Бузургони мо замоне гуфтаанд: “То ранҷ набарӣ, ганҷ муяссар намешавад”. Бузургон ҳақиқати ин суханро дар он замон ҳис мекарданд ва то ҳанӯз ҳам халқи мо пайрави ин суханҳо ҳастанд.

Вале, мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза ганҷро бо ранҷ ҳам ба даст овардан душвор аст. Асосан, мутахассисон бо як заҳмату талош соҳиби кор мешаванд, чунки илму дониш, маърифат, таҷриба дар миёни халқ арзишашро то ҷое гум кардааст.

Худи мо медонем, ки зиндагии нафарони касбу кори гуногун, хоҳ онҳо омӯзгор бошанд, хоҳ иқтисодчӣ ё ин ки рӯзноманигор, аз кору фаъолияташон вобаста аст. Онҳо бо заҳмати зиёд маоши ночиз ба даст меоранд. Маоши ҳадди ақали 500 сомониро ба шароити имрӯза мутобиқ кардан мушкил аст. Маҳз бо ҳамин сабаб илму дониш махсусияти худро аз даст додаанд.

Шахси мансабдору бесавод метавонад соҳиби вазифа шавад, вале шахси донишманд пушти дар мемонад. Ин мушкилии асосии ҷомеа барои тамоми халқ аён аст. Шахсоне, ки муоҷир мешаванд ва дур аз фарзанд дар ғарибӣ меҳнат мекунанд, маълум аст, зиндагии вазнин доштанду чунин тасмим гирифтанд. Дар миёни ин шахсон ҳам таҷрибадору донишманд кам нест.

Агар мо ба таълиму тарбияи хонандагон назар афканем, мушоҳида менамоем, ки заҳмати омӯзгорро қадр намекунанд, дарк ҳам намесозанд ва эҳтиром намегузоранд. Дар ҳоле, ки кори заҳматталаби омӯзгорро ҳеҷ каc надорад.

Замира МИРАКОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here