника мебошад, ки дар ними роҳ вайрон мешавад ва бо чунин техника имкони кашонидани партовҳо нест.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз низ дар нишасти хабарии ахири ниҳодаш тасдиқ кард, ки омили саривақт тоза нашудани партовҳои маркази ноҳия набудани техникаи мувофиқ дар корхонаи коммуналӣ аст.

— Ин корхона дар мувозинаи МИҲД-и ноҳия нест, вале мо ҳар сол аз 200 то 280 ҳазор сомонӣ маблағашон медиҳем. Бояд ин корхонаро идораи болоиашон бо техника таъмин созад. Мо то қадри имкон аз ҳисоби идораи роҳҳо ҳафтае як техникаро барои кашонидани партовҳо восбаста кардем,- зикр кард раиси ноҳия.

Тибқи иттилои раиси ҷамоати шаҳркаи Дӯстӣ, ҳоло дар ҷамоат 19 ҳазору 64 нафар аҳолӣ иқомат мекунанд.

Сокинони ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ аз ҷамъшавии партовҳо изҳори ташвиш карда, тақозо доранд, ки масъулини ниҳодҳои марбута саривақт партовҳоро бароранд. Зеро чунин ҳолат ба саломатии сокинон ва кӯдакони онҳо хатари зиёд дорад.

Дар тамоми кишвар баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо корҳои ободонӣ омодагӣ мегиранд. Масъулини ноҳияи Ҷайҳун чӣ?

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here