Баҳри инкишофи ақлу хирад, фаҳму фаросат, муомилаю муоширати неки одамӣ омӯзиши китоб нақши муҳим бозида, дараҷаи маънавиёти инсонро сайқал медиҳад. Аз ин боис, Пешвои миллат, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26-уми январи соли 2021 таъкид намуданд, ки омӯзиши китоб байни ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” вобаста ба синну сол гузаронида шавад, китобхонҳои беҳтарин чун ситораҳои тобон дар кишвар маълум гарданд.

Мо омӯзгоронро зарур аст, ки аз хурдӣ дар дили хурдсолон меҳри китобро парварида, завқу шавқи китобхонии онҳоро бедор намоем. Ман ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо дар синфҳои ибтидоӣ вобаста ба синну соли хонандагон китобҳоро барои хондан тавсия медиҳам. Ба шогирдон мефаҳмонам, ки китобро бо се тарз мехонанд: якум, мехонанду намефаҳманд, дуюм, мехонанду мефаҳманд ва сеюм, мехонанду ишораҳои дар китоб бударо дарк мекунанд. Яъне розҳои ниҳонии дар китоб омадаро сарфаҳм мераванд. Китоб барои хонанда роҳнамои беҳамто, дӯсти беҳтарин, мунису ғамхор буданашро таълим медиҳам. Чи хеле, ки гуфтаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Панду андарзҳо, шеъру чистонҳо, афсонаю ҳикояҳо, муаммою достонҳо оид ба китобро гирд оварда, дар ҷои намоёни синфхона ҷой медиҳам, адабиёти хонданбобро барои шогирдон ҷамъ меорам.

Ҳангоми гузаштани дарсҳои забон баҳри инкишофи нутқи хонандагон, хотираи мустаҳкам, дарки олами атроф китобҳои бачагона: афсонаҳо, ҳикояҳо, латифаю чистонҳо, муаммоҳоро тавсия дода, дарси оянда маълумотҳои ҷамъовардаи хонандагонро дар якҷоягӣ муҳокима намуда, мазмуни чизи хондагиашонро мепурсам ва бо ёрии дигарон пурра мекунам. Афсонаҳои аҷоиб, ҳикояҳои хубро ба хонандагон нақл намуда, ҷои асосии онро, саргузашти қаҳрамони асарро нақл намекунам ва супориш медиҳам, то онро худи хонандаҳо хонда фаҳманд. Ҳатто бештари хонандагон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, борҳо аз ман хоҳиши давоми нақлро мекунанд, ки инро ман ба зиммаи худи онҳо гузошта, дарси оянда аҳлона давоми афсона ё ҳикояро нақл мекунам. Ба шогирдон азёд кардани шеърҳо дар васфи модар, ватан, сулҳ, дӯстӣ, баҳорро супориш дода, ҳангоми азёд шудан мустақилона бо аҳли синф якҷоя мехонем. Байни хонандагони синфи 3 дар МТМУ №68-и ноҳияи Рудакӣ, ки ман таълим медиҳам, хонандагони беҳтаринро чун ситораи тобон ҷудо карда, бо онҳо алоҳида машғулиятҳо мегузаронам. Хонандагон Марям, Фараҳноз, Адиба ва чанде дигарон ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” тайёр шуда истодаанд. Бо ҳамкории китобдори таълимгоҳ китобҳои хонданбобро ба шогирдон тавсия дода, пас аз хондан мазмуни чизи хондагиашонро мепурсам. Ҳафтае як бор китобҳои хондашударо дида баромада, оид ба хотираи шогирдон, дониши онҳо саволҳо дода, то чӣ андоза аз бар намудани онро мефаҳмам.

Аз ин рӯ, ташкили гӯшаҳои китоб дар синфхонаҳои таълимӣ ва гирдоварии адабиёту маводҳо дар он аз аҳамият холӣ нест.

Матлуба НИЁЗОВА,

омӯзгори МТМУ 68-и ноҳияи Рӯдакӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here