Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ таъкид намуданд, ки “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Шодиев Абдуҷалил – мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бо ишора ба ин нуктаи муҳим иброз дошт, ки “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат мо – аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки “раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд”.

– Дар ин замина Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расуловро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад,- дар тақвияти андешаҳои хеш изҳор намуд Абдуҷалил Шодиев.

Дар идома А. Шодиев афзуд, ки риояи талаботи ягонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар мадди назари ҳамешагии Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва муассисаҳои зертобеи он қарор дорад.

Муассисаҳои томактабӣ

Тибқи омори пешниҳоднамудаи мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, айни замон дар ноҳия 19 муассисаи томактабии давлатӣ ва 5 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои томактабӣ 4016 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 160 гуруҳ иборат буда, дар онҳо 253 нафар мураббияҳо, аз онҳо 80 нафар бо маълумоти олӣ, 60 нафар бо маълумоти олии нопурра, 113 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият доранд. Дар давоми соли 2020-ум 3 нафар мудир ва 30 нафар мураббӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии худ аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Кӯдакистонҳо ҳуҷҷатгузории худро мувофиқи талаботи асноди меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондаанд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Ҳоло дар ноҳия 42 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки аз он 38-тояш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 1 литсей барои хонандагони болаёқат, 1 кӯдакистон-мактаб, 1 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар 7 муассиса таълим бо забони тоҷикӣ ҷараён дошта, дар 31 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, дар 3 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию русӣ ва дар 1 муассиса таълим бо забони тоҷикӣ-қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар таълимгоҳҳо 29499 нафар хонандагон (аз ҷумла, 14482 нафар духтарон) ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 1226 нафар хонанда зиёд мебошад.

Дар 1 муассисаи таълимии ноҳия таълим аз рӯи равияи ҷамъиятию гуманитарӣ ва дар 4 таълимгоҳ таълим аз рӯи равияи табиӣ – риёзӣ ба роҳ монда шудааст.

Сатҳи таъминот бо кадрҳо

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов 1964 нафар омӯзгор (аз ҷумла, 1431 нафар зан) фаъолият мебаранд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 1792 нафарашон (91,24%) дорои маълумоти олӣ буда, 172 нафарашон (8,76%) соҳиби маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия норасоии кадрҳои омӯзгорӣ мавҷуд нест.

Дар соли таҳсили 2020 -2021 ҳамаи 61 нафар мутахассисони ҷавон, ки ба ноҳия тариқи роҳхат барои бо кор таъмин гардидан омада буданд, ба ҷои кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Раванди дохилшавӣ тавассути ММТ

Дар соли таҳсили ҷорӣ оид ба низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои муайяне ба ҷо оварда шуд. Дар ин муддат барои омӯзгорони таълимгоҳҳо оид ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Ғайр аз ин, оид ба масъалаи мазкур бо хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и таълимгоҳҳои ноҳия вохӯриҳои кормандони шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуданд. Дар вохӯриҳо хатмкунандагон оид ба низоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестӣ маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Умуман, дар соли таҳсили гузашта синфи 9-ро 2324 нафар ва синфи 11-ро 1538 нафар хатм карданд. Аз онҳо 49 нафар хатмкунандагони синфҳои 9 ва 1126 нафар (73%) хатмкунандагони синфҳои 11-и таълимгоҳҳои ноҳия ба ММТ ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супориданд. Аз онҳо 922 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии ҷумҳурӣ ва 4 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбии хориҷи кишвар шомил шуданд.

Ҳамчунин, 20 нафар хатмкардагони таълимгоҳҳои ноҳия (аз ҷумла, 10 нафар духтар) тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дохил гардиданд.

Соҳибони квотаи Президентӣ

Тайи солҳои 1997 – 2020 тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон 460 нафар (230 нафар духтар ва 230 нафар писар) хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, техникию технологӣ ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе имтиҳон (тариқи суҳбат) қабул карда шудаанд.

Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 80 нафар духтарону писарон тибқи квотаи таъсисдодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда истодаанд, ки онҳо бо хобгоҳ таъмин буда, аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба онҳо кумаки моддию молиявӣ расонида мешавад.

Соли таҳсили 2020-2021-ум 20 нафар (10 нафар духтар ва 10 нафар писар) тибқи квота ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.

Сатҳу сифати таҳсилот

Сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ҷамъбаст гардид ва маълум гашт, ки сифати таҳсилот 34,4% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 100% мебошад, ки ин нисбат ба соли хониши гузашта зиёд аст.

Боиси фараҳмандист, ки санаи 13-уми июни соли 2021 дар мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе сессияи «Академияи хурди илмҳо»-и ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 33 нафар хонандагон бо роҳбарии директори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия Фозилова Гузал иштирок намуда, ғолибиятро ба даст овардаанд.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ

Мувофиқи талаботи нақшаи барномаи компютерикунонии мактабҳо дар солҳои 2018-2020 муассисаҳои таълимии ноҳия 20 адад компютер ва 4 тахтаи электронӣ харидорӣ намуданд. Ҳамин тариқ ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия 667 компютер, 114 принтер, 6 тахтаи электронӣ, 60 видеопроектор мавҷуд буда, 40 муассиса ба шабакаи Интернет пайваст карда шудааст.

Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3, 5, 6, 9, 11, 14, 16, 17, 19, 20, 23, Гимназияи №1, Муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат ва дигар таълимгоҳҳо кабинетҳои фаннӣ мавҷуд буда, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017, №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иҷроиши нақша ҳар сол 100% иҷро мегардад.

Хонандагони номовари ноҳия

Дар олимпиадаи байналмилаи “Жаудков”, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, аз фанни математика хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагини болаёқат Аҳлиллоев Улуғбек ҷои 3-юм ва медали биринҷиро ба даст овард.

Инчунин, Ибрагимов Исломҷон – хонандаи Литсейи мазкур дар олимпиадаи байналмилалии фосилавии “Физтех” дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия аз фанни математика иштирок намуда, ҷои 2-юмро соҳиб гашт.

Хонандаи МТМУ №16 Каримов Шавкат Ғайратович бошад, дар олимпиадаи байналмилалии фосилавии “Рассоми ҷавон” ширкат варзида, баъди ғолибият донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Туркия шуд.

Дар баробари ин, санаи 1-уми марти соли 2021 олимпиадаи ҷумҳуриявии «Spelling Bee» баргузор гардид, ки дар он хонандагони Литсейи №1 Маллабоева Гулчиной ҷои 1-ум ва Парпиева Машҳура ҷои 2-юмро ишғол карданд.

Ҳамзамон олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ – “Кенгуру” дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он 22 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҷойҳои намоён сазовор гаштанд.

Ҳамин тариқ, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 41 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, аз миёни онҳо 25 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Мушкилоти ҳалталаб

Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи кунунӣ корҳои сохтмонӣ вусъати тоза касб намуда, дар МТМУ №23 толори варзишӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, толори варзишии МТМУ №38 бошад, аз тарафи соҳибкор Самиев бунёд гардид ва бинои толори варзишӣ дар МТМУ №28 аз тарафи волидайни хонандагон дар ҳоли ба итмом расидан аст. Дар ин росто, феълан дар 7 муассисаи дигари таълимии ноҳия бунёди 23 синфхонаи иловагӣ барои 690 хонанда идома дорад.

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пешниҳоди маълумоти омории фавқ ҳамчунин илова намуд, ки:

– Албатта, дар ҷое кор ҳаст, камбудӣ низ ба чашм мерасад. Феълан як қатор масъалаҳои ҳалталабе, аз қабили дар се баст таҳсил намудани хонандагони МТМУ №21 аз сабаби соли 2014 дар ин мавзеъ барои 2800 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд додани заминҳои наздиҳавлигӣ, ки ҳоло онҳо хона сохта, ба он ҷо кӯчида рафтаанд, мавҷуд аст. Бинобар ин, дар ин маҳал мактаби нав барои 640 нафар хонанада дар як баст барпо намудан лозим аст. Инчунин, агар дар деҳаҳои Тоҷикобод ва Қурғонча муассисаҳои томактабӣ мавҷуд набошанд, пас бинои МТМУ №8, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, соли 2016 бо тариқи ҳашар барои 480 нафар хонанда оғоз гардида буд ва то ҳол ба анҷом нарасидааст. Идомаи сохтмони бинои мазкурро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯш гирифтааст.

Дар баробари ин, нарасидани асбобҳои физикӣ ва моддаҳои химиявӣ барои таҷҳизонидани кабинетҳои физика, химия ва биология, ҳамчунин аз сабаби ҳамасола зиёд гардидани шумораи хонандагон, норасоии синфхонаҳои таълимӣ ва мизу курсӣ, нокифоятии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ барои хонандагони таълимашон забони ӯзбекӣ, қирғизӣ ва русӣ аз мушкилоти умдае мебошанд, ки пешорӯи Шуъбаи маорифи ноҳия қарор доранд ва мо дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои масъули соҳа ва мақомоти дахлдор дар садади сари вақт ҳал намудани ин норасоиҳо талош дорем. Сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Маврид ба ёдоварист, ки Шуъбаи маорифи ноҳия низ то ҳол бинои маъмурӣ надорад ва хушбахтона, сохтмони бинои маъмурии Шуъбаи маорифи ноҳия, ки соли 2016 тариқи ҳашар оғоз гардида буду то ҳол ба итмом нарасидааст, ҳамакнун аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Умед ба фардои маорифи рушдёфта

Дар охири суҳбат Шодиев Абдуҷалил Абубакирович бо ризоиятмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти мамлакат мо – кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар баробари ин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расуловро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги пурғановати хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, соли таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст менамоем. Зеро дар тамоми давру замонҳо маҳз омӯзгор қодир аст, ки ҳамчун ситораи қутбнамо насли наврасро ҷиҳати дар шоҳроҳи ҳаёт мавқеи устувор касб намудан раҳнамун бошад ва ӯро ба мақсаду омоли некаш дар ҷодаи ҳаёт расонад”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь