Маориф аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати давлат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ин соҳаи тақдирсоз, рӯшангари роҳи имрӯзу ояндаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Пешрафти ҳама давлатҳои абарқудрат ва тараққикардаи ҷаҳон маҳз ба рушди илму маориф вобаста мебошад. Ин аст, ки дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми соҳаи маориф дар кишвар беназиранд. “Маорифчиёни ноҳияи Ҷайҳун сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори хеш карда, кӯшиш намуда истодаанд, ки раванди таълиму тарбияро дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон боз ҳам беҳтар гардонанд”-гуфт зимни суҳбат вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи таҳсил мудири маорифи ноҳияи Ҷайҳун Сомонзода Давлати Саидҷамол.

Номбурда ҳамчунин қайд намуд, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соҳаи маориф, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи миллии тарбия», Барномаи «Тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасӣ) муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилот» ва санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии соҳаро дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ амалӣ намуда истодааст.

-Эълон шудани «20- солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар соҳаи илму маориф гардиши куллӣ дар ҷомеа ба вуҷуд овард, ки тафаккури техникии насли наврасро тавсеа медиҳад ва дар беҳтар кардани омӯзиши илмҳои бунёдӣ нақши муҳим мегузорад. Барои тақвият бахшидан ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар якчоягӣ бо муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои муайянеро ба сомон расонданд. Дар ин давра мувофиқи қарори раиси ноҳия аз 26-уми апрели соли 2021, №6 миёни омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуни ноҳиявии «Илм- фурӯғи маърифат» баргузор  гардид. Дар ин давра инчунин, озмуни ноҳиявии беҳтарин директори муасссиса, беҳтарин омӯзгори фанни омодагии ибтидои ҳарбӣ, беҳтарин роҳбари синф, беҳтарин омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва беҳтарин омӯзгори фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия гузаронида шуд,- гуфт мудири маориф Сомонзода Д.С.

Тибқи иттилоъ, дар соли таҳсили 2020-2021 дар ноҳияи Ҷайҳун 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназияи давлатӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 32 917 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Аз ин теъдод 15 361 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Соли равон ба синфи якум 3 978 нафар хонанда қабул карда шудааст, ки 1 845 нафарашон духтаронанд. Аз 2 411 нафар хонандае, ки ба синфи нуҳум фаро гирифта шудааст, 1 136 нафар духтарон мебошанд.

Ҳамчунин, дар синфи даҳ 1 763 нафар, аз ҷумла 687 нафар духтар ва дар синфи ёздаҳ 1 656 нафар хонанда (духтарон 621 нафар) таҳсил карда истодаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1 779 нафар омӯзгор (762 нафар зан) ба таълиму тарбия машғуланд, ки аз ин ҳисоб бо маълумоти олӣ 1 147,  миёнаи махсус 435, миёнаи умумӣ 197 нафар мебошанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгороне, ки нафақа мегиранду фаъолияти омӯзгориро пеш мебаранд, 140 нафар мебошанд. Бо дараҷаи тахассуси олӣ бошад, 262 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки аз онҳо 123 нафарашон занҳо мебошанд.

Бо тахассуси дараҷаи якум бошад, 291 нафар омӯзгорон кору фаъолият доранд, ки аз онҳо 148 нафарашон занҳо мебошанд. Инчунин, теъдоди омӯзгорони тахассуси дараҷаи дуюмдошта, 222 нафар буда, 73 нафари онҳо занҳо мебошанд.

Шумораи омӯзгороне, ки унвони аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистонро соҳибанд, 28 нафар мебошанд.

Дар соли таҳсили ҷорӣ норасогии мутахассисон ба 22 нафар мерасад, ки аз фанни математика 10 нафар, физика 5 нафар, забони русӣ 2 нафар, забони хориҷӣ 3 нафар, ва аз фанни технологияи информатсионӣ (компютерӣ) 2 нафар мебошанд.

Мутахассисони ҷавоне, ки дар ноҳия имсол ба кори омӯзгорӣ ҷалб гардидаанд, 33 нафар буда, аз онҳо 10 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ теъдоди умумии мутахассисони ҷавон 104 нафарро ташкил медиҳанд, ки дар деҳот фаъолият доранд аз имтиёзи 10% иловапулӣ бархӯрдоранд.

