Заминаҳои кадрӣ

Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерую тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд.

Маълумоти умумӣ

Тибқи иттилои мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон Абдурашидзода Абдувалӣ Абдумаҷид дар ноҳия 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Гимназияи давлатӣ, 1 интернати наздимактабӣ ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 1109 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 633 нафар занон ба таълиму тарбия машғуланд, ки 868 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 13 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 228 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Бояд кайд намуд, ки шумораи омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ нисбат ба соли гузашта 15 нафар зиёд гардид.

Дар ҳамин ҳол, шумораи умумии хонандагон 9946 (аз ҷумла, 4949 духтарон) нафар буда, нисбат ба соли гузашта 406 нафар зиёд гардидааст. Хушбахтона, хонандагони аз таҳсил дурмонда мавҷуд нестанд.

Дар интернати наздимактабӣ бошад, 50 нафар тарбия гирифта истодаанд.

Нақшаи барномаи компютерикунӣ барои соли ҷорӣ 53 ва тахтаи электронӣ 7 адад мебошад. Айни ҳол 10 компютер ва 5 тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, давраи якум ва дуюми озмуни довталабон ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, то ин вақт ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 11 393 нафар ва аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 31 нафар, дар маҷмӯъ 424 нафар ҳуҷҷат супоридаанд. Ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, гардиши китобҳои бадеӣ дар байни калонсолону хонандагон ташкил карда шудааст. Ва айни ҳол дар 13 муассисаи таълимии ноҳия толорҳои хониш барои мутолиаи китобҳои бадеӣ мавҷуд буда, дар боқимонда муассисаҳо оид ба ташкили толори мутолиаи китоб корбарӣ шуда истодааст.

Идомаи бунёдкориҳо

Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим сохтмони бинои нави МТМУ №19 дар деҳаи Ободӣ (бинои куҳна дар ҳолати садамавӣ қарор дорад) барои 384 ҷойи нишаст, сохтмони бинои нави Гимназияи №1 дар маркази ноҳия ва сохтмони бинои нави 4-синфхонаҳои иловагӣ, ошхона дар назди МТМУ №11-и деҳаи Темурмалик бо маром идома дорад. Инчунин, корҳои сохтмонӣ барои бунёди 4 синфхонаи иловагӣ ва бинои ёрирасон дар назди МТМУ №20-и деҳаи Фирдавсӣ оғоз гардидааст.

Дар баробари ин, тибқи банди 58-и Паёми имсолаи Президенти мамлакат ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ҳар як деҳа ва маҳалии аҳолинишине, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, чора-тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истода, нақшаи чорабиниҳо оид ба бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шаҳристон дар солҳои 2020-2030 таҳия гардидааст.

Тантанаҳои наврӯзӣ

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 13 марти соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва МТД Гимназия озмунҳои беҳтарин дастархони Наврӯзӣ,  “Ҳафт сину ҳафт шин” ва “Маликаи наврӯзӣ” баргузор шуд. Дар озмуни беҳтарин дастархони Наврӯзӣ “Ҳафт сину ҳафт шин” ҷои аввал насиби дастаи МТМУ №3 деҳаи Навкент гардид, ҷои дуюмро дастаҳои МТМУ №1 деҳаи Шаҳристон ва МТМУ №9 деҳаи Гулистон бо ҳам диданд, ҷои сеюмро бошад, Гимназияи №1 соҳибӣ кард. Ғолибон бо Диплом ва Сипосномаи Шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Дар озмуни «Маликаи Наврӯзӣ» бошад, аз муассисаҳои таълимии ноҳия як нафарӣ духтар ширкат варзиданд. Дар натиҷаи холгузории ҳакамон ҷои аввалро Бӯстонова Бибимахсума – хонандаи синфи 11 МТМУ №19 аз деҳаи Ободӣ, ҷои дуюмро Содиқова Гулсанам – хонандаи синфи 9-и МТМУ №21 деҳаи Шаҳристон ва ҷои сеюмро Бобокалонава Нозанин аз МТМУ №18, Ҷӯраева Миҷгона аз МТМУ №6, Шукуралиева Дилором аз МТМУ №8 соҳиб гардида, бо Дипломи дараҷаи 1,2,3 қадрдонӣ шуданд. Инчунин, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки дар озмун фаъолона иштирок карданд, аз номи мудири Шуъбаи маорифи ноҳия Сипоснома супорида шуд.

Ғолиби ҷойи якуми озмуни ноҳиявии «Маликаи наврӯзӣ» – хонандаи синфи 11-и МТМУ №19 Бӯстонова Бибимахсума бошад, дар озмуни вилоятии “Маликаи наврӯзӣ”, ки дар “Кохи фарҳанг”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, иштирок карда, сазовори ҷои дуюм ва бо дипломи дараҷаи дуюм сарфароз гардонида шуд.

Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ

Дар ноҳияи Шаҳристон 1 муассисаи томактабии кӯдакистони «Ғунча» бо фарогирии 270 нафар кӯдакон дар 12 гурӯҳ, аз  ҷумла 3 гурӯҳи давраи калони омодагӣ ба мактаб, 4 гурӯҳи миёна (1-гурӯҳи русӣ) ва 5 гурӯҳи давраи хурд фаъолият менамояд.

Дар робита ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2014, №295 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» дар назди 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 28 гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдак амал карда истодааст, ки бо фарогирии 648 нафар кӯдакон фаъолият менамоянд. Ҳамагӣ ба кӯдакистон ва гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдак 918 нафар кӯдакон фаро гирифта шуд.

Сатҳу сифати таҳсилот

Аз рӯи Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия нақшаи чорабинҳо омода гардида, гурӯҳҳои  идоракунии сифати таҳсилот фаъолият бурда истодаанд.

Дар ин давра рафти таълим ва тарбия дар муассисаҳои таълимии №5,9,14,19 санҷида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чора-тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар муассисаҳои таълимии №21 ва гимназияи №1 маҷлиси умумии падар ва модарон гузаронида шуда, дар он оид ба таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуд.

Дар ин давра 443 соат дарсҳои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ таҳлил карда шуд. Ҳангоми таҳлил маълум гардид, ки омӯзгорон дар асоси нақшаи таълимии тасдиқшуда ва нақшаи тавзеҳии яксоата ба роҳ мондаанд. Тибқи нақша корҳои санҷишии гузаронида шуда, дар ҷурналҳои синфӣ қайд шудааст. Таҳлилҳо нишон дод, ки нақшаҳои таълимии омӯзгорон дар асоси барномаҳои давлатӣ тартиб дода шудааст.

Баҳри ҳавасманд гардонидан дар тарификатсияҳои муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳамаи омӯзгорони ҷавон ҳар моҳ кумакпулии 10 фоиза ба маоши онҳо илова карда мешавад.

Ҳамзамон, ҳамасола барои ҳавасманд намудани омӯзорони ҷавон қарзҳои имтиёзнок ва заминҳои наздиҳавлигӣ дода мешавад. Чунончӣ, дар соли хониши 2020-2021 50 нафар мутахассисони ҷавон аз он ҷумла, 22 нафар хатмкунандагони гурӯҳи буҷетӣ ва квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи роҳхат ва 28 нафар тариқи шартномавӣ хатм намудаанд, ба кор қабул карда  шуд.

Дар миқёси ноҳия 8 кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Сатҳи забономӯзӣ

Дар ҳудуди ноҳия 22 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, аз он дар 4 муассиса таълим ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 18 муассисаи таълимии боқимонда бошад, таълим ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мегузарад.

Барои аз худ намудани илмҳои муосир ва забонҳои русиву англисӣ ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, мунтазам корбарӣ менамоянд.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи  давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дар давоми се моҳи соли 2021 чора-тадбирҳои заруриро амалӣ намудааст. Феълан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 66 нафар омӯзгори забони русӣ ва 60 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият мебаранд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия омӯзгорони ғайриихтисос фаъолият набаранд ҳам, лекин бо баъзе сабабҳо норасогии кадрӣ дар муассисаи таълимии №2 ба назар мерасад.

Дар асоси нақша дар муассисаҳои таълимии ноҳия аттестсатсияи омӯзгорон ташкил карда шудааст. Омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ ҳамасола бо навбат аз аттестатсия гузаронида мешавад.

Бо мақсади тақвияти забономӯзии наврасон дар кӯдакистони «Ғунча» як гурӯҳ ташкил гардидааст, ки таълим бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, дар он 27 нафар тарбия мегиранд.

Бояд зикр намуд, ки муассисаҳои таълимии №1,2,3,5,6,8,10,13,18,19 ва 21-и ноҳия бо тахтаҳои электронӣ ва проекотрҳо таъмин мебошанд. Омӯзгорон ҳангоми баргузор намудани дарсҳояшон аз онҳо истифода мебаранд. Инчунин, омӯзгорон аз нотбукҳо ва планшетҳо барои беҳтар  гардидани сифати таълим ва забономӯзии хонандагон истифода бурда истодаанд.

Ҳамчунин, дар аксари муассисаҳои таълимии ноҳия синфкабинетҳо ташкил карда шуда, он аз тарафи омӯзгорони фаннӣ бо баннерҳо, асбобҳои аёнии замонавӣ ва дастисохт ороиш дода шудааст.

Имтиёз ба забонҳои русиву англисӣ

Дар ноҳия ҷиҳати ташкил намудани Марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ чорандешӣ карда истодаанд. Аз ҷумла, дар Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия маҳфили фанни забони русӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст, ки 15 нафар хонандагон ҷалб карда шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии №19 маҳфили фанни забони англисӣ «Бо забони англисӣ парвоз мекунем», дар муассисаи таълимии №8 маҳфили забони русӣ «Изучаем русский язык», дар муассисаи таълимии №18 маҳфили «Русское слово»  фаъолият мебарад.

Ҳамасола дар муассисаҳои таълимӣ барои паҳн намудани таҷрибаи  пешқадами педагогӣ омӯзгорон корбарӣ карда мешавад. Аз он ҷумла, таҷрибаи пешқадами омӯзгорони фанни забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №6 ба номи К.Ғозиев-и деҳаи Чашмасор ва омӯзгори фанни забони англисӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №2 ба номи Ҳ. Ғайбуллоеви деҳаи Ободӣ Турсунбоева С. дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.

Баргузор намудани озмуну олимпиадаҳо

Бо мақсади иҷрои Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2021, №АП-44 оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва аз 11.02.2021, №АП-43 оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) корбарӣ шуда истодааст.

Дар баробари ин, тайи се моҳи таҳсил барои ғолибони даври дуюми олимпиадаи фаннӣ, хонандагони лаёқатманди синфҳои 9-11 дар бинои Шуъбаи маориф, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ машғулиятҳои иловагӣ ташкил карда шуд. Инчунин, бо хоҳиши волидайни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо мақсади тайёр намудани хонандагон барои иштирок дар озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, барои дарёфти квотаҳои Президентӣ ва раиси ноҳия, ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олию касбии дохилу хориҷи кишвар дарсҳои иловагӣ ташкил карда шуд.

Санҷиши нерӯҳои зеҳнӣ

Инчунин, дар асоси низомномаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқшуда бо мақсади дарёфт ва рушди хонандагоне, ки қобилияти зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ нигаронида шудааст, санаи 5-уми январи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар олимпиада байни писарон хонандаи синфи 7-и МТМУ №7 Пӯлотов Дилшод сазовори ҷойи аввал, хонандаи синфи 8-и МТМУ №14 Мӯминов Хондамир сазовори ҷойи 2-юм ва Эшмуродов Шаҳриёр – хонандаи синфи 7-и МТМУ №19 сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Дар байни духтарон бошад, хонандаи синфи 8-и МТМУ №7 Пӯлотова Фирӯза ҷойи якум, хонандаи синфи 8-и МТМУ №21 Ёқубова Шаҳноза ҷойи 2-юм ва хонандаи синфи 8-и МТМУ №4 Бойқӯзиева Гулмира ҷойи 3-юмро бо ҳам тақсим намуданд. Тибқи Низомнома хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд ба даври минтақавии олимпиада оид ба шоҳмот роҳ ёфтанд.

Хонандагоне, ки дар даври ноҳиявии Олимпиада сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо ифтихорномаҳои шуъбаи маориф қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар моҳи феврали соли ҷорӣ тибқи мактуби муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» 3 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия, Санҷарзода Зулфизар хонандаи синфи 5-и МТД Гимназияи №1, Санҷарзода Султонбек хоандаи синфи 8-и МТД Гимназияи №1 ва Абдуазимов Фирдавс хонандаи синфи 5-и МТМУ №3-и деҳаи Навкент дар даври якуми Олимпиадаи байналмилалии «IMEC-online», ки санаи 14.02.2021 дар кишвари Англия аз фанни математика ба таври фосилавӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷаи бадастовардаи хонандагон маълум гардид, ки хонандаи синфи 5-и МТМУ №3 Абдуазимов Фирдавс бо соҳиб гаштан ба холҳои баландтарин, барои иштирок дар даври дуюми олимпиада роҳхат ба даст овард.

Хонандаи мазкур барои сазовор иштирок намудан дар даври дуюми олимпиада тайёрии ҳаматарафа дида истодааст.

Дар руҳияи худшиносӣ

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама давру замон аз омилҳои муҳими самти маориф ба шумор меравад. Барои он ки сифати таълим боло равад, бояд ҳар як фарде, ки дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгор, мураббӣ, устод ва ё корманд фаъолият мекунад, масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошад ва ояндаи насли наврасро яке аз муҳимтарин ҳадафҳои фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии хеш қарор диҳад.

Бо назардошти ҳамин мазмун мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон Абдувалӣ Абдурашидзода низ мутмаин аст, ки “Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь