Чанд лаҳзае аз ғами ҳаёти воқеӣ берун шуда, ба ҳаёти саҳнавӣ ворид гаштан, чун аз як қатор ба қатори дигар гузаштан нест. Ин монанди аз замин ба моҳ манзил гирифтан аст, лек аз дасти инсон ҳама кор бармеояд.

Истеъдод ба он касе зеб дорад, ки истеъдодро дар вуҷудаш бозӣ медоронад. Диққати ҳамаро ба ҳаёти саҳнавӣ ҷалб намудан, шахсеро, ки гунаҳояш табассумро боре надидаанд, водор кунонидан ба хандаву эҳсосоти беназир аз ҳунару малака ва бузургии инсон ва истеъдоди баландаш дарак медиҳад.

Театр — ин танҳо намоишгоҳ нест. Он гузаргоҳест, ки аз як ҳаёт ба ҳаёти дигар, аз ҳаёти воқеӣ ба ҳаёти маснуӣ чанд лаҳзае меравӣ. Дар театр водорат мекунанд, механдонандат, мегирёнандат ва ин ҳам аз бузургии ҳунармандонаш аст. Аз таъсири ҳунару малакаи волояшон тамошобин ҳаёти берунаро фаромӯш сохта, ба ҳаёти маснуӣ ворид мегардад, чанд лаҳзае бошад ҳам, вориди дунёи дигар мегардӣ ва ин ҳам басанда аст, то аз ғаму нобаробариҳову хастагиҳои зиндагӣ муддате дур бошӣ.

Агар дар хурдӣ мо ҳам хонаи театро медидем, ҳоло аз чанд мушкилӣ раҳо мегаштем. Агар аз хурдӣ мо вориди ин боргоҳ мегаштему намоишҳо медидем, ҳоло дар назди дарҳо навбат мепоиданд. Чаро дар хурдӣ? Дар деҳа, дар он ҷое, ки банда чашм кушодам, чӣ будани театрро намедонистанд. Зеро надошт. Ё дошту мо хабар надоштем? Агар мебуд, чаро намоише намешуд? Ман намефаҳмидам, дигарон мефаҳмиданд-ку!

Он чизеро, ки мо мебинем, дар дил ҳамоно мемонад. Ҳар он чӣ, ки аз дида рафт, ҳамоно аз қалб ҳам меравад. Мо, ки бузургии театро намедонему намебинем, пас чӣ гуна ба қадри театру ҳунармандонаш бирасем?!

Бори нахуст, ки ба ин даргоҳ пой ниҳодам, аввал гумон мекардам беҳуда ҷое медароям, ки дилгиркунанда аст. Вақте намоишро дидам, намедонам чаро вуҷудам лаҳзае сард гашт. Ин магар эҳсосот буд? Ман ҳам гӯё дар саҳна зиндагӣ мекардам, механдидаму ғам мехӯрдам, ҳис менамудаму меҷангидам ва дар анҷом аз таҳти дил, бо тамоми вуҷуд чапак задам. Он гоҳ фаҳмидам, ки театр чӣ ҷоеву маконест.

Театрро санъаткорони бузурги олам ба таври худ шинохтаву маънидод намудаанд. Ба шинохти К. С. Станиславский, «театр макони орзуву хурсандӣ, роҳбару мураббия ва тарбиятгар » мебошад. Ба назари В. Г. Белинский, «театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти даврони мост» ва ё «театр як қитъаи афсонавист, ки зиндагиро бо тарзи нозук нишон медиҳад». Ба ақидаи А. П. Чехов, «аз театр боло дар дунё дигар чизе нест». Дар пиндошти А. Абдураҳмонов ва Ш. Абулқайсов, «театр рабояндаи нафси бад асту атокунандаи сабру тавозӯъ, нафрат аз худнамоӣ дораду қаноат аз хоксорӣ». Ба таъбири А. Маҳмадов, «инсон бо таъсири театр метавонад дар худ ҷӯшида, аз ғубор, аз худӣ ва худнигарӣ орӣ гардад. Театр, дарки маънии он тавлиди инсони нав дар қолаби пешин аст»…

Бузургони саҳнаи мо дар театр зиндагӣ кардаанду вуҷуду ҳаёташонро ба театр бахшидаанд. Аз Маҳмудҷон Воҳидов, Муҳаммадҷон Қосимов, Ато Муҳаммадҷонов, Тӯҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов, Ҳошим Гадо, Марям Исоева, Сайрам Исоева, Раҷабгул Қосимова, Убайдуллои Раҷаб ва дигарон оғоз карда, то Қурбони Собир, Ортиқ Қодиров, Тағоймурод Розиқов, Мавлона Наҷмиддинова, Хуршед Мустафоев ва ғайраҳо баҳри халқашон кӯшишу талош варзидаву меварзанд. Истеъдод дар ваҷуди онҳо гардиш мекунаду истеъдодро бозӣ медоронанд.

Театр ҳам, чун монанди баъзе аз маконҳо мардумро сарҷамъ меорад. Инсондӯстӣ, канори ҳам будан, ба як самт нигаристанро меомӯзонад. Бигзор ҳама бидонанд, ки театр чӣ асту чӣ маконест. Барои донистан кӯдакон бояд фаро гирифта шаванд, то аз хурдӣ бубинанду бифаҳманду бифахранд.

Шаҳзод ФАЙЗИЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here