Чораҳои зиддиэпидемикӣ

Баҳри пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас гардидааст. Тибқи талабот ва вазъи эпидемиологӣ гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ таъмин намудани хонандагон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳо бо ниқобу маводҳои шӯяндаи антисептикию хлордор ба роҳ монда шудааст.

 Ба пешвози ҷашни Артиши миллӣ

Бахшида ба 28-умин солгарди Артиши миллии кишвар рӯзи 23-юми феврал мусобиқаҳои тирпаронӣ, озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» миёни хонандагони синфхои 10-11 ва Литсейи касби техникии ноҳия гузаронида шуд. Дар озмуни «Ватанпарвар» ҷойи аввал МТМУ-№-1, ҷойи дуюм МТМУ-№35, ҷои сеюм МТМУ №28 сазовор гаштанд. Ғолибон бо ифтихорномаҳои Шуъбаи маорифи ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Мусобиқаи варзишии тирпаронӣ-мудофиавӣ аз яроқи ВП-1 дар мактаби ронандагии ноҳия баргузор гардид. Дар ин озмун 28 даста аз 28 муассисаи таълимӣ иштироки фаъолона доштанд ва аз байни писарон ҷои якумро хонандаи МТМУ №36 Куруғмолов С., ҷойи дуюмро Миров М. (МТМУ №42), ҷойи сеюмро Қосимова К (МТМУ №15) ишғол намуданд. Миёни духтарон бошад, ҷойи якумро хонандаи МТМУ №28 Фотима Боронова, ҷойи дуюмро София Абдуллоева (МТМУ №10) ва ҷойи сеюмро Каримова Ҳ. (МТМУ №15) сазовор гардиданд.

Таҷлили озмун ва ҷашну маросим

Мувофиқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва Шуъбаи маориф бахшида ба ҷашни «Рӯзи модарон»- 8-уми март ва «Наврӯзи байналмиллалӣ” дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ соатҳои тарбиявӣ, шеърхонӣ дар васфи модар ва мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар ин рӯз ҳамчунин, аз тарафи Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони зан, ки дар соҳаи таълиму тарбия таҷрибаи хуб доранд, бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Иди байналмилалии Наврӯз» барои ободу зебо гардонидани маркази ноҳия, ҷамоатҳо, шаҳраку деҳот ва гирду атрофии муассисаҳои таълимӣ охири ҳар ҳафта шанбегӣ эълон намуда, барои хурраму зебо гардонидани муассисаҳои таълимӣ ва муҳити зист, тозаву озода намудани гирду атроф, бехи ниҳолҳоро нарм карда шуданд. Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон ва хонандагон дар умум 1576 бех ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, 368 бех сӯзанбарг (арча) ва 986 адад гулу гулбутта шинониданд.

Бахшида ба санаи мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таълими ҳафтаи «Поси хотир» гузаронида шуд. Тӯли як ҳафта вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва одамони наҷиби маҳал доир карда шуданд. Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар маркази ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба шашка ва шоҳмот байни муҳассилин ва устодони муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд, ки ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ноҳия роҳпаймоии ҷавонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 500 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол, волейбол, шоҳмот ва тенниси рӯи миз ташкил гардид. «Рӯзи оила», рӯзи «Дави миллӣ» гузаронида шуд.

Рӯзи якуми июн дар Муассисаҳои томактабии №2 бо номи «Фирӯза» ва рақами №1 бо номи «Офтобак» чорабинӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон” намояндагони Ҳукумати ноҳия, мудири шуъбаи маориф, волидон ва дигар фаъолон иштирок намуданд. Кӯдакони боғчаҳои бачагона барномаи консертӣ ташкил намуда, манзурии ҳозирин гардониданд. Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия ба кӯдакони боғчаҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Озмунҳои Ҷумҳурявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» миёни хонандагони макотиби миёнаи умумӣ ва муаллимон дар сатҳи баланд ҷараён гирифт ва ва ғолибони он аз ҷониби шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд. Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» рӯзи 22-юми май дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъбаст гардид. Хонандагони муассисаи таълимии №1 ва №17 ғолиби озмун шуданд. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пуливу молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия чоряки чорумро дар соли 2020 бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуданд:

Баҳои «5»- 2395 нафар-8,3%; баҳои «4»- 11874 нафар-41,1%; баҳои «3»- 14216 нафар-49,2%; баҳои «2»- 390 нафар -1,4%; баҳои миёнаи хонандагон 3,6 хол буда, фоизи азхудкунии барномаи таълимӣ 98,6%-ро ташкил дод.

 Муассисаҳои томактабӣ

Дар ноҳия 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 240 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 27 адад марказҳои рушди инкишофи кӯдак бо фарогирии 760 нафар фаъолият доранд.

Маркази технологияи компютерӣ ва коммуникатсия

Маркази технологияи компютерӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф 1 сол боз мустақилияти молиявӣ дорад. Маркази мазкур дар шаш моҳи соли 2021 як қатор корҳои муҳимро, ки барои пешрафти таълиму тарбия лозим аст, ба анҷом расонидааст. Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия дорои 40 адад кабинети технологияи иттилоотӣ бо шумораи умумии 889 адад компютер, принтер -169, тахтаҳои электронӣ-7, проектор-14 ва ноутбук-53 адад мебошанд. Дар соли таҳсили ҷорӣ ҳамаи 45 муассисаи таълимии ноҳия ба таълими ду баста хонандагонро фаро гирифтаанд. Шумораи умумии хонандагони синфи 11-ум дар соли таҳсили 2020-2021 – 1656 нафарро ташкил медиҳад, ки 621 нафараш духтарон мебошанд.

Тибқи нақшаи корӣ дар ин давра 6 шӯрои шуъбаи маориф бо баррасии 25 масъала гузаронида шуд, ки аз он 15-тояш ба вазъи таълиму тарбия, 12 масъала – Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, фармоишу қарорҳо, накша-чорабиниҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон оиди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳияи Ҷайҳун оид ба соҳаи маориф мебошанд.

Яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ба масъулият ва баланд бардоштани сатҳи дониши илмию методии омӯзгорон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар назди кабинети методии шуъбаи маориф 6 семинари доимоамалкунанда ва 16 иттиҳодияхои методии фаннӣ мунтазам ҳар моҳ як маротиба гузаронида мешавад, ки ба худомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати дониши методи омӯзгорон кӯмак менамояд.

Масъалаи такмили маҳорати касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз масъалаҳоест, ки дар суханрониҳои Пешвои миллат ҳамеша таъкид мегардад. Оид ба ин масъала Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 28 07 2017, №357 «Дар бораи барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ба тасвиб расидааст, ки мувофиқи он ҳамаи кормандон вобаста ба талабот дар муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳурявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва филиали он дар шаҳри Бохтар гузашта истодаанд. То ин давра 140 нафар омӯзгор ва 15 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои баландбардории ихтисос гузаронида шуданд. Тибқи нақша имсол низ 283 нафар омӯзгорон аз курсҳои мазкур гузаронида мешаванд.

Таҳсилоти иловагӣ

Маркази таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои пешрафти донишу фаҳмиши хонандагон, васеъ гардонидани чаҳонбинӣ, тарбия ва дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ , хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, майлу рағбат ба маҳфилҳои фаннӣ, эчодӣ, ҳунарӣ, варзишӣ мебошад. Марказ мустақилияти молиявӣ дорад ва дар ҳама чорабиниҳои сатҳи гуногун фаъолона иштирок мекунад.

Муассисаи таҳсилоти иловагӣ аз 13 маҳфил иборат буда, 600 нафар хонандаро фаро гирифтааст. Муассисаи мазкур дар озмунҳои «кадбону», «Маликаи наврӯзӣ», «Ватанпарвар», «Меҳргон», «тирамоҳи заррин» ва амсоли онро гузаронида, дар вилоят сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Дар назди шуъбаи маориф маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шудааст, ки айни ҳол он дар 4 воҳиди корӣ фаъолият намуда истодааст.

Дар олимпиадаи даври вилоятӣ 61 нафар хонанда иштирок намуданд, ки 8 нафар хонандагони синфи 9-10 сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар озмуни вилоятии «Донояк» иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Шоимардонзода Оятулло хонандаи синфи 4-уми муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва Назаров Неъматулло хонандаи синфи Муассисаи таҳсилоти умумии №15 дар озмуни вилоятии “Донояк” сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар соли таҳсили ҷорӣ зиёда аз 700 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадахои фаннии сатҳи вилоятиву ҷумҳурявӣ фаъолона иштирок намуданд, ки 27 нафари онҳо ҷойҳои 2-юм, 3-сеюм ва ифтихориро соҳиб шуданд.

Се нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии №3 ва №15 дар олимпиадаи фосилавӣ иштирок намуда, ба олипиадаи ҷумҳурявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар олимпиадаи фосилавии ҷумҳурявӣ се нафар хонанда аз фанни математика иштирок намуданд, ки хонандаи синфи 6-и МТМУ №15 Азимова Ҳақиқа ҷои якум ва хонандагони МТМУ №3 Абдураҳмонов Наҷибулло (синфи 9-ум) ва МТМУ №3 Абдураҳмонова Баҳора (синфи 10) сазовори ҷои сеюм гардиданд. Шогирдони муассисаи таълимии рақами 1, 3, 15, 17, 20, 31 дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ аз фанҳои таълимӣ иштирок намуда, дониш ва маҳорати баланд нишон доданд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2030” пешбинӣ карда шудааст. Барои мустаҳкам намудани заминаи моддии таълимӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ маърифатнокӣ, ҷаҳонбинӣ ва фароҳам овардани шароит барои кӯдакони соҳибистеъдод, дарсҳои иловагӣ бо таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, гузаронидани рӯзҳои фаннии забони русӣ ва англисӣ, ташкил намудани диалогу монологҳо байни хонандагон, гирифтани корҳои хаттӣ ва тестҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади таъмир ва тармими муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи нақша аз ҳисоби буҷаи ноҳия 75 790 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби кумитаҳои АВО бошад, 68 028 сомонӣ маблағ чамъоварӣ карда шудааст.

Синфхонаҳои иловагӣ

Дар назди муассисаи таълимии №30 аз ҳисоби ҷамоатчигӣ сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 96 ҷой нишаст, муассисаи таълими №42 нуҳ синфхонаи иловагӣ барои 216 ҷой нишаст, (аз ҳисоби аҳли ҷамоатчигӣ), муассисаи таълимии №28 ду синфхонаи иловагӣ барои 48 ҷой нишаст (аз ҳисоби аҳли ҷамоатчигӣ), муассисаи таълимии №44 чор синфхонаи иловагӣ барои 96 ҷой аз ҳисоби маблағҳои Ташкилоти ҷамъиятии Хайрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи таълимии №20 ҳашт синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷой аз ҳисоби аҳли ҷамоатчигӣ давом дорад.

Шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия баҳри таъмини сари вақтии хонандагон бо китобҳои дарсӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар давоми таҳсили соли равон хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба микдори 831 161,21 адад китобҳои дарсӣ таъмин карда шуданд ва баҳри сари вақт пардохт намудани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ чораҳо андешида шудааст. Дар ин росто норасоии китобҳои дарсӣ низ ба чашм мерасад.

Мувофиқи ҳисобҳо дар муассисаҳои таълимӣ 48 701 адад китобҳои дарсӣ намерасад, ки ин мушкилӣ мунтазам ҳалли худро ёфта истодааст.

Барои ислоҳи ин ва дигар камбудию норасогиҳое, ки барои рушди соҳаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун халал мерасонанд, Шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Хонандагон ва омӯзгорон бори дигар нишон доданд, ки тамоми дониш ва истеъдоди худро баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон сафарбар менамоянд ва ҳар дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз дилу ҷон иҷро менамоянд. Дар баробари муваффақиятҳо ва корҳои ба сомонрасонидашуда дар соҳаи маориф мушкилиҳо низ мавҷуд аст.

Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда маорифчиёни ноҳия сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти хеш намуда, кӯшиш доранд, ки раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ орад ва сифати таълиму тарбия беҳтар гардад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь